Бахшҳо
23 дек 2011 05:08Сиёсат

Ҳокимияти чорум қудрат дорад?

Журналистони тоҷик дар шароити феълии вазъи расонаҳои Тоҷикистон таъсиси хазинаи вижаеро зарур мешуморанд, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ ва даъвоҳои судӣ алайҳи ВАО аз он истифода шавад.

Ташаббускорони ин пешниҳод мегӯянд, барои ба ин хазина ворид намудани маблағ аз аҳолии кишвар кӯмак мехоҳанд.

 

"Тоҷикистон ба стратегияи ҳифзи ВАО ниёз дорад"

Таъсиси хазинаи махсусро барои кумаки молӣ ба ВАО Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи "Азия Плюс" муҳим мешуморад. Номбурда, ки яке аз мубтакирони пешниҳоди таъсиси чунин як фонд аст, дар мизи мудавваре дар мавзӯи "Мушкилоти ҳамкории камтаъсири намояндагони ВАО ва мудофиёни ҳуқуқи башар" гуфт, дар вазъияти кунунӣ ВАО зери фишорҳои мухталиф қарор дорад. Муроҷиати зиёди мансабдорони давлатиро ба додгоҳ аз болои нашрияҳо ҷаноби Мамадшоев як навъи фишор арзёбӣ намуд. "Дар ҷараёни баррасиҳои додгоҳӣ баръало маълум мешавад, ки баробарҳуқуқии ҷонибҳо риоя намешавад. Дар бештари қазияҳо аз як тараф мансабдорон ва аз сӯи дигар ВАО меистад ва мақомоти судӣ манфиатҳои мансабдорро ҳимоя мекунанд. Таҷрибаи як соли охир нишон медиҳад, ки ин нобарбарҳуқуқӣ аз лаҳзаи аввали пешниҳоди аризаи даъвогӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, вақте як мансабдор алайҳи ВАО шикоят мебарад, судҳо онро қабул мекунанд, аммо вақте ВАО шикоят мебарад, қабул намекунанд",-афзуд муҳаррири нашрияи "Азия Плюс".

Пас, дар чунин вазъият чӣ бояд кард? Журналистон ва ВАО чӣ гуна бояд худро ҳифз намоянд?

Марат Мамадшоев аз идеяи таҳияи стратегияи ҳифзи ВАО ёд овард, ки ду сол қабл пайдо шуда буд. Аммо ба қавли вай зарурати онро чандон дарк накарданд ва ин идеяи ноб мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифт. "Дар мо чунин аст, ки вақте ягон даъвои "калидӣ" алайҳи расонае ба суд мерасад, баъд ҳама осемасар пайи он мешавем, изҳорот қабул мекунем ва ғайраҳо. Вақте қазия ба оҳистагӣ ҳал мешавад, боз фаромӯш мекунем ва то даъвои дигари судӣ гуфтан мумкин ки коре анҷом намедиҳем".

Марат бори дигар ба муҳимияти таҳияи низоми стратегии ҳифзи ВАО таъкид дошт. ? мегӯяд, дар ин замина бояд барномаи кӯтоҳмуддат, миёнмуддат ё дарозмуддат таҳия шавад.

"Дар мавриди комил набудани қонунгузории Тоҷикистон дар робита ба ВАО зиёд гуфтанд ва ҳадафи стратегия ҳам ислоҳи ҳамин нуқсҳои қонунгузорӣ мебошад.

Мо метавонем ояндаи наздик барои аз кодекси ҷиноӣ берун кардани ҷавобгарии ҷиноӣ барои тӯҳмат муваффақ шавем. Ҷазои ҷиноятӣ барои тӯҳмат силоҳи хавфнокест ва мо бояд онро ба гунае безарар гардонем".

Маврид ба зикр аст, ки журналистон ва ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО чандин сол аст, ки барои аз кодекси ҷиноӣ берун кардани моддаҳои 35 ва 36 (тӯҳмат ва таҳқир) садо баланд мекунанд, аммо натиҷае ