Бахшҳо
08 дек 2011 09:05Иҷтимоӣ

Ду савол ба раиси ноҳияи Мастчоҳ

Баҳси варзишгоҳи ҷамоати деҳоти "Мастчоҳ"и ноҳияи Мастчоҳ, шикояти омӯзгорон аз мушкилоти бахши маориф, дастгирӣ накардани муаллимони ҷавони ин маҳал аз ҷониби ҳукумат, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани як мактаби ин деҳа ва ахиран ба фурӯш нарафтани пахтаи ноҳияи Мастчоҳ, боиси он гардид, ки хабарнигори "Озодагон" ҷиҳати баррасии ҷузъиёти ин ин қазия ба ҷамоати деҳоти "Мастчоҳ"и ноҳияи Мастчоҳ сафари хидматӣ анҷом диҳад.

Аснои ба ҷамоати деҳоти "Мастчоҳ" ворид шуданам, сараввал бо чанд тан аз сокинони ин мавзеъ сӯҳбат намудам, ки онҳо дар хусуси варзишгоҳе, ки феълан соҳибкор Шукриддин Иморуддинов дар як қисмати он толори варзишӣ сохта истодааст, изҳори норизогӣ намуданд. Аз ҷумла, Ҳусниддин Сафоев, як тан аз ҳамсӯҳбатонам гуфт, ки набояд дар ин варзишгоҳ, ки бачаҳо ҳамеша ройгон бозӣ менамуданду мардум низ дигар чорабиниҳоро дар он мегузарониданд, толори варзишӣ сохта шавад. Зеро дар дигар ҷой имкони сохтмони толор вуҷуд дошт ва инро ба Иморруддинов низ пешниҳод намуданд, вале ӯ қабул накарду  ҳамин варзишгоҳи зеборо вайрон намуд: "Борҳо барои ҳалли ин масъала ба масъулини ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем, мутаасифона дастгириямон накарданд. Ин ҷо байни Иморуддинову раиси ҷамоат чӣ гапе аст".

Аз пайи "Чӣ гапе ҳаст"…

Рисолати касбиям водорам сохт, ки ин мавзӯъро ҳам ба таҳлил бигирам, албатта агар имкон даст диҳад, зеро "чӣ гапе аст" гуфтани  Сафоев ба назарам таҳдор менамуд. Зимнан, боз ба як нафаре вохӯрдам, ки худро Ниёзмаҳмад Султонов, директори Маркази ташхисиву табобатии "Сомониён"  муаррифӣ кард. Номбурда иброз дошт, ки ин варзишгоҳро Имориддинов ба ивази маблағи қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз они худ кардааст: "Барои пур кардани нишондиҳандаи андоз ва дар назди роҳбарони боло худро сафед кардан, Мӯъминов Сайфиддин, раиси ҷамоати деҳоти Мастчоҳ соли 2008-ум бо яке аз дӯстонаш Иморуддинов Шукруддин маслиҳат намуда, ба ӯ мегӯяд: "Биё, ту барои супоридани маблағи  андоз моро ёрдам кун, ман як боғчаи кӯдаконаи хоҷагиҳои деҳқониро бо маблағи арзон ба ту медиҳам". Имориддинов маблағро қарзи андози хоҷагиҳои деҳқонӣ гуфта месупорад, ки аз ин кор раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ хабар надоштанд. Дере нагузашта соҳибмулкон, яъне раисон ва аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ин "бозӣ"-и раиси ҷамоат ва Иморуддинов огоҳ мешаванду даъво пеш меоранд, ки "маблағи супоридаи Иморуддиновро баргардонида медиҳем", вале Иморуддинов розӣ намешавад, зеро қаблан раиси ҷамоати деҳот ба ӯ дигар чиз пешниҳод карда буд. Дар ин байн барои боғчаи кӯдаконаро харидан, дигар довталабон низ пайдо гардиданд, ки дар натиҷа музояда ташкил мешавад".

Ҳангоми ширкат дар музояда аз сабаби маблағи кофӣ надоштанаш чунин имконият ба номбурда даст надод. Дар ин ҷо раиси ҷамоати деҳот ва ҳукумати ноҳия дар назди Иморуддинов "қарздор" монданд, зеро тавре ки гуфта шуд, барои аз "вазъияти ногувори қарздорӣ  баровардани онҳо дар назди ҳукумати кишвар" маблағи андозро супоридаву умед дошт, ки боғчаи кӯдаконаро ба ӯ медиҳанд".

Ҳамин гуна "муомила"-и Иморуддинов бо раиси ҷамоат ва раиси ноҳия  боиси он гардид, ки онҳо варзишгоҳи назди боғчаи кӯдаконаро ба ӯ доданд. Вақте, ки варзишгоҳ ва боғчаи кӯдакона ба моликияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дохил мешавад, пас чӣ гуна раиси ҷамоат бе маслиҳати онҳо ин варзишгоҳро ба як нафари дигар медодааст?!

"Раис ва аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ зимни як маҷлис иброз намуданд, ки варзишгоҳ ба касе фурӯхта намешавад, балки онро ба ягон нафар вобаста мекунанд, то ки ободтараш кунад. Онҳо ин варзишгоҳро ба мо вабаста карда буданд, вале дере нагузашта раиси ҷамоати деҳот варзишгоҳи мазкурро ба таври махфӣ аввал аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ бароварда, ба хоҷагии камуналии тавозуни ҷамоати "Мастчоҳ") гузарониду мехост ба Иморуддинов сертификат карда диҳад. Мардум аз ин амали раиси ҷамоат бохабар шуда, ба прокурори ноҳия шикоят бурданд, ки дар натиҷа прокурор қарорҳои махфии раиси ҷамоатро роҷеъ ба додани варзишгоҳ ба Иморуддинов бекор кард".

"Фурсати муносиб": Яъне чӣ?

Ба гуфтаи Ниёзмаҳмад Султонов, масъулини ноҳияи Мастчоҳ аз мулоқоти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон ба ҳадафи ба худ "муносиб" истифода бурда, ин варзишгоҳро новобаста аз хоҳиши соҳибмулкон-аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба Имруддинов доданд: "Дар ҳамин вақт мулоқоти президент бо варзишгарони кишвар баргузор гардид, ки масъулини ноҳия Иморуддиновро, ки умуман варзишгар нест, ҳамчун варзишгар ба ин мулоқот фиристоданду номбурда аз ин минбар моҳирона истифода бурда, варзишгоҳро дубора аз худ намуд. ӯро маҳз ба ҳамин хотир ба мулоқоти президент фиристоданд. Иморуддинов зимни баромадаш дар назди президент иброз намуд, ки "Имсол ҳосил хуб шудааст ва ман мехоҳам як толори варзишӣ бисозам". Президент барои шароит муҳайё кардан ба масъулини ноҳия супориш дод, вале аз президент пинҳон доштанд, ки сӯҳбат сари варзишгоҳест, ки дар мавриди он даъво вуҷуд дорад. Пас аз супориши  президент ба масъулини ноҳия, дере нагузашта Иморуддинов бе гирифтани сертификати замин сохтмони толори варзиширо оғоз кард, ки боз боиси норозигии мардум шуд. Бубинед, дар ин ҷо чӣ гуна ошнобозиву гурӯҳбозӣ вуҷуд дорад. Раиси ноҳия бо раиси ҷамоат ҳамкурсанд ва бо маслиҳати ҳамдигар ҳамин гуна корҳоро кардаанд, ки аз ин  рӯҳияи мардум дар бораи риоя шудани адолат хеле коҳиш ёфтааст".

