Бахшҳо
24 ноя 2011 09:26Гузориш

Здрасти! Руқия Қурбонова

"Чакомаи гесӯ": тарғиби мӯйи занон аз ҳисоби буҷа? Ҳадаф намоиши духтарон?

 

Ду сол мешавад, ки бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва Кумитаи кор бо занон чорабинии "Чакомаи гесӯ" дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ки маълум нест озмун аст ё фестивал. Дар он ба ғайр аз намоиши мӯи духтарону либосҳои қадимаву имрӯза дигар ягон ҳадафи тарғибкунанда эҳсос намешавад. Аз ин чорабинии калон чунин хулоса мегардад, ки духтарону занони тоҷик танҳо бояд симои зоҳирӣ дошта бошанду халос. Ин фестивал касро ба андеша меорад, ки бонувони тоҷик танҳо мӯй дароз карда, куртаҳои қадимаву ғайритоҷикӣ пӯшида гарданду тамом.

Ғайр аз ин дар ҳар гурӯҳ эҳтимол, 2-3 нафар мӯйи воқеии худро дошта бошанд, зеро имсол ҳамагӣ бо мӯйи сунъӣ баромад карданд. Ҳарчад, ду сол боз ин чорабиниро мегузаронанд, вале мӯйдарозони воқеъӣ номаълум мемонанд. Пас, намефаҳмам ин чӣ гуна озмуни гесударозҳо аст?

Аммо ҳадаф аз ин мардумро ташвиш додаву инқадар маблағи калон барои намоиши мӯйи сунъӣ ва сару либоси тарроҳон сарф кардан, чист? Бе ин чорабинӣ ҳам, ҳамарӯза тариқи телевизион мӯйҳои сунъии раққосаҳову сару либоси тарроҳонро, мешавад тарғиб кард. Бе ин чорабинӣ ҳам, ҳамарӯза дар телевизионҳои кишварамон танҳо рақсу суруду тарғиби зебоӣ намоиш медиҳанд. Гӯё дар Тоҷикистон фақат мӯй, қош, риш, суруд, рақс мавҷуд ҳасту тамом! Наход, ки мо дигар соҳаи афзалиятноке надошта бошем, ки ба ин ҳад тарғиб кунем?!

Касодшавии буҷаи ноҳияву вилоятҳо

Барои ҳар як чорабинии сатҳи ҷумҳурӣ табиист, ки аз буҷаи ноҳия, шаҳру вилоят ва билохира ҷумҳурӣ маблағи калон ҷудо карда мешавад. Гузашта аз вақту саргардониҳо ва азоби иштирокчиёну ташкилкунандагони онҳо.

Масалан, барои ҳар як иштирокчии вилояти Кӯҳистони Бадахшон, яъне танҳо сафархраҷии онҳо, аз буҷаи вилоят 700 сомонӣ ҷудо карда шуд. Акнун тасаввур кунед, ки барои 60 нафар иштирокчӣ то ба пойтахт омадан, чӣ қадар маблағ масраф мешавад. Фарз кардем 42 ҳазор. Ин миқдор пулро барои ягон кори манфиатовар сарф намоянд намешавад? То ин қадар роҳи дарозро дар ин сардӣ тай карда меоянду чандин рӯзи дигар дар пойтахт боз маблағ сарф када машқ мекунанд ва аз назари комиссияҳои ҳукуматӣ мегузаранд, боз чӣ қадар маблағи дигар масраф мегардад?. Ҳоло агар ягон озмуни соҳаи илму маориф, истеъдоду дониш ва умуман барои ҷомеъа воқеан судовар бошад, изҳор медоранд, ки дар буҷа пул нест. Пас, ин маблағҳо барои як маъракаи бемаънӣ аз куҷо пайдо шуд?

Дар муқоиса бо ВМКБ раиси вилояти Суғд дилсӯзтар будааст. Ба гуфти иштирокчиён раиси вилоят нахостааст, ки духтарон дар роҳ азоб кашанд, барои он ки ағбаҳо пури барфу бастаанд. Раис иштирокчиёнашро, ки соли гузашта дар "Достони мӯй", бо тарғиби ғуломии арӯсаке, ки модар дар саҳна насиҳати сархамиву бечорагиаш "меомӯзад", ҷойи аввалро сазовор гаштаву шояд имсол ҳам… тавассути тайёра ба пойтахт фиристод.

Тавре котиби матбуотии раиси вилояти Суғд ба pressa.tj изҳор доштааст, ҷиҳати баргузории чорабинии "Чакомаи гесӯ" аз буҷаи вилоят 17 ҳазору 860 сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.

