Бахшҳо
16 дек 2011 09:56Гузориш

1 Пурсиш = 7 Посух

Огоҳиро доданду баъди ду рӯз масҷидро бастанд.

Фаъолияти масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат аз тарафи Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои се моҳ маҳдуд гардид. Дар ин иртибот "Озодагон" ба коршиносон чунин суол дод:

Иллати маҳдуд намудани фаъоляти масҷиди «Муҳаммадия» чист?

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос

Мувофиқи қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки чанде пеш қабул шуда буд, имомхатибон бояд аз комиссияи давлатӣ гузаранд. Яъне аз санҷиш гузаронида, баъд ба имомхатибӣ таъин кунанд. Аз оғози қабули ин қонун ҳадсҳое буд, ки акнун муллоҳои ба ҳукумат наздикро имомхатиб таъин мекунанд ва муллоҳои дигарро аз имомӣ дурр месозанд. Ва барканор кардани Тураҷонзодаҳо аз имомхатибӣ гувоҳи ин гуфтаҳо буда метавонад. Манъ кардани адои намози ҷумъа дар масҷиди Тӯраҷонзодаҳо аз он далолат медиҳад, ки бо вуҷуди он ки дин аз давлат ҷудо мегӯянд, вале давлат ба фаъолияти дин дахолат мекунад. Аз солҳои аввали истиқлолият то имрӯз ҳукумат аз муллоҳо ҳарос дошт ва то ҳол низ ҳарос дорад. Ва кӯшиш карда истодаанд, ки он обрӯву эътибори Тураҷонзодаҳоро, ки ҳамчун уламои дин дар назди мардум доранд, онро маҳдуд кунанд. Аз рӯи шунидаам дар масҷиди Муҳаммадия дар рӯзҳои ҷумъа аз 3 то 4 ҳазор намозхон ҷамъ меомадаанд ва бо роҳи маҳдуд кардани фаъолияти масҷид кӯшиш мекунанд, ки шумораи онҳоро кам намоянд. Кумитаи дин дар мавриди барканор кардани имомхатибони масҷид аз ваколатҳои худ баромадааст. Зеро агар ягон камбудӣ бошад, бояд аввал ба шӯрои назди масҷид муроҷиат мекард, ки онро бартараф кунанд ва барканор кардани имомхатибон масъулияти шӯро аст. Дар вазъияти баамаломада бастани масҷид ба хотири оромии вазъ ё халалдор нашудани амният натиҷаи баръакс медиҳад.

Тағойбек Умаров, аъзои Шӯрои муассисони масҷиди ҷомеи "Халифа Абдулкарим"

Баҳонаи асосии маҳдуд кардани фаъолияти масҷид ҷашнгирии Ошӯрост. Вале онҳо дигар чизҳоро далел оварданд, ки гӯё эшони Нуриддин дар вақти хутбаҳову амри маъруф дар минбар гӯё бар зидди давлатҳое мисли Амрикову Исроил сухан мекарда бошанд. Дар мавзӯи ҷабру ситами Исроил рӯи мардуми Фаластин, ки гӯё ин вазъҳо ҷанбаи сиёсӣ доштааст ва мо шаҳрванди як давлати дигарему ба давлатҳои дигар кор надошта бошем ва амсоли инҳо. Аслан Ошӯро ҷашн гирифта нашудааст, балки ёдбуде аз шаҳодати набераи пайғамбар буд. Рӯзи ҷумъа мақомоти ҳукумат бо сардории раиси ноҳия, раиси Кумитаи дин ва раиси Шӯрои уламо қариби намоз бидуни огоҳӣ меоянд ва мардум аз яку якбора омаданашон ошуфта шудаанд ва онҳо ҳамин муносибати мардумро баҳона карда, маҳдудияти фаъолияти масҷидро хостанд. Дар ин масҷид дигар иҷозаи намози ҷумъа хондан нест. Фақат хондани намози панҷвақта иҷозат аст.