Варзишгоҳи "даъвоӣ" дар ҷамоати Мастчоҳ

Дар бораи ин варзишгоҳ сокинони гирду атрофи он низ назарҳои мухталиф доштанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, ин варзишгоҳ дар ин ҷамоат ягона майдоне будааст, ки имкони баргузории тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ буд ва ҷавонон низ бе супоридани маблағ дар он ҷо ба варзишҳои мухталиф ва аз ҷумла футболбозӣ машғул мешуданд. Ҳоло агар толори варзишӣ шаваду ворид шудани ба он пулакӣ гардад, бахше аз ҷавонон чунин имкониятро пайдо карда наметавонанд.

Барои боз ҳам равшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ ва ошноӣ пайдо кардан ба ин варзишгоҳи "даъводор" тасмим гирифтам бо масъулини ҳукумати ин ноҳия низ ҳамсӯҳбат шавам.  Рӯзи дуввуми дар ин маҳал монданам,  бо Сайфиддин Муминов, раиси ҷамоти деҳоти "Мастчоҳ"-и ноҳияи Мастчоҳ ҳамсӯҳбат шудам. Вақте худро муаррифӣ кардам, Мӯъминов гуфт, "...ку иҷозат пурсам, ки Шумо афитсална омадаед ё …" Вай ба қавли худаш ба дастгоҳи ҳукумати ноҳия занг заду баъдан дар робита ба додани иттилоъ каме "мулоим" шуду гуфт: "Хай ист, аввал маслиҳат кунем, баъд сӯҳбат мекунем". Аз ҳамсӯҳбатам ҳар чӣ зудтар сари масълаи варзишгоҳ равшанӣ андохтанашро тақозо кардам. ӯ ҳам ба таври расмӣ гуфт, ки ин майдони варзишӣ ҳамагӣ 1 гектар аст, айни замон 10 садяки онро Иморуддинов дар асоси қарори раиси ноҳия гирифтааст:"Иморуддинов, ки хоҳиши харидани боғчаи кӯдаконаро дошт,  40 ҳазор сомониро пешпардохт намуда, барои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бонк супорида буд, боз ин маблағро баргардонида гирифт. Дар дигар ҷой барои сохтмони толори варзишӣ замини ғайрикишоварзӣ нест, ки ба ӯ медодем. Ҳамаи ҷоро омӯхта баромадем, ҷое наёфтем. Ҳамон қитъаи замине, ки Иморудинов толор месозад, меросист, боқимондааш мӯҳлатнок, дар асоси шартонама барои нигаҳдорӣ ба ӯ вобаста шудааст, ки давлат кадом вақте ки хоҳад онро мегирад". Ҷаноби Мӯъминов иброз намуд, ки боғчаи кӯдакона дар моликияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дохил мешавад, вале варзишгоҳ дар ҳисоби идораи хоҷагии коммуналии ноҳия аст, ки он дар ҳудуди ҷамоати деҳот аст.

-Ин гуна сару садо, ки гуё ба хотири Имруддинов ин варзишгоҳро  аз тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ баровардаанд, беасос аст, - илова намуд ҳамсӯҳбатамон.

Як бому ду ҳаво

Ҳангоми аз бинои ҷамоти ин деҳот баромаданам, наздик ба даромадгоҳи ин ҳавлии ҷамоат бо чанд тан нафаре сӯҳбат намудам, ки бештар аз норасоии нерӯи барқ шикоят мекарданд. Ин ҳамсӯҳбатонам иброз намуданд, ки дар як шабонарӯз 3-4 ва гоҳ-гоҳ 5-5,5 соат нерӯи барқро мебинанду халос. Аммо Сайфиддин Мӯъминов гуфт, ки аз ин ҳолат  хабар надорад: "Бояд дар ҳамаи ҷо таъмини барқ як хел бошад, намедонам, дар мо беш аз 10 соат барқ медиҳанд".

Дар варзишгое, ки зикраш дар боло рафт ҳудуди 40 дақиқа интизори ташрифи Иморуддинов будем, зеро ӯ аснои тамоси телефонӣ гуфт буд, ки ҳатман ба наздатон ҳозир мешавам ва дар ин маврид сӯҳбат хоҳем кард. Чун ӯ ба қавлаш вафо накарду он рӯз наомад, сӯҳбатро ба рӯзи дигар мвқуф гузоштем.

