Бахшҳо
21 ноя 2011 09:12Гузориш

«Аз душанбе то душанбе» Ва ё 14 рӯзи қазияи ҳалабонҳову 7 рӯзи Гурӯҳи мусоидат бо вазъи муҳоҷирон

Ҳадафи мо мусоидат ба вазъи муҳоҷирон аст, мақсад рафтан рӯи қазияи халабонҳо нест...

Душанбеи гузашта, 14-уми ноябри соли равон ҳавои Душанбе сарду боронӣ буд. Аввали ҳафта бо мушкили равуои нақлиётӣ, тез-тез қатъ шудани интиқоли барқ дар манозили сокинони шаҳр ва баҳсҳо атрофи қазияи халабонҳои маҳкумшуда дар ёди мо ва аксари шаҳрвандони кишвар мемонад. Гуфтем, ҳаво сарду боронӣ буд,  фазои иттилотӣ низ чандон гарму форам ба назар намерасид. Шабакаҳои хабарии ватанӣ аз як сӯ ва расонаҳои русӣ аз дигар ҷониб ахбори зиду нақизро рӯйи саҳфаи матбуот мекашиданд, ҷонибҳо ҳар кадоме ҳақ будани худро исбот карданӣ мешуданд. Дигар мавзӯи рақами яки ВАО эълони ҳукми халабонҳои ширкати мавсум ба «Rolkan- Investment» буд. Зимнан, дар пайи ин қазия тафтишу боздошт ва ихроҷи ҳамватанони муҳоҷири мо аз Русия зиёд шуда, ҳар лаҳза иттилои аз хабари пешина фарқдошта ба даст меомад.

Барқи дафтари кории мо, ки дар қабати нӯҳуми маҷмаи табъу нашри «Шарқи Озод» ҷойгир аст, он рӯз пайиҳам чанд маротиба хомӯш шуд. Телефони ҳамроҳам бошад, гӯё бо ин ҳама мушкилот забон як карда бошад, дақиқае хомӯш намешуд. Бародаронам аз Маскав (шаҳре, ки ба гиря бовар надорад), ҳамсинфонам аз Тверу Питер, пайвандону ақрабо аз Новокузнетску Екатеринбург…ва дигар шаҳрҳои ФР занг зада ҳолу аҳвол мепурсиданд: Хуб ҳастед? Душанбе тинҷӣ аст? Ҳаво гарм ё хунук? Суди лётчикҳо чӣ шуд? Раҳояшон мекунанд ва ё боз ба ҳукмашон чанд соли дигар зам мекунанд? Сарнавишти баъдии мо муҳоҷирон чӣ мешуда бошад?. Медонистам, ки ба суолҳои аввалашон ҷавоб ҳам нагиранд, боке нест. Аммо онҳоро вазъи баамаломада дар иртибот ба қазияи халабонҳои рус ва амалкарди мақомот дар қиболи худашон ва садҳо ҳазор тани дигар, ки бо амри қисмат дар дуриҳо аз ёру диёр ба сар мебаранд, ба ташвиш овардааст.

Чаро ин тавр шуд?

Аслан ҳамаи ин аз душанбеи рӯзи 7-уми ноябри маншаъ мегирад. Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати «Rolkan Investmens Ltd», шаҳрванди Русия, Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои даҳу ним солӣ аз озодӣ маҳрум кард.Дар такя ба Қонуни авф, ки дар авоили моҳи августи соли равон қабул шуда буд, ҳукми ҳар ду халабон ду солӣ кам гардид ва ҳамин тариқ онҳо барои 8,5 солӣ ҳар кадоме равонаи маҳбаси низомаш шадид гаштанд. Садовничий ва Руденкобар асоси се банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз муҷрим дониста шуданд. Ҳамчунин, суди шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукм кард, ки: «Ду ҳавопаймои навъи АН-72 ва муҳаррике, ки 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ арзиш дорад ва мансуб ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" аст, ба фоидаи Тоҷикистон мусодира хоҳад шуд. Халабонҳои маҳкумшуда тӯли чаҳор сол аз ҳуқуқи идораи ҳавопаймоҳо низ маҳрум карда шаванд».

Ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа дар доираҳои сиёсии Русия шӯреро бапо кард. Вазорати корҳои хориҷаи он кишвар ҳукми мазкурро «хеле сангин ва ноодилона» унвон кард. Сомонаи расмии мутаалиқи ин ниҳод навишт: «Қазияи марбут ба ҳукми халабонҳо дар муносиботи ду кишвар латма ворид мекунад». Владимир Жириновский, депутати Думаи Давлатӣ, ҳамзамон райиси ҳизби либерал-демократҳои Русия нархи сабзиву пиёзро напурсида гуфт, ки шояд ҳавопаймоҳои АН-72 барои ҳамлу нақли маводи нашъадор ба Душанбе зарур шудаанд, акнун фурсат расидааст, ки муҳоҷирони тоҷикистониро ба ватанашон «гусел кунем». Ҳангомахезонӣ ва изҳоротҳои аҷибу ғариби ҷаноби Волфовичро алабатта, ки дар ёд доред, ӯ нахустин маротиба нест, ки шиорҳои миллатгароёна дармедиҳад, аммо фаромӯш кардааст, ки дар шоҳрагҳои худаш ҳам хуни славянӣ-русӣ нест. Медведеви президент низ аз веббллогери ҷавон ҳини мулоқоташ бо навоварон пурсише ба тариқи зайл гирифт: «Тақдири халабонҳои рус, ки дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудаанд, ба кадом шева ҳал мегардад?». Дмитрий Анатолевич, ки чунин суолро дар ин вақт интизор надошт, посух дод: «Ҷавоби симетриро интизор мешавем ва амали асиметрӣ анҷом хоҳем дод». Дигар чӣ шуд ва чӣ рух дод, ҳамагон шоҳидему бо чашми сар мебинем ва агар нобиноем, бо гӯш мешунавем.

Сарсанитари Русия- Геннадий Онишенко бошад, аз ёрон қафо намонам гуфта, тоҷиконро барандагони ангезаи ВИЧ-СПИД ва гирифторони маризии сил эълон кард. Роҳпаймоии гурӯҳи миллатгароён ва ҷавонони неофашисти рус дар назди сафорати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Маскав «қуллаи кулминатсионӣ»-и ин спектакл мебуд, агар тафтишу боздошт ва ихроҷи муҳочиронро нодида мегирифтем. Як хабарнигори тоҷик имкон пайдо кард, ки аз боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахти Русия дидан кунад. Ӯ дар матлабаш навишт, ки танҳо дар ҳудуди ҳамин «БМ» (фикр накунед, ки Бонки миллӣ аст, он шакли кӯтоҳшудаи боздоштгоҳи муваққатист- ХМ ) беш аз 450 тоҷик дар интизори эълони ҳукми ихроҷ ва ҷаримабандӣ ба сар мебаранд. Чандин нафар аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд ва мутмаинем, ки ихроҷ мешаванд…

