Бахшҳо
24 ноя 2011 09:16Иҷтимоӣ

Фурудгоҳи Айнӣ моликияти Тоҷикистон

(Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори "Озодагон" бо Аситх Бҳатачарҷӣ: Ҳиндустон дар Тоҷикистон)

- Ҷаноби сафир, сӯҳбатро аз сафарҳои зуд - зуди Шумо ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон оғоз намоем. Аз ҷумла навишта шуд, ки Шумо аввалин сафири Ҳиндустонед, ки ҳатто ба Мурғоб сафар доштед. Бардошти Шумо аз ин сафарҳо чист ва онҳо то куҷо дар фаъолияти сафирии Шумову беҳбуди муносиботи байни ду кишвар мусоидат мекунанд?

- Яке аз ҳадафҳои сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боздид аз ноҳияи Мурғоб буд ва бо таваққуф дар ноҳияи Дарвоз, шаҳри Хоруғ, мавзеи Ямчун ва билохира ноҳияи Мурғоб ин сафари хотирмон анҷом пазируфт. Тавре ки маълум аст ВМКБ 45 фоизиҳудуди Тоҷикистонро ташкил мекунад, бинобар ҳамин сафар накардан ба вилояти Куҳистони Бадахшон маънои надонистани қисмати калони кишварро дорад. Ҳангоми сафар ман мушоҳида кардам, ки ҳокимияти маҳаллӣ бо пешниҳод кардани хизматрасониҳои иҷтимоӣ, бо истифода аз технологияҳои коммуникатсионӣ ва ҷорӣ кардани инфраструктураҳои муосир, ба таври ҷиддӣ баҳри беҳтар кардани сатҳи зиндагии одамон машғул ҳастанд, ки ин ба ман таассуроти нек гузошт. Ман бо раиси ВМКБ ҷаноби Қосим Қосимов мулоқоти хеле муфид ва босамар доштам. Мо қарор кардем, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаро ба хотири дастгирӣ кардани нақшаҳои неки Ҳукумат мавриди баррасӣ қарор диҳем. Шахсан ман аз он таассуроти амиқ гирифтам, ки вилояти Бадахшон дорои имкониятҳои васеъ баҳри рушди минбаъда ва ҷалби сармоя, аз ҷумла дар бахшҳои парвариши мева, истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати сабук ва туризм мебошад. Вобаста ба суоли Шумо дар бораи он ки оё чунин сафарҳо ба беҳтар шудани муносибатҳои байни ду кишвар кӯмак мерасонад ё не, мехостам ҷавоб гӯям, ки агар сафир дар бораи мамлакат ва сокинони он, дар бораи таърих ва фарҳанги он маълумоти кофӣ надошта бошад, пас ӯ наметавонад дар бораи беҳтар кардани муносибатҳои дуҷониба ҳатто фикр кунад. Аз ҳамин сабаб ман ба ВМКБ сафар кардам, то бо одамон ва мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шавам ва донишу фаҳмиши худро оид ба мардумони кишвари Тоҷикистон афзун намоям.

- Дар маҷмӯъ, ҷаноби сафир, Шумо равобити феълии байни Тоҷикистону Ҳиндустонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Ҳиндустон ва Тоҷикистон бо ҳамдигар муносибатҳои неку самимӣ доранд ва ҳамдигарро ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар арсаи байналмиллалӣ дастгирӣ мекунанд. Муносибатҳои гарму самимӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ низ моро боҳам мепайвандад, ки ин дар навбати худ ба амалӣ шудани чандин лоиҳаҳо оид ба рушд дар Тоҷикистон мусоидат кард. Дар ҳолатҳои зарурӣ мо кӯмаки башардӯстона пешниҳод кардем ва ҳамчунин дар соҳаи фарҳангу маориф бо ҳам табодули қавӣ дорем. Ман мехостам қайд намоям, ки захира ва имкониятҳои истифоданашуда барои чунин ҳамкориҳои дуҷониба хеле зиёд ҳастанд. Мо барои беҳтар кардани сатҳи чунин ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун ҳамаи имкониятҳои мавҷударо амалӣ менамоем.

- Ба назар чунин менамояд, ки дар ибтидо ҷониби Ҳинд бештар масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангиву иҷтимоиро бо Тоҷикистон авлавият медод. Аз ҷумла, ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои тоҷикистониён. Аммо дар охир ба масъалаҳои иқтисодӣ такя мекунад. Барои чӣ? Оё ин ягон сиёсати хос аст?