Гуфтугӯи сокинони маҳалла дар мавриди мактабу мушкилоти он маро ба дабистони наздикии варзишгоҳ раҳнамун сохт. Ин мактаби рақами 10-и ҷамоати мазкур буда, ба қавли бархе аз омӯзгоронаш тӯли чанд сол мешавад, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ғуфрон Раҷабов, муовини директори мактаби мазкур пас аз шиква дар бораи ҳолати садмавии мактаб гуфт, ки мактаб мушкилоти дигаре ҳам дорад:"Ҳоло ки оғози фасли сармост, бубинед, синфхонаҳои мактаб мечаканд. Омӯзгорони ҷавонро дар ин мактаб мо ҳамчун омӯзгор дасгирӣ мекунем, вале аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ дастгирӣ намеёбанд. Ин қабил муаллимони ҷавон ба замини наздиҳавлигӣ ва ҷой барои сохтмони манзили зист ниёз доранд, аммо мушкилашон ҳалношуда боқӣ мемонад. Гузашта аз ин, сохтмони толори варзишии мактабро ҳукумати вилоят соли 2010-ум оғоз намуд, ки то ҳол ба анҷом нарасидааст. Сабабаш бепарвоии масъулин аст. Борҳо барои идомаи сохтмон ва ба анҷом расонидани ин толор ба ҳукумати вилоят муроҷиат кардем, вале "дида мебароем" гуфтанду халос. Мактаб аз соли 1966 ин ҷониб таъмирро надидааст. Дар ин мактаб мутаххассисони фанни физика ва математика намерасад". Бо шунидани гилаҳои муаллимон рӯзи дуюми сафари хидматиам ҳам бо поён расид ва роҳ сӯи шаҳраки Бӯстон, ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ пеш гирифтам.

Чаро "баҳси дурудароз"-и варзишгоҳ?

Бояд зикр намоям, ки дар рӯзи аввали сафарам бо Абдукарим Ҳикматов, раиси ноҳияи Мастчоҳ роҷеъ ба шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи мазкур як сӯҳбати кӯтоҳе доштам. Азбаски дар тӯли ду рӯзи он ҷо буданам арзу шикояти зиёди сокинонро шунида будаму бо чашми сар ҳам дидам, хостам ба ҷаноби раис дар ин маврид ҳарф занам. Фикр мекардам, ки шояд раис огоҳ нестанд ва дар ин бора хабар надоранд. Мутаасифона, Ҳикматовро пайдо карда натавонистам ва маҷбур шудам, ки дари дигар масъулини ҳукумати ноҳияро "кӯбам".

Як масъули ҳукумати ноҳияи мазкур, ки нахост номаш ифшо шавад, иброз намуд, ки масъалаи варзишгоҳ як баҳси дурудароз аст… Ин ҳамсӯҳбатамон қайд намуд, ки ҳуҷҷатҳои Имруддинов вобаста ба сохтмони толори варзишӣ 100 фоиз дуруст аст ва додани иттилои бештареро роҷеъ ба ҷузъиёти баҳси ин варзишгоҳ ба салоҳияти дигар мақомот рабт дод.

Мирзоамон Рофиев, прокурори ноҳияи Мастчоҳ дар робита ба ин мавзӯъ иттилоъ дод, ки бо мақсади ободу зебо ва дар оянда барои истифодаи сокинони ҳамин маҳал, тибқи қонунгузории ҷорӣ майдони варзишии мазкур бо қарори раиси ноҳия таҳти №37 аз 20-уми январи соли 2011 барои сохтмони толори варзишӣ ва майдони варзишӣ ба сокини ҳамин ҷамоат-Иморуддинов Шукриддин вобаста карда шудааст. Дар ҷавоб ба аризаи шикоятии як гурӯҳ сокинони ҷамоати деҳоти "Мастчоҳ" аз ҷониби прокуратураи ин ноҳия гуфта шудааст, ки зимни санҷиш муқарар гардид, ки Имориддинов бе гирифтани сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин бархилофи моддаи 17 ва 18-и кодекси замин ба сохтумони толорӣ варзишӣ шурӯъ кардааст, ки аз ҷониби масъулини кумитаи замини ноҳия дастур дода шуд, ки то гирифтани сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин, дар қитъаи замини мазкур корҳои сохтмониро манъ намояд. Яъне Имоуддинов баъди чанд муддат, ки сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро мегирад, боз дубора сохтмонро идома медиҳад.