Ҷиноят, ҷазо ва имкони истирдоди халабонҳо

Додситони кулли Тоҷикистон, пас аз як рӯзи эълони ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа, ки бойиси сару садо дар Русия шуда буд, нишасти изтирории матбуотӣ баргузор кард. Зимни тавзеҳи қазия Шерхон Салимзода аз ҷумла гуфт: «Баъзе аз воситаи ахбори умум ба ин масъала характери сиёсӣ медиҳанд, ки ин тамоман ба воқеият дуруст намеояд. Ин ҳодиса як ҷинояти муқаррарӣ буда, ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад. Мувофиқи талаботи қонун шахси ҷиноят содиркарда бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ҳавопайамоҳои мазкур бошад, бе иҷозати мақомоти авиатсионӣ ва дигар мақомти Тоҷикистон вориди қаламрави мо гардидаанд. Ин ҳавопаймҳо дар ягон давлат дар қайди давлатӣ нестанд. Давоми се сол бар хилофи бехатарии парвоз аз таъмир ва санҷиши техникӣ нагузаштаанд. Дар ҳамин ҳол, дигар давлатҳо чӣ тадбир меандешиданд? Хоҳиш мекунам, ин ҳолат ба ҳисоб гирифта шавад». Ҷаноби Салимзода бар хилофи нигарониҳои мақомот ва расонаҳои Русия гуфт, ҳукми зиндони Владимир Садовничий ва Алексей Руденко як баҳси оддии додгоҳӣ аст ва ангезаи сиёсӣ надорад. Додситони кулл, ҳамон рӯз дар посух ба суоли оё имкони истирдоди халабонҳои маҳкумшуда ба кишварҳояшон вуҷуд дорад ё на, гуфт: «Дар ин маврид конвенсияи махсус миёни кишварҳои ИДМ амал мекунад. Тибқи ин санад афроди маҳкумшуда барои идомаи иҷрои ҷазо ба кишвари худ интиқол дода мешаванд.Агар дархостҳое ба мо бирасад, мо онро баррасӣ мекунем ва ин масъаларо ҳал хоҳем кард». Дар поёни нишаст Шерхон Салимзода гуфт, ки ин парванда ба ҳеч ваҷҳ ангезаи сиёсӣ надорад ва ҳукми додгоҳ мунсифона ва одилона аст. Русия набояд аз зовияи дигар ба ин ҳукм баҳо диҳад, зеро дар ҳар кишваре қонуншиканро ҷазо медиҳанд.

Таъсиси Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон дар Душанбе

Аммо бархе аз доираҳои сиёсӣ ва аҳзоби фаъоли Русия ва мақомоти зирабти он кишвар ҳарфҳои Медведевро, ки «амали асиметрӣ ва симетрӣ» унвон мешаванд, дастак карда, шикору боздошт, ҷаримабанӣ ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро тақвият доданд. Болои шонаи бе ин ҳам хамидаи муҳоҷир боз як мушкили дигар зам шуд. Агар ӯ ба ватан «депорт» шавад, табиист, ки аз гушнагӣ намемурад, аммо ҷои кори бо маоши хуб намеёбад ва таъмини маишати хонаводаи сернуфузаш сангинтар мешавад. Гузашта аз ин ихроҷи дастаҷамъонаи ҳамватанони мо дар пасманзарааш оқибати нохуш дорад, шурӯъ аз бекории оммавӣ то таркиши иҷтимоӣ, ки ин ҷо наметавон ҳамаи онҳоро ба қалам дод.

Заъфи имкони гуфтугӯву мусолиҳа байни доираҳои ду ҳукумат ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистону Русия, ҳамзамон равобити номуназзами мақомоти марбутаи ду кишвар дар масъалаи мушкилоти бавуҷудомадаро дар тавозуни андеша баркашида, як гурӯҳ аз рӯзноманигорон, рӯшанфикорон ва зиёиёни тоҷик шаби 14-уми ноябр (боз ҳам шоми душанбе) дар Душанбе ба таъсиси Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон ибтикор карданд. Марат Мамадшоев, Раҳматкарими Давлат, Зафари Сӯфӣ, Хилватшоҳи Маҳмуд, Раҷаби Мирзо, Барзу Абдураззоқов, Толибшоҳи Сайид, Хуршеди Атовулло, Қосими Бекмуҳаммад, Абдуазими Абдуваҳҳоб ва чанд тани дигар рӯи мавзӯъи мазкур баҳсу андешаронӣ карда, эълом доштанд, ки ба мақсади кӯмак ба ҳамватанони муҳоҷир ва паст кардани шиддати авзоъи рухдода, Гурӯхи ҷамъиятирро созмон додан зарур аст. Тасмим гирифта шуд, ки дар зудтарин фурсат баёнияи ин Гурӯҳ ба ВАО-и ду кишвар ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ирсол шавад. Пас аз як рӯз изҳороти «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» омода ва паҳн гардид.

