Бахшҳо
21 ноя 2011 12:01Сӯҳбати рӯз

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Миллате, ки аз илму дониш фирор мекунад, аз он миллат дигар ҳеч ҷои умеде боқӣ намемонад

Чанде қабл, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, олими фарҳехта ва академики АУ Тоҷикистон ба сини мубораки 85-солагӣ расиданд. «Озодагон» ба табрики устод рафт ва аз фурсати мусоид истифода карда, бо ин чеҳраи мондагори миллат мусоҳибае анҷом дод. Инак, фишурдаи сӯҳбати ихтисосии хабаргузории  «Озодагон» пешниҳоди шумо азизон аст: Озодагон: Устоди арҷманд, бигӯед, ки ба воситаи қонун метавон мардумро тарбия кард,   ё бидуни шинохти Худо ва дин тарбия имкон надорад. Ба назари шумо раванди таълиму омўзиш дар ҷомеаи мо феълан дар кадом сатҳ қарор дорад? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Ба андешаи ман масъалаи илмандўзӣ, маданияти шахс, доираи назари ў ва мисли инҳо дар Тоҷикистони мо сол то сол камаҳамият гашта истодааст. Ва аз ҷониби пирону ҷавонони мо бениҳоят кам қадршиносӣ мешавад. Масъалаи мактаб ва маориф чандин сол аст, ки дар барномаҳои ҳукуматӣ дар маркази диққат қарор гирифтааст. Ҳама вақт аз радиову телевизион мешунавем, аз рўзномаҳо мехонем, ки барои мактабҳо биноҳои олиҷаноб сохтаанд ва бо  лабараторияҳои зарурии имрўзаву компютерхонаҳо ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд. Агар  ба вазъи пештара  назар кунем, бачаҳо дар хонаҳои муаллимон дарс мехонданд. Дар мактаб ҷой набуд, шароити хондан, дар вазъи ниҳоят бад қарор дошт бо вуҷуди ин мушкилот онҳо мехонданд, илмро аз худ мекарданд. Имрўз мо биноҳои олиҷаноб ва замонавӣ тайёр мекунем, фақат зоҳиран худро намоиш медиҳем. Яъне ҳоло тарафи моддии масъала бештар дар мадди назар аст. Аммо аз дигаргуниҳои мазмуни таълим мо бисёр кам сухан мегўем ва кам таваҷҷўҳ мекунем. Пеш аз ҳама мо бояд маънавиётро баланд бардорем. Бигузор, ҷавон дар як хонаи вайрона таълим гирад, муҳим ин ки илмро аз худ кунад. Дар бинои олиҷаноби нав таълим гираду лекин мазмунан он таълимаш ночиз бошад, мағзаш аз илму дониш хушку холӣ, пас аз ин биноҳои олиҷаноб манфиате нест. Мо  академияи омўзгорӣ дорем, аммо маълум нест, ки ин академия ба чӣ кор машғул аст, тибқи кадом барномаҳо кор мекунад. Макотиби мо дараҷаи баланди саводро таъмин карда наметавонанд. Барои саводи аҳли ҷомеъа пеш аз ҳама  мактаб ҷавобгар мебошад.  Бинобарин, мо чандин сол аст, ки гуфтем ва боз мегўем, ки вазорати маориф бояд тарзи таълимро дар макотиб андак дигар ва ҷиддитар кунад. Таълими адабиёту забонро тамоман ба тарзи дигар ба роҳ монад, бо методикаи дигар кор кунад,  то ин ки бачаҳо фаҳмида хонанд ва илмро ба хубӣ аз худ намоянд. Озодагон: Сабаби ба вуҷуд омадани ин мушкил, ё худ падида дар чист? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Сабабҳо  зиёданд. Ба назари манн, яке аз сабабҳои асосии бесаводӣ вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии одамон аст. Вазъият дар мо чунин аст, ки сатҳи зиндагии донишмандон аз зиндагии камсаводон пасттару бадтар мебошад. Илму дониши онҳо барои зиндагии хубашон  мусоидат накардааст. Дониши онҳо дар назари аҳли ҷомеа камтар арзиш дорад. Қадру қимати илму дониш ва маърифат паст шудааст. Бинобар ин, ҷавонон аз таълим дилсард шуда, аз паси илму дониш намегарданд. Танҳо кўшиш мекунанд, ки ба ҳар восита як дипломи хушку холиро