Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

Вергул ва андози аксизии 3 фойиза

29 ноябр 2011, 06:15

Имкон дорад, бархе аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет муфлис шаванд, ки дар натиҷа садҳо нафар аз ҷои кор маҳрум мемонанд.

«Шеваи кори мақомоти андоз, ки вергул монда дар баробари операторони мобилӣ супорандагони нави аксизи сефойиза, аз ҷумла ширкатҳои дастраскунандаи интернетро ҳам илова кардааст, барои бозмондагии бештари иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон мусоидат мекунад». Ин нуктаро Ғафур Эркаев, раиси Ассосиатсияи опереторони мобилии Тоҷикистон, зимни баргузории як  мизи гирд дар  мавзӯи пайомадҳои ҷорӣ намудани андози аксизӣ барои дастраскунандагони интернет, қайд намуд.Ба гуфтаи Эркаев дар ягон кишвари дунё,  аз ширкатҳое, ки ба воридоту татбиқи технологияи нав машғуланд, мисли Тоҷикистон андозҳои сершумор ситонда намешаванд.

Константин Бондаренко, раиси созмони «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» изҳор дошт, ки татбиқи аксизи  3 фойиза нисбати ширкатҳои дастраскунандаи интернет пайомадҳои манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад:  «Ширкатҳои дастракунандаи интернети Тоҷикистон пардохти аксизи сефойизаро дар нархгузории хизматрасониҳояшон то ҳол пешбинӣ накарда буданд,  гумон доштанд, ин намуди андоз танҳо ба операторони мобилӣ дахл дорад. Акнун Кумитаи андоз онҳоро ҳам ба қатори супорандагони ин намуди андоз дохил карда, тақозо дорад, ки ин намуди андозро аз санаи якуми январи соли ҷорӣ ҳисоб намуда пардозанд. Дастраскунандагони интернет маҷбуранд, ин намуди андозро аз фоидаи худ пардохт намоянд, дар ҳоле, ки дар назар аст, бархе аз интернетпровайдерҳо фаъолияташонро бо ҳудуди 10 фойизи фоида ва гурӯҳи дигар ҳатто ба зарар ҷамъбаст намоянд».  Бондаренко пешбинӣ мекунад, ки дар натиҷаи ситондани аксизи сефойиза, минбаъд сармоягузорӣ дар пешрафти соҳа коҳиш меёбад: «Интернетпровайдерҳо маҷбур мешаванд, нархи хизматрасониҳояшонро боло баранд, ки эҳтимол ба сустшавии талабот ба хизматрасониҳояшон меорад. Имкон дорад, бархе аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет муфлис шаванд, ки дар натиҷа садҳо нафар аз ҷои кор маҳрум мемонанд». Бондаренко таъкид мекунад, ки ҳатто имкон дорад, бархилофи интизориҳои  мақомоти андоз, ки аз татбиқи аксиз нисбати интернетпровайдерҳо, афзоиши даромади буҷетро интизоранд, чанде пас дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми бозор даромади буҷет ҳам аз ин соҳа камтар гардад.

Дастурамал: Аз салоҳият то баҳси додгоҳӣ

Дар баробари пайомадҳои манфии иқтисодию иҷтимоӣ, Парвина Ибодова, райиси Асосиатсияи дастраскунандагони интернети Тоҷикистон, тақозои мақомоти андозро оиди ситондани аксизи сефойиза аз интернетпровайдерҳо, аз нигоҳи ҳуқуқӣ беасос медонад. Ба гуфтаи Ибодова дар Кодекси андози Тоҷикистон ба сифати супорандаи аксизи сефойиза танҳо опереторони алоқаи мобилӣ муайян шудаанд, ки интернетпровайдерҳо ба онҳо тамоман дахл надоранд.  Ибодова изҳор медорад, ки Кумитаи андоз дар Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», аз доираи салоҳияташ берун баромада, дастраскунандагони интернетро ҳам ба қатори супорандагони аксизи сефойиза ворид намудаст:

«Ин дар ҳолест, ки шумораю ҳаҷми андозҳо ва доираи андозсупорандагон танҳо дар Кодекси андоз бо тасдиқи парлумон  муайян мешаванд. Дастурамал ҳуҷчати дохилии Кумитаи андоз аст ва масъулини кумита ҳақ надоранд, дар он доираи андозсупорандагонро васеъ намоянд. Дар кодекси андоз аксизи сефойиза танҳо барои операторони алоқаи мобилӣ муайян шудааст».

Даврон Қурбоналиев, масъули кумитаи андоз ситондани андозро аз дастраскунандагони интернет асоснок гуфта, фаҳмонд, ки интернетро ҳам метавон алоқаи мобилӣ унвон кард. Ба гуфтаи Қурбоналиев алоқаи мобилӣ намуди алоқаест, ки дар он фосила миёни интиқолдиҳандаи ахбор ва қабулкунанда метавонад тағйир ёбад. Дар интернет фосила миёни интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи ахбор тағйир меёбад ва мувофиқан онро метавон алоқаи мобилӣ унвон кард.

Барои ҳалли қазия «Истэра» миёни ширкатҳои дастрасккунандаи интернети Тоҷикистон якумин шуда, бо кумитаи андоз ба баҳси додгоҳӣ пардохтаст.

Парвина Ибодова, раиси Асосиатсияи дастраскунандагони интернети Тоҷикистон изҳор медорад, ки айни ҳол кӯшиш доранд, бо роҳи фаҳмондадиҳию гуфтушунид бо мақомоти дахлдор қазияро ҳал намоянд. Дар акси ҳол, ӯ ба баҳсҳои додгоҳӣ ворид шудани ширкатҳои дигари дастраскунандаи интернети Тоҷикистонро аз эҳтимол дур  намедонад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!