Вале агар танҳо маблағи чиптаро ҳисоб кунем, барои 50 нафарро то пойтахт овардан, бубинед чӣ қадар маблағи буҷа хароҷот шудааст. Билети тайёра 370-380 сомонӣ аст, маблағи меҳмонхонаи "Истиқлол"-ро агар ба ҳисоби пасти паст гирем, 50 сомонии дигар барои як рӯзаш. Дар умум, ба камиаш 21 ҳазор сомонӣ танҳо барои 4 рӯз дар пойтахт истодан, сарф шудааст. Чун маълумоти дақиқро намояндагони ин вилоят нагуфтанд, ин ҳисобро аз рӯи арзиши чипта ва меҳмонхона тахминӣ ҳисоб кардем.

Ҳамчунин, тибқи гуфтаи мусоҳибон, аз вилояти Хатлон 80 нафар иштирокчӣ буда, ба ҳар кадоме барои як рӯз ҳамчун сафархарҷии хизматӣ 20 сомонӣ ҷудо шуда будааст.

Хуб, агар 80 нафар бошанд, танҳо барои як рӯз 1600 сомонӣ, барои 5 рӯз 8000 сомонӣ ҷудо шуда, чун дар меҳмонхонаи "Варзиш"-и "Қасри тенис" истодаанд, агар он ҳам 30 ё 40 сомонӣ барои рӯзаш бошад, 2400 сомонии дигар барои як рӯз ва барои 5 рӯз 12000 сомонӣ сарф гардид. Дар умум 20 ҳазор сомонӣ мешавад.

Акнун, хонанда худ дар ин маврид хулоса бояд барорад, ки танҳо барои Душанбе омадан аз буҷаи вилоятҳо 83 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Давоми баргузории даврҳои ҷамоавӣ ва шаҳрию ноҳиявии маъракаи серхарҷи нозарур боз аз ҳисоби ҷамоату ноҳияҳо тӯли ин муддат чӣ қадар маблағ сарф шудаасту чӣ қадар "списат", номаълум.

Тӯҳфаҳои аз ҷониби президент ва вақти зиёдро беҳуда гузаронидаи иштирокчиён беҳисоб. Русҳо мегӯянд, ки "время деньги".

Масалан, тибқи иттилои расмии масъулин дар ин чорабинӣ 1 ҳазору 277 бонувону духтарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд. Ин ҳам як зарар аст, вақте онҳо моҳҳо аз кору пайкори рузғор ва аҳли оила дур мешаванд. Дар муддати 5-6 моҳе, ки вақти онҳо беҳуда гузаштааст, чун дар минтақаҳо мавсими кори саҳро аст, метавонистанд ба шуғли фоидаоваре даст зананд. Ё ин ки дар ин муддат курсҳои касбомӯзиро хатм намуда, соҳиби пешае шаванд.

Ва аз ҳама муҳим шикояти волидайни духтарон ҳам сари ҳамин аст. Духтаронро маҷбурӣ моҳҳо машқкунӣ мебаранду на фоидаи пуливу на обурӯ мегиранд. Агар масъулин анъанаҳои гузаштаро зинда карданианд, ҳунару касбҳоеро омӯзонанд, ки ба имрӯзу фардои духтарон фоидаовар бошад.

"Здрасти"-и Руқия Қурбонова ва хастагии иштирокдорон

Дар ҳоле роҳбарон, аз ҷумла раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар Сумангул Тағоева аз баргузории ин фестивал изҳори хушнудӣ мекард, бархе масъулини шаҳру навоҳӣ аз азоби роҳу хароҷоти зиёдатӣ изҳори норозигӣ мекарданд. Тавре масъули яке аз гурӯҳҳои иштирокчӣ изҳор дошт, агар ин чорабинӣ дар ду ё панҷ сол як бор гузаронида шавад, шояд хуб мешуд. Зеро ҳар сол гузаронидани ин фестивал ба иқтисод ва хоса ташкилкунандагони маҳаллии он хело вазнин аст.

Аммо чун хостем андешаи муовини сарвазир Руқия Қурбоноваро вобаста ба ин пурсон шавем, чунон бо савол ҷавобамон дод, ки гумон мекарди ин кор ба ӯ дахле надорад. "Здрасти! Ҳаминам муовини сарвазир гӯяд?!"- гуфт дар посухи суоли мо перомуни мақсади ин чорабинии миёншикани аз назар аксари шаҳрвандон бемаънӣ.

