Бахшҳо
07 дек 2011 10:58Дидгоҳи хос

Фурӯхтан

Низоми сармоядорӣ ба ҷуз фоида ва манфиат ҳеч усулу меъёре, ки бар пояи ахлоқ ва имон бошад, надоштаву надорад.

Чун кишвари мо ҳам ҳарчанд иддаоҳои давлати иҷтимоиву мардумӣ буданро дорем, ба мунҷалоби сармоядорӣ ва он ҳам ба шакли хеле ибтидоии он рӯз аз рӯз бештар фурӯ меравад, аз кунишҳову вокунишҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа чунин бардоште ҳосил мешавад, ки дигар дар ин марзу бум ҳама чизро, ки имкони фурӯхтан бошад, мешавад ба фурӯш расонид. Ҳоло фурӯхтанро бо ибораву вожаҳои гуногун метавонанд тавҷеҳ ва ё рӯпӯш кунанд. Аз ин амал моҳияти аслӣ, яъне фурӯхтан тағйир нахоҳад кард. Мафҳуми фурӯхтан дар асл дар ихтиёри касе қарор додани ин ё он чизест.  Имрӯз роиҷтарин шакли фурӯхтан ин ба иҷора додан мебошад. Ба иборати дигар зина ё марҳилаи аввали фурӯхтан ҳамин ба иҷора додан аст, аввал ба иҷора мегиранд, баъд хусусӣ мегардонанд, яъне ба пули аз истифодаи иҷора ба даст омада ба он чиз соҳиб мешаванд.

Ҳафтаи гузашта парлумони Тоҷикистон ба қонун дар бораи консессияҳо тағйироту иловаҳо ворид намуд. Агар ин қонун дар марҳилаҳои баъдӣ таъид шавад, мо ҳатман боз як бори дигар ба китоби «Рекордҳои Геннис» ворид хоҳем шуд. Яъне мо кишваре хоҳем буд, ки дар он ҳатто ҳаворо иҷора додан мумкин аст. Аз сӯи дигар вақте иҷорагир фардо ба объекти иҷора соҳиб хоҳад шуд, хатари ин ба иҷора доданҳоро метавон рушантар тасаввур кард. Аслан қонун дар бораи консессия бештар ба хотири ҷалби сармояи хориҷӣ пешбинӣ шудааст, ки албатта нусхаи ислоҳшудаи ин қонуни кишвар, ки боиси ҳарфу ҳиҷои зиёд шуда, аз ин қоида мустасност. Ин ҷо сухан фақат аз ҷалби сармояи хориҷӣ нест, балки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам метавонанд тибқи ин қонун «замин, канданиҳои зерзаминӣ, табиат, олами наботот, об ва ҳаво»-ро ба иҷора бигиранд. Албатта афроди қобили эътимод будани онҳоро метавонад ҳукумат ташхис диҳад ва дар ин гуна ҳолат ҳеч зарурате ба пешниҳоди объекти иҷора ба озмуну музояда нест. Мӯҳлати иҷора ҳам хеле ҷолиб аст, яъне 49 сол ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин муҳлат метавонад тамдид шавад, аммо на бештар аз 99 сол. Бо таваҷҷӯҳ ба сару садоҳое, ки чанд муддат қабл, саҳеҳтараш пас аз сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар моҳи сентябр мабнӣ бар боқӣ мондани артиши 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон ба муддати 49 сол, зоҳиран зарурати тағйирот ба қонун дар бораи консессия тавҷеҳи мантиқӣ пайдо мекунад. Шояд нимкосаи зери коса ҳамин бошад. Вагарна исрор варзидани бархе бар нуктаи дар ҳолати истисноӣ ба иҷора додани ҳаворо чи гуна мешавад аз нигоҳи мантиқ тавҷеҳ кард? Охир ҳавопаймоҳои низомӣ дар сурати зарурат бояд бештар парвоз кунанд ва табиист ин ҳолати истисноиро ба вуҷуд меорад ва ҳаворо иҷора медиҳем. Шояд ба мӯҳлати 49 сол ва ё камтару зиёдтар. Аслан чи фарқ мекунад? Муҳим ба иҷора додан ва фоида ба дасти овардан аст, ё не? Албатта, агар аз назари меъёрҳои нангу номус бингарем, ҳатто як дақиқа ба иҷора додани фазои ҳаво, об ва олами наботот ба ҷуз вожаи хиёнат ҳеч гуна тафсири дигаре надоштаву надорад.

Гузашта аз ин ҳама соҳиб шудани ширкатҳое бо соҳибони гумном мисли ширкати пулчинаки IRS ба ҳеч ваҷҳ дар ростои манфиати мардум ва осон кардани мушкилоти онҳо ва пеш аз ин ҳама ҷалби сармоя набудаву нест. Охир ин чи гуна ҷалби сармсоя аст, ки пули мардумро бичинанду дар иваз мардум аз мушкилоти доимӣ халос нашаванд?! Ба ҳар ҳол зинаи аввали фурӯхтани ҳама чиз, яъне ба иҷора додани ҳама чиз дар Тоҷикистон пӯшиши қонунӣ гирифт. Холо бояд дид, ки он чи оқибатҳое ба бор хоҳад овард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)