Бахшҳо
21 ноя 2011 05:53Гузориш

Демократияи тоҷикӣ ва олмонӣ

Пас барои кишваре, ки аксари фориғуттаҳсилони макотиби миёна ва олиаш камтарин маълумоти муосири фанноварӣ  надоранд, ин ҳама “шукуҳу шаҳамоти” демукросӣ, ки он ҳам, такрор мекунам, танҳо хоси коғаз аст, чӣ хубиест?!

Дирӯзу имрӯз, аз олим то ноолим, ҳама дар изҳори андешаанд, пиромуни ину-он.   Бахусус, сиёсати пойбанд бар иқтисоду иҷтимои Тоҷикистон ҳар рӯшанфикр ва бедордили миллатро азият медиҳад. Кишваре, ки барои рушдаш ниёз бар афроди соҳибтаҳсил ва мутахассисини соҳоти текнулужӣ дорад, сарзамине, ки бояд гуногунандешӣ ва таҳаммул аз аркони асос дар қавонини нонавишташ бошад, қаламрави аҷибваҳдате, ки ёшони ғариби камсаводу бесарпарастораш муҳоҷири корӣ дар Русия ва соири кишварҳои дигаранд. Имрӯз ватани ману мо барои оворагону саҳрогардони чинӣ арзишҳои беҳтареро қоил аст, ило барои зодагонаш.

Бале, демократия ва ҷомеаи мардумсолорӣ ҳамроҳ бо тамоми арконҳояш аслест барои рушду пешрафти кишварҳо. Аммо ҳини таҳлил ва баррасии демократияи Тоҷикистон,   хулоса бар он меуфтад, ки мо соҳибдемукросием, аммо танҳо он чизе, ки марбут ба қоғаз аст. Фасоди бесобиқа бо хосарангии  миллӣ, махсуси демукросии Тоҷикистон гашта. Фикр мекунам, дар фасоди кишвар на танҳо соҳибмансабон олудаанд, балки балегӯйии беандоза, меҳмоннавозӣ дар сатҳи офис ва корхона ва тӯҳфанавозии афроди оддӣ  мансабдоронро, дарди дигари нодирдармонест.
Маълум аст, ки маҷолиси миллӣ ва намояндагон рукнҳои муҳим ва асосии сохтори демукросӣ ҳастанд. Аммо чӣ суд аз фаъолияти ин маҷолис, ки вакилонаш ба афкор ва хостҳои интихобкунандагонашон наметавонанд ҷомаи амали қонунӣ пӯшанд ва ё замоне ки бештарини насли ҷавон, аз тарзи сохтори ин ниҳодҳо хабардор нестанд, ва ё билкулл аз он нашнидаанд,ки албатта аз каммаълумоти ва ё адами маълумоти онон аст.
Пас барои кишваре, ки аксари фориғуттаҳсилони макотиби миёна ва олиаш камтарин маълумоти муосири фанноварӣ  надоранд, ин ҳама “шукуҳу шаҳамоти” демукросӣ, ки он ҳам, такрор мекунам, танҳо хоси коғаз аст, чӣ хубиест?!
Ба назарам, агар ҳол чунин бошад, пас беҳтар аст дар кишваре зист, ки сохтори диктотурӣ аммо бефасод  дорад, ило кишваре, ки ба ном демукросист, аммо ба асл печидаи гирдоби фасод аст. Миллати тоҷик то ҳол ба он дараҷае нарасида, ки дар чунин як давлати демукросӣ тавонад зист, зеро демукросӣ хоси давлатест, ки бештари маскунонаш афроди оқил ва таҳаммулпазиранд.

Немисҳо душмани фасод!

Дар Аврупо, бахусус Олмон  фасод дар сатҳи поинтарини поин ҷо дорад , зеро барои ришва ва фасод ҳукмҳои сангине аз тарафи давлат ихтисос шуда ва райъият ва мақомот ба  чунин ҳуком арҷро қоиланд ва бар хилофи ин қавонин зист ва фаъолият надоранд. Ва ин на танҳо ба он хотир аст, ки мардуми Олмон аз оқибатҳои фоҷиабори фасодкорӣ дар ҳаросанд, балки дар ин кишвар ҷамъият ва ҷамоат солим аст ва касеро чунин фикре ба сар намеояд, ки барои беҳбудии кор ва пешрафти зиндагӣ метавон ришва дод ё гирифт.
Нафаси тоза, сабоҳи нав, фикри дигар ва қадами росте ба роҳи рост моро мебояд, то аз ин ҳама олудагиҳо раҳо ёфт.

Ханҷарбек Қурбонбеков, шаҳри Гамбург, Олмон

махсус барои www.ozodgon.com

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)