Бахшҳо
14 дек 2011 04:29Муҳоҷир

Муҳоҷирони рӯ ба раҳми Худо

Мушкинисо сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аст, ки 11 сол боз дур аз ёру диёр дар шаҳри Челябински Русия ба таври мавсимӣ ранҷи муҳоҷират мекашад.Тайи ин муддат гоҳ-гоҳе ба Ватан меояд, аммо барои на бештар аз 2 моҳ дар Тоҷикистон меистаду бас.   Бону мегӯяд, дар Ватан дар назди модари пирам ва ягона фарзандам, ки  Худованд ӯро дар чилсолагиам ба ман ато кардааст, бо сабабҳои душвори вазъи хонаводагӣ зиёд ҳузур дошта наметавонам. Ва барои сариштаи рӯзгор боз ба Русия мераваму кунҷи бозорро иҷора мегирам. Аммо дар ғурбат ҳам ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавам, на он монеъаҳое, ки мақомоти зирабти Русия эҷод мекунанд, балки… -Хуб метавонед, рӯшантар ҳарф занед? Дар Русия чӣ мушкил доред ва ба чӣ ишора карданиед? -11 сол қабл, вақте ки бори аввал ба ин шаҳр (Челябинск) рафтам, вазъияти муҳоҷирини тоҷик мушкилтар буд. Чун дигар халқияту миллатҳои Русия ба тоҷикон имконияти тиҷорат намедоданд. Бинобар ин дар ин бозор задухӯрде миёни тоҷикон ва дигар миллатҳои ғайри рус ба вуқўъ пайваст, ки  ҳатто як нафар тоҷик дар назди дарвозаи бозори Каширини ин шаҳр шаҳид шуд.Ба ҳар ҳол, баъдан муносибат хуб шуду корҳо ҳам ранги дигар гирифтанд. Агар ягон нафар бемор мешуд, ё аз дунё мегузашт, тоҷикон дастаҷамъона маблағ ҷамъоварӣ намуда, майити ўро ба Тоҷикистон мефиристониданд. Аммо 2-3 соли охир, як нафар тоҷик бо номи Ривоҷиддин Маҳмадов бозорро монополия намудааст ва тоҷиконро бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин шаҳр тарс додааст. Ҳоло касе ҷуръати бо ў ҳарф заданро надорад. Он кас миллати моро низ дар назди мақомоти рус бад кардааст, ки гўё тоҷикон ҳамагӣ дузду авбошу нашъаҷаллобанд. Хуллас, обрўи тоҷик дар назди директори бозор паст шудааст. Ҳамчунин, солҳои ахир мо барои вориди бозор шудан иҷозаро аз ҳамин ҳамватани худ бигирем. Ӯ ба зиёрати хонаи Худо рафта, ҳоҷӣ шудааст, аммо заррае меҳру муҳаббати инсонӣ ба ҳамватанон надорад. Борҳо шоҳид будам, ки ҷавонони тоҷикро мавриди лату кўб қарор дод. Касе саркашӣ кунад, ўро бо зурӣ ва шиносҳояш депортатсия ё аз ин шаҳр берун мекунанд.Бояд бигӯям, ки Маҳмадов зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ буда, ҳоло шаҳрвандии Русияро гирифтааст… Моҳи феврали соли равон ба Челябенск рафтаму моҳи апрел  ба кор пардохтам, вале маро таввасути «охранник»-ҳо  (қаровулҳо) аз бозор пеш карданд. Илова ба ин Ривоҷиддин Маҳмадов ба ман занг зада дашномаҳои қабеҳ  дод. Падарамро дашном намуд, ки падарам солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шаҳид шудаасту то ҳол ман талош карда истодаам, ки ятимҳои аз падарам мондаро соҳиби кору нону хонаву ҳамсар намоям, инҳоро Ривоҷиддин хуб медонад. -Мегуфтед, ки Ҳоҷӣ Ривоҷиддин дар ҳамин бозор чанд сол боз кор мекунад ва ба кадом роҳ тавонист нуфузашро боло бараду дигар тоҷиконро аз худаш вобаста гардонад? -Чандин сол аст, ки Ҳоҷӣ Ривоҷиддин дар ин шаҳр кор мекунаду ватандори ин шаҳр гардидааст. Обрўяш аз ҳисоби тоҷикон аст, ки бо зиракиаш ба даст овардааст. Ў бе ҳаммилатонаш ҳеч аст.Дар бозор кор мекард, пулдор шуд ва тағйир ёфт. Аввалҳо беҳтарин одам буд. Ҳар нафареро медид, дудаста салом мекард, вале ба ин сатҳ расиду найрангҳояш сар шуд. -Бозор ҳам ба худ низом дорад, харидории фурўшгоҳ дар бозор андоз ва дигар меъёрҳое ҳастанд, ки агар онро риоя намоӣ, фикр мекунам мушкилӣ бояд набошад? -Намедонам, ки дар бозор тавассути пул бошад ё чизи дигар гапи худашро қонун кардааст. Агар ҳар нафар ба ин ҳоҷӣ итоат накунад аз бозор ронда мешавад. Муносибати ман бо  ҳоҷӣ аз он сабаб сард гашт, ки ў ҳаққи иҷораи аробаеро, ки занҳои тоҷик дар он қаҳваву дигар  хӯрданиҳо омода намуда, ба