- Тавре ки ман қайд кардам Ҳиндустон ва Тоҷикистон муносибатҳои хеле ҳам дӯстона ва таърихӣ доранд. Пайвандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, робитаҳои миёни халқҳои Ҳиндустону Тоҷикистон чандин асрҳо идома доштанд ва бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин муносибатҳо қавӣ гаштанд. Мо барои рушди муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мекунем. Ҳиндустон дар қатори аввалин кишварҳое мебошад, ки пас аз эълон шудани истиқлолияти Тоҷикистон Сафорати худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кардаааст. Мехостам чанд санад ро хотирнишон кунам. Ҳиндустон ва Тоҷикистон соли 1995 Созишномаро дар бораи сохтани корхонаи муштараки дорубарорӣ дар ш.Душанбе ба имзо расониданд, Ҳиндустон ҳамчун қарзи бебозгашт 8,37 млн. доллари Амрикоиро барои сохтмони ин корхона ҷудо кард. Ҳиндустон ва Тоҷикистон соли 2001 Созишномаи дуҷонибаи дарозмуддатро, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи савдо, иқтисод, рушди саноат, Созишнома бар зидди кочоқи маводи мухаддирро ба имзо расониданд. Баъдан Созишнома дарсоҳаи рушди туризм ва технологияҳои иттилоотӣ (соли 2003), Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика (соли 2006), Созишнома дар бораиҳамкорӣ дар соҳаи хоҷ агии қишлоқ ва рушди муносибатҳои иттиҳодиявӣ (соли 2010) ба имзо расиданд. Мо панҷ сол пеш корхонаи коркарди мева ва сабзавотро ба маблағи 600 ҳазор доллари ИМА ҳамчун қарзи бебозгашт, сохта ба истифода додем, ки он ҳоло муваффақона дар назди ҳукумати ш. Душанбе фаъолият мекунад. 6 сол қабл Ҳиндустон ҳамчунин барои таъсиси "Маркази технологияҳои итттилоотии Ҳиндустону Тоҷикистон, ба номи "Бедил" 600 ҳазор доллари ИМА ҷудо кард, ки ин марказ миёни донишҷуёну устодон хеле маъруф аст ва он ба донишҷӯёни тоҷик ва мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ баҳри гирифтани малакаи нав дар соҳаи мазкур ва компютерҳои муосир кӯмак мерасонад. Чанде пеш Шӯъбаи техникии компютеришудаи муосир бо маблағи 750 ҳазор доллари ИМА таъсис дода шуда он ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои таълими амалии донишҷӯён ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд. Ҳамчунин мо дар соҳаи энергетика низ ҳамкорӣ дорем. Боядгуфт, ки як чанд роҳу тартибҳои дуҷонибаи бо салоҳият низ вуҷуд доранд, ки боистифода аз онҳо манфиатҳои ҷонибҳо дарсоҳаи савдо, иқтисод, сиёсат, илм ва техника мунтазам мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегиранд. Тартиби байни давлатӣ барои баргузор кардани машваратҳои сиёсӣ миёни Ҳиндустону Тоҷикистон муайян шуда, доир ба маром ва нақшаҳои умумӣ ҳангоми баррасии масоили гуногуни байналмиллалӣ, мунтазам вохурӣ ва мулоқотҳо