Бахшҳо

Садовничий-қаҳрамон! Муҳоҷирони ихроҷшуда чӣ ?!

Русҳо барои раҳоии як шаҳрвандашон қарс мезананд, мо бошем, барои се ҳосил   ва барзиёд иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии пиллаву пахта…



Ҳоло бардоштамро, бале маҳз бардоштамро аз як барномаи телевизионӣ навиштан мехоҳам. Манзурам, «Эфири мустақим» (Прямой эфир)-и шабакаи телевизионии «Русия» аст, ки шоми 23.11.11 тариқи шабакаи РТР пахш гардид. Михаил Зеленский, муаллифи барнома зимни шарҳи қазияи халабонҳо гуфт, ки «чанд лаҳза пештар онҳоро аз «асорати тоҷикӣ» озод карданд. Баъдан, ба студия Владимир Садовничий, падари халабони маҳкумшуда ва ҳамакнун раҳогашта даъват шуд ва тамоми аҳли нишаст ӯро бо кафкубӣ пешвоз гирифтанд, мисли як қаҳрамон…


Умуман, тақрибан баъди ҳар ҷумла, ки аз сӯи муаллиф, падари Садовничий, Анатолий Кучерени адвокат, Евгений Ривенкои журналист ва ровии барномаи «Вести недели» ва дигар иштирокчиён гуфта мешуд, қарсак баланд мешуд. Қарсакҳои ахли студия ба хотири ман карсакзаниҳои вакилон ва вазирони тоҷикро овард… Фарқ танҳо ин аст, ки русҳо барои раҳоии як шаҳрвандашон қарс мезаданд, аъзои ҳукумати мо бошанд, барои аз як замин се ҳосил гирифтани деҳқон ва ё барзиёд иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии картошкаву пахта…


Дар ин барнома бо худи Садовничий аз Душанбе низ тамоси мустақим гирифта шуд.


Ӯ ба «пагондорону бепагон»-ҳо ишора намуд, ки муносибати ду кишвари дӯстро ба сардӣ кашиданд. Зимнан, Ғулом Бобоев, вакили дифои Владимир Садовничий ва Александр Руденко минатдории худро ба ЭМОМАЛӢ ШАРИПОВИЧ РАҲМОНОВ (адвокат ҳамин тавр гуфт) баён намуд, ки масъаларо «таҳти назорати қатъӣ» гирифт.


Дар ин барнома коршиносони даъватшуда аз иттиҳоди русҳо дар қиболи қазияи мазкур бо ифтихор сӯҳбат мекарданд ва ҳалолашон ҳам бод. Ба ин қазия ишора карда мегуфтанд, ки Русия қодир аст, дар ҳама ҳолат аз шаҳрванди худ дифоъ кунад.


Воқеан, қазияи лётчикҳо ҳеч шаҳрванди он кишварро бетараф нагузошт, аз мардуми оддӣ то ҳукумат сару садо баланд карданд. Ин «кишвари бузург» ҳатто аз амалҳои «булъаҷаб» низ даст накашид. Манзур аз миёни шаҳрвандони кишварҳои дигар боздошт ва ихроҷ кардани тоҷикон, силзадаву ВИЧ-у СПИД-олуд эълон кардани онҳо ва ғайраву ҳоказову ғайраҳо…


«Депортшудагон»-и рӯ ба раҳми Худо


Ҳарчӣ ҳам буд, дар ниҳоят шаҳрвандашон ба озодӣ баромад ва ӯро мисли қаҳрамон расонаҳо васфу Садовничий-қаҳрамон! Муҳоҷирони ихроҷшуда чӣ ?!тавсиф мекунанд, аммо даҳҳо муҳоҷири ихроҷшударо дар ватан чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Бигзарем аз ин ва бияндешем, ки акнун онҳо панҷ сол ҳақи дигарбора муздурӣ рафтанро надоранд, оё ҳукумат барои дарёфти кор ба онҳо иқдоме мекунад?


Умед мебандем, ки ҳукумати Тоҷикистон аз қазияи халабонҳо ҳадди аққал ҳимоят намудан аз шаҳрвани худ дар дилхоҳ вазъиятро меомӯзад. Бубинед, Русия ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф накард, ки шаҳрвандаш гунаҳкор аст. Дар мо бошад, вазъ куллан дигар аст. Бале, мо тамоман аз русҳо фарқ мекардаем.  


Шояд акнун вақте расида, ки шаҳрвандони мо ҳам вақти дар дилхоҳ кишвар қарор доштан, эҳсос кунанд, ки дар сурати сар задани нофаҳмие ворисони аҷдоди ориёӣ, наберагони Сомониён, аъзои ҳукумати давлати мустақилу соҳибихтиёре аз онҳо пуштибонӣ мекунанд.


Охир мо ҳам «бачаи ҷайра» нестем-ку. Ё хато кардам?


Абдулазизи Восеъ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)