мардуми дохили бозор мефурўшанд, аз 15 ҳазори русӣ то ба 80 ҳазор рубл расонид. Барои ин масъала муносибати ман бо ҳоҷӣ вайрон шуд. Бинобар ин директори бозор фармон дод, ки маро аз бозор ронанд. -Дар ин бозор чӣ қадар тоҷикон ба тиҷорат машғуланд ва чанд нафари онҳо аз дасти ин нафар пушти дари бозор мондаанд? -Агар хато накунам наздик ба 2 ҳазор нафар тоҷик дар бозор ба ҳар кор машғуланд. Қисме савдо, қисме аробакашӣ ва дигар корҳоро дар ин бозор анҷом медиҳанд. Аввал ҳама тифоқ буданд, якдигарро дастгирӣ мекарданд. Вале аз вақте ин нафар омад, парешонӣ пайдо шуд. Алайҳи тоҷикон ҷанг эълон кард, агарчи ҳама даромадаш аз ҳисоби ҳамин тоҷикон аст. -Ба ҷуз маблағи кироя ва андоз тоҷикон боз ба ҳамин ҳоҷӣ маблағи иловагӣ пардохт менамоянд? -Бале, аксарияташ пардохт менамояд. Вале мо ки базӯр каме пул ҷамъоварӣ менамоем, имконияти додани пули иловагӣ ба ин нафарро надорем. Чун ҳоло барои ононе, ки дар бозоранд қаҳваву хӯрокҳои сарироҳӣ омода мекардем. Вале ў маро тарс дод, ки аз ин шаҳр гумат мекунам. Ҳеч кас ғайрати гуфтани ҳақиқатро намекунад.Замоне, ки ў алайҳи тоҷикон ҷанг эълон кард, мо ба конусулгарии Тоҷикистон дар Свердловск  ба Парвиз Худойназаров занг зада  қазияро фаҳмонида будем. -Чӣ гуна ҷанг? Тоҷикон ба ду гурўҳ тақсим шуда, гиребони якдигар гирифтанд? -Не, халқи камбағале, ки мехостанд гуноҳҳои ин нафарро ба рўяш гўянд, алайҳи онон ҳоҷӣ ҷанг эълон кард. Чандин нафаронро мавриди латукўб қарор дод, вале намедонам, ки дар атрофаш киҳоро ҷамъ карда бошад. Шояд хешу табораш бошанд ё ин ки пул додаву ҷанговар киро мекунад. Ононеро ки ба чунин ҳол расонидаву маъюб карданд боз тарсидониданд, ки агар дар ҷойе шикоят намоед аз ин шаҳр гум мешавед. Як нафар тоҷике, ки ба фикрам аз Душанбе  ё Ваҳдат буд, ўро латукўб карда буданду ман ба беморхона бурдам. Маълумотномаҳои духтур додаро ба намояндаҳои президент, ки чанде пеш рафта буданд ба онҳо пешинҳод кардем, вале намедонам ба кадом роҳе ҷабрдидаро тарсонида буданд, ки он нафар тарсида бо гиря баёноташро бозпас гирифт. Аксарияти бачаҳои тоҷик ин ҳолро дидаанд. То ҳадде ононеро ки дар ин бозор савдо мекунанд рўҳафтода кардааст, ки дигар гап зада наметавонанд. Вақте ба намояндагони президент ошкор дар бораи ин ҳоҷӣ шикоят кардам, дигарон бо ман салом намекарданд, ки ту воқеиятро гуфтию агар ҳоҷӣ бо ту салом кардани моро бубинад, моро аз ин бозор пеш мекунад. 9-10 моҳи ахири имсол ман бо хориву зорӣ роҳкироро кор карда омадам. Имсол бори аввал аз набудани имконият ман таввасути автобус тули ҳашт рўз ба зодгоҳам расидам. -Нисбат ба дигар миллату ақалиятҳое, ки дар ин бозор кор мекунанд, ҳамин гуна саддгузориҳо дида мешавад? -Баъзеҳояш метарсиданд. Вале на ҳамаи онҳо аз ин ҳоҷӣ вобастаанд. Чун онҳо намояндагӣ доранд, соҳиб доранд…То раиси диаспораи тоҷикон медонад, ки кор ба ин сатҳ расидааст. Вале натавонистанд, ки садди роҳаш шаванд. -Пас кӣ метавонад авзоъро беҳбуд бахшад? -Умед дорем, ки  президентамон, кафили ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар, ҳукумати Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор оид ба муҳоҷират  аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷики дар Чилябинскбуда дифоъ мекунанд. Мо муҳоҷирин бо умеде ҳиҷрат аз Ватан кардем, ки кор карда, як бари зиндагониамонро бардорем, Ватанамонро обод кунем.Ман ҳам дўст надорам, ки модари беморамро рўйи бистари беморӣ гузошта, ба муҳоҷират равам. Омодаам, ки дигар ба Русия барои кор наравам, вале дилам барои ҳаммилатонам, ба ҳоли он бачаҳои ғарибу бепуштибон месўзад. -Мо ҳам умедворем, ки муносибат ҳамвор шаваду тоҷикон дар ҳамаҷо дастгири якдигар бошанд. Мусоҳиб: Сафарбек Кабиров
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)