гузаронида мешаванд. Кӯмаки доимии мо барои рушди имкониятҳои башарӣ дар Тоҷикистон ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона яке аз арзишҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба миёни ҳарду мамлакат боқӣ мемонанд. Мо ҳамасола ба 30 донишҷӯи тоҷик барои гирифтани маълумоти олӣ дар Ҳиндустон дар доираи барномаи идрорпулии Шӯрои Ҳиндустон оид ба муносибатҳои фарҳангӣ, идрорпулӣ пардохт мекунем. Тамоми хароҷот, аз ҷумла маблағ барои таҳсил, китоб, синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, маблағ барои сукунат ва ғайраҳо пурра аз тарафи Ҳукумати Ҳиндустон пардохт мешавад. Пардохти идрорпулӣ дар доираи барномаи мазкур аз соли 1995 оғоз ёфтааст ва садҳо донишҷӯёни тоҷик имконияти пайдо кардани маълумоти олиро дар Ҳиндустон дар доираи ин барнома истифода бурданд. Ҳамчунин курсҳои гуногуни кӯтоҳ муддат дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, муҳандисӣ, идораи молия, хоҷагии қишлоқ ва рушди деҳот, энергетика, омӯзиши забони англисӣ ва рушди имкониятҳои башарӣ дар Ҳиндустон дар доираи Ҳамкориҳои техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон, ки хеле маъруф ҳастанд баргузор карда мешаванд. Ҳамасола 90-100 нафар кормандони ҳукумати Тоҷикистон, устодони макотиби олӣ ва миёна, хизматчиёни бонкӣ, кормандони ВАО ва телекоммуникатсия курсҳои кӯтоҳмуддатро дар Ҳиндустон аз худ мекунанд ва Ҳукумати Ҳиндустон ин хароҷотро пардохт мекунад. Ҳукумати Ҳиндустон 6000 - 8000 доллари ИМА барои ҳар як номзади аз Тоҷикистон омада сарф мекунад, то ин ки онҳо тавонанд пас аз гирифтани таҷриба ва малака дар Ҳиндустон дар рушди мамлакати худ саҳми арзанда гузоранд. Сафорати Ҳиндустон барои омӯзиши забони ҳиндӣ, мусиқӣ ва рақси ҳиндӣ мунтазам дарсҳои таълимӣ баргузор мекунад. Аз тарафи Ҳукумати Ҳиндустон ду нафар устоди мусиқӣ ва рақс фиристонида шуданд. Ин дарсҳо ройгон гузаронида мешаванд ва онҳо дар ҳақиқат оммавӣ ҳастанд. Мавриди зикр аст, чунин дарсҳо ҳанӯз аз солҳои 90-ум дар Маркази фарҳангии Ҳиндустон баргузор мешуданд. Дар соли ҷорӣ панҷ нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти олӣ оид ба забони ҳиндӣ ба ҷумҳурии Ҳиндустон фиристонида шуданд ва таҳсили онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҳиндустон маблағгузорӣ шудааст. Аз 2 то 5 нафар донишҷӯёни тоҷик ҳамасола ба Ҳиндустон барои аз худ кардани мусиқӣ ва рақси ҳиндӣ дар доираи барномаи идрорпулии давлатӣ (ICCR) фиристонида мешаванд. Вобаста ба расонидаи кумаки башардӯстона, бояд бигӯям, ки Ҳиндустон ҳам чун дӯсти наздики Тоҷикистон ҳамеша дар ҳолатҳои зарурӣ кӯмак мерасонад, дар давоми солҳои охир Ҳиндустон кӯмакҳои зерини башардӯстонаро пешниҳод кардааст:

-      2 млн. доллари ИМА барои бартараф кардани оқибатҳои зимистони сард дар моҳҳои январ-феврали соли 2008 (1млн. Доллар ҳамчун пули нақдва 1млн. Доллар маводи зарурӣ)

-      200 ҳазор доллари ИМА барои зарар дидагон аз офати табиӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2009 (фаромадани ярч).

-      200 ҳазор доллари ИМА барои зарардидагон аз офати табиӣ дар моҳи майи соли 2010 (обхезӣ).

-      2 млн. ваксинаҳо бар зидди бемории полиомиелит бавоситаи созмони ҷаҳонии UNICEF дар моҳи ноябри соли 2010 пешниҳод шудааст.

Ҳамин тавр доираи ҳамкориҳои Ҳиндустон бо Тоҷикистон танҳо дар соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳдуд намешавад, балки дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахши ҳамкориҳои сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, илм ва техника, ҳамкориҳои техникӣ, маориф, хоҷагии қишлоқ ва рушди захираҳои башарӣ аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ин ҷониб ривоҷ меёбад.

-Ҷониби Ҳиндустон ба мавқеи Тоҷикистон дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург, ки бархе аз ҳамсоякишварҳо ба он мухолифат доранд, чӣ назар дорад?

-      Мо дар бахшҳои энергетикии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, барои тақвият бахшидан ба иқтидори истеҳсолии захираҳои энергетикии Помир ба ВМКБ турбина барои НБО дастрас карда шуд. Ин лоиҳа бо муваффақият анҷом гирифт ва тавре ман эҳсос кардам, мардуми ВМКБ аз амалӣ шудани ин лоиҳа мамнун аст. Ҳамчунин, дар доираи созишномаи дуҷониба Ҳиндустон лоиҳаи таҷдид ва аз нав таҷҳизонидани НБО Варзоб-1-роамалӣ мекунад. Ҳукумати Ҳиндустон пурра ин лоиҳаро ҳамчун қарзи бебоз гашт дар ҳаҷми 17 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад. Айни ҳол дар назар дошта шудааст, ки ин лоиҳа соли 2012 оғоз мешавад ва ҳаҷми маблағгузорӣ то он замон меафзояд. Ҳаминтариқ чӣ хеле ки шумо мебинед, мо зарурияти амнияти энергетикии Тоҷикистонро дарк мекунем.

- Яке аз мавзӯъхое, ки Тоҷикистону Ҳиндустон байни худ гузошта буданд, ин ифтитоҳи рейсҳои Душанбе - Деҳлӣ буд. Он чанд муддат ба фаъолият оғоз ҳам кард. Вале муддатҳост, ки боз фаъолияташро ҷониби Тоҷикистон аз сабаби кам будани мусофирон ба ду кишвар қатъ намуд. Айни замон ин масъала байни ду кишвар то куҷо расидаст?

- Аз тарафи ширкати хусусӣ пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон хатсайри ҳавоии мустақим кушода шуд, аммо баъдан дар доираи созишномаи дуҷониба авиатсияи шаҳрвандии ширкати Тоҷик -Эйр ба Ҳиндустон парвози тайёраҳоро бароҳ монд, ки он низ чанд сол пеш боз дошта шуд. Ҳамчунин ширкати хусусии Ист-Эйр моҳи феврали соли ҷорӣ парвози тайёраҳоро мустақиман аз Деҳлӣ ба Душанбе ва аз Душанбе ба Деҳлӣ ба роҳ монд, лекин бо мавҷуд будани мушкилоти дохилии ширкат ин сафарҳо низ боздошта шуданд. Мо умед мебандем, ки иҷозатномаи ширкати Ист-Эйр дубора барқарор мешавад ва парвози мустақим ба Ҳиндустон давом дода мешавад. Ҳаминро илова мекунам, ки барои идомаи ин кор захираҳои зиёде мавҷуданд, парвози ҳавопаймоҳо на аз сабаби камдаромадӣ қатъшуда аст (тавре ки дар баъзе рӯзномаҳо ман хондам), балки тавре, ки ман аллакай қайд кардам бо сабаби мушкилоти дохилии худи ширкат боз дошта шудаанд.

- Ҳиндустон бахусус дар бахши киносозӣ яке аз кишварҳои муваффақи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вақтҳои ахир хабарҳое паҳн шудаанд, ки байни киносозони ду кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва ҷониби Шумо филме дар бораи Тоҷикистон таҳия хоҳад кард. Дар ин бора чӣ мегӯед ва умуман дар самти филмофари ҳиндустониҳо ба тоҷикон чӣ кӯмаке карда метавонанд?

- Шахсан ман дар бораи кино режиссёрҳои ба наздикӣ ба Тоҷикистон омада ягон маълумот надорам. Бо вуҷуд ҳамон тавре ки ман медонам, соли 2004 баъзе аз лаҳзаҳои филми"Mangal Pandey: Қиём", ки дар он нақши асосиро Амир Хон бозӣ мекунад дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Ман фикр мекунам ин соҳа метавонад барои Тоҷикистон, бо роҳи банавор гирифтани киноҳои ҳиндӣ ва хориҷӣ дар гӯшаҳои зебои ин кишвар фоидаи калон биёрад.

- Ҳиндустон дар бахши кишоварзӣ низ ҳамкориҳое бо Тоҷикистон кардан мехост. Аз ҷумла, барои кишти шолӣ. Шумо мехостед дар Тоҷикистон барои ин заминҳоеро ба иҷора бигиред. Аммо баъдан дар ин иқдом мушкил пеш омад. Ҳоло барои ин тарҳ иқдоми дигаре гирифтаед ё аз баҳри он гузаштед? Илова ба ин намояндагони штати Панҷоб мехостанд барои сохтмони комбинати шир дар Точикистон сармоягузорӣ намояд. Аммо ҳанӯз хабари оғози кор дар ин бахшро нашунидаем…

- Ҳамаи ин лоиҳаҳо ва таклифҳо миёни ширкатҳои соҳави и хусусӣ дар Ҳиндустон ва мақомоту ширкатҳои дахлдор дар Тоҷикистон сурат мегиранд. Тавре ки Шумо медонед, дар Ҳиндустон Ҳукумат сектори хусусиро назорат намекунад, бино бар ҳамин ин созишномаҳо сирф корӣ ва дар сатҳи ширкатҳои хусусӣ мебошанд.

