Бахшҳо
08 дек 2011 09:29Сиёсат

Путин Раҳмонро чи гуна қабул мекунад?

Сафари карибулвуқӯи президенти Тоҷикистон ба Русия мавриди баҳсҳо қарор гирифтааст.

Интизор меравад, нимаи дуввуми моҳ президети Тоҷикистон ба Маскав сафар намояд.  Сафари мазкур дар доираи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ЕврАзЭС ва ОДКБ сурат мегирад.  Дар ҷараёни ин нишастҳо мавзӯҳое чун комилсозии фаъолияти созмонҳои номбаршуда ва 20 солагии таъсисёбии ИДМ баррасӣ хоҳанд шуд. Аммо дар Душанбе ва Маскав ба сафари Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад. Инро коршиносон ба чанд омил нисбат медиҳанд. Аввалан, пас аз қазияи халабонҳо  ин аввалин сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав  хоҳад буд. Дуввум, интихоботи парлумоние, ки рузи якшанбеи гузашта дар Русия сурат гирифт, ба саҳнаи сиёсати расмиву амалӣ баргаштани Владимир Путинро  комилан таъмин кард. Ҳамчунин сафарҳои пайопайи масъулини баландпояи кишварҳои ғарбӣ ба Душанбе, дар матбуот ва доираҳои коршиносии Русия ба сифати "ғарбгаро" шудани Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.

Аз ин нуқтаи назар таҳлилгарон ба сафари пешорӯи президенти Тоҷикстон таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд ва онро "таърихӣ" низ меноманд. Мисли мулоқоте, ки тобистони соли 2004 дар Сочи байни Раҳмон ва Путин иттифоқ афтода буд.

Welcome to America! Go out Russia!?

1-уми декабр пас аз маъракаи қасамёдкунии президенти навинтихоби қирғиз Алмосбек Атамбоев,  РобертБлейк , ёвари вазирикорҳои хориҷии ИМА, воридиТоҷикистон шуд. Гуфта мешаавад, ин сафар қаблан тарҳреизинашудабудааст. Аз ин нуқтаи назар, матбуоти Русия навишт, ки Амрико боз ҳам мавзӯи бунёди пойгоҳи низомиро баррасӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки РобертБлейк баъд аз сӯҳбати худ бо президенти Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, бунёди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон умуман мавриди баррасии онҳо набуд. Вале матбуоти русӣ ба "ғайримунтазира" будани ин сафар ва сафари чанде қаблдоштаи генерали дигари амрикоӣ Винсент Брукс ишора намуда, гуфтаанд,  ИМА феълан мавзӯи ҷиддитар азбунёди пойгоҳҳи низомии худ дар ОсиёиМиёнаро надорад. Зеро аллакай хуруҷи неруҳҳои амрикоӣ аз Афғонистон шурӯъ шуда, интизор меравад, тосоли 2014 онҳо аз ин кишвар ба тамом берун раванд. Азбаҳсҳои таҳлилгарон чунин бармеояд, ки ҳоло ИМА талош дорад, ё дар ӯзбакистон ёдар Тоҷикистон пойгоҳи низомии худро дуруст кунад. Аз Қирғизистон, кишваре, ки Роберт Блейк пас аз қасамхурии президенташ вориди Душанбе шуд, ИМА гӯё умеди худро кандааст. Зеро ба навиштаи таҳлилгарон Алмосбек Атамбоев, маҳз бо дастгирии Владимир Путин басари қудрат нишаства шарти раҳбарияти Русия, инбуда, ки низомёни Амрикоиро аз хоки хеш бадар кунад. Он кореро, ки Қурбонбек Боқиев президентии фирории қирғизв аъдакарда буд, аммо иҷрояшро зери суол бурду оқибат солее қабл дар пайи як инқилоб аз кишвар фирор намуд.

