Бахшҳо
14 дек 2011 04:34Гузориш

Журналистикаи тоҷик ва ҷомеаи муосир

Дар солҳои 90-уми асри гузашта журналистикаи тоҷик ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз ҷомеаи Тоҷикистон пештар рафтанд, аммо ҷомеаи Тоҷикистон ба он омода набуд…

Созмони ҷамъиятии «Журналист» бо кӯмак ва дастгирии шӯъбаи тоҷикистонии Иниситути Ҷамъияти кушода-«Бунёди Мадад» дар мавзӯи «Мутобиқгардонии стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои журналистӣ ба низоми кредитии таҳсилот” мизи мудаввар баргузор кард. Мавзӯи асосии ин нишаст мусоидат   ба таҳияи стандартҳои нави таълимии ихтисосҳои журналистика ва бо ҳамин роҳ таъмини рақобатпазирии мутахасисони соҳа буд, ки дар доираи лоиҳаи «Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои бахши журналистӣ ба стандартҳои байналмилалӣ» баррасӣ карда шуд. Нишасти мазкур бо ибтикори СҶ “Журналист” ва бо даъвати роҳбарият ва устодони факултаву шӯъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳо, Вазорати маорифи Тоҷикистон, журналистон ва коршиносони соҳа баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаҳои мутасаддиён, коршиносон ва дастандаркорони татбиқи низоми кредитии таҳсилот, баҳсу мунозира, табодули афкор перомуни зарурати таҳияи “Стандарти давлатии таълимии ихтисосҳои журналистӣ” вобаста ба тақозои талаботи низоми кредитии таҳсилот сурат пазируфт.

Ҳамзамон, баҳсҳо дар мавриди вазъи кунунии журналиситикаи тоҷик ва нарасидани кадрҳои рӯзноманигорӣ ба миён омад, аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки доир ба ин мавзӯъ назари шахсонеро бифаҳмем, ки бевосита ба тайёр намудани кадрҳои ояндаи рузноманигорӣ машғуланд.

Ду омили таъсиррасон

Қироншоҳ Шарифзода, райиси СҶ «Журналист», ҳамзамон устоди ДМТ зимни сӯҳбат гуфт, ин нишасте, ки имрӯз баргузор намудем, ба он хотир аст, ки аз ин ба баъд барои омода сохтани кадрҳои журналистӣ ва ба бозори меҳнати муосир мутобиқ сохтан ва ҷавобгу будани онҳо равона шудааст. Яъне вазъи нигаронкунанда имрӯз ба ҳама маълум аст. Назарпурсие, ки мо дар байни муаллимони шӯъбаҳои рузноманигорӣ ва ҳам дар байни кормандон ва роҳбарияти воситаҳои иттилооти омавии ҷумҳурӣ бори дигар нишон дод, ки мутаасифона имрӯз вазъи омодагии касбии дастпарварони факултет ва шӯъбаҳои журналистика ба талабот ҷавобгӯ нест. Чун кадр дар ҳама ҷо муҳим аст бинобар ин вақте ки кадрҳо,  ё журналистони хушсалиқаи ҷавобгӯи  талаботи замон набошанд, албатта вазъи ин ё он нашрия ё радиову телевизион ҳам дар ҳамин ҳол ногувор боқӣ мемонад. Бинобар мо мехоҳем, ки пеш аз ҳама асоси таҳсилу тарбияи кадрҳои журналистӣ дар донишгоҳҳои олӣ аввал стандартҳои ихтисос ва стандартҳои таҳсилро ба талаботи замон мувофиқ созем. Албатта, вазъи ҳозираи воситаҳои иттилооти оммавӣ дар умум гӯем, гӯё «қаноатбахш» аст, чунки дар ин ҷо ду омил таъсир мекунад: Омили аввал, ин ки он кадрҳое, ки собиқа доранд, аз як ҷониб таҷрибаи худро доранд ва аз ҷониби дигар чизи хушбинкунанда он аст, ки ҷавононе, ки имрӯз дар нашрияҳову радиову телевизион фаъолият мекунанд ба ҳар ҳол аз назари ҷаҳонбинӣ ё муносибат ба кори касбӣ нисбат ба дигарҳо пешқадамтаранд. Ҳамин ду омил агар бо ҳам созиш  кунанд, дар ҳар нашрияе, ки бошад дар он ҷо фазои эҷодии хуб ҳукмрон мешавад ва натиҷаҳои дилхоҳ низ ба даст меоянд.

