Бахшҳо
30 ноя 2011 09:34Гузориш

Исроилу Эрон дар остонаи ҷанг?!

Шарику такягоҳи асосии Эрон дар минтақа- Русия низ осемасар нерӯҳои мушакии зиддиҳавоиро дар сарҳадҳои худ ҷойгир кардан дорад, ин аз чӣ шаҳодат медиҳад...

Баъди гузориши ахири СММ дар хусуси он ки гӯё Эрон кӯшиши сохтани яроқи ҳастаиро дорад, вазъият дар давлати исломӣ, бахусус болои иншоотҳои ҳастаии ин кишвар ва умуман минтақа ташаннуҷ пайдо кардааст.Теҳрон ин гузориши СММ-ро “ҳаромкориҳои навбатӣ”-и Амрико хонда гуфтааст, ҳеч як чунин гузоришҳои тақаллубӣ наметавонад онҳоро аз пиёдасозии барномаҳои сулҳомези ҳастаияшон боздорад ва ҷавобан ба эҳтимолияти таҳоҷум болои Эрон бар сари душманонаш “мушти оҳанин” хоҳад кӯфт.

Кишварҳои ғарб ҷавобан ба амалисозии барномаҳои ҳастаии ин кишвар,тақозои ҷиддии роҳандозии таҳримоти сангинтар болои Эронро мекунанд ва аммо то ҳанӯз кадоме аз ин кишварҳо ба чӣ гунаву ба чӣ тариқа роҳандозӣ шудани ин таҳримотро дақиқ гуфта  наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, яке аз душманони аслии олами Ислом-  Исроил эълон кард, ки охири ҳамин сол ва ё аввали соли 2012 болои иншоотҳои ҳастаии Эрон “зарба” хоҳад зад.

Борак Обама ҳам пуштибонӣ мекунад?

Бино ба навиштаи “Дейли мейл” Лондон эҳтимолияти комили таҳоҷуми Исроил болои иншоотҳои ҳастаии Эронро зери пуштибонии ноошкорои Амрико хуб дарк мекунад. Аллакай 18 нуқтаи аслии мавриди ҳамла қарор мегирифтаи Эрон аз сӯи хадамоти махсуси Амрикову Исроил дақиқ шудаанд, ки нерӯгоҳи ҳастаии Бушер, ки ҷониби Русия сохтмони онро ба дӯш дошт, дар ин миён будааст. Бо ин вуҷуд, ки Борак Обама, рӯирост аз пуштибонии Исроил дар ин қазия сухан намегӯяд, аммо ба навиштаи ин расона, ӯ хоҳ нохоҳ аз ин амали Исроил ба хотири ба даст овардани овози яҳудони амрикоӣ дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ пуштибонӣ хоҳад кард. Гузашта аз ин, худи ҳамин сол Амрико Исроилро бо мушакҳои пурқудрате, ки барои нобуд кардани иншоотҳои зеризаминӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намуд.

Леон Паннета мухолифи ҳамла ба Эрон аст

Аммо агар дақиқтар назар кунем, мебинем ки ҳароси Ғарб на танҳо аз яроқи ҳастаии Эрон, балки аз “ранг гирифтани ҳамсоя аз ҳамсоя” ва дар оянда ҷилавгирӣ карда натавонистани Туркия ва Арабистони Саудӣ аз сохтани силоҳи ҳастаӣ мебошад.  Яъне, мушкилоти яроқи ҳастаӣ ва ё ҳадди ақал барномаҳои сулҳомези ҳастаии Эрон на фақат мушкилоти Теҳрон, балки дар оянда мушкилоти бозингарони дигари саҳнаи сиёсати минтақа низ хоҳад буд. Роҳи дигари беҳтар аз таҳоҷуми нерӯӣ болои Эрон ин таҳримоти бонкиву иқтисодӣ аст ва аммо ин тадбир метавонад сохтори иқтисодии бисёр кишварҳои ҷаҳонро такон бидиҳад ва ононе, ки аз нерӯҳои энержии Эрон, нафту гази он истифода мекунанд, барои мисол кишвари Чин, ба ҳеч ваҷҳ хоҳиши Амрикоро дар хусуси баркандани ҳамкориҳои иқтисодиашон бо ин кишвар иҷро намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Амрико Леон Паннета зимни як гузоришаш изҳор дошт, ки таҳоҷуми ҳарбӣ болои Эрон пайомадҳои ногувореро ба дунбол хоҳад дошт. Зеро Теҳрон таҳдиди бастани тангаи  Ҳурмузро кардааст, ки тавассути он 40 дар сади нафти ҷаҳонӣ интиқол меёбад.

Тавре коршиносони умури сиёсии Бритониё таҳлил мекунанд, ғарб ва Эрон дар роҳи сарбасарзанӣ таъҷил доранд. Бино ба гуфтаҳои ин коршиносон тарҳи ин таҳоҷум аз сӯи Исроил бо бомбаборон кардани иншоотҳои Эрон ва баъдан зарбаҳои ҷавобии Эрон бар сари Исроил сурат гирифта, Амрико ва иттифоқчиёнаш бо далели ҳимояи мардуми яҳудӣ болои Эрон зарба заданианд

Аммо Исроил барвақт ҷангро шурӯъ кардааст

Ҳанӯз, ки ИМА ва Аврупо мубоҳисаҳоро дар мавзӯи таҳоҷум болои Эрон идома медиҳанд, Исроил аллакай муборизоти ошкору пинҳонро шурӯъ кардааст. Баъзе аз коршиносони амниятӣ таркишро дар яке аз иншоотҳои ҳастаии наздики Теҳрон, ки боиси марги сарвари Барномаи коркарди яроқи мушакии Эрон ҷенерол Ҳасан Муқаддам ва беш аз 17 нафар афсарони аршади ин кишвар гардид, кори дасти яҳудон ва изҳороти ҷониби Эронро боз як таҳаммул ва кӯшиши ором кардани вазъ медонанд. Бино ба гуфтаи коршиносон, амали ҷосусие, ки  бар асари он соли гузашта пойгоҳи рокетҳои дурпарвози “Шаҳоб” ба ҳаво парид, низ амали дасти МОССАД мебошад.

Ҳамчунин, чанде пеш дар яке аз ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳои Дубай ҷасади писари собиқ сарфармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо марги мармуз пайдо гардид, ки инро низ коршиносон кори дасти хадамоти ҷосусӣ (СРУ)-и Амрико медонанд.

Коршиносон такрори чунин таркишҳои “тасодуфӣ”-ро дар иншоотҳои “махсус”- и Эрон  аз эҳтимол орӣ намедонанд. Зеро, нерӯҳои махсуси зиддиҷосусии Эрон он қадар комил нестанд, ки чунин нақшаҳоро барҳам зада тавонанд.

Эрон ҳам даст ба пушт намеистад

Дар ҳамин ҳол, Вазири дифоъи Эрон Аҳмад Вандӣ гуфтааст, кишвараш омода аст, ки бар сари Нерӯҳои зиддиҳавоии мушакии Амрико, ки дар ҳудуди Туркиё ва Аврупои шарқӣ мустақар аст, зарба бизанад. Ин изҳороти вазири дифоъ дар муроҷиат ба тӯдаи 50 ҳазорнафараи ихтиёриёни эронӣ, ки барои муқовимат бо Исроил омода шудаанд, садо додааст. Гузашта аз ин Аҳмад Вандӣ изҳор кард, ки 150 ҳазор мушак дар сурати болои Эрон ҳуҷум кардани Исроил бар сараш хоҳад рехт. Аҳмад Вандӣ бо таҳдид ба Амрико гуфтааст: “Эрон ин Афғонистон ва Ироқ нест. Агар Амрико иштибоҳ карда болои мо таҳоҷум оғоз намояд, мо ба онҳо тариқаи размовариро нишон хоҳем дод”

“Ракетаборон”: Чаро ва барои чӣ?

Дар ҳамин ҳол, Амрикову НАТО кӯшиши ҷойгиркунии иловагии нерӯҳои зиддимушакии ҳавоиро дар Ҳиндустон низ доранд, то саривақт мушакҳои ҳавоии Эронро нобуд намоянд. Ва аммо, то ҳанӯз Деҳлии расмӣ барои ҷойгиркунии ин нерӯҳо ризоият надодааст. Натиҷаи ин ҳама кашмакашиҳову тундгӯиҳои Исроилу Эрон ба чӣ меанҷомад, вақт нишон хоҳад дод ва аммо шарику такягоҳи асосии Эрон дар минтақа- Русия низ осемасар нерӯҳои мушакии зиддиҳавоиро дар сарҳадҳои худ ҷойгир кардан дорад. Ин барои ҳимояи худи Русия аст ва ё дар мавриди зарурӣ кӯмак ба иттифоқчии асосиаш- Эрон вақт нишон хоҳад дод ва аммо аксари кишварҳое, ки ба кӯмаки Русия дар рӯзи мушкил умед мебастанд, қариб дар 90 фисади ҳолатҳо дар ниҳояти кор танҳо мемонданд. Эронро мебояд дар ин масъала тадобири иловагӣ ва ҳамчунин иттифоқчиёни ҷиддитареро ҷустуҷӯ намояд.

Абӯбакри Файзалӣ, Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)