Нахустин иқдом: Изҳороти «Гурӯҳ»

Гурӯҳи мазкур аз ҳолати ба вуҷудомада бар асари ҳукми додгоҳ нисбати халабонҳо,    ҳамчунин ба ҳадди зиёд сиёсӣ кардани мавзӯъ дар расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон, ки ба сарнавишти муҳоҷирони кории Тоҷикистон таъсир мегузорад, изҳори нигаронии амиқ кард. Дар идомаи баёния ин Гурӯх навишт, ки мутаассифона, вазъият аз маҳдудаи ҳуқуқӣ берун рафта ва бо кашида шудани расонаҳои хабарӣ ва баррасиҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ин майдон шиддати бештар касб намуд. Ин ҳолат рӯҳияи миллатгароӣ ва адовати нажодиро дар ҷомеаи Русияву Тоҷикистон доман мезанад, ки ба манфиати гурӯҳҳои бадхоҳи дохилӣ ва нерӯҳои геополитикии беруна аст. Дар ростои ҳалли қазия аз роҳҳои маданӣ ва ҳуқуқӣ амалкарди заъифи ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро таъкид менамоем.Бо ҳамфикрӣ ба он қишри ҷомеаи Русия, ки аз ташдиди ихтилоф нигарон ҳастанд, дӯстии таърихӣ ва равобити табиии ҳамкорӣ байни халқҳои русу тоҷикро ёдрас шуда, аз ҳукуматҳо, мансабдорони алоҳида, сиёсатмадорон, коршиносон ва ҷомеаи рӯзноманигории ҳарду кишвар даъват мекунем, ки аз изҳори назару иқдомҳои эҳсосотӣ ва ҳисобнашуда худдорӣ варзанд.Ҳеч кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи башарро ба хотири манфиатҳои лаҳзаӣ ва фурсатталабона нақз кунад ва дар фазои муносибатҳои байни мардуми ду кишвар сояи нобоварӣ афканад.Новобаста аз рушд надоштани фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷомеаҳои мо ва набудани заминаи қонунӣ дар бораи муҳоҷират байни ду кишвар, воқеият ин аст, ки Тоҷикистон таъминкунандаи неруии кории Русия маҳсуб мешавад. Ҳазорон тоҷикистонӣ дар рушди илм, санъат, варзиш, иқтисод ва тиҷорат дар Русия саҳми босазо доштаву доранд, ҳамчунон, ки ҳазорон русиягӣ барои рушди Тоҷикистони мустақил ҳамкорӣ кардаву мекунанд.Ҷомеаи Русия ва Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки дар вазъияти ба амаломада сукут ихтиёр карда, барои ҳар гуна кинояҳо фазоро холӣ гузоранд.Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама, аз расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон даъват менамоем, ки аз идомаи ташдиди ихтилоф худдорӣ кунанд ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ барои воқеъгаронаву дар камоли тавозун инъикос намудани мавзӯъ талош варзанд.Изҳори умед мекунем, ки сарнавишти халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко, ҳамчунин масоили вобаста ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар доираи қонун ҳалли худро меёбад.

Зимнан, эълом шуд, ки дари Гурӯҳ барои ҳама боз аст ва касе хоҳишманди шомил шудан ба онро дошта бошад, метавонад, номнавис кунад. Саҳифаи Гурӯҳ дар шабакаи иҷтимоии facebook низ бо эҳтимоми бародарамон Абдуазим рӯйи кор омад.