Дуруст аст, ки доираҳои русӣ, Душанбеи расмиро аз соли 2006 ба ин тараф  "ғарбгаро" меноманд.  Мақомоти тоҷик бошад, бо ишора ба сиёсати дарҳои бози худ, дар самти сиёсати хориҷиаш мегӯяд, онҳо Русияро то ҳанӯз шарики  стратегӣ меҳисобанд, аммо  наметавонанд, бидуни ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар фаъолият кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Маскав аз Душанбе умедҳои бештаре дорад ва Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ дар созмонҳои нав таъсисдодаи худ аз ҷумла Иттиҳоди гумрукӣ ва Авру Осиё даъват менамояд. Дар Ғарб ин фаъолиятҳоро ба назарияи нави Путин марбут дониста мегӯяд, президенти  ояндаи Русия нияти бунёди СССР-и нав  дорад. Дар  ин росто аз Тоҷикистон ва ҳукумати он талоши бештар тақозо мешавад. Аммо роҳбарияти сиёсии кишвар дар посух ба онҳо шитоб надорад. Дар Душанбе мутмаинанд, ки сиёсати президент нисбати Тоҷикистон "бештар эҳсосотӣ" буд ва аз ин хотир бо омадани Путин он хусусияти амалгароёна  хоҳад дошт. Вале дар Маскав таҳлилгароне ҳастанд, ки мегӯянд, Кремл дар Осиёи Миёна танҳо як мушкил дошт ва он ҳам дар Бишкек. Бо омадани раҳбарияти нави қирғиз гӯё  ҳамаи суолҳои Маскав  посухи  худро дарёфтанд. Феълан мақомоти Русия посухи ҳамчунинро аз раҳбарияти Тоҷикистон  интизоранд. Хоса пас аз он қазияи халабонҳо нишон дод, ки равобити байни ду кишвар на он гунаест, ки дар сӯҳбатҳои расмӣ баён мешавад. Ва Русия низ анун Путинро раҳбари ояндаи хуб интихоб кард, маълум аст, ки маҳз аз рӯи сиёсатҳои ӯ амал мекунад. Дар ин сурат Душанбе ба Маскав бояд чӣ посухе бидиҳад. Бештар аз ин Русия аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?

Таҳлилгарони тоҷик чӣ мегӯянд?

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили парлумон, мегӯяд, ки сафари Раҳмон ба кишвари Русия қаблан, яъне кабл аз қазияи халабонхо таҳрези шуда буд. Вале  зимни  ин мулоқот дар атрофи  халабонҳои рус  ва мавзӯи нерӯгоҳи Роғун ҳатман баҳс доир хоҳад гашт. Бояд ба назар гирифт, ки Тоҷикистон аз Русия сахт вобаста аст. Мо нисбати  Амрико бо  Русия  муштаракоти бештаре дорем.Бо Амрико моро на дин, на мазҳаб ва на таърих ва на чизи дигаре  пайванд намекунад.Вале Русия кишварест, ки абаркудратии худро дар ҷаҳон аллакай исбот кардааст.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ бошад, ба ин назар аст,ки Тоҷикистон нисбат ба Амрико бояд ба Русия бештар такя кунад. Зеро аз ҷониби Русия манфиати бештар мебинад. Қазияи халабонҳо як бори дигар заиф будани сиёсати Душанбе нисбати Маскавро ошкор кард. Ин қазия ҳатто ба истиқлолияти  Тоҷикистон зарбаи сахт зад, мегӯяд раиси ҲСДТ. Ва ҳамчунин афзуд,  дуруст аст, ки Русия ба сифати як кишвари абарқудрат мехоҳад, ба ҳама ҳадафҳои худ бо роҳи нишон додани зурӣ бирасад.  Ин яке аз роҳҳои расидан ба ҳадафҳои геополитикии онҳост ва русҳо мутмаин шудаанд, ки танҳо бо ин роҳ метавонанд ба ҳадаф бирасанд. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳар минтақаи дигаре, ки зери манфиати геополитикии онҳо қарор дорад.  Аз ин нуқтаи назар Тоҷикистон бояд ба талошҳои Русия ва Амрико аз он нуқтаи назар баҳо диҳад, ки кадоме ба манфиатҳои милливу давлатиаш наздик аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)