Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Ҳукми додгоҳ: Нозири роҳ 2 миллион ҷарима месупорад

24 июн 2011, 12:20

Додгоҳи шаҳри Тюмени Русия мурофиаи парвандаи як корманди нозири роҳро ба итмом расонид.


Бино ба иттиллои як хабаргузории русӣ, Сергей Ушаков, сардори шӯъбаи тафтишоти маъмурии қисми раҳбонии Тюмен бо иттиҳоми ришваситонӣ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ чанде қабл боздошт гардида буд.
Манбаъ менависад, ҳамааш аз рӯзи 12-уми январи соли 2009 шурӯъ шуд. Он вақт сокини Тюмен, Александр Воронсов бо мошинаш дар гузаргоҳи пиёдагардон духтараки ҷавонеро пахш кард. Сарнишини сабукрав бо корманди бозрасӣ- Сергей Ушаков забон як карда, ҳолати садама ва вазъи ҷабрдидаро тағйир доданд. Ба ҷои «ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ» дар маълумотномаи тиббии ҷабрдида «захми сабук»-ро  бо кӯмаки мақомоти марбута сабт карданд. Корманди маъмурии бозрасӣ зимнан барои ин кораш аз ронанда 70.000 рубли русӣ «пора» гирифту ҷаримаи Воронсов бошад, ҳамагӣ 2.500 рублро ташкил доду бас.
Ҷабрдида аз қарори додгоҳ изҳори норизогӣ карда, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурд.Дар натиҷа алайҳи ронанда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, суд ӯро ба муддати яку ним сол аз озодӣ маҳрум кард. Нозири ришваситон бошад, барои ин амали ношоисташ дар ҳаҷми 2.000000 рубл ҷарима гардида, аз зиндон раҳоӣ ёфт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шодибек

  • 12 март 2015 21:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кормандони Б.Д.А. и Точикистонро хаминхел чарима кунанд бисёр хуб мешуд.
Посух додан
  • Ахтам

  • 24 март 2015 21:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи нозирони рох дар Точикистон бисёр фасоди мекунанд аммо онхо хкч гох мучозот намешаванд ёин ки чи тавре аз суханони худи онхо бармеояд ба мансабдорони боло доля медиханд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!