Шакурӣ, Қаноат ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз Гурӯҳ ҷонибдоранд

Пас аз пахши аввалин баёнияи «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» устоди мондагор, академики 85-сола Муҳаммадҷон Шакурӣ изҳор дошт, ки агар ҳадафи Шумо расидагӣ кардан ба мушкили ҳамватанон аст, банда ҳам бо шумоям. Ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки ин ташаббуси саривақтӣ ва тасмими хубест, ки метавонад ҳисси башардӯстии ҷомеаи шаҳрвандии кишвари Русия ва Тоҷикистонро бедор кунад ва бо ин роҳ дар ҳалли мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намояд. Ба қавли ӯ, муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия бе пушту паноҳ мондаанд ва касе нест, ки аз ҳоли онҳо пурсон шаваду ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя кунад. Бинобар ин таъсиси «Гурӯҳи мусоидат ба мушкили муҳоҷирон» кори хуб аст. Фақат бояд, ки аъзои ин созмон одамони кордону ҳолдон ва аз вазъи муҳоҷирон огоҳ бошанд. Ҷасур бошанд ва дар ақидаи худ устувор монанд. «Синну солам ба ҷое расидааст, ки дар чунин созмонҳо ширкат кардан бароям душвор аст, аммо ман аз ин ташаббус пуштибонӣ мекунам ва агар коре аз дастам ояд, хоҳ маслиҳату машварат бошаду хоҳ ягон кӯмаки дигар, ҳамеша омода ҳастам, ки анҷом диҳам»,- гуфт Шакурӣ.

Пас аз фосилаи кӯтоҳе шоири халқӣ Мӯъминшоҳ Қаноат, ҳунарманд Ортиқи Қодир, рӯҳонии саршинос Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, профессор Иброҳим Усмонов, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, сарвари кулли шабакаи телевизионии "СМТ" Зинатулло Исмоилов, генерали мустафъӣ, ҳамзамон райиси ҷамъияти «Дӯстони Русия» Абдулло Ҳабибов, хабарнигор Олга Тутубалина, вакили МН, райиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, журналист Муҳаммади Эгамзод аз Маскав, Ҳошими Холзода аз Машҳади Эрон ва даҳҳо нафари дигар аз Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон ҷонибдорӣ карда, таъсиси онро саривақтӣ номиданд.

Қадами дуввум: Муаррифии Гурӯҳ

Рӯзи ҷумъаи 18-уми ноябр дар толори мавсум ба «Шарқи Озод» маросими муаррифии «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» ва мизи гирд бо ширкати аъзоёну ҷонибдорон ва доираи васеи хабарнигорон, ҳамзамон меҳмонон аз созмонҳои байнулмилалу корпусҳои дипломатии муқими Душанбе баргузор шуд. Хилватшоҳи Маҳмуд ва Олга Тутубалина, гардонандагони ҳамойиш пас аз эъломи ҳадафҳои Гурӯҳ ва мизи гирди созмонёфта ба масъулину ҷонибдорони Гурӯҳ сухан доданд.

Зимнан, қайд гардид, ки Гурӯҳ барномаи кор ва ҳадафҳои худро барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти пешомада дорад. Гуруҳи мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон гуфт, ҳадафи аслии онҳо коҳиши шиддати ташаннуҷ миёни Душанбе ва Маскав ва ба сурати оддӣ бозгардонидани вазъи муҳоҷирон аст.

Барзу Абдуразоқов, ҳамоҳангсози Гурӯҳи мусоидат дар вақти суханрониаш аз ҷумла гуфт:   «Мо дар чунин вазъият ҳуқуқи хомӯш нишастан надорем. Мо наметавонем тамошогари ин саҳна бошем ва бетараф бинишинем. Мутмаинем, ки сарнавишти халабонҳо ба зудӣ ҳал мешавад, шояд онҳоро истирдод кунанд ва шояд ҳам афв намоянд. Ҳоло фурсате пеш омадааст, ки як қишри осебпазири миллати мо дар кишвари дигар солҳо гирифор хоҳад монд. Мо ба ҷомеаи шаҳрвандии Русия ва ба ҷомеаи Тоҷикистон муроҷиат мекунем, бо онҳо гуфтугӯ хоҳем дошт. Мо талош мекунем, ки шиддати ба вуҷуд омада дар муносибатҳо коҳиш пайдо кунад. Ман аз ҳамаи шаҳрвандон, аз онҳое, ки ба тақдири миллат, Тоҷикистон, сарнавишти миллионҳо муҳоҷир бетараф нестанд, ва ҷонибдори муносибати неки дуҷонибаи мо мебошанд даъват мекунам, ки ба ин ҳаракат ҳамроҳ шаванд ва моро кӯмак намоянд».

