Бахшҳо
24 ноя 2011 08:45Сиёсат

Вакилонро ба муҳоҷир чӣ кор?

Вакилони тоҷик аз "гурехта рафтани оилаҳои занбӯри асал" нигаронӣ карданд, аммо дар мавриди ранҷу азоби муҳоҷирон ҳарфе нагуфтанд.

Хомӯшии мақомоти Тоҷикистон дар қиболи қазияи "шикор"-и муҳоҷирон дар федератсияи Русия ҳафтаи сипаришуда барои як муддат аз байн рафт. Ногаҳон хабарҳое паҳн гардид, ки гӯиё парлумони кишвар ба ин вокуниши ҷиддӣ нишон додааст. Чаро ҷиддӣ? Чунки спикери маҷлиси намояндагон шахсан дар ин бора "ҳарф" зад.

Шояд дар кишварҳои дигар вокуниши масъулини калидӣ ба ҳар гуна қазияҳо як амали ночиз буда, аз ҷониби шаҳрвандони чандон ҷиддӣ қабул нагардад. Чунки вазифаи аслии сари қудрат омадани масъулин ин дифоъ аз манфиатҳои шаҳрвандон аст. Дар Тоҷикистон воқеият дигар. Борҳо шоҳиди он гардидем, ки чӣ гуна воқеаҳо ва хабарҳои сарнавиштсоз пайдо шудаву бидуни мавқеъгирии масъулин "ҳал"-и худро меёбад. Мо мебинем, ки чӣ гуна шаҳрвандони моро "шикор" ва бозпас мефиристанд, мақомоти Тоҷикистон ҳамоно хомӯш…

Зуҳуров чизе нагуфт…

Вале ин навбат ин ҳама хомӯширо Шукурҷон Зуҳуров вайрон кард. Таърихи 14.11.20011 Шукурҷон Зуҳуров, раҳбари МН МО ҶТ зимни баргузории Шӯрои парлумонӣ аз вазъияти муҳоҷирон ёд намуд. Номбурда гуфт, ки ин масъаларо парлумон ба таври ҷиддӣ пайгирӣ дорад, дар ҷаласаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҳайати вакилонро ҳам барои омӯзиши вазъ ба Русия мефиристад.

Бо пайдо шудани ин хабар аксарият гуфтанд, ки агарчӣ дер аст, вале дар натиҷа парлумони Тоҷикистон ҳам аз "хоби ноз" бедор шуд. Ҳарчанд буданд нафароне, ки ин таъкиди Зуҳуровро танҳо як омили дуркунанда аз воқеият (отвлекающий маневр) пиндоштанд.

Ниҳоят 16-уми ноябри соли 2011 ҷаласаи навбатии парлумони Тоҷикистон, метавон гуфт ҷаласаи "деринтизор" баргузор гардид. Қабл аз шурӯи ҷаласа аксарияти вакилон зоҳиран хеле ором менамуданд, ки ин аҷиб буд, чун гурӯҳе мунтазири вокуниши парлумон буданд. Дар ин миён бо рӯзномаи муқарар намудаи МН МО барои ҳамон ҷаласа ошно гардида, дар тааҷуб афтодам. Рӯзномаи мазкур 8 масъаларо дар бар мегирифт, ки ҳеч кадоми он ба муҳоҷирону вазъи онҳо рабт надошт.

Ҳамон лаҳза дар парлумон миш-мишҳое пайдо шуд, ки ҷаноби Зуҳуров шахсан оид ба вазъияти муҳоҷирон қабл аз баррасии рӯзнома ва ё дар фарҷоми ӯ мавқеъгирӣ намояд. Илова бар ин сафари ҳайати вакилон ба Русия барои мулоқот бо муҳоҷирон бо баҳонаҳои номуаяйн лағв шудааст.

Соати расо 10 ҷаласа шурӯъ гардид. Нафаре аз муҳоҷирон ёд накард. Бо ҳамин интизориҳои мо дар мавриди "вокуниши ҷиддӣ"-и парлумон ба вазъи муҳоҷирон ҳудуди 3 соат давом ёфт. Ҷаласа ҳам тамом шуд. На вакилон ва на Шукурҷон Зуҳуров чизе нагуфтанд…

М. Ватанов: зарурати баррасии вазъи муҳоҷирон набуд

Вале ба қавли мардум "ноумед шайтон аст". Мо ҳам бо тамом шудани ҷаласа кӯшиш намудем то дар алоҳидагӣ бо вакилон сӯҳбате анҷом бидиҳем. Пурсиши нахустини мо ҳам ҳамин буд, ки чаро парлумони Тоҷикистон оид ба вазъияти муташаниҷи муҳоҷирон вокуниш нишон надода, мавқеи худро рӯшан накард? Дар посух ба "Озодагон" Маҳмадалӣ Ватанов, раҳбари кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон гуфт: "Дар рӯзнома ин масъала набуд. Дар шӯро гурӯҳе аз вакилон ин масъаларо муҳокима карданд, вале қарор набуд, ки мо онро ба рӯзнома ворид созем. Дар робита ба беҳтар кардани вазъи муҳоҷирон чораҳои лозимӣ андешида шудааст. Аз ин хотир зарурати баррасии он набуд". Маҳмадалӣ Ватанов дар идома гуфт, ки изҳороти гурӯҳе аз аъзои Думаи давлатии Русияро дар мавриди ҷорӣ намудани низоми раводид миёни Душанбеву Маскав ҷиддӣ намешуморад. Ин гуфтаҳои ҷаноби Ватановро Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон тақвият бахшида гуфт, ки: "қазияи халабонҳо ва радди марзи муҳоҷирони тоҷик дар доираҳои болоии байни давлатӣ ҳаллу фасли худро ёфтааст".

Ҷ. Давлатов: вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия мӯътадил аст!

Бояд гуфт, ки ин посухҳои вакилони мардумӣ моро чандон дар аҷобат нагузошт. Аммо сари суханони Ҷумъахон Давлатов, намояндаи расиҷумҳур дар МН МО метавон андеша кард. Номбурда дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, ки вакилони мардумӣ баъдан сари қазияи муҳоҷирон расидагӣ мекунанд. "Тибқи омори расмӣ мо ҳеҷ тағйироти ҷиддиеро дар вазъияти муҳоҷирон намебинем. Нишондодҳо оид ба "депорт" ва қатли муҳоҷирон дар қиёс бо соли сипаришуда чандон фарқияти зиёд надорад. Арқоми соли ҷорӣ нисбат ба соли 2010 беҳтар аст. Вазъияти муҳоҷирон дар Русия мӯътадил буда, онҳо бояд зисту зиндагиро мутобиқ бо арзу суннатҳои кишвари дигар аз худ карда, қонунгузории Русияро риоя намоянд". Намояндаи расиҷумҳур дар парлумон гуфт, ки ба масъалаи муҳоҷирон набояд тобиши сиёсӣ дод. Инҷо аз Ҷумъахон Давлатов суол кардем, ки ин ҳама радди марзи "дастаҷамъона"-и тоҷикон чӣ маъно дорад, тоҷикон якбора бидуни асноди лозимаву ҷинояткор шуданд? Дар ҷавоб ба ин суоли мо мушовири раисҷумҳур хомӯширо ихтиёр кард.

Кабирӣ: шояд раҳбарияти маҷлис маълумоте рӯйи даст доштанд…

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон аз баррасӣ нагардидани вазъияти муҳоҷирон дар ҷаласа изҳори таассуф ва нигаронӣ намуд. Номбурда гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд ҳукумати Тоҷикистон бар он андеша буданд, ки ҳамагуна мавқеъгириву вокуниш бар зарари кор бошад. Ин то ҷое асос ҳам дорад. Вале чаро Тоҷикистон дар робита ба ин масъалаи ҳассос хомӯш бошад.

"Бубинед, ҷониби Русия, мақомоти иҷроия, Думаи давлатӣ ва расонаҳои хабарӣ дастаҷамъона аз як шаҳрванди худ ҳимоя мекунанд. Барои Тоҷикистон хуб нест, ки танҳо расонаҳои ангуштшумор ва раисҷумҳур дифоъ аз муҳоҷирон бикунанд. Тоҷикистон бояд мавқеъӣ ҷиддӣ мегирифт. Бояд тамоми шохаҳои ҳукумат ва ҷомеа дар алоҳидагӣ садо баланд мекарданд. Зеро сухан дар мавриди ҳазорҳо шаҳрванди кишвар ва иқтисод меравад".

Раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд қабл аз баргузории ҷаласа гурӯҳе аз вакилон ва раҳбарияти маҷлис хабарҳоеро рӯйи даст доштанд, ки кор то ҷойе ҳалли худро ёфтааст. Агар ин тавр аст, мо ҳам хушҳолем. Вале бигузор масъулин бояд маълумотро ба ҳама мерасониданд. Мо ҳам дигар мутмаин мешудем, ки воқеан нафаре дар пайи ҳалли қазияи муҳоҷирон аст.

Муҳиддин Кабирӣ аз он изҳори тшвиш намуд, ки чӣ гуна парлумони Тоҷикистон метавонад хомӯширо ихтиёр бикунад, вақте вакилони Русия дар алоҳидагӣ масъалаи ҷорӣ намудани низоми раводидро баррасӣ мекунанд. Парлумони Тоҷикистон бояд вокуниш нишон медод. Ҳарчанд ин вокуниш барои ҳалли қазия натиҷае намебахшид, вале он метавонист садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро дар Русия хушҳол гардонад. Зеро, феълан муҳоҷирони тоҷик дар ҳолати шок қарор дошта, худро бе пуштупаноҳ меҳисобанд, зикр намуд Муҳиддин Кабирӣ.

Фаъолияти парлумон харҷи беҳудаи маблағ

Зимнан Иззат Амон, раҳбари ҷамъияти ҷавонони муҳоҷирони тоҷик аз бетарафии парлумони Тоҷикистон дар қиболи "шикор"-и муҳоҷирон нигаронӣ намуда, гуфт, ки дар ҳар кишвари мутамаддин вакилони мардумӣ ҳатман вокунише нишон медоданд. "Дар қиболи ин вазъияти бад хомӯш нишастани парлумон бори дигар собит намуд, ки вакилони мардумии мо таъинӣ ҳастанд, на интихобӣ, ки инро ҳатто аз забони онҳо бо лаҳни гуногун мешунавем. Дар ҳамин шабу рӯз хомӯш нишастани парлумон ин як гуноҳи бузург аст. Хеле сахт аст таҳаммул кардани ин ҳама таҳқири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва хомӯшии вакилони "мардумӣ" дар Тоҷикистон", илова намуд Иззат Амон. Номбурда дар идома гуфт, ки чӣ гуна метавон вакилони моро вакил гуфт, вақте онҳо ба ин ҳама беҳудагӯиҳои ҳамтоёни русашон ҷавоб намегӯянд. Аз оне, ки вакилон ва фарзандони онҳо бо ҷой, хӯрок ва бистари гарм таъминанд, парвое аз муҳоҷирон надоранд. Иззат Амон мегӯяд, ки дар ҳамин шакл фаъолият доштани парлумони Тоҷикистон дар ҳамин шабу рӯз ҳарҷи беҳудаи маблағ аст.

Абдулло Ҳабибов, генерали мустаъфӣ аз сари вақт вокуниш нишон додани мақомоти Тоҷикистон ёд оварда, мегӯяд, ки ин ҳама мунтазир будани раҳбарият бар зарари кишвар аст. Ба бовари номбурда, феълан фурсате расидааст, ки дигар Тоҷикистон интизориро пеша накарда ташаббусро ба дасти худ бигирад.

Маврид ба зикр аст, ҳамин тавр то имрӯз парлумони Тоҷикистон мавқеъи худро дар робита ба вазъи муҳоҷирон рӯшан накардааст. Ногуфта намонад, ки рӯзи 14-уми ноябр яке аз масъалаи рӯзномаи маҷлис ин оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ" буд. Ба эҳтимоли зиёд вакилони мардумӣ муҳокимаи занбӯри асал, оилаҳои онро муҳимтар аз тақдир ва ҷони муҳоҷири тоҷик пиндоштанд. Бояд гуфт гурӯҳе аз вакилон дар робита ба "гурехта рафтани оилаҳои занбӯри асал" изҳори нигаронӣ карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин шабу рӯз даҳҳо нафар муҳоҷири тоҷик дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон радди марз мешавад. Шояд, вакилони мардумӣ баррасии вазъи муҳоҷиронро зарур нашумориданд ва ё барои онҳо занбӯри асал муҳимтар аз сарнавишти садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Шояд воқеан даруни ин сиёсат ва фаъолияти вакилон мантиқе ҳаст, ки мо 99 дарсади ҷомеа онро дарк карда наметавонем?

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)