Бо даъвати прокурори ноҳия Иморуддинов баъди як рӯз ба прокуратура омад ва сӯҳбат атрофи варзишгоҳу қазияи марбут ба он оғоз гардид. Имориддинов мегӯяд, воқеан ҳам дар оғози сохтмони толори варзишӣ сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро надоштааст. Ба қавли номбурда, 40 ҳазор сомоние, ки дар бонк супоридааст, умуман ба варзишгох рабт надошта, балки он андози заминҳои худаш будааст: "Ман ба шартҳои гузоштаи сокинони гирду атрофи ҳамон варзишгоҳ низ розӣ шудаму имзо гузоштам, Онҳо мехоҳанд ман варзишгоҳро хусусӣ накунам, танҳо толори варзишие, ки сохтмонаш идома дорад, ҳамонро хусусӣ кунаму бас. Ҳамон тавре ки онҳо мехоҳанд, ҳамон тавр аст, ман розӣ шудам".

-Шояд як нофаҳмие шудааст,- афзуд Иморуддинов дар мавриди норозигии сокинони атрофи варзишгоҳ. ӯ иброз дошт, ки ман аз барвақт дар фикри сохтмони як варзишгоҳ будам ва худам хоҳиш кардам, ки маро ба мулоқоти президент равон кунанд".

