Бахшҳо
15 дек 2011 09:36Гузориш

Инқилоби ботлоқӣ

Нафақагирону пиронсолонро аз гӯшаҳои гуногун ба таври густурда, мисли  митингбозиҳои солҳои 1992-и Тоҷикистон ба майдони ҳамойиш меоварданд...

Даҳаи аввали моҳи равонро дар давлатдории демократии Русия метавон даҳаи «тақдирсоз» номид, рӯзи 10-уми декабрро бошад, рӯзи воқеан ҳам таърихсоз мебояд гуфт. Зеро баъди воқеоти солҳои фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз сӯи Борис Елтсин ва хунрезиҳову майдонишиниҳои эътирозӣ маҳз ин рӯз даврони дурударози “хомӯшиҳову розибуданҳо”-и сунъиву намойишии мардумро аз амали “ҳукумати питериҳо” хотима бахшид. Акнун мухолифини ҳукумати Путин на ин ки парокандаву парешон, балки омодаву дастаҷамъона ва дорои силсилаталаботҳои мантиқӣ ва бо риояи қонунгузории ҷории ин кишвар ба майдони “Ботлоқзор” (Болотная плошад)- Маскав рехтанд.

Ҳукумати вақти Русия дар аввал барои баргузории ин ҳамойиш дар майдони Инқилоб барои 300 нафари аз сӯи мухолифин дархостшуда бо ҳарос ҷавоби рад ва осемасар иҷозаи ҳамойиш барои 30 ҳазор нафарро дар Майдони “Ботлоқзор”дода, гумон доштанд, ки бо ин роҳ тазоҳургаронро аз роҳашон боз медоранд. Ҳатто дар Майдони Инқилоб (Плошад Револютсия) дарҳол техникаҳои зиёдеро оварда бо баҳонаи тармими хатҳои обгузар чанд чуқурие канданд.

Издиҳоми беш аз 25 то 80 ҳазорнафараи аз натоиҷи интихоботи порлумонӣ норозии Русия, ки миёнашон намояндагони мухолифини порлумониву беруназпорлумон ва умуман мардуми дигар буданд, бо талаботҳои бекор кардани натиҷаҳои интихоботи рӯзи 4 декабр ба майдон рехта буданд.

Бозгашт”-и 2 Борис пас аз сари Борис Елтсин

Дар оғози ҳамойиш ба Майдони “Ботлоқзор” аз хиёбони “Инқилоб” бо сарварии яке аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифини “ҳукумати путинӣ” сарвари ҳаракати мардумии “Ризоият” (“Солидарност”) Борис Немтсов ҳамроҳ гардида, издиҳом ҳамойиши худро бо суруди “Девонахонаи мо ба Путин райъ медиҳад” («Наш дурдом голосует за Путина») оғоз намуданд. Мухолифи дигари ҳукумати Путин Иля Пономарев оиди дар беморхонаи Боткини Маскав боздошт гардидани сарвари ҳаракати “Ҷабҳаи чап” (“Левий фронт”)  Сергей Удалтсов хабар дода, нависанда Борис Акунин ба ҳукуматдорон 3 талаб- баргузор кардани интихоботи такрории порлумонӣ, то охирин овоздиҳанда намойиши пурраи рафти овоздиҳӣ ва бозгардонидани тартиби интихобии руасои вилоёту шаҳрҳоро пеш гузошт.

Рӯзноманигор Олег Кашин, ки чанде пеш барои матолиби интиқодӣ нисбати ҳукуматадорон ва ошкоргӯияш аз сӯи ашхоси номаълум мавриди латукӯб қарор гирифта, ангуштонашро шикаста буданд, изҳор дошт, ки бояд як Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мухолифин таъсис шавад ва фаъолияти ҳамаи нерӯҳои ҳақталаб бояд дастаҷамъона ва бо ҳамоҳангсозӣ роҳандозӣ гарданд.Ҷойи таъкид аст, ҷиҳати омодагии масъулини ҳамойиш ҳанӯз ҳам дар дараҷаи лозимӣ набуда, шояд онҳо интизор надоштанд, ки ин қадар мардуми зиёд барои даъвои овозҳояшон норозиёна ба ҳамойиш ҳамроҳ мешаванд.Ҳангоми суханрониҳои Леонид Парфенов, қариб ки суханони ӯ шунида намешуданд. Хитобаву нидоҳои “баландтар, намешунавем”, аз миёни издиҳом ба ҳаво мепечид. Ҳамчунин баромади Оксана Дмитриева аз  ҳизби “Русияи боадолат” («Справедливая Россия») тамоман шунида нашуд.

