Бахшҳо
24 ноя 2011 11:00Гузориш

Сехҳои истеҳсолиро корхонаи саноатӣ унвон кардаанд

Бо гузашти вақт маълум гардид, ки ин корхонаи навбунёд ҳам қудрати фаъолият надоштааст ва муддати зиёдест, ки аз фаъолият бозмондааст.

Бино  ба иттилои расмии ҳукумати шаҳри Кӯлоб, тайи 10-моҳи имсол корхонаҳои саноатии шаҳр назар ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар кору фаъолият намуда, истеҳсоли маҳсулотро то 99-милён сомонӣ расонидаанд. Гуфта мешавад, дар нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум саноатчиёни минтақа ба маблағи 9-милёну 674-ҳазор сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол кардаанд. Тибқи омори расмӣ, ки воқеан дар бисёр маврид иттилои нодуруст пешниҳод мегардад, ин гуна фаъолият, ки сол ба сол истеҳсоли маҳсулот афзоиш меёбад, барои кишвар, ба хусус барои як шаҳри калони ҷумҳурӣ пайомади нек дорад. Вале  аз ҷониби дигар, аз 22-корхонаи саноатии шаҳр, боз ҳам ба иттилои расмии пешниҳодмешуда, аз аввали сол инҷониб 2-корхона тамоман фаъолият надоштаанд. Мантиқан, ҳамин 2-корхона ба буҷаи маҳал на андози давлатӣ месупоранду на маблағе ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ. Гузашта аз ин, биноҳои замоне бунёдгашта хароб гаштан доранду таҷҳизоти техникӣ аллакай кайҳо фарсудаву корношоям гаштаву майдони зиёде дар тасарруфи бефаоълиятии  соҳибмулкон мондаву муддати зиёд хоҳад монд.

Корхонаи саноатии муштараки Тоҷикистон-Австрия бо номи «Кӯлобтекстайл», ҳанӯз 10-сол муқаддам ба ҳангоми сохта ба истифода доданаш, масъулин лоф мезаданд, ки беш аз 300-нафар коргар, ба хусус бонувону духтарон ин ҷо ба кор фарогир мешаванду буҷаи маҳаллӣ бо истифода аз фурӯши маҳсулоти корхона, боз ҳам ғанитар мегардад.  Аммо бо гузашти вақт  маълум гардид, ки ин корхонаи навбунёд ҳам қудрати фаъолият надоштааст ва муддати зиёдест, ки аз фаъолият бозмондааст. Рустам Неъматов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб иллати бекории корхонаро дар набудани ашёи хом унвон мекунад. Неъматов мегӯяд, бо ҷурми дуру зиёд аз фаъолият бознишастани корхона, таҷҳизоти коркардӣ корношояму таъмирталаб гаштаанд. «Дар ҳоли ҳозир каме ашёи хом дастрас гаштааст,  вале таҷҳизот дар мавриди таъмиранд. Бо ин ҷурм ҳанӯз ин ҷо корҳо хобанд», афзуд ӯ.  Вале саволи кушода ин аст, ки агар баъди ба кор даровардани таҷҳизот боз ҳам норасоии ашёи хом ба вуҷуд ояд, пас боз муддати тӯлонӣ таҷҳизот таъмир карда мегардему истеҳсоли маҳсулот ва таъмини ҷойҳои кории назди президенту ҳукумати Тоҷикистон ваъда додагиро ба гӯшаи фаромӯшӣ меандозем? Ё маблағҳои зиёди аз ҷониби Тоҷикистону Австрия дар бунёди ин корхона сарфшударо кай ва чӣ гуна мепӯшонем?

Дурӯғ ҳам андоза доштагист…

Аммо ба назари некбинон ва коршиносон, 20-корхонаи фаъол ҳам қудрати бо иқтидори пурраи доштаашон, бо сабабҳои гуногун фаъол нестанд. Инчунин, ташкилоту корхонаҳое, ки замоне аз 100 то 600-коргарро муттаҳид кардаву кору фаъолият мекарданд, ҳамакнун ҳар кадоме ҳамагӣ аз 10 то 30-коргар доранду бас. Ҳамон ҳам, дар бисёр маврид муваққатӣ ё худ мавсимӣ мебошад. Соҳибмулкон ба хотири «аз даст надодани корхона (хонда шавад, молу мулки ба қиммати ночиз ба даст овардаашон)», биноҳову майдонҳои зиёди тақрибан ройгон гирифтаашонро, қариб, ки кор фармудан надоранд ва дар баробари он кадом як сехчае барои истеҳсоли об, ё ҳасиб, ё «когази ташноб», ё… дигар маҳсулоти нодаркору камхарҷро ба роҳ мондаву пешибарзанон худро «саноатчӣ» унвон мекунанд. Ҳол он, ки корхонаи саноатӣ  аз сехи истеҳсолӣ фарқ дорад ва масъулинро зарур аст, ки инро дарк намоянд ва… хеле саривақтӣ мебуд агар дигар на корхонаи саноатӣ, балки сехи истеҳсолӣ унвон  мешуданд, зеро таври маълум, як ё ду сех ҳаргиз корхона буда наметавонад. Дар ин сурат, зарурати ҳисоботи бардурӯғ ҳам намемонду сурху сафедшавии масъулини соҳа ҳам.

