Бахшҳо
24 ноя 2011 09:01Иқтисодӣ

Иқтисоди инноватсионӣ

Замони каланди бобоӣ гузашт, акнун ҷисмро не, ақлро бояд кор фармуд.

Аҳолии сайёра рӯз то рӯз зиёд мешавад, талабот ба молу маҳсулот меафзояд, захираҳои табиӣ сол то сол кам шудан мегиранд, коркарди захоир меҳнату хароҷоти бештарро талаб мекунад ва боиси болоравии нархҳо мегардад. Дар навбати худ болоравии нархҳо ба афзоиши таваррум сабаб гашта, арзиши маҳсулоти 10 сомонӣ ба садҳо сомонӣ баробар мешавад. Масалан, 1 кило картошка соли 2000-ум 20 дирам буд, соли 2011 он ба 2 сомонӣ баробар шудааст. Ҳамин тавр агар 10 сол пеш хароҷоти як нафар дар рӯзгузаронии моҳона 100 сомонӣ бошад, ҳоло аз 1000 сомонӣ бештар гаштааст. Зеро аз сабаби кам шудани захоири табиӣ арзиши он сол то сол боло рафта истодааст. Масалан, як литр бензин соли 2010 ба 3,5 ё 4 сомонӣ баробар бошад, ҳоло баъди як сол як баробар афзоиш ёфта, ба 6,5-7 сомонӣ расидааст. Бо назардошти нархи сӯзишворӣ арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ ё саноатӣ низ боло меравад ва дар чунин шароит деҳқон дигар наметавонад, ки бо ҳосилнокии 22 сентнерӣ пахта аз як гектар замин хароҷоти худро пӯшонад. Акнун деҳқон бояд фикр кунад ва роҳи нави корро ёбад, ки бо хароҷоти нисбатан кам даромади бештар ба даст орад. Ин механизмро дар илми иқтисоди замони нав инноватсия меноманд. Яъне иқтисодиёти дониш ва навоварӣ. Дигар ҷисмро не, балки ақлро бояд кор фармуд, ки аз кадом роҳ метавон даромади бештаре ба даст овард.

Инноватсия дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳоло дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба иқтисоди инноватсионӣ такя мекунанд ва аз ин ҳисоб ба рушди босамари иқтисодӣ ноил мегарданд. Коршиноси масоили иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, иқтисоде, ки имрӯз дар Амрико ба вуҷуд омадааст, ба дониш такя мекунад ва инноватсия ном дорад. Лекин дар Тоҷикистон намедонанд, ки дониш ва инноватсия чист. Аз ин рӯ дар Амрико сатҳи самаранокии истифодабарии нерӯи истеҳсолӣ дар асоси дониш ва иттилооти имрӯза рушд меёбад. Аз ин рӯ агар қарзи хориҷии Амрико 130 дарсади ММД-ро ташкил диҳад ҳам, барои он кишвар чандон хатарнок нест. Зеро ҳар қадар самаранокии истеҳсолот дар асоси дониш рушд ёбад, ҳамон қадар фоизи қарз дар нисбати ММД камтар шудан мегирад. Вале агар сатҳи самаранокии иқтисодиёт паст бошад, расидани қарзи хориҷӣ ба 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ хатар дорад. Ба вижа барои Тоҷикистон ин нишондиҳанда ташвишовар аст, зеро на истеҳсолот ҳаст ва на инноватсия. Бар замми ин самаранокӣ ҳам вуҷуд надорад.

Коршиносон чунин мешуморанд, ки дар шароити имрӯза дар корхонаҳо сиёсати навоваронаро дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ бояд дар ҷои аввал гузоранд. Иқтисодшинос ва профессор Сафиувлоҳ Ҳабибов мегӯяд, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки дар кишварҳои пешрафта бо якҷоя гардидани истеҳсолот ва илм як иқтисодиёти нав пайдо шудааст, ки он иқтисодиёти инноватсионӣ ё иқтисодиёти "дониш" ном дорад. Ин ҷадидтарин ва судмандтарин иқтисодиёт аст, ки бо хароҷоти кам ба даст овардани даромади зиёдро кафолат медиҳад". ӯ чунин мешуморад, ки агар дар Тоҷикистон низ ба масъалаи иқтисоди инноватсионӣ ё иқтисоди ба дастовардҳои илму дониш асосёфта аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд ва илмро бо истеҳсолот пайванданд, пояи иқтисоди кишвар мустаҳкам шуда, сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло хоҳад рафт.