ба даст оранду бас. Ба андешаи манн, бояд дар ҷомеа арзиши илму дониш дар дараҷаи болотарин бошад. Соҳибони илму дониш бообрў ва эътибор бошанд. Бояд гуфт, ки обу рўю эътибори онҳо аз як ҷиҳат аз таъминоти модияшон сар мезанад. Агар онҳо аз ҷиҳати моддӣ таъмин бошанд, зиндагияшон хуб бошад, дар назари мардум обрўи онҳо зиёдтар мешавад. Дар натиҷа, нисбат ба илм майлу рағбат ба вуҷуд меояд. Метавон гуфт, то вақте мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷомеъа вуҷуд дорад, аз беҳбудии таълим умеди кам аст. Гуфтан зарур аст, ки чораи ин масъаларо бояд ҳукумат биандешад ва ин вазифаи таърихиро бояд иҷро бикунад. Озодагон: Устод ба бесаводӣ ва камсаводӣ ишора кардед, ин барои ҷомеъа чӣ хатар дорад? Оқибати кор чӣ аст? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Бисёр оқибатҳои бад оварданаш мумкин аст. Аллакай мо натиҷаҳои бади бесаводиро  мушоҳида карда истодаем. Аз ҳама хавфнокаш ин аст, ки рафта-рафта ҷомеъаи мо ба ҷомеъаи бесаводон табдил меёбад. Дар ҳоли ҳозир ҳам ҷомеъаи мо ҷомеъаи хушсаводон нест. Аз ҷомеъаи бесаводон чӣ умед кардан лозим. Миллате, ки аз илму дониш фирор мекунад, аз он миллат дигар ҳеч ҷои умеде боқӣ намемонад. Забони модарӣ низ дар роҳи таълим нақши муҳимро мебозад. Имрўз забони тоҷикӣ оҳиста- оҳиста аз миён рафта истодааст. Чанд рўз қабл як мусоҳибаи ман бо забони русӣ дар ҳафтаномаи «Азия - Плюс» чоп шуд. Шахсони зиёд онро хонда, ба ман занг зада, маро табрик мегуфтанд, изҳори розигӣ баён мекарданд. Бубинед, ки матлабҳои зиёди ман дар ҳафтаномаҳои дигар ба забони тоҷикӣ чоп шуда буд, мардум ба онҳо кам таваҷҷўҳ мекарданд, касе ба ман занг назада буд. Аммо як маротиба мусоҳибаам бо забони русӣ чоп шуд, афроди зиёд онро қироат карданд. Шумо медонед, ин чӣ маъно дорад? Ин бисёр хатарзо аст. Мардум матлабҳои ба забони тоҷикӣ нашршударо кам мехонанд, балки умуман намехонанд. Чунки онҳо хонанд ҳам, намефаҳманд, зеро ҷои забони тоҷикиро забони русӣ ишғол карда истодааст. Аз забони тоҷикӣ дида мардум русиро хубтар дарк мекунанд. Тоҷикони мо русихон шуданд. Фақат забонро дар сатҳи маишӣ медонанд, на дар сатҳи адабӣ. Забони тоҷикӣ аз як қисми ҷомеа баромада нест шуд. Имрўз телевизионҳои мо, ба хусус шабакаи кўдакону наврасони  «Баҳористон» шавқовартарин барномаҳову филмҳоро ба забони русӣ пахш мекунанд. Аз он хотир, ки ин кор осон аст. Масалан, филмҳои ба забони русӣ тарҷумашударо тайёр мегиранду ба намоиш мегузоранд. Яъне соат пур шавад, шабака бенамоиш намонад шуд. Шабакаи «Баҳористон» дар таълиму тарбияи насли наврас нақши басо муҳимро мебозад, ба хусус дар масъалаи забон. Кўдак аз хурдӣ барномаҳоро бо забони русӣ тамошо кунад, тоҷик мешавад ё рус? Шумо медонед?... Ман, намедонам. Озодагон: Бигўед, ки духтарони тоҷикро чӣ аз мактаб дур кардааст: хурофот ё омили дигар. Шумо кадом омилро ин ҷо мебинед? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Солҳои ахир мардум бештар ба урфу одатҳои динию мазҳабӣ такя мекунанд. Рў ба масҷид овардан, ё рўймол бастани занҳо ва монанди инҳоро нишонаи манфӣ, як руйдоди нораво шуморидан мумкин нест, ҳатто иштибоҳ мебошад. Ҳиҷоб ба бар кардани духтарон ин хуб аст, ҳеч ҷои бадӣ надорад. Аз духтароне, ки дар тобистон нимурёну бараҳна мегарданд, духтарони бо ҳиҷоби исломию либоси миллӣ беҳтар ва хубтаранд. Ин арзиши инсонӣ,  одамгарӣ, фарҳанги шахсӣ ва расми мазҳабӣ ба ҳисоб меравад. Ман шахсан мегўям, ки  ҳиҷобу либоси исломӣ аз ҳама ҷиҳат хуб аст, ягон бадие надорад. Аз кадом ҷиҳате, ки назар нанамоӣ, ин як ҳодисаи мусбат аст. Ман ҳайронам, ки чаро дар макотиби миёна ва донишкадаҳои олӣ нисбат ба ин масъала болои духтарон фишор меоранд ва онҳоро барои ин кор аз таълим маҳрум месозанд. Ба андешаи ман ин бисёр кори ноҳақ аст. Мо бояд ба илму дониши духтарон ба ҷавҳари онҳо назар кунем, на ба рўймолу либосашон. Яъне ҳиҷоб ҳеч вақт монеъи илмомўзӣ шуда наметавонад ва инро сабаби аслӣ гуфтан ҳам норавост. Озодагон: Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон бо заҳамоти зиёд китобхонаи бузурги миллиро бино мекунад. Нақши китоб дар ҳаёти инсон аз чӣ иборат аст? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Китобхона лозим аст. Миллати тоҷик, халқи мо яке аз он халқҳоест, ки чандсад сол пеш аз ин дар миёни халқҳои гуногун якум шуда китобхона сохта буд. Имрўз, давлати мо заҳмат кашида, китобхонаи бузурги миллиро бино карда истодааст, ин бисёр кори савоб аст. Ҳозир ҷавонони мо китобхониро тарк кардаанд китобхон кам шудааст. Лекин вазъ ҳамеша ингуна боқӣ намемонад. Иншоаллоҳ, мардуми мо боз китобхон хоҳанд шуд. Зиндагӣ андак дигар шавад, шароити хубтар ба вуҷуд биёяд, мардум дубора рў ба хондану китоб меоранд. Озодагон: Гузаштан ба хатти ниёгон чӣ хубиҳоро дар пай дорад. Мушкилӣ ин ҷо дар чист? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Хати форсӣ дар байни мардуми тоҷик зиёда аз ҳазор сол аст, ки ҷорист. Хатти арабиасоси форсӣ қолаби забони мост. Забони мо ба ин қолиб рехта шуд. Ин хату ин забон, як руйдодест, ки бо ҳам омад ва боиси тараққии якдигар шуд. Вақте  ки моро аз ин хат ҷудо карданд, ба хати лотинӣ гузарониданд, мехостанд, ки мо аз гузаштаи худ дур шавем. Ин забони олиҷаноби ҳазорсолаи худро фаромўш кунем, ба забони кўчаву бозор гап занем. Моро аз ҳастии таърихии худамон ҷудо кардан хостанд ва то ҷое муваффақ ҳам шуданд. Имрўз мо вазифадор ҳастем, то ба асли худ боз гардем. Барои ин ки ба оянда барои баргаштан ба асли худ роҳ кушоем, бояд ба хати форсӣ боз гардем. Дар хати форсӣ хусусиятҳои забони тоҷикӣ бисёр нозук ифода шудааст. Баъзе донишмандон хатти форсиро бисёр наҳ мезананд, ки фаҳмидану қабул кардани ин хат душвор аст. Бояд бигўям, ки ҳеч душворие надорад. Душвор аст, гуфтан ҳеч мумкин нест. Аслан, амиқтар андеша кунем, ҳеч забоне нест, ки омӯзиши он душвор набошад. Ба хати инглисӣ назар намоед, чӣ гуна душвор аст, навиштан дигар, хондан, тамоман дигар. Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳояш тамоми дунёро гирифт. Озодагон: Чӣ бойис гашт, ки шумо  якҷо бо донишмандони дигар алайҳи Бозор Собир зери як мақола имзо гузоштед? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Мақолае, ки дар бораи Бозор Собир навишта шуда буд ва ман ҳам имзо карда будам, чанд сол қабл аз ин иттифоқ афтод. Вақтҳои охир, Бозор бисёр суханҳои по дар ҳаво ва таҳқиромез мегуфт. Дар хусуси тоҷикон,  Эрон ва Амрико, ки худи ў дар онҷо ба сар мебарад. Хуллас, суханҳое гуфт, ки шунидани онҳо аз забони як адиби тоҷик номумкин ва касро асабонӣ мекунад. Аз шунидани ин суханҳо ман ҳам ба хулосае омадам, ки бо тарафдорӣ ба ин мақола имзо намоям ва дар ҳақиқат имзо карда будам.Афсўс, ки фурсат пайдо накардам, то он мақоларо таҳрир кунам. Зеро баъзе ҷойҳои он мақола ба ман маъқул набуд. Бо вуҷуди он ман имзо кардам, ба умеди он, ки баъд таҳрир мекунам ва баъд мувофиқа мекунем. Мутаасифона, ба ин кор даст наёфтам. Гумон мекунам, ин мақола ба Бозор таъсире нагузошта бошад, зеро ў то ҳол аз гуфтани чунин суханҳояш боз наистодааст. Маврид ба зикр аст, ки Бозор нависандаи машҳури мост. Шоире, ки дар вақташ барои адабиёти тоҷикӣ, адабиёти форсӣ хизмати арзанда карда буд. Аз чунин шахсият сар задани фикрҳои ғалат нохуб аст. Яке аз ҳамон андешаҳои нодурусташ шеъре, ки навиштааст « Ман ва Ленин» мебошад. Дар маконе, ки ў зиндагӣ мекунад (ИМА)  ҳайкали Ленин будааст. Дар васфи Ленин шеър навиштаасту гуфтаст, ки дар инҷо танҳо ман мондаму Ленин, яъне худашро ба Ленин баробар мекунад. Лоаққал аз ҳамин нуқтаи назар андак худдорӣ кардан лозим буд. То ҳол дар ин бора ман чизе нанавиштаам. Лекин он мақола то ҳол аҳамияташро гум накардааст. Озодагон: Замоне, ки шумо китоби Садри Зиё, асари падаратонро мунташир намудед, баъзе донишмандон гумони бад карданд. Гӯё шумо баъзе варақаҳои баҳсноки он китобро маҳв намудаед. Оё ҳамин тавр аст? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Соли 1991 бо Сиддиқӣ ном як ҷавон, ки дар институти шарқшиносӣ мутахассиси эҷодиёти Садри Зиё буд, китоби «Наводири зиёия»-и Садри Зиёро ба чоп омода кардем ва аз як ҷои он китоб баъзе навиштаҳоро кўтоҳ кардем. Дар он варақаҳо суханҳое гуфта шуда буд, ки дар вақташ аҳамияти зиёд дошт, аммо он вақт чопи онҳо зарур набуд. Яъне, он гуфтаҳо мувофиқи ҳамон замон буд, аммо имрўз нагуфтанашон беҳтар аст. Баъзе донишмандон, ҳамон варақаҳоро дар китобашон ворид намуда, хеле шарҳу тафсири зиёд карданд. Ва ба ҳама эълон карда буданд, ки Садри Зиё ҳамин хел суханҳо гуфта буд. Ба гумони манн, онҳо мехостанд, Садри Зиёро сиёҳ кунанд. Агар он суханҳо имрўз хато бошанд, дар он замон хато набуд. Он гуфтаҳоро Садри Зиё дар соли 1920 навишта буд. Дар он вақт Садри Зиё ба гуфтани он суханҳо ҳақ дошт. Озодагон: Андешаи шумо дар бораи Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд чӣ аст? Оё метавон насли наврасро ба воситаи қонун тарбия кард? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Шояд ин гуна қонун дар дигар мамлакатҳо набошад, лекин дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардани чунин қонун лозим омад. Чунки мардуми мо тамоман ба тарбияи фарзанд машғул нест. Руз то рўз нисбат ба тарбияи фарзанд бетафовут шудаанд. Ин тарафи мо қишлоқ аст, тарафи дигарамон шаҳр. Вақтҳои охир ман мушоҳида мекунам, падару модар аз субҳ фарзандонро аз хона берун мекунанд то шаб, дигар дар суроғи фарзанд нестанд. Фарзанд дар куҷо аст, ба чӣ кор машғул аст ба онҳо муҳим нест. Аз ин  сабаб давлат маҷбур шуд, то дар ин раванд қонунеро ба тасвиб расонад. Албатта, ин қонун барои тарбияи фарзанд то андозае аҳамияти худро дорад, аммо бояд бигўям, ки барои тарбияи фарзанд се омили бузург аст: Оила, мактаб ва ҷомеа. Ин қонуне, ки имрўз ба тасвиб расидааст, фақат омили аввалро (оила) дар бар мегирад, аммо он ду омили муҳимро дар бар нагирифтааст. Бояд ин се омилро якҷоя ба назар бигирем, ба хусус омили сеюмро. Дар давраи шӯравӣ падару модар дар тарбияи атфол оҷиз буданд, фарзандашонро тарбия карда наметавонистанд. Мактаб низ оҷиз буд. Мактаб илмро медод, аммо тарбия карда наметавонист. Тарбиятгари асосӣ дар ҳамон замони шӯравӣ ҳам ҷомеа буд. Кўдакон ҳама чизро аз кўча ва аз ҷамъият меомўзанд. Суханони падару модар, суханони муаллим он қадар аҳамият надорад, чунки падару модар ва муаллим як чизро мегўянд, ки дар ҷамъият дигар аст ва гуфтаи онҳо ба воқеият мувофиқ намеояд. Имрўз омили сеюм ғолиб ва пурқувват мебошад. Танҳо бо гуфтаи падару модар ва муаллим намешавад, ҷомеъаро бояд тағйир дод. Озодагон: Ба андешаи шумо нақши дини ислом дар тарбияи фарзанд то кадом андоза аҳамият дорад? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Дини ислом яке аз пурнуфузтарин ва пурқувваттарин омил дар тарбияи инсон мебошад. Ин динро Худо ба вуҷуд овардааст, то инсонро инсон кунад, то одам Одам бошад. Ҳама таълимоти исломӣ ба ҳамин мақсад ба роҳ монда шудааст. Қуръони маҷид ва гуфтаҳои ҳазрати пайғамбар (с) ва тамоми таълимотӣ диние, ки ба вуҷуд омаданд, асоси башардўстона доранд, барои тарбияи инсон хеле нақши муҳим мебозанд. Ва минбаъд низ ҳатман лозим ҳастанд. Дар ҷомеъаи бединҳо одамгарӣ намемонад. Агар фармудаҳои ислом дастраси аҳли ҷомеа гарданд ва албатта ба он гуфтаҳо амал кунанд, аз ҳама гуфтаҳои дигар, масалан, аз гуфтаҳои падару модар ё муаллими мактаб ё каси дигар  хеле зиёдтар таъсир ва нуфуз дорад. Шахсияти инсонро ба вуҷуд меорад, месозад. Зеро дин аз номи Худо гап мезанад. Падару модар фарзандро ба коре амр мекунанд, онҳо низ ба мисли ману шумо одам ҳастанд, он гапе, ки онҳо мегўянд, шояд қабул кунам, шояд қабул накунам, аммо он чизе, ки аз номи Худо мегўянд дигар дар он ҷои чуну чаро нест. Он гуфта дар қалби инсон ҷой мегирад ва як умр бо он гуфта амал мекунад. Ҳама бояд донанд, ба хусус нафароне, ки мехоҳанд насли наврасро тарбия кунанд, ки Худоҷўӣ, Худотарсӣ бисёр омили муҳим дар тарбия ва шахсияти инсон мебошад. Бидуни шинохти Худо тарбия имконпазир нест. Озодагон: Устоди азиз! Дар охир чанд тавсияи шумо ба ҷавонони муосири миллат  кадом аст? Муҳаммадҷон Шакурӣ: Ҷавонон бояд қадри ҷавониро бидонанд. Он имконияте, ки дар айёми ҷавонӣ доранд, дигар ҳеч вақт ба онҳо муяссар намешаванд. Бисёр мехоҳам, ҷавонҳои мо фикри расо дошта бошанду дар ин замони туфонӣ, ки фикрҳои нодуруст ва гуногун паҳн шуда истодаанд ва роҳу равиши худро дуруст муайян кунанду ба сўи оянда бо сари баланд равон шаванд. -Ташаккур, устод барои як сӯҳбати самимӣ! Сарбаланд бимонед! -Ба шумо раҳмат, ки омадед. Худо нигаҳбон! Мусоҳиб: Қадриддин Исоев Ҳолнома: Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар хонаводаи Шарифҷон махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945 хатм карда, фаъолияти кориашро дар нашрияи «Тоҷикистони Сурх» шурӯъ кардааст. Устод Шакурӣ тӯли шаст сол дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ дошт. Теъдоди мақолаҳои ӯ дар ин муддат ба 500-то расида, зимнан 45 асари таҳқиқотии пурарзиш офаридааст. «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист», «Хуросон аст ин ҷо», «Садри Бухоро», «Равшангари бузург», «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» …рӯйхати кӯтоҳи асарҳои ӯ ба шумор мераванд. Устод Шакурӣ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989 аст.   Рустам ва Шариф, фарзандони Муҳамадҷон Шакурӣ, ҳарду докторони улуми таърих ва филологияанд ва алъон дар Маскав кору фаъолият доранд. Академик Шакурӣ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)