Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:27

Тӯраҷонзода: Намози ҷумъа дар масҷиди «Муҳаммадия» намешавад

16 декабр 2011, 04:36

Додситонӣ алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз накардааст, вале дар пайи шикояти бархе аз мақомот барои таҳқиқи ин қазия мавод ҷамъоварӣ мекунад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода пас аз фориғ шудан аз бозпурсии додситони шаҳри Ваҳдат, ки баъд аз зӯҳри дирӯз, 15-уми декабр сурат гирифт, дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз намозгузорон даъват мекнуем, ки рӯзи 16 декабр барои адои намози ҷумъа ба масҷиди “Муҳаммадия” наоянд, зеро бо дастури Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолияти ин масҷид барои се моҳ мутаваққиф шудааст. Яъне, дар ин масҷид адои намози ҷумъа мамнӯъ шуда ва Эшони Нуриддин ва Муҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо аз симати имом-хатибони масҷид барканор шудаанд.

Ёдрас менамоем, додситони ноҳияи Ваҳдат рӯзи панҷшанбеи 15 декабр бозпурсии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро оғоз карда, ин пурсиш пушти дарҳои пӯшида ҷараён гирифт. Тибқи иттилои расмӣ ин амр пас аз шикояти бархе аз масъулини мақомоти кишвар алайҳи бародарон Тӯраҷонзодаҳо сурат гирифтааст. Рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр намозгузорон дар масҷиди “Муҳаммадия”-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба ин хонавода мутааллиқ аст, аз ҳузури Абдураҳим Холиқов, райиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, райиси ноҳияи Ваҳдат изҳори норизоиятӣ карда ва ба иддаои онҳо “алайҳи мақомоти ҳукуматӣ беэҳтиромӣ зоҳир шуд ва онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд,   Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони ноҳияи Ваҳдат, рӯзи 15-уми декабр зерҳимояи ӯро мавриди бозпурсӣ қарор додааст. Ҷаноби прокурор гуфтааст, ки додситонӣ алайҳи бародарон парвандаи ҷиноӣ боз накардааст, вале дар пайи шикояти бархе аз мақомот барои таҳқиқи ин қазия мавод ҷамъоварӣ мекунад.

Тавре қабалан ҳам иттилоъ дода будем, ин қазия аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.

Ҳамзамон, бо гузашти чанд рӯз, аниқтараш рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр, Абдураҳим Холиқов, райиси Кумитаи дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, райиси шаҳри Ваҳдат ба ин масҷид ташриф оварданд, аммо ба гуфти онҳо аз ҷониби эшон гарм истиқбол нашудаанд ва нисбати масъулини ҳукумат беэҳтиромӣ зоҳир карда шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!