Намедонам шояд муовини сарвазир аз маъракае, ки на ману мо, балки бо ташаббуси ҳукумат ташкил шудааст, ва ба қавле "идея"-и худи Қурбонова будааст ҳарф заданро дар сатҳи худ нашуморид. Вале бо истифода аз фурсат ба муовини сарвазир гуфтанро зарур мешуморам:

"Здравствуй, Руқия Қурбонова!" охир тулии 3-сол боре ба ягон суоли хабарнигорон посух нагуфтаед, дар сари ягон мушкили ҷомеъа назаре барои мардум иброз накардаед, магар шумо чунин масъулият надоред? Ҳамчун идеологи дар сархати вазоифи ҳукуматӣ нишаста, Шумо назди ҷомеъа масъулияти ҳисобот додан доред. Дар ҳоле, ки бо чунин чорабиниҳои заруру нозарур пули кисаи мардум, яъне Ҳукумат ба бод меравад охир касе бояд посух гӯяд. Ҳамин тавр не?

Лутфан бигӯед, ки дар Тоҷикистон Сарвазиру муовинонаш аз сарвазиру муовинони дигар кишварҳо чӣ бартарӣ доранд, ки бояд бо журналистон дар ин қадар масофаи дур бошанд? Дар кишварҳои бузургу мутараққӣ дар оддитарин масъала президент, сарвазиру муовини сарвазир бо журналистон ва ВАО дар ҳамкории доимӣ буда, бо мардум пайваста вохӯрӣ карда, суолу ҷавоб мекунанд. Ва бояд ба самъатон расад, ки дар ҷаҳон занон, хоса зани мусулмон, ба кайҳон рафтаанд, ихтирооте кардаанд оламгир, амалҳое кардаанд, ки ақли одамӣ қабул намекунад, аммо шумо ҳоло ҳам аз пайи мӯй, рӯй, қошу чашм, куртаи атласу чакану ресмонбофӣ, умуман анъанаҳои қадима мераведу моро аз паси хеш мебаред. Бигӯед, ки тӯли 5 соли охир аз ҳисоби кадом анъанаи қадима барои пешрафти кишвар фоида овардаед? Аз ҳисоби мӯи дароз чи фоида гирифтем? Аз ин ҳам бигзарем, аҷдодони мо ҳеч гоҳ чунин анъана надоштаанд. Баръакс эшон аз "реклама"-и мӯю сару тан нанг медоштаанд.

Вақти хулоса расид

Дар Тоҷикистони мо дар дилхоҳ соҳа танҳо аз дастовардҳои гузаштагони сад солу дусад сол пеш зиндагӣ карда, ҳамеша ёдовар мешаванд ва мояи ифтихори моанд. Медонед чаро? Барои он ки дигар дар солҳои охир ҳеч дастоварду навоварие надорем, ба ҷуз тарғиби мӯй, сару либосу рақсу суруд.

Мӯҳтарам муовини сарвазир, чаро дигар соҳаҳоро чунин дастгирӣ намекунед? Масалан, чаро ин қадар маблағро сарф карда соҳаи кинои тоҷикро зинда намекунед? Агар ба ин соҳа ба монанди мӯйи дарози духтарон таваҷҷӯҳи хоса дода шавад, бовар кунед, даромади хуб ҳам мегирем. Ва бояд гуфт, ки тавассути кино ҳам мешавад, ки мӯйи дарозу анъанаҳои гузаштаро зинда нигоҳ дошт. Ба монанди он ки Манижа Давлатова абрӯи усмадори пайвастаро мӯд карду духтарон минбаъд ҳатто ба либоспӯшиаш пайравӣ мекарданду Нигина Амонқулова тоқиву куртаи атласро дубора эҳё кард. Бубинед дар ин ду ҳолат ягон хел харҷи зиёдативу фестивал даркор нашуд. Барои чӣ? Бояд масъулин ҷавоби ин суолро донанд.

Ҳукумат дар мавриди анъанаҳои тӯйю сур, ки хароҷоти он ҳам аз ҳисоби худи тӯйдор аст, қонун қабул карду танзимаш намуд, вале чаро буҷа, ки аз ҳисоби меҳнати мардум аст, танзимаш намекунад?

Агар масъулин ба ин миллату давлат дилсӯзанду пешравиашро мехоҳанд, бояд аз сарфи беҳудаи маблағҳои мардум, яъне буҷа даст кашанд.

Боқӣ, мардумро, ки зиндагии сангин дорад, бо ин гуна чорабиниҳои содалавҳона гӯл назанед.

С. Сафарзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)