Бахшҳо
14 дек 2011 04:39Гузориш

“Ғаши кӯдакона” -и президент

Бо ин “ғаши кӯдакона”- аш ӯ аз Ғарб чиро интизор буд ва оё ба мақсадаш расид, инро худаш медонаду бас...

 

Дар арафаи бозгашти президенти “кӯҳнаву нав”-и Русия Владимир Путин ба Кремл ҳамтои феълии ӯ Дмитрий Медведев бо изҳороти шадиди худ дар хусуси ҷойгиркунии нерӯҳои зиддимушакии ҳавоӣ тавофуқномаи миёни Амрикову Русияро, ки аз сӯи худи ӯ ва Борак Обама ба имзо расида буд, аз беху бунаш пароканда кард. Дар хусуси порашавии муносиботи миёни Русияву Амрико ва махсусан дар хусуси пурра фано шудани лоиҳаи маъруф ба “Перезагрузка” баъди ин шартгузориҳои Медведев аллакай ВАО ба таври ошкоро навиштан доранд. Президент Медведев, ки ихтиёран аз ширкат дар сабқати навбатии раисҷумҳур ба манфиати дӯсту устодаш Владимир Путин, ки дар изҳорот ва умуман муносибот бо ғарб, бахусус дар мавриди ҷойгиркунии НЗМ (Нерӯҳои зидии мушакии ҳавоӣ) аз лаҳни шадидтар ва усулу услубҳои ҷиддитару фаврӣ кор мегирад, даст кашид, бо ин изҳорот ва тасмимоташ дар арсаи сиёсати байналмиллалӣ барои худ боз чанд холи “манфӣ” касб кард.Аммо коршиносони умури сиёсӣ ақида доранд, ки ин низ як навъ тадбири сиёсӣ ва роҳкушоӣ барои доҳии ҳизби “Русияи воҳид” ва асосгузори “клани Питер” мебошад.Бо ин вуҷуд матбуоти ғарб, дар қиболи изҳороти Медведев чанд ҳадис пеш оварда, ҳар кадом ба таври худ онро баррасиву таҳлил намудааст.

The Wall Street Journal дар ин мавзӯъ бо навиштани сармақолае ин изҳороти Медведевро “ғаши кӯдакона” номида  гуфтааст, Русия нодӯстони худро дар Ғарб бидуни мантиқ ва бар хилофи амнияти худаш омехта кардааст.Барои Русия таҳдидҳои ҷиддитаре мавҷуд ҳастанд, ки аз ин таҳдидҳои “бофтаи” ӯ (манзур Медведев-А.Ф.) дида барои амнияти ин кишвар таъсири бештар доранд, менависад InoPressa. Ба қавли ин расона таҳдиди бештару ҷиддиро Русия бояд аз муслимини ҷануб ва Чини шарқ интизор шавад ва аз ин рӯ Русияро зарур аст, то муносиботи ҳасанаву густурдаро бо Амрикову Аврупо роҳандозӣ намояд, на ин ки бо онҳо мухолифат биварзад.

Таҳдиду манфиатҳо дар як палла

Чаро чунин изҳороти Медведев дар давраи барои ин кишвар ҳассосу тақдирсоз, вақте ки ба интихоботи порлумонии сипаришуда танҳо 2 ҳафта ва барои интихоботи президенти камтар аз 5 моҳ монда буд, садо дод? Ба андешаи ин ҷониб сабабро дар муносиботи сиёсии дохилӣ ҷустан лозим аст. Кобинаи Кремл аз он ки аз фалаҷшавии сохтори сиёсии Ҳукуматаш дар дохили кишвар дар ташвиш аст, бозиҳои миллатгароёнаро гардон карда, бо ин роҳ мехоҳад каме ҳам бошад, таваҷҷӯҳи мардуми норозӣ аз тандембозиву “ҷойивазкуниҳо”-ро бо бонгзаниву тарғибот дар асосҳои миллӣ сӯи дигар бикашад. Аммо ғарб ақидаеро тараннум дорад, ки бо ҳукумати авторитарие, ки сиёсаташро дар асоси бартарият додани миллати таҳҷоӣ роҳандозӣ менамояду аз ҳамкориҳои мутоқобилаи байналхалқӣ манфиатдор нест, эътимоду дустӣ поянда нахоҳад буд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ақидаҳои нафрат ба мардумони миллатҳои дигар, ба хусус сокинони ғайрируси ҷумҳуриҳои қафқозӣ ва муҳоҷирини мусулмон дар барномаҳои пешазинтихоботии тамоми аҳзоби сиёсии ин кишвар ба таври навиштаву шифоҳӣ ҷойи махсусу калидиро доро буд. Гузашта аз ин ягон баромаду мубоҳисаҳои пешазинтихоботии сиёсатмадорони ин кишвар бе таҳқири миллатҳои дигар, Амрико, мусулмонон баргузор намегашт. Бо як ҷумла метавон гуфт, ки интихоботи порлумонии доиршудаи Русия соропо як маъракаи тарғиботи фашизм ва миллатгароӣ буду бас, ки аз он ҳар касе, ҳатто ҳизби коммунисте, ки шиори асосиаш “дӯстии халқҳо” буд,  чӣ қадаре ки тавону имкон дошт, истифода карда бар сари миллатҳои дигару нажодҳои дигару гаравандагони адёни дигару парварандагони эътиқодҳои дигар борони нафрату таҳвинро рехта карданд.

Ва боз ҳам Путин

Яъне, метавон гуфт, ки дар Русия баъди чунин тарғибот пайдо гаштани аҳзоби миллатгаро аз эҳтимол дур нест, чун нерӯҳои сиёсие бар курсии вакилӣ нишастанд, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ боҳарорат аз ормонҳои миллатгароии худ бо даҳони пуркафк сухан мегуфтанд. The International Herald Tribune истинодан ба чанд гуфтаи Путин дар хусуси “дар симои Амрико ва тавонмандии он дидани мушкилоти рақами 1- и сайёра” маънидорона навиштааст, ки Путин дар интихоботи президентии навбатӣ дар чеҳраи Борак Обама довталаби эҳтимолиро ба курсии президенти Русия мебинад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чанд гоҳи охир Кремл дар чанд ҳолат ба пешниҳодоти Амрико, хоҳ ба манфиаташ ҳаст ё не, ошкоро мухолифат мекунад. Мухолифат дар тасмимоти НАТО ва Амрико дар қиболи Либиё, таъминоти Суриё бо яроқи вазнин дар ҳоле ки ними ҷаҳон таҳримот болои ӯ ҷорӣ мекунанд ва акнун дастгирӣ аз Эрон, пешниҳод дар хусуси бастани роҳи кашонидани кӯмак ба нерӯҳои Эътилофи шимол дар Афғонистон баъди  канда шудани муносибот бо Покистон ва акнун таҳдиди рӯирости Медведев дар бораи ҳанӯз аввали кор будани чанд гоми ахир ва фаъолкунии нерӯҳои зарбазан дар сарҳадоташ чанд намунаи он мебошанд. Аммо аҷибаш он аст, ки дар қиболи ин ҳама эътирозу изҳоротҳои Кремл аз мақомоти расмии Аврупову Амрико ба ҷуз як изҳороти кӯчаке, ки дар симои Русия шарику дӯсти худро мебинад, садое баланд нашуд.

Медведев бо ин “ғаши кӯдакона”- аш аз Ғарб чиро интизор буд ва оё ба мақсадаш расид, инро худаш медонад. Не, хато кардам, боз як каси дигар: Путин. Ҳамин тавр не? Боз кӣ ҳам мешуд...

Абубакри Файзалӣ, Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)