Иловатан қайд намоям, ки намояндагони ҳаракати “Наши” ва “Молодая гвардия”, ки дастнишондаҳои Путин мебошанд, бо зиёда аз 500 нағора ба қисмати дигари майдони “Ботлоқзор” гирд омада, баромади норозиёнро бо садои нағора мепӯшонданд.

Борис Немтсов зимни баромадаш истеъфои ҳайати Кумиссияи марказии интихобот ва сарвари он Владимир Чуровро тақозо кард.

Дар ҳамин ҳол, мардуми башӯромада баромади сарварони Ҳизби “Яблоко” Григорий Явлинский ва Сергей Митрохин, сарвари фраксия  Ҳизби коммунист дар Думаи Маскав ва Константин Крилов, сарвари ҳаракати миллатгароёни русро бо нидоҳову носазоҳо пешвоз гирифта, ба онҳо иҷозаи сухангӯӣ надоданд.

99 шаҳр алайҳи ҳукумат

Ҳамин тариқ, нерӯҳои эътирозгар ба ғайри Маскав боз дар 99 шаҳри Русия даст ба тазоҳурот зада, бозгардонидани овозҳои худро, ки муқобили ҳизби “Русияи воҳид” дода будаанд, талаб карданд. Аммо бо ин вуҷуд, ки аксари тазоҳурот дар шаҳрҳои дигар иҷозаи баргузорӣ надошт, аммо ҳукумат аз ҳарос аслан барои баргузории он монеа эҷод накарда, танҳо дар 2 ҳолат тазоҳургаронро даст гирифтанд. Нависандаи рус Андрей Максимов тазоҳуроти майдони “Ботлоқзор”-ро “Инқилоби ботлоқӣ” номида гуфтааст,  ин ҳамойиш дар чанд соли ахир яке аз ҳамойишҳои бузургу густурда ва боақлонаи эътирозии шаҳрвандон мебошад.

- Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи мо мехоҳем, аз ин ботлоқзори дурӯғ бираҳем. Ман инро ғолибияти ҳаракатҳои демократӣ меҳисобам. Ман инро ҳамойиши мухолифин не, эътирози мардум меҳисобам. Бори аввал аст, ки мардум тавонист чунин ороста эътироз бикунад ва барои ҳукумат далелҳои шайъии раднашавандаро матраҳ ва интизориҳои худро ба таври маданӣ пешниҳод бисозад.Инро метавон аз ҳолати тазоҳургарон ва ҳатто аз таҳаммул ва эҳтиёти баланди пулису ОМОН низ хулосабарорӣ кард.

Ман бовар дорам ки ин рӯз маҳз рӯзи эҳёи дигарбораи ҷомеаи демокартии Русия мебошад. Акнун ҳукуматро лозим аст, то вориди муколама бо мардум гардад ва ё дубора таъқиботи дубораи эътирозгаронро шурӯъ карда ба обрӯи бе ин ҳам костаи худ боз ҳам латма ворид созад.Интизор дорам, ки ақли солим боло хозҳад гирифт,- хулоса кардааст нависанда Андрей Максимов.

