Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:14

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба қазияи Усмонов расидагӣ мекунад

25 июн 2011, 04:25

Ҷаласаи навбатии Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри дирӯз баргузор гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз дастгоҳи макрказии Шӯрои мазкур иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаҳо дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО, лоиҳаи «Шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», муроҷиати намояндагии Би-Би-Сӣ вобаста ба қазияи хабарнигор Урунбой Усмонов, аризаҳо барои узвият ба Шӯрои ВАО ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан, раиси Шӯро Зинатуллоҳи Исмоил ва Дабири кулли ин ниҳоди журналистӣ Сангини Гулзод гузориш доданд. Барои баррасии муроҷиати намояндагии Би-Би-Сӣ дар ҳайати аъзои Шӯро Марат Мамадшоев, Рустами Ҷонӣ ва  Сангини Гулзод комиссия ташкил дода шуд, ки дар наздиктарин фурсат ба ин қазия баҳои ахлоқӣ дода хоҳад шуд. Дар баррасии масъалаҳо аъзои Шӯро Нуриддин Қаршибоев, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, Марат Мамадшоев, Рустами Ҷонӣ фаъолона ширкат варзиданд,- афзуд манбаъ.

Ёдрас менамоем, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!