Бахшҳо
29 ноя 2011 07:07Гузориш

Ҳавои хунук ва барқу ангишту таппак

«Телевизионшик»-ҳо аз нарху навои маҳсулоти сӯзишворӣ, ба монанди ҳамон ангишту ҳезум ва таппак боре аз бозорҳо наворе нишон намедиҳанду фикру андешаи сокинонро ҳам пурсон намешаванд.

Ҳавошиносони тоҷик зимистони имсоларо барои Тоҷикистон сарду хунук пешгӯӣ мекарданд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Сардиҳо бар хилофи иқлими гарму мӯътадили кишвар, дар моҳи ноябр оғоз гардид. Рӯзи шанбеи  26-уми ноябр дар ҳамаи ҷумҳурӣ барф борид. Дар минтақаи Кӯлоб боридани барф баъд аз пешин сар шуда, то пешини рӯзи якшанбе идома ёфт. Ғафсии барф дар таҳдашт аз 20-сантиметр ва дар талу теппаҳо бошад аз 30-сантиметр ҳам баландтар буд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, сардии ҳаво шабона наздик ба 10-дараҷа мерасид. Аҳолӣ, ба хусус сокинони маркази шаҳру навоҳӣ, ки ҳанӯз ба зимистонгузаронӣ омода набуданду печҳои бобоиро васл накарда, аз ин мушкил ба мушкили дигар печиданд: аниқтараш  интиқоли барқ низ ба таври реҷа беш аз як моҳ қавбл аз ин ба роҳ монда шуда буд ва ҳамагон «хунук хӯрданд». Хунуки оддӣ, не «сахт хунук» хӯрданд. Зеро, таври маълум, дар навоҳӣ барқ барои сокинон ҳамагӣ 2 ё 3-соат пагоҳиву бегоҳӣ ҳам ба ҳамин миқдор дода мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб бошад, саҳар аз соати 6 то соати 9 ва бегоҳӣ аз соати 18 то соати 22 қувваи барқ барои аҳолӣ интиқол меёбаду бас. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳр хонаҳои истиқоматӣ танҳо бо истифода аз нерӯи барқ гарм карда мешаваду халос. Биноҳои баландошёна, ки ҳамасола  бо гази табиӣ таъмин мегаштанду дар фасли сармо каме ҳам бошад хонаҳоро гарм кардан мумкин буд, ҳамакнун бо иллати таъмири чоҳҳои газ дар ноҳияи Балҷувон, ягона мавзеи таъмини гази табиӣ барои аҳолии минтақа  бо газ таъмин нестанд. Инчунин, шаҳриён мушкили маводи сӯхт ва гармидиҳӣ доранд.

Ангишт куҷо, таппак харида наметавонем…

Ин дар ҳолест, ки масъулини ҳукумати кишвар таъкид бар он мекунанд, ки роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мақомоти маҳаллӣ барои зимистонгузаронӣ ва пешгирӣ аз сармо аз ҳамаи чораҳо истифода баранд. Дуруст аст, ки телевизиони ҷумҳурӣ дар ин маврид сабтҳое ба намоиш мегузорад, ки дар фалон шаҳру фалон навоҳӣ идораҳои матлубот ва мақомоти маҳаллӣ зиёд ангишту ҳезум ва ҳар гуна маводи сӯзишворӣ захира кардаанду ба савдо баровардаанд ва гӯё мушкиле барои гузаронидани фасли сармо барои аҳолӣ вуҷуд надорад. Аммо, мутаассифона, «телевизионшик»-ҳо аз нарху навои маҳсулоти сӯзишворӣ, ба монанди ҳамон ангишту хезум ва таппак боре аз бозорҳо наворе нишон намедиҳанду фикру андешаи сокинонро ҳам пурсон намешаванд. Ба ҳамин монанд, сардори идораи матлуботи шаҳри Кӯлоб Тилло Ҷалилов низ иттилоъ дод, ки масъулини ин муассисаи давлатӣ ба миқдори 135-тона ангишти захиравӣ доранду дар ҳудуди шаҳр 4-5 нуқтаҳои савдои ин мавод. Ӯ мегӯяд, қиммати 1-кило ангишт ба 60-70-дирам баробар аст, вале сокинон қариб ки аз он харидорӣ намекунанд. Аммо бояд гуфт, ки то рӯзи душанбеи 28-уми ноябр дар ҳамаи шаҳр ягон нуқтаи фурӯши ин маҳсулотро дарёфт накардем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тақрибан дар ҳамаи 10 навоҳии минтақа дар ҳоли ҳозир нуқтаҳои фурӯши ангишт мавҷуд нест. Аммо ҳезуму ба истилоҳ таппак, дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ ба савдо бароварда мешаванд. Вале нархи ин мавод  хеле баланд мебошад. Барои мисол, дар бозори шаҳри Кӯлоб як бастаи ҳезуме, ки иборат аз 4-5-дона ҳезуми дарозиаш 40-50-сантиметру ғафсиаш ҳамагӣ 20-30-милиметра, 3-сомонӣ қиммат дорад. Таппак ҳам, агарчӣ дар бозор кам ба савдо мебароранд, аммо миёни савдогарон аз 50-дирам то ба 2-сомонӣ вобаста аз ҳаҷми он, ба фурӯш монда мешавад. Агарчӣ ин маводи сӯхтанӣ, ҳезуму таппак аз ҷониби савдогарон зиёд ба савдо бароварда шавад ҳам, вале бо ҷурми баланд будани қимматашон, аксари мӯҳтоҷон онро харидорӣ карда наметавонанд. Гумони ғолиб бар он аст, ки ҳукуматдоронро зарур аст пайи иҷрои супориши ҳукумат дар мавриди захира ва таъмини аҳолӣ бо маводи сӯҳтанӣ ва пешгирӣ аз сармо, ба қиммати он низ диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро эшон  ба хубӣ медонанд, ки аксари аҳолӣ бе ҷойи коранду барои харидории ҳамон як бастачаи хурди ҳезуми 3-сомонӣ қудрат надоранд.  Вагарна, агар бо пешгӯйи ҳавошиносон, зимистон сармо ояд, дигар… моро хунук мехӯрад.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)