Бахшҳо
16 дек 2011 09:26Иҷтимоӣ

Олими мактабхон, сатилҳои хурмо ва давлати гуптҳо

Олим чашмони хоболудашро мемоладу мемолад, пасон дастонашро ба чаккаҳояш мебарад.

Аз чӣ бошад, дилаш заъф дорад, хотираш парешон аст, сараш дард мекунаду табъаш хира... Вай ҳоло дар синфи шашум мехонаду бас коҳилу камсавод аст. Ба вусъати роҳи мошингард менигараду баъд ба пеши пояш, ки сатилчаҳои резинии пур аз хурмо гузошта шудаанд, чашм медавонад. Чаро имрӯз савдои ӯ суст аст? Рӯз нисф гардидаасту вай ҳамакнун танҳо ду сатилча хурмо фурӯхтааст. Мошинҳои гуногунтамға мегузаранду мегузаранд. Аҷиб ки бисёре аз онҳо назди дигар савдогарони бузургсол меистанду хурмо мехаранд, аммо қасд кардаанд гӯё, ки ба ӯ нимнигоҳе ҳам намекунанд. Валек вай пул кор кардан мехоҳад, пул, пул, пул! Модараш саҳар сатилчавҳои хурморо ҳамроҳи вай дар ароба ҷо карду ба ин шоҳроҳи поёни деҳа гуселаш кард.

- Худатро эҳтиёт кун, - андарзаш дод модар. Фурӯхта шудӣ, ягон сӯмашро беҷо сарф накарда, бигиру биёр.

Ва оҳ кашид:

- Ин отаат як моҳ зиёд шуд, ки пул роҳӣ намекунад. Биёр пулҳоро, ки патинкаат бихарам.

Вай акнун ба фикр ғӯтавар мешавад. Худ ба худ ҳисоб мекунаду рақам мезанад. Аз 5 сомонигӣ 10 сатилча 50 сомонӣ мешавад. Вале охир вай ҳамаи сатилчаҳоро 5 сомонӣ намефурӯшад-ку! Хайр, ба тахмин 40 сомонӣ. Бояд бо ин пул як пойафзол бихарад ба ӯ модараш. Агар савдояш омад кунад, чӣ хубе! Боз пагоҳ, пагоҳи дигар, фардоҳо... меорад хурморову мефурӯшад. Баъд ба додарчааш, ки дар синфи дуюм таҳсил дорад, курткача мехаранд, боз ба хоҳаракаш мӯзача мехаранд, ба модараш як калӯш... Эҳ... Худоҷон, кошкӣ савдоям омад мекард".

Дар мактаб чӣ гап мешуда бошад? Се рӯз аст, ки вай аз дарсҳо монда, дар ин роҳи калон, дар радифи дигар ҳамдеҳагонаш ба савдо машғул аст. Охир, муаллимаш ҷанҷолу арбада хоҳад бардошт. Мазамматаш карда, шояд аз мактаб пешаш кунад. Ва ӯ нек медонад феълу атвори роҳбари синфашонро. Бас сахтдаҳону сардсухан аст вай! Гапҳояш аз ҷавшани ҷони одам сӯрох карда мегузаранд. Медонад, ки аввал чӣ мегӯяд вай:

- Ту дар кадом "қабр" мегардӣ? Ҳаъ?

Вай яқинан сар намебардорад, посух ҳам намедиҳад. Фақат фух-фух бинӣ мекашаду халос. Баъд...

- Дар роҳ будӣ? Хурмо бурда будӣ?

Олим боз ҳам овоз намебарорад. Сурх мешаваду сар ба гиребон мекашад, лаб мегазад.

- Ҳа, ҳа, ту вақтҳои охир савдогар шудаӣ-ку! - истинтоқро давом медиҳад роҳбари синфаш кинояомезона. - Падарат мурдааст, ҳо, ҳо, кайҳо мурдааст. Ва туи бепадар саробони хонаатон шудаӣ. Як вақт оқипадар будӣ, акнун бепадар шудӣ...

Яке аламу хорияш меояд Олимро. Чаро ин суханҳои талху заҳрогинро ба забон меорад муаллим? Магар вай аз "мастиву" дилхушӣ ба савдои хурмо машғул мешавад? Магар зиндагии онҳо сабук мегузарад? Хайр, чӣ шудаасту муддатест падараш дар шаҳри Санкт-Петербург бекор мондааст. Дар мулки ғарибӣ зистан оё осон аст? Оё муаллим инро намедонад?

- Ман ба ту мегӯям, ҳаромӣ! Падарат мурдааст?