Аз коргоҳ то… хонаи истиқомативу  сехҳо

Барои мисол, дар Кӯлоб як корхонае бо номи корхонаи нонбарорӣ, ё ба истилоҳ «Хлебзавод» замоне арзи ҳастӣ дошту дар ҳақиқат корхона буду фаъолияти густардаеро ба роҳ монда буд. Ҳамин корхона садҳо нафарро ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудаву қисмати зиёди навоҳии собиқ вилояти Кӯлобро бо маҳсулоти нонӣ таъмин мекард. Дорои майдони васеву биноҳои баланди 5-ошёнаи корӣ дар 3-қисмат дошт. Ҳамакнун,   ин корхона баъди ба дасти соҳибмулкони маҳаллӣ афтодан, ба андешаи Аҳмади Иброҳим, як журналисти маҳаллӣ, мавзеи баъдиҷангиро мемонад. Ҳамаи 5-ошёна вайрону валангор гашта, танҳо дар 1-утоқи ошёнаи аввал сехи хурди истеҳсоли нон бо ҷалби 7-8-нафар коргар фаъолияти кӯчакеро ба анҷом мерасонаду бас. Аммо соҳибмулкон гӯё роҳи ҳалли аз муфлисӣ баромаданро (албатта ба манфиати шахсиашон) ёфтанд. Як қисмати биноро таъмиру манзили истиқоматӣ намуда, наздики 50- манзил кардаву ба савдо заданд. Вале дар мавриди тақсимоти маблағи даромад, миёни 2-соҳибмулк «якдигарнофаҳмӣ» рух доду «мулкро» тақсим намуданд. Аммо вазъият дар корхона тағир нахӯрду «биноҳои баъдиҷангӣ» вайронтар гваштан доранд. Ба гуфтаи Рустам Неъматов, дар ин корхонаи бузург танҳо як сехи қаннодӣ барои як соҳибмулк ва як сехи дигари нонбарорӣ  барои соҳибмулки дигар кор мекунанду бас.

Ба ҳамин монанд, корхонаи дигари бузурги вилоят бо унвони Козто, ки низ замоне шӯҳрати ҷумҳурӣ буду беш аз 500-нафарро ба кор фарогир буд, имрӯз дар вазъияти ногуворе мондааст. Бояд гуфт, 3-сол ба пеш дар Кӯлоб овозае шуд, ки корхонаро Ҳасан Саъдуллозода гирифтаву сокинони шаҳр низ умед доштанд, ки фаъолият дар он ҷоннок хоҳад шуд. Вале ҳарчанд, ки корхонаи «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» (номи нави корхонаи Козто) фаъол гашта бошад ҳам, аммо на ба он ҳадде, ки интизораш буданд. Аз аввали имсол ҳамин корхонаи бузург танҳо ба маблағи 2-милёну 800-ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаасту бас. Шумораи коргарон дар корхона 98-нафарро ташкил медиҳад.

Боз як корхонаи бузурги дигари шаҳр, ин фабрикаи пойафзолбарорӣ мебошад. Ин муассиса ҳам дар гузаштаи дур сокинони зиёди шаҳрро ба кор таъмин мекард, вале дар замони истиқлолият ба пуррагӣ фасоду бекор гардида буд. Тирамоҳи имсол ҳамин фабрикаро соҳибмулки нав тағийри шакл намуда, онро ба фабрикаи дӯзандагӣ табдил дод. Дар охирин сафари кории президент ба шаҳри Кӯлоб, гуфтанд ки 300-нафар аз бонувони маҳаллӣ дигар метавонанд, дар ин корхона ба кор фарогир шаванд ва 300-бонуро паси таҷҳизоти дӯзандагӣ шинондаву намоиш ҳам доданд. Аммо бо гузашти кӯтоҳтарин муддат, маълум гардид, ки ин ваъдаҳо  ҳам боз як гашти навбатӣ ва дурӯғи масъулин будааст. Рустам Неъматов, муовини раиси шаҳр гуфт, « дар ҳоли ҳозир фаъолияти корхона он қадар ҳам ҷоннок нест. Ин ҷо дар ҳозира курсҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст ва наздики 200-нафар аз духтарони маҳаллӣ касб меомӯзанд. Он чӣ овозаҳо ҳаст, ки гӯё таҷҳизотро канда  ба Душанбе бурдаанд, дурӯғ аст. Барои муфлис нашудан, роҳбарияти корхона баъзан аз муштариён фармоиш мегирад. Яъне, ҳозир танҳо бо фармоишҳои хурд кор мекунанд». Яъне, 300-нафар бонуи кӯлобӣ ба кор даъват нашудаанд ва дар ин фабрика кор намекунанд. Ба бовари  Неъматов, бо иваз гаштани роҳбари корхона бо як бонуи душанбегӣ, фаъолияти он низ тағир хоҳад ёфт. Гузашта аз ин, то охири сол дар назди фабрика ду сехи нав, пойафзолбарорӣ ва макаронбарорӣ бунёд ва ба истифода дода хоҳад шуд.

Замин сахту осмон баланд

Дар мавриди фаъолияти дигар корхонаҳои саноатӣ ҳоҷат ба гуфтан ҳам нест. Зеро тавре гуфтем, 1-2-сех-ро, ки танҳову танҳо ба манфиати соҳибмулк кор мекунад,  корхона номидан нашояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки корхонаву ташкилотҳо аз андози давлатӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ қарзҳои гарон доранду қудрати пардохтро не.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ҷаноби Неъматов, бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳудуди шаҳр сохтмони 2-корхонаи нави саноатӣ, корхонаи шишабарорӣ ва консервабарорӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи иттилоъ, як соҳибкор бо исми Ғаффор Идиев муваззаф гаштаву барои интихоби мавзеъи сохтмон бо масъулини ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар гуфтушуниданд.

Гумони ғолиб бар он аст, ки агар ҳамин гуна «масъулиятшиносӣ» ва бакортаъминкунӣ дар корхонаҳои саноатӣ идома ёфтаву тағйир нахӯрад, бегумон Кӯлоб ҳаргиз шаҳри саноатӣ нахоҳад шуд, агарчӣ ҳамасола ӯро шаҳри саноатӣ ҳам унвон кунанд.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)