Бахшҳо
28 ноя 2011 09:37Гузориш

Ҳақиқати таҳоҷум болои Либиё чӣ буд?

Имрӯз имконияти дастрасӣ ба маълумот ба ҳадде фаррох шудааст, ки чун сухане ҷое садо дод ва ё санаде ҷое пайдо гардид, фавран моли ҳамагон мегардад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди кӯшишҳои бо роҳҳои гуногун рӯйпуш намудани ҳар амалот аз сӯи роҳбарияти мақомоти  гуногун баъди чанд фурсати кӯтоҳ ҳақиқат мисли чашмаҳои зулол ба берун меҷаҳад.

 

Шикасти Қаззофӣ барои пул?

Ахиран, тасмимоти Николя Саркозӣ, раисҷумҳури Фаронса дар хусуси таҳоҷумаш болои Либиё ва барҳам задани ҳукумати Муаммар Қаззофӣ низ рӯшану моли мардум гардид. Дар Париж китоби Бернард Леви, тоҷири №1 –и яроқ дар Фаронса ва муборизи фаъоли пиёдасозии ҳуқуқи ҳамҷинсгароӣ нашр гардид, ки муаллиф гуфтааст, бар ивази рехтани хуни мардуми зиёд, бахусус занону кӯдакони либиёӣ беш аз 100 миллион доллар даромад гирифтааст. Бино ба гуфтаи муаллифи китоб соли 2010  ӯ ашхоси ҷиноятпешаву сияҳкороне ҷустуҷӯ намуда, онҳоро 11 марти соли 2011 бо Николя Саркозӣ, президенти Фаронса дар қасри Елисейи Пориж сари мизи гуфтушунид нишондааст ва пешниҳоди ба ин гурӯҳ гузоштани номи Шӯрои гузори Либиёро кардааст. Ин гурӯҳро ҳамчун “намояндагони соҳибваколати мардуми Либия” вориди дарбори Саркозӣ, ки барои бознагардонидани қарзи чанд миллиарддоллараи Қаззофӣ кайҳо роҳи макр меҷуст, карда маъракаи таблиғотиро алайҳи Муаммар Қаззфоӣ шурӯъ намудаанд. Дар ҳамин ҳол, аллакай 19 мартнерӯҳои фаросавӣ фурудгоҳҳову нерӯҳои зиддиҳавоии Либиёро мавриди бомбаандозӣ қарор доданд.

Аллакай бори дуввум “фиристодагони мардуми Либиё”-ро Леви баъди расо 1 моҳ ба ҳузури Саркозӣ роҳнамоӣ мекунад ва ба Саркозӣ номгӯи аслиҳоти барои ошӯбгарон лозимӣ, ки таҳти таъсири худи Леви мураттаб гашта буд, бо шумули беш аз 100  техникаи душворгузари зиреҳпӯш, пулемёт ва автомати Калашников, лавозимоти мухобиротӣ ва ракетаҳои “Миллан”,  пешниҳод месозанд.

Ҳамчунин Левӣ гурӯҳи дигари сияҳкоронро аз Мисураттӣ низ ба Пориж меорад ва онҳо зери ҳимояи “спетсназ”-и фаронсавӣ ваъдаи ворид шудан ба Триполлиро мекунанд, ки бе ҳеҷ “пушт- пушт” хуни ҳазорон занону кӯдакони Либиёро мерехтанд. Аммо дар ин замон тамоми мардуми ҷаҳон аз тариқи ВАО наворҳои ошӯбгарони либиёиро, ки дар Қатар наворбардорӣ шуда буд, тамошо мекард.

Худи Левӣ иқрор кардааст, ки Николя Саркози, на ин ки ба ошӯбгарон кӯмаки ҳарбии ройгон ва ё имтиёзнок мекард, балки ҳар дафъа аз суратҳисобҳои Ҳукумати Либиё миллион-миллион долларро “қайчӣ” менамуд.

Дар ҳамин ҳол Террӣ Мейсон,рӯзноманигори шинохтаи фаронсавӣ, президенти маркази сиёсатшиносии Ryseau Voltaire дар мусоҳибае ба телевизиони Фаронса изҳор дошт, ки ягон тазоҳуроте муқобили Муаммар Қаззофӣ сар назада буд. Ӯ изҳор кард, ки  Амрико пахши телевизиони миллии Либиёро дар ҳудуди кишвараш аз моҳвора таъқиф кард ва ВАО-и хизматгори НАТО аврупоиҳоро тавонистанд бовар кунонанд, ки Қаззофӣ болои мардумаш ҷабр мекунад ва дахолати ҳарбӣ амри табииӣ дар ин ҳолат хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2011 СММ тасмим гирифта буд, ки Қаззофӣ ва Ҷумҳурияти ӯро барои дастовардҳои беназираш дар роҳи ҳифзи ҳаққи инсон қадршиносӣ намояд. Ин мавзӯъ ҳатто дар Ҷаласаи 16-уми Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсони Асамблеяи генералии СММ рӯзи 4 январ ба таври фаъол баррасӣ низ гардида буд.

Амрико аз Қаззофӣ чӣ мехост?

