Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:35

Ҳамааш 100, бӯҳрон ба Тоҷикистон таҳдид намекунад?!

8 декабр 2011, 07:01

Як ними дунё ба бӯҳрон ғӯтидааст, аммо масъулини блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Бонки миллӣ бепарвоянд…

Ҳанӯз се моҳ қабл аз ин коршиносону иқтисоддонҳои Русия ба шаҳрвандонашон ҳушдор доданд, ки пасандозу захираҳои молии худро барои харидории арзи хориҷӣ ва тиллою нуқра сарф кунанд. Таҳлилгарони рус бар ин назар буданд, ки дер ё зуд бӯҳрони навбатии молиявӣ дари Русияро низ хоҳад кӯфт. Ҳамин тавр, ашхоси сармоядор ва пулдори рус рублу сармояи худро сарфи харидории маҳсулоти фавқуззикр карданд. Маврид ба тазаккур аст, ки бонкирҳои рус ҳам ҳадс мезаданд, ки тобистони соли равон сармояи кишвар бо суръати кайҳонӣ ба хориҷ сарозер шудааст, ки назирашро дар даҳ соли ахир надидаанд…

Ба ҳамин монанд, иқтисоддонҳои кишварҳои аврупоӣ низ мунтазам аз сар задани бӯҳрони навбатӣ бонги изтироб мезаданд ва ба он печиданд. Таззод ин ҷост, ки мизони зиндагиву иҷтимоъи мардум дар Аврупо дар қиёс бо ҷумҳурии мо садҳо маротиб боло будаву ҳаст, аммо ғарбиён бештар дар пайи рифоҳи мардумонашон камар бастаанд.

Савораро чӣ парвои пиёда

Аммо аз чӣ бошад, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Бонки миллӣ, дар мавриди хатари бӯҳрон ва дар ҳамин ҳол, коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ тоҷикӣ, ҳар лаҳза боло рафтани қиммати маводи хӯрокворӣ ва боқӣ маҳсулот, тамоман бепарвоанд.Ба болои ин, коршиносони соҳаи иқтисод ва бонкӣ, ҳатто масъуле аз ҳукумати кишвар ҳанӯз боре ҳам нашудааст, ки дар ин бора барои аҳолӣ тавассути матбуоти даврӣ ва радиову телевизион маълумоте пешкаш карда бошанд. Ин амалкарди масъулин, сокинони оддиро ба андешае раҳнамун кардааст, ки «ҳама кор 100 ва ягон бӯҳрон моро нигарон намекунад».

Халқи оддӣ, манзурам 95 дарсади аҳолии Тоҷикистон дигар мутмаин бошанд, ки бӯҳрони молиявӣ ва кризиси иқтисодӣ афсонае беш нест ва он моро аз паҳлӯ гузашта меравад?! Бояд қайд кард, ки ин қишр бештар аз ҳама ба мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯст ва пайваста аз боло рафтани арзиши маводи хӯрокворӣ, хизматрасониҳо ва дигар проблемаҳои рӯзмарра азият мекашад. Суоли матраҳ ин аст, ки кӣ кафолати онро дода метавонад, ки рӯзе ҳамин авом барои бекору гурусна монданаш, аз касе даъво нахоҳад кард? Чаро иқтисоддонҳову масъулини сатҳи болоӣ ва коршиносони соҳа хатареро, ки кулли мамолики ҷаҳон, ҳатто давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Амрикову Русия ва давлатҳои аврупоӣ аз он изҳори нигаронӣ доранд, нодида мегиранд?