Профессор Иброҳим Усмонов ба нуктаҳои зиду нақизи мушкилоти пешомада ишора карда афзуд: «Ин қазия (парвандаи додгоҳии халабонҳо- ХМ) шарикони стратегии моро хашмгин сохта, фишор болои муҳоҷирони кории тоҷикро зиёд кардааст. Иқдоми пешгирифтаи  ин гурӯҳ  ба манфиати ҳар ду давлат аст». Ӯ афзуд, воқеъан агар иттилоърасонӣ дар ВАО-и натанҳо Русия, балки Тоҷикистон ҳам бо ин анъана давом кунад, ҳар он чизи неке, ки байни ин ду давлат  вуҷуд доранд, онро барҳам доданаш мумкин аст.   Аз ҳамин сабаб ман гумон мекунам, ки ин иқдоми «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» -ро агар ҳар қадар зиёдатар зиёиёну фарҳангиён ва ашхоси саршинос ҷонибдорӣ кунанд, беҳтар мешавад.

«Бо ташабуси Ойниҳол Бобоназарова дар Русия тақрибан  8-9 сол пештар як мулоқот бо намояндагони он кишвар дар мавриди муҳоҷирони меҳнатии мо ташкил шуда буд, афроди баландпояе ба мардикорони Тоҷикистон кӯмак кардан мехостанд, кам набуданд, ва ин гурӯҳ  бояд ҳамин гуна одамҳоро ёфта, дар худи ВАО-и Русия ба манфиати муҷирон истифода барад»,- илова кард Усмонов.

Абдулло Ҳабибов, генерали мустафъӣ, ҳамзамон раиси ҷамъияти «Дӯстони Русия» низ аз ин ҳаракат пуштибонӣ карда, омодагии худро барои пайвастан ба Гурӯҳ эълом дошт. Номбурда бар ин назар аст, ки Гурӯҳ танҳо дар сурате муваффақ мешавад, ки доираи фаъолияташро васеътар кунад ва фақат дар Тоҷикистон роҳбурди кор накунад, балки дар Русия ҳам ҷонибдороро мебояд пайдо кунад. «Дар маҷмӯъ мо аз ин ҳаракат, аз фаъолиятҳои шумо пуштибонӣ мекунем.Акнун, ки мушкил бар хостааст, бояд онро ҳал кард, чораи дигаре вуҷуд надорад.Ва ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистон ва Русияро ба ин кор бояд ҷалб кард»,- суханашро ба поён расонид Ҳабибов.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва собиқ муовини аввали нахуствазири ҶТ қарсакро аз ду даст шарҳ дода, афзуд: «Ин тур нест, ки фақат Русия дар вазъи ба вуҷудомада муттаҳам бошад ва мо айби худамонроо набинем. Рӯҳонии саршинос гуфт, дар робитаҳо бо Русия самимӣ бояд бошем, то мавриди эътимод қарор бигирем. «Бархе аз рӯзноманигорони мӯҳтарами мо аз таърихи муосир ва воқеъоти кишварамон мутаассифона хабар надоранд ва дар бораи робитаҳои ду давлат гапҳои носанҷида мегӯянд, ки боиси сардии робитаҳо мешавад. Бубинед, мо истиқлоли Осетия ва Абхазистонро эътироф накардем, вале агар мекардем ҳеч гапе намебуд, ба хотири шарикии стратегиямон». Тӯраҷонзода дар фарҷоми баромадаш бори дигар ҳимояти хешро аз таъсиси Гурӯҳ ва иқдомҳои он эълом дошта гуфт, ки мо бо шумо омодаи ҳамкорӣ ҳастем.