Муаммар Қаззофӣ яке паи дигар тамоми пешниҳоду тақозои ғарбро мақбул мекард ва аммо ин барои таҳти контрол қарор додани Африқои Шимолӣ барои Барак Обама зарур буду бас.  Гузашта аз ин Обама баъди маъракаи номуваффақ дар Афғонистон ва ҳамчунин таслими ҷойизаи Сулҳи Нобел наметавонист рӯирост ҷанги навро оғоз кунад ва табиист, ки аз Фаронса ва Англия хоҳиши ба дӯш гирифтани ин “кори сиёҳ”- ро кард.

“Журналист-ҷосусон” дар Либиё

Мушоҳидаҳо ва далелҳо исбот мекунанд, ки пеш аз шурӯи “маъракаи барҳамзании ҳукумати Қаззофӣ” рӯзноманигорони аврупоӣ мисли борони баҳорӣ болои Либиё “рехтанд”.  Ҳатто дар ҳайатҳои расонаҳои шинохтаи ба мисли  CNN, France-24, BBC, France-TV ва дигарон то 7 ва ҳатто 9 нафарӣ “рӯзноманигорони тануманду ҳузарб” вориди Либиё шуданд. Хадамоти зиддиҷосусии Либиё ҳатто мухобироти ҳар яки ин “рӯзноманигорон”-ро бо хадамотҳои махсуси кишварҳояшон ошкор намуда буд.

Ҳатто рӯзноманигорони хабаргузории France-24, ҳаққи ширкат дар ҳама манотиқи Либиёро пайдо карда буданд. Баъди боздиди ин гурӯҳ дар ин ё он нуқоти Триполлӣ баъди 15- 20 дақиқа биноҳои хуштарҳи ҳукуматӣ ва ё марокизи тиҷорӣ мавриди таҳоҷуми ҳавоӣ қарор мегирифт.

Баъди Либиё, навбати Суриё

Феълан НАТО чунин маъракаро болои Сурия шурӯъ кардан дорад, ки пеш аз ҳама мақсадаш танг кардани мавқеи Русия, аниқтараш барҳам задани таваққуфгоҳи Нерӯҳои ҳарбии баҳрии Русия дар ҳудуди ин кишвар мебошад. Зеро бар сари тасмимоти таҳоҷуми ошкорои НАТО болои Сурия Русия ва Чин, ки дар Шӯрои амнияти СММ  хеле “соҳибвазн” мебошанд, вето гузоштаанд. Аммо сиёсатшиносон ин тасмимро низ муваққатӣ ва таҳоҷуми Ғарбро болои Сурия ногузир медонанд. Яъне, аввали соли нав боз як инқилобро дар минтақаи кишварҳои арабӣ метавон интизор шуд.

Аз сӯи дигар дар ҳама кишварҳое, ки Ғарб инқилобҳоро роҳандозӣ карда истодааст, ғайриихтиёри онҳо, нерӯҳои тарафдори ислом сари қудрат омада истодаанд. Аллакай дар интихоботи порлумонии Миср “Ихвон-ал-муслимин” орои аксари мардумро ба даст овард. Ягона давлати дунявӣ дар минтақаи кишварҳои арабӣ Сурия боқӣ мемонад, ки бо барҳам задани ҳукумати Башор Асад ҷойи онҳоро аз эҳтимол дур нест, ки тарфдорони ислом бигиранд. Ва агар чунин ҳолат идома бигирад, бо сари қудрат омадани ҷонибдорони ислом, мавқеи Ғарб дар минтақа хоставу нохоста танг хоҳад шуд, ки ин талаботи аслии ислом аст ва дар муқоиса бо ин гуна режимҳо режими Муаммар Қаззофӣ ва Саддом Ҳусайн режими одилтарин хоҳанд буд.

Ҳароси Русия ва ё кӯшиш барои намойиши қудрат

Ахиран президенти Русия Дмитрий Медведев зимни як изҳороти махсуси расмӣ оид ба сари кор овардани нерӯҳои зиддимушакии ҳавоии кишвараш ва афзудани теъдоди ин нерӯҳо сухан карда, Амрикоро ба ваъдафурӯшӣ муттаҳам намуд. Кремл иддао дорад, ки ИМА ва НАТО бо вуҷуди додани ваъдаҳои зиёд дар кишварҳои атрофи Русия нерӯҳои зиёди мушакиро ҷойгир карда истодаанд. Ҷавобан ба ин амал Русия низ тасмими фаъол намудани чунин нерӯҳоро дар манотиқи кишвараш, бахусус қисматҳои аврупоии он эълон кард. Аксари коршиносони умури сиёсӣ ин гоми Русияро аллакай дершуда медонанд ва аммо бархеи дигар мегӯянд, Русия бо ин роҳ тақозои ба ҳисоб гирифтани ҳузураш дар мавриди тақсимоти қудратҳо дар ҷаҳонро мекунад. Аммо ИМА ин навбат низ ба чашми Русия хок пошида, ӯро гул заданӣ шуда, изҳор кардааст, ки дар амалисозии ҳама пружаҳои ҳарбӣ Русия шарики боэътимоди онҳост.

Бо вуҷуди ин ҳама изҳоротҳои Ғарб Русия аллакай афзудани теъдоди нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ ва умуман қудрати дифоии худро шурӯъ кардааст.

Яъне, боз ҳам бӯи боруту бӯи ҷанг меояд.

Ал-амон!...

Абубакри Файзалӣ, Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)