-Умуман зарфиятҳои ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва сабаби кундии ин робитаҳоро дар чӣ мебинед?

- Тавре гуфтам захираҳои зиёде мавҷуд ҳастанд. Бом сабаби мушкилоти ҳамлунақл муносибатҳои тиҷоратӣ хеле кунд рушд меёбанд. Сабаби асосӣ он аст, ки Тоҷикистон кишвари дохили қитъавӣ мебошад ва ба Ҳиндустон сарҳад ва ё роҳи баромад чӣ ба роҳи хушкӣ ва чӣ ба соҳилҳои баҳрӣ надорад. Аммо баъзе аз лоиҳаҳо барои пайвастани ду кишвар таҳия шудаанд, ки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба он лоиҳаҳо гуфтугӯҳо идома дорад ва Иншооллоҳ рӯзе фаро мерасад, ки муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар то ба сатҳи болотарин авҷ мегирад, ҳамон тавре ки дар замони гузаштаи дур буд. Шаҳодати ин гуфтаҳо ва умедҳои мо лоиҳаҳои нави "Роҳи абрешим", "Роҳи Нақлиётии Шимолу Ғарб"ва дигарон, ки айни ҳол баррасӣ мешаванд, шуда метавонанд.

- Расонаҳои хабарӣ вақте дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон матлаб менависанд, ҳатман дар бораи равобити низомӣ ишора мекунанд. Аз ҷумла, вақте сухан дар бораи фурудгоҳи низомии Айнӣ меравад. Оё воқеан ҷониби Ҳинд ба ин иншооти муҳим чунин таваҷҷӯҳи амиқ дорад?

- Тавре ки ман қайд кардам ҳамкорӣ миёни дукишвар дар бахшҳои гуногун сурат мегирад, ки яке аз онҳо ҳамкории ҳарбӣ мебошад. Дар ин бахш мо бо хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистон фурудгоҳро таҷдид кардем ва акнун истифодаи он ҳуқуқи бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон аст.

- Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодаро дар муносибатҳои байналмиллалӣ интихоб намудааст. Осиёи Миёна ҳамеша аз назари кишварҳои абарқудрат пинҳон набуд. Мавқеи Тоҷикистон ва сиёсати бози онро дар моварои ин муборизаҳои геополитикӣ чӣ гуна маънидод мекунед?

- Дар замони ҷаҳонишавӣ ва баҳам бастагӣ, сиёсати дарҳои кушода бо ҷаҳони беруна, раванди табиӣ мебошад. Имрӯз ягон кишвар наметавонад, ки дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта бошад. Ростӣ, ман муборизаҳои геополитикиро, ки шумо мегӯед, дар минтақа эхсос намекунам. Барои мамлакатҳо гуногун будан ва аз ҳам фарқ доштан амри воқеӣ аст. Аммо, машваратҳои дуҷониба, тартиботи минтақавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳалли масоили гуногун асоси воқеӣ мебошанд.

- Феълан вақте дар бораи минтақаи Осиёи Миёна сӯҳбат оғоз мешавад, пеш аз ҳама дар бораи пайомадҳои ихроҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва оқибатҳои он барои ин минтақа назарҳо иброз мегарданд. Ба назари Шумо ин раванд ба Осиёи Миёна чӣ таъсири мусбат ё манфӣ хоҳад дошт?

- Ман метавонам танҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба бо он кишваре сӯҳбат кунам, ки дар онҷо фаъолият мекунам. Бояд қайд кунам, ки Тоҷикистон ҳамеша дар хатти пеши ҷабҳаи мубориза бар зидди терроризм ва хатари террористӣ қарор дорад. Мо ҳамеша тақвияти муборизаҳои Тоҷикистон бар зидди терроризмро дастгирӣ мекунем.

Мусоҳиб: Ҷамила Мирбозхонова

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)