Ойиниҳол Бобоназарова, яке аз дигар ҷонибдорони Гурӯҳ ва ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик зимни суханрониаш иброз дошт: «Ман дар Русия шиносҳои зиёде дорам. Дирӯз чанд нафар телефон карданд ва гуфтанд, ки чанд номи зебои тоҷикиро ба мо бигӯ, гуфтам барои чӣ? Онҳо гуфтанд, ки дар робита ба ин қазия ва мушкилоти муҳоҷирини тоҷик мехоҳем исмамонро тоҷикӣ кунем. Ана чунин «хайрхоҳ»-ҳо дар Русия ҳам ҳастанд.

Аммо бархе аз ширкатдорони нишаст, таҳлили амиқ ва пажӯҳиши қазияи халабонҳоро аз масоили меҳварии баррасишаванда унвон карда гуфтанд, ки фаъолияти сафорати Русия дар Тоҷикистон бояд бознигарӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматкарими Давлат, журналист ва узви аршади Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон ин иддаоҳоро бепоя хонда гуфт, гурӯҳ танҳо ба баррасии масоили марбут ба вазъи муҳоҷирон ва мӯътадилсозии фазои иттилоотӣ шуғл хоҳад дошт, на чизи дигар:   «Ҳадаф аз таъсиси Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон рафтан рӯи қазияи халабонҳо нест. Мақсади мо муҳоҷиронанд. Муҳоҷироне, ки гирифтори мушкил шудаанд. Онҳо бештар аз як миллион ҳастанд ва ҳамасола 4-5 миллиард доллар ба Ватан мефиристанд. Имрӯз ин масъала барои Тоҷикистон ба як масъалаи миллӣ табдил шудааст. Мо масъаларо ҳал карда наметавонем, мо танҳо талош мекунем, барои ҳалли он мусоидат кунем ва дар ин роҳ агар чӣ мегӯем сиёсӣ нестем, вале ба масоили сиёсӣ ва ҳалҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ мешавем, аммо набояд мо масъаларо сиёсӣ намоем ва пеши худ ҳадаф гузорем, ки сафири Русияро бикашем аз ин ҷо ва ё кори дигар…

Оқои Раҳматкарим афзуд, маънои иқдоми мо ин аст, ки давлате, ки бояд ҳуқуқи шаҳрвандонашро ҳимоя кунад, дар пуштибонӣ аз шаҳрвандонаш кӯтоҳ омад, вазъият ба ҳамин далел буҳронӣ шуд. Мо кори сиёсӣ намекунем. Рустами Ҷонӣ гуфтанд, ки сафири Русия наомад ва ин паём аст. Мо аз рӯзи аввал гуфтем, ки Худо нахоста ин ҳаракати мо ба шакле нашавад, ки як ҳаракат дар муқобили Русия шавад, ё ба пуштибонӣ аз давлати Тоҷикистон шавад, ё дар муқобили кишвари Тоҷикистон шавад. Барои ҳамин мо бояд шиори ҳавоӣ сар надиҳем. Зиди Русия бояд шиор надиҳем. Фикри ман ин аст, ки ҳар чӣ метавонем, бояд давлати худамонро, ки вазифааш аст водор созем, ки ба сурати дуруст, воқеӣ ба масоили муҳоҷирон расидагӣ кунад…

Ба ҷои хулоса

Акнун Гурӯҳи мусоидат қасд дорад, бо ашхоси саршиноси кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Русия вориди гуфтугӯ шавад. Яке дигар аз аҳдофи аъзоёни Гурӯҳ мулоқот бо сафири Русия дар Душанбе ҷаноби Юрий Попов аст. Дурнамои фаъолияти Гурӯҳ аз сафар ба шаҳру вилоёти Русия, дидору мулоқот бо ҳамватанон, палатаи ҷамъиятии Русия ва ҳамқаламон аз ВАО-и он кишвар эълон гардид. Шояд мушкиле, ки сохторҳои ҳукуматҳо дар рӯёрӯи он заиф монданд, бо гуфтугӯ ва дидорҳову иқдоми ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба поён расад. Кӣ медонад, боз ҳам Худо донотар аст…

Хилватшоҳи Маҳмуд

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)