Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:59

Тоҷикистон ва баҳси дину давлату атеизму дунявият

19 декабр 2011, 04:21

Олимони диншинос, намояндагони Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин ва устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон зимни як нишаст мафҳуми «ҷудо будани дин аз давлат»-ро пурра шарҳ дода натавонистанд.

Муродулло Давлатов, директори Маркази исломшиносӣ дар назди президенти ҶТ (МИНПҶТ) изҳор дошт, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон на дин, балки ташкилоти динӣ аз давлат ҷудоянд. Вай гуфт: «Ин нуқта нақши танзимӣ дорад ва функсияи давлат ба танзим даровардани фаъолияти иттиҳодияҳои динист. Масъалаи дигар ин аст, ки мафҳуми «ҷудо будани дину давлат» чӣ маъно дорад? Шахсан ман ҳамин хел мефаҳмам, ки дину давлат моҳиятан аз ҳамдигар ҷудоянд. Лекин дар муносибат ва ҳамкорӣ Сарқонун дини исломро аз фарҳангу арзишҳои миллӣ ҷудо нагуфтааст ва ягонагӣ вуҷуд дорад. Дар ислом ба ғайр аз мутаассибон ва радикалҳо дигар мусулмонон зидди фарҳанги миллӣ нестанд».

Аҳли нишаст ба ин хулоса омаданд, ки барои дарки он ки дин аз давлат ҷудо ҳаст ё не, аввал маънои «миллияту диният»-ро бояд дуруст дарк кард. Ин дар ҳолест, ки Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президент мегӯяд, дар масъалаи миллияту диният ҳеч кас то охир ҷавоби мушаххас надодааст. ӯ аз ҷумла чунин қайд кард: «Мардуми мо мегӯянд, ки мо дар миллати Иброҳими Халилуллоҳем, аммо ӯ яҳуд буд. Пас агар ин назарияро пеш орем, чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки тоҷикон яҳуданд. Ман фикр мекунам, ки дар фаҳмиши динӣ миллият вуҷуд надорад. Аммо масъалаи дигар ин аст, ки мактаби миллатшиносии тоҷик то ҳол асоси назариявӣ надорад».

Вале дар мавриди ибораи «Аз миллати Иброҳими Халилуллоҳем» Абдуллоҳи Муҳаққиқ, масъули шӯъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии МИНПҶТ назари дигар дорад. ӯ мегӯяд, дар Қуръони Карим омадаст, ки падари Иброҳим аз миллати яҳуд набуд. Яҳудият баъди ӯ пайдо шудааст. Асли Иброҳим ба Зардушт пайвандӣ дорад.

Муродулло Давлатов дар мавриди ҷудоии дину давлат чунин гуфт: «Вақте мепурсем, ки дин аз давлат ҷудо аст ё не, аввал бояд таърифи онро баён кард, ки диният ва миллият худ чист? Ман ҳамин хел ҳисоб мекунам, ки давлат аз дин моҳиятан ҷудост. Аз он нуқтаи назар, ки танзими фаъолияти давлат дар асоси қонунгузории дин сурат намегирад. Ҳамчунон, ки Ҳизби наҳзати ислом ҳам, сарфи назар аз он ки баъзеҳо мегӯянд ҳизби динӣ нест, динӣ мебошад, танҳо дар асоси Сарқонун фаъолият дорад. Агар фарқи ин ҳизб моҳиятӣ бошад ишколе нест, вале бояд мо маълум кунем. Агар хилофи қонунгузорӣ фаъолият кунад бояд фаъолияташ қатъ гардад. Зеро сӯиистифода аз дин сурат нагирад. Масалан, «Мо ҳизби динием, агар ба ҲНИТ овоз надиҳед шумо мусулмон нестед!». Як масъалаҳоеро мебардоранд, ки …Ин воқеият дорад. Дар шароити мо ҳизбе фаъолият мекунад, ки агар фаъолияташ нодуруст бошад, миллатро инкор мекунад. Аз ин нуқтаи назар фикр мекунам, иттиҳодияи динӣ дар Тоҷикистон барои он вуҷуд дорад, ки ки фаъолияти худро дар асоси қонунҳои динӣ анҷом медиҳад, дар доираи мувофиқати он бо қонунҳои дунявӣ. Куҷое мувофиқат накунад, ягон оят дуруст наояд қабул намегирем. ҲНИТ ҳам аз Қуръон ҳамон оятеро далел меорад, ки даркор бошад. Оятеро ки инкор кунад намеоранд. Ин гапи ман нест, таҷрибаи таърихист. Давлати дунявии мо дар ин робита муваффақиятҳои калон дорад, аммо ҳамзамон бояд муносибатҳои ҷиддитареро бо ҳизбҳои сиёсии характери динӣ дошта ба роҳ монад. Ба ҳар ҳол ба назар мерасад, ки онҳо ҳамчун иттиҳодияи динӣ амал мекунанд. Функяҳои иттиҳодияҳои диниро иҷро карда истодаанд. Дар ин ҳолат бояд чораҳои ҷиддӣ андешида шавад. Умед дорем, ки дар оянда ҳамдигарфаҳмӣ мешавад ва фаъолияти он дар доираи қонунгузории давлати дунявӣ сурат мегирад.

Маънои дигари дунявият?

Гуфта мешавад, ки дар замони шӯравӣ атеизм идеологияи давлатӣ буд ва бар зидди дин мубориза мебурд ва аз рӯи ақидаи баъзе назарияпардозон дунявияти имрӯзае, ки сохти давлатдории тоҷикон аст бо ин мафҳум ҳаммаъност. Аммо Муродулло Давлатов мегӯяд, ки идеологияи давлати мо дунявист, лекин зидди дин нест ва дунявияти мо маънои атеизмро надорад.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ дунявиятро ҳамчун падидаи зиддиилоҳӣ маънидод кард, ки дар асрҳои 18 дар Аврупо рушд ёфтааст. Аммо ба андешаи ӯ имрӯз дунявият маънои дигарро ба худ касб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба андешаи Шерзод Абдуллоев, муовини директори МИНПҶТ дунявият маънои зидди дин буданро надорад. Вай изҳор дошт: «Чӣ тавре президент гуфтанд, мухолифони мо дунявияти моро ҳамчун атеизм муаррифӣ карданд. Имрӯз президент мегӯянд, ки дин бояд дар тарбияи маънавӣ, ҳифзи ваҳдату истиқлолият ҳамкорӣ дошта бошад. Ба ҳизби ҳоким гуфтаниям, ки мо бояд дубора ҷамъияти «Дониш»-ро аз нав ташкил ва ҷоннок намуда, идеологияи ваҳдату дунявиятро ба мардум фаҳмонем.

Бо чунин ҳол, масъалаи дунявияту миллиятро касе илман асоснок карда натавонист ва Муродулло Давлатов дар хулоса гуфт, ки дар ин мавзӯъ омодагии махсус бояд дошт. Ӯ гуфт, ки бояд донист, ки мафҳуми миллияту диният аз ҳам фарқ дорад, ё ҳар ду як маъноро ифода мекунад. Агар ҳар ду як маъноро ифода кунад, пас ҷои баҳс намемонад.

Исфандиёр Халилӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!