Аммо як соҳибкори дигар бо исми Султонвалӣ Султонов бархе аз гуфтаҳои Иморуддиновро рад намуда, мегӯяд, ки бо қарори АХД "Сомониён" аз 20-уми майи соли 2009 варзишгоҳи хоҷагии мазкур ба яке аз бародарони ӯ вобаста карда шуда буд. Баъд аз он бо мактуби раиси ҷамоати Мастчоҳ аз 9-уми августи соли 2009 таҳти рақами 257 аз раиси ноҳия Ҳикматов пурсида шудааст, ки тибқи фармони президент таҳти №1775 аз 30-юми июли 2006 сол варзишгоҳ дар мувозинати ҷамоат буда, ба харобазор табдил ёфтааст ва онро бо аризаи хаттии Иморудинов Шукруддин аз 3-юми июли 2009 -ро асос карда, ба Иморуддинов вобаста карда шавад, гуфта пурсидааст, афзуд Султонвалӣ Султлонов. Ба қавли номбурда дар маҷлиси ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии "Сомониён", ки зимни он варзишгоҳро ба бародари ӯ вобаста кунониданд, худи Мӯминов ва Иморуиддинов  иштирок доштаанд: "Худи Иморуддинов чаро дар он маҷлис нагуфт, ки варзишгоҳ аз они ҷамоат аст? Бубинед, баъд аз он ки мо аз раиси ҷамоат пурсон шудем, ки барои чӣ ба ин кор даст мезанаду ҳамчунин дар ҳамин вақт аз ӯ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи онро, ки варзишгоҳ дар тавозуни ҷамоат аст, талаб намудем. Раис ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натонист ва ҳуҷҷат ҳам надошт. Баъд аз ин сентябри соли 2009 ба қабули раиси ноҳия даромадаму ба ӯ рафторҳои раиси ҷамоатро фаҳмонидам. Дар ҷавоб раиси ноҳия ба ман гуфт, ки Иморуддиновро намешиносад ва ин масъаларо раиси ҷамоат ҳал мекунад. Баъд аз ин, ҳам раиси ноҳия ва ҳам раиси ҷамоат аз раиси ҳамонвақтаи АХД "Сомониён" талаб намуданд, ки ҳарчи зудтар варзишгоҳро ба тавозуни ҷамоат гузаронанд. Аммо раиси АХД "Сомониён" Бобо Мирзоев то ба нафақа баромаданаш моҳи марти соли 2010 ин талаботро бе розигии сокинони АХД "Сомониён" иҷро карда наметавонам гуфта, ин хоҳиши онҳоро рад намуд. Дар ин миён бо супориши Ҳасан Мирзоев, муовини аввали раиси ноҳия моҳи сентябри соли 2009 оиди ин варзишгоҳ дар АХД "Сомониён" бо иштироки сардорони хоҷагиҳои деҳқонии АХД "Сомониён" маҷлисе баргузор гардид, ки дар он худи Мирзоев Ҳасан ширкат накард". Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд: "Мирзоев Ҳасан мехост, ки дар ҳамин маҷлис бо найрангбозӣ қарори АХД "Сомониён"-ро аз 20-уми майи соли 2009 бекор намояд, аммо хоҳишиаш рад карда шуд. Бар замми он дар ҷаласаи мазкур Азиз Иморуддинов, бародари калонии Шукриддин Иморуддинов гуфт, ки ман барои иҷоиши нақшаи андози ҷамоат дар нимсолаи якуми соли 2009 ба миқдори 60.000 сомонӣ ёрдам кардаам ва Муъминов  ба ивази ин маблағ варзишгоҳро ба ман ваъда кард. Баъд аз ин маълум шуд, ки ҳақиқатан Иморуддинов Азиз 30-юми апрели соли 2009 ба ҳисоби АХД "Сомониён" 60.000 сомонӣ  супоридааст, ки аз ин кор раиси АХД "Сомониён" Мирзоев Бобо хабар надорад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз рӯзи аввали ба Мастчоҳ расиданам ба назди раиси ҳукумати ноҳия даромада будам. Ҷаноби Абдукарим, раиси ноҳияи Мастчоҳ он вақт иброз дошт, ки дар ноҳия проблемаи асосӣ ба савдо нарафтани пахтаи ноҳия ва пурра иҷро нагардидани буҷети ноҳия мебошад: "Имсол дар ноҳия дар майдони 12, 5 ҳазор гектар замин пахта кишту кор намудем, ки феълан 28 ҳазор тонна пахтаро аз саҳро чида ҷамъоварӣ намудем. Дар саҳроҳо ҳоло ҳам пахта аст. Нақшаи солонаи ҷамъоврии пахта 22 ҳазор тонна мебошад, вале имрӯз 28 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудем, яъне   зиёда аз 5 ҳазор тонна аз нақшаи пешбинишуда зиёд пахта ҷамъоварӣ кардем. Истеҳсоли пахта  нисбати соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ягона мушкилот имрӯз набудани харидорони пахта мебошад. Қариб ки харидор нест, пахтаро бо ҳосилинокии хуб ҷамъоварӣ кардаем, вале харидорон камфаъоланд. Сабаби ба савдо нарафтани пахтаи ноҳия ин барҳам хурдани биржаиЛиверпул мебошад, ки ба ҷои он "информатсионий агентства" таъсис ёфтааст. Мушкилоти дигар иҷро нагардидани буҷети ноҳия мебошад. Давоми 4 соле, ки дар ин ҷо фаъолият дорам ноҳияро буҷеташ иҷро намешавад, ки дар ин ҷо камбудиҳои мо худамон низ ҳаст. Дар бахши маориф бошад дар ноҳия ягон  мушкилӣ нест".

