Бахшҳо
20 дек 2011 10:18Гузориш

Роҳ ба сӯи нокуҷо ва ё... Назарбоеву суперСССР

Лаҳзаи фаношавӣ, ё худ пошхӯрии ИҶШС (СССР) ва таъсиси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ)-ро ҳама дар ёд доранд...

Ҳарчанд ҳанӯз Эъломияи таъсиси созмони АвруОсиё қарордоде беш нест, аммо аллакай сарони 3 кишвари ИДМ бо имзоҳои худ доманадор будани фаъолияти онро тасдиқ намуданд ва ё чунин идаоро метавон гуфт, ки эълону расмӣ кардаанд. Акнун ҳамагон- ҳам мардум ва ҳам кишварҳову созмонҳои дигар, бахусус созмони Иттиҳоди Аврупоро мебояд интизор шуд, то бубинанд, ки ин иттифоқ ва ё иттиҳод то куҷо дар ҳаёт фаъол хоҳад буд ва  чӣ кореро амалӣ хоҳад кард.

Лаҳзаи фаношавӣ, ё худ пошхӯрии ИҶШС (СССР) ва таъсиси Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ)-ро ҳама дар ёд доранд. Бар асари мухолифати ҷонибҳову кашамакашиҳо ва бузургманишиву “мандонам”-ҳо маҳз пойдории он ва аз як созмони мубоҳисавӣ ба иттиҳоди бузурги ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ бадал шуданаш маҳз ба ислоҳоти пешниҳоднамудаи Назарабоев ва саҳми боризу пофишориҳояш бастагӣ дорад. Маҳз он замон Алма-ато  пешниҳод карда буд, то интизори баробар шудани имкониятҳои “ҷумҳуриҳои бародарӣ”- и акнун “собиқ” нашуда, рушди ҷандҷонибаро вусъат дода, бояд нерӯи ин иттиҳодро ба ҷойи заъфи созмону кишварҳои узви он равона кард. Дар натиҷа созмони ИДМ ба як созмони комилу манфиатоваре дар арасаи ҷаҳонӣ табдил шуд.

Коршиносони умури сиёсӣ маҳз ташкилу фаъолияти чанд созмони дигар дар кишварҳои пасошӯравӣ аз қабили Авруосиё, Созмони паймонаи амнияти дастаҷамъӣ( ОДКБ), Созмони ҳамкориҳои Шонхой, Созмони Иттиҳоди гумрукӣ ва дигарро маҳз ба фаъолияти густурдаи Созмони ИДМ марбут медонанд.

Имрӯз низ райисҷумҳури Қазоқистон барои таъсиси созмони АвруОсиё чанд пешниҳоди ҷиддие карда, пешниҳоде, ки ҳанӯз дар соли 1994 зимни як баромадаш дар Донишгоҳи давлатии Маскав карда буд, тақвият бахшидааст.

5 пешниҳоди Назарбоев

Дар рӯзномаи “Известия”- и чопи Маскав ахиран Назарбоев навишт, ки ӯ панҷ роҳи таъсису тақвият бахшидани ин созмонро (Иттиҳоди АвруОсиё дар назар аст) пешниҳод мекунад, ки бино ба андешаи ӯ, метавонад ҳар чӣ фаврӣ ва самарабахш барои таъсиси созмони комил мусоидат намояд.Назарбоев пешниҳод мекунад, ки аз лаҳзаи аввали таъсисёбиаш созмони АвруОсиё бояд ҳамчун созмони бузурги иқтисодии ҷаҳонӣ эълон ва шинохта шавад.

Дуввум, ки бояд ин созмон ҳамчун иттиҳоди тавоное фаъол гардад, ки барои фарогирии мушкилоти кишварҳои АвруОсиё талош карда, пули пайвандгари миёни онҳо бошад.Пешниҳоди дигари Назарбоев он аст, ки ин созмон бояд як  ба иттиҳоди худкифои дорои сохтори молии умумӣ ва баъдан дорои асъори умумӣ бошад.Зимнан, ҷалб ва узвияти ихтиёрӣ ба созмон ва ниҳоят таъсиси институтҳои умумимиллие барои дарёфти дастгирии ҷомеа аз пешниҳодоти навбатии Назарбоев мебошад.

То куҷо ин “Роҳнамои Назарбоевӣ” поядор аст ва амалишавии он оё кафолат дорад?  Ин суоли матраҳ аст, албатта.

Ба ёд биёрем, агар дар мавриди таъсиси созмони ИДМ низ мухолифатҳое то он андоза зиёд буданд, аммо вақт нишон дод, ки ин созмон барои мардуми як вақтҳо зери як парчаму дар узвияти як давлат мезиста хидмати босазоеро анҷом дода меояд.Ба назар чунин мерасад, ки барои кишварҳои пасошӯравӣ давраи нави интегратсия шурӯъ мегардад. Тасмими таъсиси Иттиҳоди АвруОсиё дар соли 2015, хоҳ пешниҳодоти Назарбоев ба назар гирифта шавад, хоҳ не, ва ба он шомил шудани кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ ва нафақат онҳо, метавонад барои кишваре ҳамчун Тоҷикистон низ хеле манфиатовар бошад ва аз ин рӯ аллакай Душанбе барои узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё омодагии худро изҳор кардааст.

Аммо то таъсиси ин созмон ҳанӯз 3 соли дигар вақт аст ва мо ҳам интизор мешавем, ки барои таъсиси ин Созмон сарони кишварҳои “бародарӣ” чӣ талошҳое хоҳанд кард ва то куҷо пешниҳодоти Назарбоев, райисҷумҳури Қазоқистон  ба эътибор гирифта хоҳад шуд...

Абубакри Файзалӣ, Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)