На ҳарфе, на сухани ҷавобие.

- Аз ин ба баъд нағз ин фикрро дар гӯшат ҳалқа кун:

- Падарат мурдааст. Ту сағераи бепадарӣ!..

- Хурмо чанд сомонӣ? - кадом ронандае садо мезанад ва хаёли Олим парешон мешавад.

- Сатилчааш 5 сомонӣ, - ҷавоб медиҳад вай ва баумед ба ронандаи ҷавон менигарад.

- Арзон намекунӣ ошно? - мепурсад дубора ҷавонмард.

- Не, намешавад.

- Хайр, 4 сумӣ бидеҳ, сатили хурмоятро.

- Не, мегӯяд Олим ва дудиланамо ба ҷавонмард менигарад.

- Ихтиёрат, - ӯро дар ҳолати шаку тардид гузошта, сӯйи дигар савдогари деҳ меравад ҷавонмард.

Нохосту ногаҳонӣ Олим шитобзада дар мағзаш ҳисобу китоб мекунад: "Аз 4 сомонигӣ 8 сатилча мешавад 32 сомонӣ. Ду сатилчаро саҳар 5 сомонигӣ ба 10 сомонӣ фурӯхта буд. 32+10 мешавад 42 сомонӣ. Эҳ, бас аст, бас аст. Ба хариди пойафзол мерасад. Ва Олим оҷилан аз пайи ҷавонмард медаваду фарёд мезанад:

- Амакӣ, ҳо, амакӣ. Биёен, майлаш ба 4 сомонигӣ медиҳам сатилчаи хурморо. Майлаш, ман розӣ...

Ҷавонмард баланд-баланд механдад, даҳонашро калон кушода. Яке Олим чанд дандони тиллоии ӯро мебинад, ки ҷилову дурахше дорад.

- Медонӣ, ҷӯра, - ҳанӯз ханда дар лаб маслиҳат пеш меорад "дандонтилло".

- На 4-и туву на 3 сомонии ман!

- Чандӣ медиҳен?

- 3,5 сомонӣ, - кунҷковона менигарад ба ӯ ҷавонмард.

- Не нагӯ, пули хуб аст.

Олим боз ба тафаккур банд мегардад: "Аз 3,5 сомонигӣ 8 сатилчааш чанд мешавад, 3 карат 8 мешавад 24. Боз 50 дирамии дигар: 5 карат 8 = 40 мешавад. Хайр, 24+4 мешавад, 28. 28-у 10-и саҳар. Ҷамъ 38 сомонӣ! Эҳ, ду сомонӣ намерасад ба 40 сомонӣ шудан. Чӣ кор кунам? Агар ҳамин 8 сатилчаро ҷамъулҷамъ ба 30 сомонӣ фурӯшам, боз бо 10-и дигар мешавад 40 сомонӣ. Ана, ҳисобам дуруст шуд".

- Ҳа, чӣ ба хаёл рафтӣ? - ӯро ба ҳуш овард ҷавонмард ва як хурмои калонро аз сатиле гирифта, бо кафи дастонаш тоза карда, ба хӯрдан шурӯъ кард.

- Медиҳӣ ё не?

- Медонӣ, амакӣ, - мегӯяд Одил бо чашмони ботараҳҳум ба ҷавонмард нигариста: - Бо ҳамин 8 сатил 30 сомонӣ бидеҳ, ҳисоби ман дуруст мешавад.

- Чӣ хел? - ҳайрон мешавад "дандонтилло".

- Ман саҳар ду сатилчаро 5 сомонигӣ ба 10 сомонӣ фурӯхтам.

- Хайр?

- Агар ин сатилчаҳоро шумо ба 30 сомонӣ бихаред, пули ман 40 сомонӣ мешавад?

- Баъд?

- Баъд... баъд, - Олим хиҷолат мекашад.

Нигоҳашро мегурезонад. Чашмаш ба кураи офтоб, ки тадриҷан ба теғаи кӯҳ расидаву хирмани абрҳои уфуқро оташ зада, лолагун карда буд, меафтад. Дилаш мамлӯ аз ғам, боз нигоҳашро ҷамъ меорад.

- Бигӯ, ки 40 сомониро чӣ мекунӣ? - "дандонтилло" ба суолаш ҷавоб мехост бигирад.

- Ман... ман амак як патинка хариданиям. Барои ҳамин...

- Падар дорӣ?

- Дорам.

- Чӣ кор мекунад вай?

- Дар Расия кор мекунад, як моҳ шуд бекор аст вай, амак.