Ҳоҷӣ Акбар ТӮраҷонзода, рӯҳонӣ

Дар Кумитаи дин ҷаласаи муштараки аъзоёни таъсиси масҷиди мо ва раиси кумита бо муовинонаш, мудирони шӯъбаҳо ва раиси шаҳри Ваҳдат баргузор шуд ва дар он ҷо эълон карданд, ки гӯё рӯзи 9-уми декабр бар хилофи оинномаи масҷид ва қонун оид ба ташкилотҳои динӣ дар мо қонуншиканиҳо шудаасту роҳбарияти масҷид оромиро таъмин карда натавонистанд ва бо ин далел фаъолияти масҷидро се моҳ қатъ карданд. Мо иброз доштем, ки дар қонуни худатон омадааст, ки моро аввал огоҳӣ диҳед. Гуфтанд, ки огоҳӣ дода буданд. Аммо дар огоҳиномае, ки рӯзи 9-ум оварда буданд, чунин навишта шуда буд, ки маросими Ошӯроро дар масҷид баргузор кардед ва ин хилофи мазҳаби ҳанафӣ аст ва дар оянда инро такрор накунед. Мо гуфтем, ки такрор намешавад. Оянда маънои дар соли оянда, яъне баъди 12 моҳро дорад. Агар соли оянда такрор мекардему масҷидро мебастанд, дуруст буд, ки огоҳиро иҷро накардем. Огоҳиро доданду баъди ду рӯз масҷидро бастанд. Ин то куҷо ба қонунгузорӣ мувофиқат мекунад? Хулоса эҳсос мешуд, ки тасмимҳояшон ҷиддист ва аз дигар ҷойҳо супоришу машварат дода шудааст. Мо гуфтем, ки чӣ коре мекунед кардан гиред! Гуноҳу савобаш дар гардани худатон аст. Ба ҳар ҳол мо ягон хел қонуншиканӣ ва сару садое, ки ба амнияту оромии кишвар халал ворид кунад, намекунем. Масҷидро 5 вақта эълон карданд ва адои намози ҷумъаро манъ намуданд ва бо ҳамин маҷлис тамом шуд. Дар мавриди ҳадафи асосии онҳо мушаххасан чизе гуфта наметавонам ва аз ҳадсу гумонҳо ҳам худдорӣ меварзам. Дар хотир дошта бошед чанд вақти пеш амри маъруфи Ҳоҷӣ Мирзоро ҳам дар Кӯлоб манъ карда буданд. Ошӯрои моро наметавон Ошӯрои шиагӣ гуфт. Ошӯрои шиаҳо қонунҳои хоси худро дорад, дар он эътиқодоти мазҳабӣ аст, парчамҳои сиёҳро бардошта дар атроф қадам задан аст. Дар мо як ёдбуд буд. Ёдбуде, ки ҳам дар фарҳанги мазҳабӣ ва ҳам фарҳанги миллиамон аз қадим мавҷуд буд. Шоирони классики мо дар бораи моҳи муҳаррам ва Ошӯро шеърҳо менавиштанд. Масалан, дар равияи Қодирияи мо, пирамон ҳазрати Саид Қаландаршоҳ Мавлавии Ҷунунӣ, ки мақбараашон дар Роҳатӣ аст, дар китоби "Девони Ҷунунӣ" дар бораи воқеаи Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусайн бисёр ғазалҳо навиштаанд. Воқеи Карбалоро бисёре аз кампирҳо медонанд. Дуввум далели мо ин аст, ки дар Тоҷикистон номи тамоми саҳобаҳои пайғамбар, Абубакру Умар, Усмон, Алӣ, Билол ва дигарон ҳаст, аммо номи Язидро пайдо карда наметавонед. Дӯст доштани Имом Ҳусайн ва ёдовар шудан аз воқеаи Карбало маънои шиа буданро надорад. Дар шиа авлавият ба Алӣ ва имомон аст ва онҳоро маъсум медонанду Абубакру Умару Усмонро инкор мекунанд, мо наузубиллоҳ, забонамон ба гуфтани ин калима намегардад. Дар эътиқоди мо ба ҷуз пайғамбари Худо ҳеч кас маъсум нест. Шиаҳо намозашонро дар се вақт ҷамъ карда мехонанд, мо дар ҳаётамон ин корро намекунем. Шиаҳо дар вақти таҳорат аз боло ба поён об мерезанд, мо баръакс. Ҳазрати Имом Шофеӣ гуфта буд, ки агар дӯст доштани оли пайғамбар шиагӣ бошад, пас манам шиа ҳастам. Ин суханҳо дар ҳақи мо тӯҳмат аст. Танҳо салафиҳо, ки мо се сол пеш дар Тоҷикистон бар зиддашон мубориза бурдему то андозае саркӯб шуда буданд, имрӯз аз тариқи наздик шудан ба дастгоҳҳои ҳукумативу ҳамкорӣ бо онҳо интиқом гирифта истодаанд. Мутаассифона, бархе робитаҳои хешу табориву маҳаллӣ доранд ва дар гузашта падару бобоҳояшон эшони калон буданд ва барои обрӯи онҳо баъзе мансабдорони имрӯза фурсатро истифода бурда истодаанд. Аз дидгоҳи шаръӣ бастани масҷидҳо гуноҳ аст. Агар бародарони мо аз дидгоҳи қонунӣ ягон хаторо муртакиб мешуданд, пас онҳоро огоҳ мекарданд ва масҷидро мебастанд. Дар масҷиди мо 12-15 ва баъзе вақтҳо то 20 ҳазор одамон намоз мехонданд.

Зафар Қурбонов, адвокат

Пеш аз ҳама бояд қайд намоям, ки фаъолияти масҷиди ҷомеи "Муҳаммадия" манъ нашудааст, балки маҳдуд гаштааст. Дигар ин ки воқеан тасмими саримавқеӣ мебошад. Чунки мардуми мо дорои саводи динӣ нест ва чунин азодориро қабул карда наметавонад. Воқеан бо ин амал метавон ба оташи ҳангомаҷӯён равған рехт. Дуруст аст, ки дар ҳаққи шоҳи шуҳадои Ислом, ҳазрати Имом Ҳусайн касе зиддият надорад. Вале касе низ ҳуқуқ надорад, ки дар ҳақи саҳобагони Паёмбари гиромӣ носазо гӯяд. Ман тарафдори хотима гузоштани чунин иғво амалҳоям, агар чӣ ҳеч вақт тарафдори Идораи муфтиёти кишвар нестам. Чунки онҳо аз дунёи Ислом пешу қафо мераванд. Ман фикр намекунам, ки оилаи Тураҷонзодаҳо шиа бошанд ва инро қабул ҳам карда наметавонам.

Умед ҶайҳонӢ, ҷомеашинос

Аввал бояд донист ки масъала чист то чорае барояш андешид. Агар масъала ин аст ки хонаводаи Тураҷонзода барои ҳазрати Ҳусайн ибни Алӣ (а) ёдбуде баргузор карда, ин мавзӯъ аслан муҳим ва масъалае низ нест. Тоҷикон ҳарсола 8-уми мартро ҷашн мегиранд, ки гуфта мешавад баргирифта аз ҷашни яҳудии Пурим аст, ки ёдбуде аз раҳосозии шаҳбонӯи ҳахоманишӣ ва яҳудитабори Эрон ҳамшаҳриёнашрост. Боре, тоҷикон бо ин ҷашнгирияшон яҳудӣ мегарданд? Хонаводаи Тураҷонзода низ агар чанд ин ёдбудро баргузор карда, вале шиъамазҳаб ки нашудааст. Агар шуда ҳам бошад, дигаронро бо онҳо чӣ кор аст? Аммо бо бастани дари масҷид, чӣ аз они хонаводаи Тураҷонзода бошад ва чӣ аз они хонаводае дигар, ҳеч мушкиле ҳал намешавад. Шӯрои уламо агар дил барои ислом месӯзонад, ба назарам беҳтар он аст ки вазифаашро амалӣ созад ва мардумро омӯзиш ва парвариш диҳад то дар доми дингустарони бегона ва хориҷӣ наафтанд.

Сайидюнуси ИстаравшанӢ, донишманд

Шигифтовар аст, "ғайрати динӣ" ва "эҳсоси масъулият" Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии кишварро водор ба чунон мавзеъгирии шадиде дар баробари баргузории маросими "ёдбуди Имом Ҳусайн (р)" ва "лаъни Язид" намуд, ки ҳатто то марзи тавқифи фаъолияти масҷиди ҷомеи "Муҳаммадия" ҷилав рафтанд. Аммо дар қиболи прутестон гардидани садҳо мусалмони тоҷик мебинем аз ин "ғайрат" ва "эҳсоси масъулият" хабаре нест! Ҳарчанд мӯътақидам, ки одамӣ дар интихоби дину мазҳаб аз камоли озодӣ бархӯрдор буда, ҳеч кас ҳаққи маҳдуд кардани озодиҳои ӯ дар ин заминаро надорад; чӣ пазириши дине хос, ҳамсони гаройиш ба ҳар мактабе дигаре (мисли марксизм ё либерализм ё...) вобаста ба ҳусули қаноати дарунӣ нисбат ба додаҳои он мактаб дар назди гаравандааш аст ва ойини муқаддаси ислом ҳам, ба далели ояти каримаи "Ло икроҳа фид дин" (Дар пазириши дин иҷборе дар кор нест), асли мазкурро мавриди таъйиди худ қарор дода, ҳатто қонуни асосии кишварамон ҳам қоил ба ин қоида мебошад. Аммо мушоҳидаи ҳассосияти беш аз андозаи ниҳоди динии кишвар нисбат ба баргузории ёдбуди набераи мукаррами Паёмбари Акрам (с) ва лаъни қотилони ӯ, бандаро ногузир сохт, ин суол матраҳ кунам, ки оё ин "эҳсоси масъулият" ва "ғайрати динӣ" ҳама ҷо ва дар ҳамаи мавоқеъ эҳсоси хатар аст, ё танҳо дар мавориде, ки "дигарон" барои мо тасмим бигиранд, ки куҷо "бонги хатар" баланд кунем ва куҷо сукут? Иллати ин пурсиш аз сӯи банда навишторест ба қалами Шаҳраи Ҳақҷӯ дар пойгоҳи хабарии Сentrasia таҳти унвони "Ноҳор, панҷоҳӣ, прутестон; тоҷикони панҷакентӣ дар муқобили 50 дулор аз ислом рӯй бартофта ва прутестон мегарданд". Нависандаи ин мақола аз созмоне бо номи "Save the children" ёдовар шудааст ва созмонест байналмилалӣ, ки аз номаш пайдост, сару кор бо амри наҷоти кӯдакон дорад. Вай меафзояд: "Дар ноҳияи Панҷакенти шӯъбаи ин "ширкат"-и байналмилалии кӯдакдӯст, фаъолиятҳои наҷотбахшонаи худро таҳти раҳбарии ҳушёронаи як шаҳрванди омрикоӣ ба номи Сук Чегая анҷом медиҳад. Дар идома мегӯяд, дар нигоҳи аввал, чунин менамояд, ки Сук Чегая ва ҳамкоронаш, бо ироаи хадамоти пизишкӣ ва кӯмакҳои моддӣ, ба амри кӯмакрасонӣ ба аҳолии минтақа машғуланд, аммо чунон ки маълум гардид, таҳти пӯшиши ин ниҳоди ғайридавлатӣ, онҳо ба таблиғу тарвиҷи ақоиди калисои прутестон мепардохтаанд. Созмони ёдшуда маросиме баргузор карда ва аз мардуми минтақа барои ширкат даъват ба амал меоварад, ва он гоҳ, зимни додани ноҳор ва тавзеъи либосу дорӯ, ба таблиғи мазҳаби прутестон мепардозад; дар воқеъ, як сайди воқеии пайравони ҷадид ба ин мазҳаб анҷом мегирад. Сипас, аз тозапайравон дархост мешавад, то дӯстон ва бастагони худро низ дар маросими баъдӣ ба ҳамроҳ биёваранд. Нависанда меафзояд: "Ҷаноби Сук ҳамчунин сипосгузори раҳбарияти Тоҷикистон низ ҳаст, ки чашмони худро аз фаъолиятҳои ӯ баста ва ба ӯ иҷозаи ҷазби пайравони бештар ба суфуфи прутестонҳоро додааст".

Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Шӯрои фатвои ҲНИТ

Аз рӯи маълумоти нафарони ширкаткарда хонаводаи Тӯраҷонзода маросими Ошӯроро нагузаронидаанд, балки аз таърихи фавти набераи паёмбари ислом дар Карбало ёд кардаанд. Дар бораи сабабҳои кушта шудани имом Ҳусайн ва омилҳои ба ин ҷиноят даст задани роҳбарони он давра сухан кардаанд. Ошӯрои эшон аз он Ошӯрое, ки бародарони аҳли ташайюъ мегузаронанд, комилан фарқ мекунад. Ин суханҳо ҳамааш баҳона аст ва бо ин далел мехоҳанд доираи нуфузи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, ба хусус эшони Нуриддинҷонро, ки як шахси донишманду ҳақгӯст ва хеле аз мавзӯъҳоро ошкору равшан баён мекунад ва ҷонибдорони зиёд ҳам дорад, маҳдуд кунанд. Ин ниҳодҳое, ки ба ном масъулияти назорати динро доранд, аслан сари шахсиятҳо кор мегиранд, на сари мавзӯи кишвару кишвардориву миллатдӯстӣ ва оромиву амният. Мақсади онҳо дахолат ба фаъолияти шахсиятҳо ва обрӯи онҳоро хатчадор кардан аст, вале баръакс ин кор ба нафъи онҳо анҷом намеёбад. Ба нафъи миллату кишвар ҳам нест. Баръакс обрӯи онҳоро боло мебарад. Чун мардум одатан ҷонибдори мазлум аст.

Аз идора:

Дар ҷараёни омодасозии ин пурсиш давоми ду рӯз- душанбе ва сешанбе ба раҳбари Маркази исломшиносӣ Муродулло Давлатов бо рақамҳои 918 82 83 84 тамос гирифтем. Номбурда дар маротибаи якум чунин посух дод: "Хеле бемаврид занг задед, банд ҳастам. Телефонӣ сӯҳбат намекунам, ягон савол бошад ба идора биёед". Маротибаи дуввум занг зада пурсидем, ки алъон ба идораатон равем Шуморо меёбем. Давлатов гуфт, ки кори зиёд дорад ва пагоҳ ё ягон рӯзи дигар ба наздаш равем. Рӯзи сешанбе чанд маротиба занг задем, вале гӯширо касе намебардошт.

Ҳамчунин рӯзи душанбе ба рақами 223 13 21 занг задем ва аз он тараф гӯширо касе бардошт. Гуфтем, ки ба масъули Кумитаи дин Саидбек Маҳмадуллоев савол дорем. Гуфт, ки берун баромадаанд ва баъд аз пурсиши ман, ки кай меоянд, посух дод, ки як лаҳза сабр кунед. Сипас гӯширо ба Маҳмадуллоев дод. Ман гуфтам, ки савол дорам, аммо ӯ шунидан нахост ва изҳор дошт, ки телефонӣ сӯҳбат намекунад. Зеро дар расонаҳо сӯҳбатҳои телефониашро ғалат дарҷ кардаанд. ӯ гуфт, ки танҳо тариқи муроҷиати расмӣ ва мактуб ҷавоб хоҳад дод. Рӯзи дигар низ ба ин рақам занг зада, саволро пешниҳод кардам, нафаре аз он сӯ баён дошт, ки ба ин савол ҷавоб дода наметавонад ва рақами роҳбариятро дод. Чанд маротиба ба рақами роҳбарият: 221 70 56 занг задем, аммо касе гӯширо набардошт.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)