Бахшҳо
19 ноя 2011 07:57Гузориш

Таҳқири муйсафеди 94-сола дар Кӯлоб ва «муқовимат»-и шадиди ӯ

Полковник Розиев бо истеҳзо гуфт, ки шояд бобои ту ҳам дар ҷанг набудаву ҳуҷҷатҳои қалбакӣ карда бошад…

Баъди 10-моҳи саргардонӣ, таҳқиру сакатгӯйиҳо, шарму изо, як мӯйсафеди 94-солаи кӯлобӣ тавонист, ки  наздики масъулини баландпояи комиссариати ҳарбӣ, шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар курсинишинони кӯлобӣ худро дифоъ кунад. Бобои Занҷир Ашӯров, сокини рустои Шакархони ноҳияи Кӯлобро аввали соли 2010-ум собиқ комиссари ҳарбии минтақаи Кӯлоб, полковник Маҳмадрасул Розиев, бе ягон далели шайъӣ «дурӯғгуву фиребгар» унвон карда, бо ҷурми «набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар мавриди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ» буданаш, бо як мактуби расмӣ ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда, расман талаб намудаст, то дигар барои ӯ нафақа ҳамчун иштирокчии ҶБВ  дода нашавад.

Дар ин муассисаи давлатӣ низ, дигар ба шикояту дархостҳои бобои Занҷир гӯш надода, ӯро аз нафақаи иштирокчии ҶБВ ва дигар имтиёзҳои аз ҷониби давлат барои ин тоифа пешбинишуда, маҳрум сохтаанд. Тибқи «бозёфти» комиссари ҳарбӣ, мебоист ҳамзамон тӯли беш аз 30-соле, ки бобои Занҷир ҳамчун иштирокчии ҶБВ нафақа гирифтаст, бозпас гардонда шуда, гузашта аз ин мутобиқ ба қонуни ҳамонвақта ва ҳам ин замон, Занҷир Ашӯров ба маҳкама кашида мешуд. Вале бобои Занҷир мегӯяд, «ҳуҷҷатҳои ман сад фоиз баробар буданд ва он дар комиссариати ҳарбӣ ё шояд шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ маҳфуз бояд мебуд. Ҳуҷҷатҳо дар кадоме аз ин муассисаҳо гум шудаанд. Ман ягон гуноҳ дар мавриди нобуд шудани онҳо надорам. Вале комиссар маро муттаҳам ба фасодкорӣ кард».

Шояд бобои журналист ҳам дурӯғ гуфтааст?

Абдулмӯъмин Шерхонов, як журналисти маҳаллӣ мегӯяд, борҳо аз забони бобояш, ки бо бобои Занҷир ҳамдеҳа ва ҳамсинф будаанд, шунидааст, ки дар як рӯз ҳамроҳи 5-тан аз ҷавонони дигари деҳаашон ба ҷанг рафта будаанд. «Бобоям мегуфт, ки 7-нафар ба назди муллои деҳа, бобои Баҳодур рафта, дуо гирифта будем. Бобои мулло дуо дода буданд, ки Худо ба саломат ҳамаатонро баргардонад ва шукри Худои бузург, ки 7-нафар ҳам аз ҷанг ба саломат баргаштем». Ба гуфтаи Шерхонов, ӯ ҳамин қиссаро ба комиссар нақл карда, таъкид аз он намудаст, ки дар ин маврид иштибоҳ рух додааст. Кормандони комиссариатро зарур аст, то санҷиши ҷиддитар ба роҳ монанд. Зеро ин ҷо на танҳо маблағи пулӣ нақш мебозад, балки обрӯ ва иззати нафаре, ки дар ҷанги ҷаҳонӣ хун рехтааст, қаҳрамонӣ намудаву бо сари баланд аз ҳимояи Ватан омадааст, нақши муҳиму зиёдатӣ дорад. «Вале полковник Розиев бо истеҳзо гуфт, ки шояд бобои ту ҳам дар ҷанг набудаву ҳуҷҷатҳои қалбакӣ карда бошад», -мегуфт Шерхонов.

Ҳамяроқон ба имдод расиданд

Мирзо Бегматов, раиси собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Кӯлоб  ба ҳимояи ҳамсангараш бархоста, ба бойгониҳои ҳарбии федератсияи Русия борҳо мактуб навишт. Баъди муддате аз он ҷо мактубҳо омадаанд, ки дар ҳақиқат Занҷир Ашӯрови тоҷикистонӣ аз соли 1942 то соли 1946 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР, аввал дар заводи танкбарории шаҳри Новосибирск фаъолият намуда, баъдан то охири ҷанг ҳамчун пулеметчӣ дар қӯшунҳои пиёдагарди Армияи Сурх хизмат карда, дар ҷангҳо бар зидди фашизм иштирок ва ҷонбозиҳо кардааст.  Аммо бо ин ҳама, дар комиссариати ҳарбӣ ва шуъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб барои пардохти ҳақи ҳалоли қаҳрамони ҷанг, гузашта аз ин мӯйсафеди пири 94-сола бепарвогӣ карданд. Занҷир Ашӯров маҷбур шуд, то барои танатанаи ҳақиқату адолат ба прокурори вилояти Хатлон мактуби расмӣ нависад ва дар симои ин мақомот ҳимоятгар ҷӯяд. Баъди санҷиш ва омӯхтани қазияи мазкур, прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳимов А. аз таърихи 3-юми декабри соли 2010-ум ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб амрнома дар мавриди қонунвайронкунӣ аз ҷониби ин муассиса ва ҳар чӣ тезтар пардохт намудани ҳақи нафақаи Ашӯров ҳамчун иштирокчии ҶБВ ирсол кардааст.

Аммо бо гузашти муддати зиёд, нафақаи иштирокчии ҷанг ҳамоно ба таъхир мерафт. Ахиран, Зӯҳро Муродова, мутахассиси ин муассиса аввали моҳи ноябри соли 2011-ум гуфтааст, ки моҳе пеш нафақаи ногирифтаи Занҷир Ашӯров тӯли ин муддат ба пуррагӣ, ба маблағи беш аз 18-ҳазор сомонӣ пардохт шуд.

Аслиддин Достиев

РS: Вале ин ҷо суоли матраҳ ин аст, ки барои ин қадар саргардонӣ, гузашта аз ин барои поймоли ҳуқуқ ва обрӯву шарафи инсонии як пири 94-сола дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон, шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва комиссариати ҳарбӣ касе ҷавоб намегуфта бошад?

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)