Бахшҳо
21 ноя 2011 06:11Гузориш

«Мо бо мардуми рус мушкил надорем»

Танҳо доираҳои алоҳидаи сиёсие дар Русия ҳастанд, ки робитаҳои дўстиву бародарӣ онҳоро сахт нигарон кардааст, онҳо мехоҳанд дар интихобот бо ин роҳ имиҷ пайдо кунанд.

Як ҳайати ҲНИТ бо шумули Сайидумари Ҳусайнӣ, муовини авали раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон, Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва Абдуқаҳҳори Давлат, раиси шўъбаи равобити хориҷии ҲНИТ ба Русия сафар намуданд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» мудири шӯъбаи равобити хориҷии ҳизб иттилоъ дод, 18-уми ноябр ҳайат бо сафири  Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев мулоқот намуда, вазъияти пешомадаро мавриди баррасиву таҳлил қарор доданд. Зимнан таъкид гашт, ки ин масоили марбут ба қазияи халабонҳо ва будубоши муҳоҷирини кории тоҷик бояд аз ҳам ҷудо мавриди баррасӣ қарор бигиранд. Ҳайати ҲНИТ дар мулоқот эълом дошт, ки  бо созмону марказҳои ҷамъиятиву фарҳангии тоҷикон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Русия, шахсиятҳо ва рўҳониён ин кишвар мулоқот карданист.Ҷаноби Достиев низ аз ин иқдом дастгирӣ намуда, дар ин шабурўз сафари чунин ҳайатҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт: «Аслан мо бо мардуми рус мушкил надорем, танҳо доираҳои алоҳидаи сиёсие дар Русия ҳастанд, ки робитаҳои дўстиву бародарӣ онҳоро сахт нигарон кардааст. Ва бо бедор кардани ҳисси миллатгароёни рус мехоҳанд дар интихоботи парлумониашон бурди сиёсӣ намоянд.

Вазъият муваққатист?

Манбаъ афзуд, худи ҳамин рўз ҳайат бо имомхатиби бузургтарин масҷиди шаҳри Маскав дар хиёбони Мир дидору мулоқот намуда, атрофи вазъияти ба амаломада табодули афкор намуданд. Имомхатиб бо изҳори таассуф аз мушкилии болои тоҷикон омада, гуфт, мо омодаи ҳамагуна кўмакҳо барои бародарони тоҷикамон ҳастем. Ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин вазъият муваққатӣ буда, рўзҳои наздик ба поён хоҳад расид.

Абдуқаҳҳори Давлат афзуд, ки дар мулоқот шумори зиёди ҳамватанонамон ширкат варзиданд. Сайдумар Ҳусайнӣ бо расонидани паёму саломи роҳбарияти ҲНИТ гуфт, воқеан вазъияти ба амаломада ҲНИТ-ро сахт нигарон сохтааст. Талоши зиёде ҳам ба харҷ дода шуд, то аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон   ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳайатҳое барои дидору мулоқот бо шумо сафарбар карда шаванд, вале мутаассифона ин пешниҳод нодида гирифта шуд. ҲНИТ бо дарки аҳамияти бузурги ин қазия тасмим гирифт, то як ҳайатро барои дидору вохўриҳо бо шумо ба Русия бифристад. Танҳо ҳамин барои мо кифоя аст, ки дар чунин шароити вазнин дар паҳлўи шумо қарор бигирем.

Муҳоҷирини тоҷик нороҳатии худро аз амалкардҳои ахири мақомоти Русияву Тоҷикистон иброз дошта, худро қурбонии сиёсатҳои нодурусти мақомот номиданд. Дар мулоқот гуфта шуд, ки дар муносибатҳои байниҳукуматӣ ин мушкилиҳо бартараф мегарданд, вале мушкили асосӣ, чеҳраи сунъӣ сиёҳкардашудаи муҳоҷирин солҳо дар зеҳни ин мардум хоҳад монд.

Ҳамзамон, дар бораи иқдомҳои ҲНИТ барои кам кардани шиддати фишор болои муҳоҷирин ёдовар шуда, Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, яке аз ҳадафҳои сафари ҳайати мо низ расонидани кўмак ба муҳоҷирин ва кам кардани ин шиддат аст.

Байни аъзои ҳайат ва намояндагони ташкилотҳои фарҳангиву ҷамъиятии тоҷикони Маскав дар атрофи вазъияти ба амаломада ва мушкилиҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон мубоҳисаи хубе сурат гирифт.

Мулоқоти дигари ҳайат дар бозори мавсум бо «Теплий стан», ки боздошти зиёди муҳоҷирини мо низ дар ин бозор сурат гирифта буду ҳанўз ҳам иддае аз онҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешуданд, баргузор гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳайати ҲНИТ бо расонаҳои русӣ, аз қабили бахши русии радиои ВВС ва шабакаи телевизионии «Мир» мусоҳибаҳо анҷом доданд.

Маврид ба ёдоварист, баъди рангу бўи сиёсӣ гирифтани қазияи халабонҳои ширкати «Ролкан Инвестменс ЛТД», Шўрои сиёсии ҲНИТ бо содир кардани изҳорот ва баргузор кардани нишасти матбуотӣ бо доираи васеъи рўзноманигорони дохиливу хориҷӣ нигаронии худро аз вазъияти ба амаломада эълом кард. Дар баробари ин пазируфта нашудани пешниҳодоти роҳбарияти ҳизб дар бораи ташкили гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва эъзоми он ба Русия, роҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, то як ҳайати ҳизбиро ба Русия равон намояд.

Абдуқаҳҳори Давлат, шаҳри Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)