Дар ҳамин ҳол як адиби дигари рус, Сергей Лукяненко ба “Аргументи и факти” гуфтааст, ки 2 нерӯи мухолифи  ҳам  аз мардум ба манофеи худашон истифода намудаанд:  “Тазоҳуроти майдони “Ботлоқзор” дар ман 2 андешаро тавлид кард. Якум,  манро эҳсоси фараҳманду ғайриинтизоре аз амали  ҳукуматдорони Маскав фаро гирифтааст. Бе муболиға чунин таҳаммулпазирии масъулинро дар чанд соли ахир бори аввал мебинам. Ба ғайри ин ки ба чунин тазоҳуроти эътирозӣ иҷоза доданд, иловатан барояшон майдони фаррохтарро манзур намуданд, ки нерӯҳои зиддиҳукуматӣ низ онро баъди эътирозҳои аввал ба хушнудӣ пазируфта, аз он ба таври лозимӣ истифода намуданд.Дуввум бори дигар собит шуд, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин  барои манофеи худ мардумро ба осонӣ истифода бурданд.Аслан ҳукумат ба мардуми имкон дод, то ғазабашро фуру рехта, сабук гардад, созмондиҳандагон барои худ чанд холи дигар касб карданду бо ҳамин тамом. Маълум аст, ки натиҷаҳои ин тазоҳурот сифр асту танҳо сарварони нерӯҳои мухолифи ҳукумат бо ин таваассут таблиғоти навбатии худро амалӣ карданду бас. То он замоне ки аз миёни мухолифин 1 сарвари ҷиддиву ягонае пайдо нагардад, чунин ҳамойишҳо бенатиҷа хоҳанд монд”.

Кӣ киро ва чӣ тавр...

Зимнан, ҳукумати вақти путинӣ рӯзи 12 декабр теъдоди бештари тарафдоронашро ба майдон кашида, эътирозе дар қиболи эътирозгарон роҳандозӣ намуд. Ба назар мерасад, ки дар Русия маъракаи озмуни “ Кӣ киро” ба гардиш даромадааст. Теъдоди беш аз 15 хазорнафараи ҷавонону наврасон ва нафақахӯрон дар майдони “Манеж”-и  Маскав гирд омада, аз ҷонибдории Путин ва интихоботи доиршгардида нидо баланд карданд. Аммо аксари наврасоне, ки ин ҷо гирд омада буданд, аслан намедонистанд, ки чаро ба майдон омадаанд. Нақлиёти зиёд баъди нисфирӯзӣ нафақагирону пиронсолонро аз гӯшаҳои Маскаву шаҳрҳои наздимаскав ба таври густурда, мисли  митингбозиҳои солҳои 1992-и Тоҷикистон ба майдони  ҳамойиш меоварданд.

Ҷавонони “Наши” ва “Молодая гвардия” бо нақоразанӣ вориди майдон гардида, аслан дар бораи бадкориҳои Амрико, таҷовузкориҳои он ҳарф зада, аз он душмани ҷонии миллати рус тарошиданд. Дар хусуси интихоботи доиршуда қариб ки ҳеҷ сухане гуфта нашуд. Аммо баъди 2-3 соат нафақахӯрону наврасон ба сардии ҳаво тоб наоварда, ба гуфтаҳои баромадкунандагон аҳмият надода, майдонро гурӯҳ - гурӯҳ тарк мекарданд. Баъди чанд муддат партовгоҳҳои атрофи майдони “Манеж” пуропури нағораҳои ҳавододашуда гардида, дигар аз онҳо ҳеч бонге шунида намешуд.Аммо мухолифини ҳукумати  вақти Русия баъди ин амали ҳукуматдорон барои баргузор намудани тазоҳуроти навбатӣ дар рӯзи 24 декабр бо ширкати беш аз 50 ҳазор нафар ба шаҳрдори Маскав дархост ирсол кардаанд.Метавон гуфт, ки акнун майдондориҳои дутарафаи Тоҷикистону Укроин ба  Русияи “бародар” асар кард ва акнун бовар аст, ки нерӯҳои сиёсии ин кишвар шоҳбайти машҳури шоири тоҷик “Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст”-ро шиори аслии фаъолиятҳои сиёсии худ қарор хоҳанд дод.

Воқеан, ин шиор барои ҳар ду ҷониб дар Русия ҳам хеле мувофиқ аст. Ҳамин тавр не?!

Муҳаммад Рашод, Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)