Ҷаноби Шарифзода дар масъалаи нарасидани кадрҳои журналистӣ андешаи худро баён намуда изҳор дошт, ки аз як ҷониб нарасидани кадрҳоро шарҳ додан мушкил аст, зеро ки ба ғайр аз факултети журналистикаи ДМТ  ва шӯъбаи журналистика дар донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва донишгоҳи давлатии Хуҷанд боз панҷ донишгоҳи дигари Тоҷикистон бо ин ё он васила ихтисосҳои журналистро таълим медиҳанд ва гӯё кадр тайёр мекунанд, вале аз ҷиҳати дигар дар минтақаҳо камбуд будан ё ҷо надоштани кадрҳои журналистӣ ба он вобаста аст, ки дар донишгоҳҳои минтақаҳои мо, мутаасифона, базаи таълимиву тарбиявии кадрҳо дар зинаи поён қарор дорад. Пеш аз ҳама дастрас набудани воситаҳои технологияҳои имрӯза дар минтақаҳо эҳсос мешавад ва ин албатта барои ба касби оянда омода шудани донишҷӯён садди роҳ мегардад.

Журналисту замон якдигарро пурра мекунанд

Дар ҳамин ҳол, Сангин Гулов, мудири кафедраи байналхалқии шӯъбаи рӯзноманигории ДМТ вазъи ҷомеаро бо авзои журанлистика дар як тарозу гузошта мегӯяд, ба андешаи ман сатҳи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар ҳамон сатҳе қарор дорад, ки   ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорад. Чун воситаҳои ахбори омма ин оинаи ҷомеа ҳастанд ва дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон инъикос меёбад ва аз ҳамин хотир мо наметавонем гӯем, ки воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Аз ин хотир ман ба андешаи онҳое, ки аз воситаҳои воситаҳои ахбори омма ва аз фаъолияти журналистон изҳори нигаронӣ мекунанд, чандон мувофиқ нестам: «Зеро журналистикаи тоҷик дар сатҳи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Агар журналистон аз ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон пеш раванд дар он ҳолат мо ба ҳамон андешае мерасем, ки ибтидои солҳои 90-ум расида будем. Яъне дар солҳои 90-ум журналистикаи тоҷик ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз ҷомеаи Тоҷикистон пештар рафтанд, он ислоҳоте, ки онҳо мехостанд, ҷомеаи Тоҷикистон ба он омода набуд».

Дигар ин ки албатта дар журналистикаи тоҷик мо мебинем, ки бисёр камбудиву норасоиҳо ҳастанд, масалан баъзан мавридҳо мавзӯъҳоро аз ҳад мегузаронем, яъне ба ҳадди ифрот мерасонем. Баъзе мавзӯъҳои дигари мо аз ҳад зиёд таърифӣ ҳастанд, ки мо бояд дар ин ҷо ҳадди миёна, ҳадди эътидолро бояд риоя кунем, яъне на дар танқид ва на дар таъриф ба ҳадди ифрот нарасонем. Ин ҳам ба виҷдони ҳар журналист вобаста аст, ки то кадом ҳад мавзӯъро баррасӣ мекунад ва аз кадом зовия ба он ворид мешавад, мегӯяд Гулов. Номбурда мӯътақид аст, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистонро шахсони зиёде бо дипломи журналистӣ хатм мекунанд, аммо дар байнашон журналистоне, ки ба талаботи рӯз ҷавоб гуфта тавонанд, хеле кам ҳастанд. Бо вуҷуди он ки воситаҳои ахбори оммаи кишвар талош доранд, ки дар тайёр кардани кадрҳои журналистӣ ба факулта дасти мадад дароз кунанд, аммо муваффақият на он қадар чашмрас аст. Имрӯз дар воситаҳои ахбори оммаи давлатву хусусӣ шароитҳои муайяне барои журналистон омода ҳастанд, ягон воситаи ахбори оммаро наметавон номбар кард, ки ба тайёр кардани кадрҳои журналистӣ бетараф бошанд. Онҳое, ки бо усули шартнома таҳсил мекунанд ва гумон доранд, ки дипломи журналистиро гирифтан аллакай соҳибкасб шудан аст, сахт иштибоҳ мекунанд. Аз ин рӯ  донишҷӯёнро зарур аст, ки вақтро ғанимат донанд ва аз пайи омӯзиш шаванд.

Ашуралӣ Хайров, сардори маркази сабти низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ҳам ба андешаҳои ду мусоҳиби дигари мо ҳамфикр аст. Ӯ мегӯяд, ба назари ман айни замон тайёр намудани кадрҳои соҳаи журналистика ба талабот ҷавобгӯ нест, яъне «хуб» гуфтани омодасозии кадрҳо хато аст: «Ба андешаи ман хуб мешуд, ки рӯзноманигорони ояндаро на омехта, балки чун журналистони соҳавӣ тайёр мекарданд, бисёр хуб мешуд ва дар вақти тайёр кардани кадрҳо стандартҳои рӯзноманигори радио, телевизион ва матбуот аз якдигар бояд фарқ кунанд».

Ибодуллоҳи Тоир

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)