Воқеияти рӯзгори мардум

Дар ҳоле аз инноватсия ва навоварии иқтисодӣ сухан меравад, ки вазъи воқеии Тоҷикистон тамоман ҳолати баръаксро ба худ касб кардааст. Кишоварзон ба ҷои он ки аз техникаҳои нав истифода кунанд, бештар ба каланду бели бобоӣ ниёз пайдо кардаанд. Замони шӯравӣ нисбатан вазъ беҳтар буд ва аксари истеҳсолгарон аз техникаву технология бештар кор мегирифтанд. Аммо имрӯз деҳқон техникаро иҷора гирад сӯзишворӣ намеёбаду сӯзишворӣ пайдо кунад, пул намеёбад, ки пардохт намояд. Ин вазъият на танҳо дар соҳаи кишоварзӣ, балки дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла саноат низ ба назар мерасад. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти хоми дохилиро мехаранд, аммо технологияи замонавӣ надоранд, ки онро хуб коркард карда, ба бозор бароранд ва дар баробари колои хориҷӣ рақобатпазир бошад. Ба таври мисол аз истеҳсоли кафшҳои тоҷик? метавон мисол овард, ки дар Тоҷикистон якчанд корхонаи коркарди он мавҷуд аст ва маҳсулоти асосӣ, яъне чармро аз дохил харидан имкон дорад, аммо кафшҳои тоҷикӣ на бо сифат ва на бо нарх ба пойафзоли хориҷӣ тоби рақобатро надоранд. Бо ин сабаб пӯсти хоми моро соҳибкорони чиниву қирғиз харидорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи қонуни иқтисод ҳар кишваре, ки маҳсулоти хом содир мекунад, суди зиёд ба даст намеорад. Аммо воқеият ин аст, ки Тоҷикистон дар гузашта ва имрӯз танҳо маҳсулоти хом содирот мекард ва мекунад. Пахта пурра коркард намешавад ва мо онро бо нархи нисбатан арзон мефурӯшему либоси пахтагинро аз дигар кишварҳо бо нархи гарон мехарем. Дар ҳоле, ки корхонаҳои истеҳсоли либоси пахтагӣ дар дохили кишвар мавҷуд аст. Аз алюминий низ чизе истеҳсол намекунем.

Вале ба андешаи коршиносон роҳандозӣ кардани баъзе технологияҳои нав имкон медиҳад, ки сатҳу сифати маҳсулоти Тоҷикистон беҳтар гардад ва дар бозорҳо рақобатпазир бошад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як сӯҳбаташ гуфт, ки дар Тоҷикистон бисёр корхонаҳое ҳаст, ки як чанд мошинҳояшро иваз кунед, корхона ба кор медарояд. Корхонаҳое, ки маҳсулоташонро дар дохили Тоҷикистон истифода бурдан мумкин аст, назири корхонаи саноати хӯрокворӣ. Ҳоло Тоҷикистон қудрати дар бозори ҷаҳонӣ, ба хусус Аврупо рақобат кардандро надорад. Аз ин рӯ бояд кӯшиш кард, то ҳар чизе, ки дар дохил истеҳсоли он имкон дорад, аз хориҷ камтар ворид кунем. Феълан таҷҳизоти технологӣ дар бозорҳои Чин тақрибан 50 фоиз арзон шудааст. Шарт нест, ки ҳамаи мошинро иваз кунем. Ду-се дастгоҳи хуби чиниро оварда, маҳсулоти босифат истеҳсол кардан мумкин аст. Лекин барои анҷоми ин кор якумаш Вазорати кор мекардагӣ даркор, ки иродаи хеле бузурги сиёсӣ дошта бошад ва мақсад гузорад, ки ин хизматро барои Тоҷикистон ва беҳбудии зиндагии мардуми худ мекунад. Баъдан васоити молиявӣ лозим аст, ки барои он бояд барномаи мушаххас ва судманд мавҷуд бошад.

Ранг бину ҳол пурс...

Воқеан дар мағозаҳои Тоҷикистон вазъ тақрибан якранг аст. Чою томат аз Эрон, қанду шоколад аз Русия, гӯгирд аз Хитой. Аммо ба андешаи иддае аз таҳлилгарон нав кардани технология танҳо ин ҳанӯз гузаштан ба иқтисоди инноватсионӣ нест. Инноватсия ин ихтироот, кашфиёт ва навовариҳо дар соҳаи иқтисод аст, ки барои он пеш аз ҳама системаи пешрафтаи маорифу фанноварӣ лозим аст. Ниёз ба мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм вуҷуд дорад, ки дар ин ҷода Тоҷикистон тамоман омода нест. Истеҳсол ва коркарди дасгоҳу технологияҳо дар дохил яке аз принсипҳои асосии инноватсия аст, ки Тоҷикистон аз он фарсахҳо дур мебошад. Зеро ҳанӯз барои инноватсия шароит фароҳам нашудааст ва то ҳол мо дар ҳалли проблемаҳое мисли барҳам додани маҳдудияти барқ оҷиз мондаем. Дар ҳоле, ки гузаштан ба низоми иқтисоди бозорӣ, рушди бахши воқеӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот, беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, боло бурдани дониши зеҳнии кормандон, зиёд кардани содирот ва кам кардани воридот аз проблемаҳое дигаре мебошад, ки то ҳалли худро наёбад, роҳ ба сӯи инноватсия боз нахоҳад шуд.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)