Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

Пуфак

1 декабр 2011, 10:29

Забони тоҷикӣ забоне нест, ки бишавад дар баробараш беэҳтиромӣ кард ва дар хонаи худаш онро ба пули сиёҳе нагирифт.

Ин мавзӯъ чанд гоҳ аст, ки дар мағзам мечархад. Чанд бор ҳам азм кардам рӯи коғаз биорам. Аммо мулоҳизае, сабабе садди роҳ мешуд.

Оғоз ба кори Анҷумани сездаҳуми расонаҳои хабарии Осиёи Марказӣ дар мавзӯъи "Гуногунандешӣ ва мудирияти интернет" дар Душанбе баҳонаи хабарие шуд, то андешаҳоеро, ки чандест азиятам медод, рӯи коғаз оварам. Аслан Анҷумани мазкур мебоист чанд ҳафта қабл дар Қазоқистон баргузор шавад, вале зоҳиран масъулини қазоқ розӣ нашудаанд. Албатта ин дар омади гап буд. Муҳим оғози ҷаласа буд, ки намак дар захми мо пошид. Вақте нишастро ба забони русӣ шурӯъ карданд, гӯшиеро, ки садои тарҷумон пахш мешуд ба гӯш гузоштам. Ҳар чи меҷустам фақат инглисӣ садо меомаду бас. Як нафар ҷавонак, ки эҳтимолан масъули ин кор буд, назди мо омаду дар посухи пурсишамон гуфт, ки зоҳиран тарҷумони тоҷикӣ пайдо накардаанд. Худоё, дар кишваре, ки садҳо ва шояд ҳазорҳо тоҷики инглисидон дорад, масъулони дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Душанбе як тарҷумони тоҷик наёфтаанд. Онҳо, ки бегонаанд, шояд зарурате надидаанд, ки тарҷумони тоҷик бошад. Вале аламовар он буд, ки муовини вазири корҳои хориҷаи кишвар низ дар ин нишаст ба тоҷикӣ суханронӣ накард. Намедонам, шояд созмондеҳони ҳамоиш қаблан эълон карда бошанд, ки забони нишаст русиву инглисӣ аст. Агар чунин шуда пас ба забони давлатии ин кишвар тавҳин кардаанд ва метавонист намояндаи расмии Тоҷикистон эътироз кунад ва бидуни ҳеч истиҳола ба забони давлатӣ сухан бигӯяд. Охир забони тоҷикӣ забоне нест, ки бишавад дар баробараш беэҳтиромӣ кард ва дар хонаи худаш онро ба пули сиёҳе нагирифт. Густараи ин забон ва имкониятҳояш ба ҳаддест, ки беҳтару болотар ва зеботар аз ҳар  забоне метавон бо он фикр баён кард. Таъкид мекунам, ки ин худхоҳӣ ва ифтихори пуч нест, ин воқеият аст. Аммо дар бораи ифтихори пуч…

Мо ҳамеша иддао дорем, ки саду анд кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро расман шинохт ва фалону беҳмон пешиниҳоди мо дар фалон ниҳод ё созмони байналмилалӣ пазируфта шуд. Мо ифтихор дорем, ки қадимитарин мардуми ин минтақа ҳастем ва таъкид бар нажоди ориёии худ мекунем. Мо поягузори фиқҳи ҳанафиро ҳаммиллати худ эълом кардему аз ин тариқ хостем ифтихороте барои худ ба даст оварем. Ин дар ҳолест, ки ба усулитарин фармудаҳои Имоми Аъзам дар мавриди намозу ҳиҷоб пушт гардондаем. Ба ҳадде дар гирдоби ифтихору ғурури худ печидем, ки маҳдудаи имконият ва тавони воқеиямонро ба боди фаромӯшӣ супурда, дар бозиҳои геостратегии абарқудратҳо худро шарик ва ҳатто бозигар дидан хостем. Аммо… Воқеият ва раванди ниҳоии ҳаводис собит кард, ки бештари ифтихороти мо мисли пуфак будаву ҳаст. Яъне пуфакро шарт нест, ки касе бикафонад. Балки фақат ба он пуф бояд кард, то билахира битаркад. Мо ҳама ба ифтихороти пуч мисли пуфак ҳай пуф кардему пуф кардем, ки имрӯз яке паи дигар ин пуфакҳо мекафанду мекафанд. Агар ифтихори пуч намебуд, агар асосу бунёди мустаҳкам медошт, агар бо шиоргӯиҳои бебунёд дар паи таҳкими руҳияи миллӣ намебудем, балки амалан барои ҳар як фарди миллат заминаи озодаву озод ва дар фаровонӣ зистанро фароҳам мекардем, ба ҳеч ваҷҳ ифтихороту арзишҳои миллӣ мисли пуфак намешуд. Ё не?

Зафари Сӯфӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!