Бонги хатари Русия

Коршиносон дар мавриди тобиши ҳолатҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва сару садоҳо дар бораи мушкилоти қарзӣ дар Аврупову Амрико, инчунин пойин рафтани рейтинги кредитории ИМА гуфтаанду ва ҳам мегӯянд. Намояндаи Бонки Марказии Русия Сергей Моисеев ба ин ақида аст, ки дар бозор ҳам оромӣ аст ва ягон асос барои «ташвиши зиёдатӣ» нест. Намояндаи гуруҳи молиявии «Деловая Россия» Антон Данилов-Данилян гуфтааст, ки ташкилоту корхонаҳои миёнаи ашёи хомнадоштаи кишвараш аллакай аз маблағгузории потенсиалӣ марҳум гаштаанд, ки барои пешрафти тиҷорат халал ворид месозад. Аммо Игор  Николаев, директори департаменти тадқиқоти стратегӣ  ба ҳолати пешомада назари манфӣ дошта, ба ин бовар аст, ки  бӯҳрони иқтисодӣ усулан барҳам назадааст ва 90-фоиз боварӣ дорад, ки то охири ҳамин сол ё аввали соли нав иқтисоди ҷаҳониро қисмати дуввуми бӯҳрон пахш хоҳад кард. Яъне, мутахассисон ва коршиносони давлатҳо аз рух додани бӯҳрони навбатӣ «SOS-Бонги Хатар» мезананд ва шаҳрвандони кишварашонро аз пайомади нохуби он огаҳ кардан доранд. Яке аз роҳҳои беҳбуд ва нағутидан ба умқи бӯҳрон ин ба фурӯш баровардани маводу маҳсулоти истеҳсоли худӣ мебошад. Гумони ғолиб бар он аст, ки Русия низ маҳз ба ҳамин хотир аз воридоти маҳсулоти хориҷи дуру наздик пешгирӣ кардан дорад. Таври маълум, ҳануз аввали имсол бо баҳонаи «заҳролуд» будани маҳсулоти кишоварзии Чин, масъулини Русия воридоти онро ба ин мамлакат манъ намуданд. Баъдан, аз маҳсулотҳои Украину Белорус ва ахиран аз маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон низ бо ҳар гуна баҳона даст кашидан гирифтанд. «Ғамхорон»-и рус бо ин васила кӯшиши дар бозорҳои мамлакат ба савдо баровардани маҳсулоти худиро роҳандозӣ карда, дар як сатҳи муайян барои беҳбуди зиндагонии шаҳрвандонашон мусоидат карданианд.

…аммо хомӯшии Тоҷикистон

Аммо дар Тоҷикистони мо бошад, ба ҳолати феълии иқтисоди ҷаҳонӣ на танҳо эътибор намедиҳанд, балки аз он ёд ҳам намекунанд. Вагарна, арзиши кулли маводи чӣ хӯрокворӣ ва чӣ саноативу сохтмонӣ танҳо дар ҳамин сол 2-3 ва ҳатто 4-маротиба боло рафту боз ҳам боло меравад низ баланд гаштан дорад. Ин дар ҳолест, ки агар бигирем ҳамон Русияро, ки тамоми аҳолиаш таъмин бо ҷойи кору маоши баланданд, вале дар Тоҷикистон тақрибан беш аз 60-фисади аҳолӣ бе ҷойи коранду коргаронаш бошанд, бо маоши ночизе фаъолият мекунанд, ки дар баъзе маврид ҳамин маош ба 1-халта орд мерасаду бас. Яъне, агар бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ аз сари нав шурӯъ шавад, дар ин маврид пеш аз ҳама зарбаи он ба мамолики қафомонда, ба хусус давлатҳое ки қудрати истеҳсоли маҳсулот надоранд,ҷонкоҳ хоҳад расид. Мутаассифона, ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамон кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки на танҳо маҳсулоти содиротӣ истеҳсол карда наметавонад, балки тақрибан беш аз 80-фойизи онро аз хориҷа ворид мекунад. Рӯйиҳамрафта, бекорӣ ҳам яке аз иллатҳое мебошад, ки мушкили зиндагиро боз ҳам мушкилтар менамояд. Тибқи иттилои охирин, бонки аврупоӣ барои ба бӯҳрон нағутидан махсус дар самти бекорӣ барои давлати Юнон 30-миллиард евро қарз додааст. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки оё барои Тоҷикистон ягон бонку ягон давлат ин гуна қарз медода бошад? Аниқ, ки не. Мантиқан, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, агар худое накарда ба Тоҷикистон ворид шавад, хатари зиёде болои ҷумҳурии мо ва иқтисоди мо хоҳад рехт.

Аслиддин Достиев

РS: Ба андешаи иқтисоддонҳо ва коршиносони байнулмилалии молиявӣ бӯҳрон   анҷом наёфтааст, он каме танаффус дорад.Баъди бӯҳрони аввал бохт ҳам буду бурд ҳам, аммо поинравии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳамоно ба мушоҳида мерасад.   Мушкили бузурге ҳанӯз дар рӯбарӯи кишварҳои олам аст, ки танҳо бо истифода аз ақлу дониш ва заковати зеҳнӣ аз он метавон раҳо шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!