Холаи Оқила ҳам шикоят дорад

Аммо "ҳақиқат"-и гуфтаҳои раис ба "воқеъият"-и дидаҳои ман ҳеч рост наомад, ки наомад. Мегӯед чаро? Вақте дубора мехостам бо раис сӯҳбат кунам, дар назди даромадгоҳи бинои ҳукумат зани кӯҳансолеро вохӯрдам. ӯ, ки худро Оқила Сафарова муарифӣ кард, изҳори нигаронӣ дошт, ки синам ба ҷое расидаву мадори роҳ гаштану интизор шудани роҳбаронро дигар надорад. Холаи Оқила гуфт, ки ҳеч натавонистам ба дидори раис мушарраф шавам. Бо вуҷуди борҳо муроҷӣат карданаш ӯро ба гурӯҳи нафақагирон дохил накардаанд:  "Ман 30 сари сол дар калхоз кор кардам, шавҳарам аз дунё гузаштагӣ, як писарам дар маҳбас аст, дигар дастёре надорам, борҳо барои нафақа гирифтанам муроҷиат кардаам, вале то ҳол маро аз сабаби 5 фарзанд надоштанам ба гурӯҳи нафақахӯрон шомил накардаанд, мегӯянд барои нафақагирифтан бояд 5 фарзанд дошта бошӣ, ман 4 фарзанд дорам. Барои ҳалли ин мушкилот ҳатто ба ҳукумати ноҳия низ муроҷиат кардам, кормандони раис гуфтанд, ки барои ин кор холо раисро дидан дарокор. Бубинед, дар ҳамин ҷо ҳам пулдорҳо нафақа мегиранду камбағалҳо мемонанд". Ин зан аз мушкилоту норасоиҳои зиндагӣ шикоят мекарду радиои маҳаллии шаҳраки Бӯстон бо садои баланд аз дастоварду пешравиҳои ноҳия хабар пахш мекард. Ҳаво бошад лаҳза ба лаҳза сард мешуд, шамоли барф аз худ дарак медод. Кампири бечора ҳанӯз ҳам ҳайрон пушти дари ҳукумат меистод. Шояд дар дилаш мегуфт: "Истам, ё равам. Агар истам ях мекунам, агар равам боз мушкилотам ҳалношуда боқӣ мемонад".

Агар ман ҳам раисро бори дуввум медидам…

Ман, ки ҳам ба умеди як сӯҳбати батафсил ба назди раиси ноҳия дубора ҳозир шуда будаму ӯро наёфтам, дар дуроҳа мондам. "Истам, ё равам" маро низ думболагир буд, чаро ки аз масъулини дигари ҳукумат посухи қаноатбахшро интизор шуданам ғайривоқеъӣ ба назар менамуд.

Ҳарчанд Абдукарим Ҳикматов, раиси ноҳияи Мастчоҳро дафъаи дуввум надидаму суолҳоям бепосух монданд, ҳоло мехоҳам суолҳои беҷавобмондамро ба ҷаноби раис ирсол кунам:

1)    Агар ҳадафатон ободкориву созандагист ва шумо намояндаи президент дар маҳал ҳастед, чаро мактаби ноободи рақами 10-ро, ки тӯли 45 соли ахир рӯйи таъмирро надидааст тармиму таҷдид намекунед? Ва чаро варзишгоҳи ин мактаб 2 сол боз сохтмонаш ба поён намерасад? Оё саломатии таълимгирандагони ин мактаб солимии ҷомеъа нест? Агар Иморуддинов дар ҳақиқат ғамхору дилсӯзи варзишу беҳдошти тансиҳатии мардум мебуд, чаро ӯро ба сохмони нимбуди толори варзишии мактабе, ки ӯро таълиму тарбия намудааст,  ташвиқ накардед?

2)    Ҷаноби раис дар кадом асос варзишгоҳи собиқи колхоз (ҳамоне ки зикраш дар болотар рафту инак дар дасти шаҳрванд Шукриддин Иморуддинов ҳаст), аз тавозуни АХД "Сомониён" (ҳоло асоссатсияи хоҷагии деҳқонӣ) ба "баланс"-и хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия гузашт ва аз ин ниҳод ба Иморуддинов вогузор шуд?

Алишер Зарифӣ,

Душанбе-Мастчоҳ-Душанбе

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)