Ҷавонмард дар ҷояш ларзидаву такон хӯрда, аз кисааш як 50-сомонии шараққосиро бароварда, ба Олим дароз мекунад:

- Гир, ошно. Ош шавад. Лек... лекин ғамгин нашав. Ҳамааш мегузарад, - ва вақте сатилҳоро ба халтаи селофанӣ мерехт, илова кард:

- Хонданро аз даст надеҳ, ошно! Ин дунё ҳамеша дар ҳамин ҳол намемонад. Ин зулму бедодгарӣ ҳам рӯзе хоҳад гузашт. Хон!

Ва.. Олим аз ин тасодуф, аз ин бахти ногаҳонӣ даҳонаш воз, хаёле худро дар либосҳои наву оҳарӣ ва батинкапӯш тасаввур карда, мавҷи хушҳоливу масаррат чеҳраашро афрӯхта гардонд.

Бегоҳӣ аз дар даромад, ки модараш гирифтаабрӯву парешонҳол истиқболаш кард. Вай рамузгирона ба модараш нигарист.

- Чӣ гап оча? Тинҷияй?

- Не, бачам, - меғурунгад модараш ва ба ҳасрат мегузарад:

- Маълимат омада буд.

- Кай?

- Қариби нисфирӯзӣ. Гуфт, ки...

Ва домани гиряро сар дод модар ва ҳамчунон об дар чашмон:

- Дод зад маълимат, ки мактаб масхараи шумо шудааст.

- Боз чӣ гуфт, оча?

- Гапҳои нешдор гуфт. Гуфт, ки отаи Олим мурдааст? Агар мурда бошаду бачаат мактабро партофта, аз пайи пулёбӣ шуда бошад, ин гапи дигар. Нокасҳо... Ана ҳамин хел...

Олим рамузгирона ба пайкари ларзони модар ва чашмони пур аз сиришки ӯ нигарист.

- Тамом?

- Не, таҳдид кард, ки ба милиса медиҳад марову туро. Хайр, мо ба Худо такя мекунем, бачем, - боз оҳ кашид модараш ва даст афшонд:

- Аз пагоҳ ба мактаб бирав, бачем! Ҳаволаи муаллимат ба Худо...

...Субҳ Олим бархост аз хоб, дилаш бағоят хиҷил ва ҳароина, сиёҳ гардида. Чӣ хобе дидааст имшаб? Ё Худо, чӣ рамзе ниҳон бошад дар хоби дадааш? Вай як ғояти шаб дар хоби ҳавлангезу кобусияш дид падарашро, ки захмину хуншор дар тобут хоб аст. Хоб аст, хоб, хоб. Ҳарчанд вай, Одил ӯро садо мекунад, аммо падараш намеҷунбаду овозе намебарорад. Пас-он аз кадом гӯшае ҳотифе мегӯядаш:

- Падарат одами биҳиштист, биҳиштӣ. Он чиро, ки мо ба таҳқиқ дарку фаҳм бикунем, дигарон надонанду он роз барояшон номафҳум бимонад...

Олим як пора нон ҳам ба даҳон набурда, ҷониби мактаб шитобид. Аз дари синф даромад, ки ғалмағоли ҳамсинфон гӯшашро ба қомат овард. Мазмун, роҳбари синф қасами ӯро хӯрдааст, "мекушадаш".

Дарс оғоз гардид, дарси аввал таърихи асрҳои миёна буд. Ин фанро роҳбари синфашон дарс медиҳад. Даромадан замон чашмаш ба Олим афтид ва ниҳеб бардошт:

- Омадӣ, саги дайду? - ва овозаш баландтар гардид:

- Канӣ, ба тахтаи синф баро, бепадар! Ҷавоб деҳ, мавзӯи гузашта чӣ буд?

Олим базӯр лаб ҷунбонд:

- Давлати Гуптҳо.

- Ҳм... давлати Гуптҳо. Канӣ аз харита нишон деҳ, ки давлати Гуптҳо дар кадом кишвар ҷойгир шуда буд?

Олим ана инро битамом намедонист. Ба харитаи калони сиёсии ҷаҳон, ба рангҳои зарду сурху сабз ва хокию кабудфом менигарист. Менигаристу... менигарист.

- Намедонӣ-а? - аз қафо бонги хашини муаллим баромад.

- Намедонӣ ту, бепадар!

Ва яке аз ду ҷониби сари Одил бо панҷаҳои сахту дурушташ маҳкам қапида, ба пеш, ба харита, ба рӯи давлати Ҳиндустон бурда, кӯфту кӯфт. Садои тахти синф низ ҳамзамон баланд гардид. Пеш мебурду мезад сари ӯро, мебурду мезад.

- Ана ҳамин давлат пештар давлати Гуптҳо ном дошт. Фаҳмидӣ, бепадар?!

Ва оташи ғазаби муаллим иртифоъ гирифт:

- Ту охир хурмофурӯширо монда, магар дарс мехонӣ? Ба ту давлати Гуптҳо чӣ лозим? Шин, дафъ шав. Баҳоят "2". Инро нағзакак фаҳмида гир, чорякият ҳам "ду" мешавад.

Олим сараш сахттар ба сӯзишу дард даромада, аз чашмонаш беихтиёр қатра-қатра ашк ҷорӣ гардиду гардид. Вай ҳеч гоҳ худро бад-ин манзалат бемуттакову бепаноҳ ва рӯҳафтодаву шикастадил эҳсос накарда буд. Ин таҳқиру таъзири муаллим он қадр дилашро реш намесозад, чунонки ҳамин як сухани сардаш: ҳамин "бепадар" гуфтанаш...

...Ва рӯзҳо даргузаштанд. Модари Олим рӯзе хушҳол хабар расонд, ки "отаи Олим ба кор баромадааст. Дар як қитъаи сохтмонӣ посбон гардида.

- Худо кунад, ки кораш бобарору бафайз шавад. Гардани мо ҳам баланд гардад. То кай азоб мекашем?

Ва аммо... Ҳафтае баъд овозаи шуму касофатбор дар деҳ густариш ёфт:

- Падари Олимро дар Русия куштаанд.

Модари Олим сару ҳисобашро гум кард, болову поён медавид, назди амакии Олим рафт, то аз асрори махуфи нафаси сарди пайки аҷали шавҳараш иттилое бигирад. Амаки Олим сархаму сукутзада ҳарфе нагуфт, посухе надод, яке ҳунгос зада гиря кард. Гиряи мард дарвоқеъ, ваҳшатгун мерасид ба гӯш. Замину осмон ларзид, кӯҳҳо такон хӯрданд. Осмон аз фавҷи абрҳо ба танг омад, буғзи дилашро кафонд:

- Аввал борон, баъд барф борид...

Нисфирӯзӣ тобути падари Олимро оварданд аз фурудгоҳ. Ҳамсояашон Алӣ нақл кард, ки яке аз шабҳо як дастаи русҳои "бандит" ба қитъаи сохтмонӣ медароянд, аз падари Олим ба хубӣ хоҳиш мекунанд, ки зиддият нишон надиҳаду бимонад, то онҳо асбобҳои барқии "балгарка", "перефаратор", "дрел", "лобзик", "паркетка" ва "арра"-ро гирифта бираванд. Вале... вале падари Олим ҷавонмарди дилсофи рустоӣ муқобилият нишон медиҳаду сарашро ба бод медиҳад. Бо як оҳани вазнин чанд дафъа ба сараш зарбаҳо мезананд, хун зиёд ҷорӣ мешавад. Ва ӯ дар бемористон ҷон месупорад.

Олим ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки падари азизу писандидааш мурдааст. Ана ҳамин хел, чашмонашро абадӣ пӯшидаасту намеҷунбад. Олим дар ҳавлияшон он қадар бисёр навҳаву фиғон набардошт. Вале вақте ки ҷасади падарашро дар хонаи қабр гузоштанду чимҳои калон-калони лойро ба даҳони он монда, маҳкам карданд, вай баланд-баланд дод гуфта, ноларо сар дод. Банди дилашу қафаси синааш ба ларзиш даромад.

...Ҳамааш гузашт. Баъди оши ҳафтро додан, Олим ба мактаб омад. Роҳбари синф дарси таърихро чун одат аз пурсиши вазифаи хонагӣ шурӯъ кард. Чанд хонандаро пурсиду баъд ба Олим рӯ овард:

- Минбаъд дарсҳоро нағзакак тайёр кун. Ба умеди дигарон нашав. Ту худат марди хонаӣ, дигар...

Олим ашк дар чашму ғусса дар гулӯ ба муаллим бо ҳасрати бепоён нигарист:

- Ман, ман... дарсҳоро тайёр мекунам, - гуфта хитоб кард вай. Танҳо... танҳо... маро таҳқир накунед, муаллим. Ман акнун бепадар шудаам. Очам гуфт, ки маро аз ин пас сағера ҳам ном мебаранд.

Муаллим нигоҳашро дигар сӯ гурезонда, хомӯш монд...

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)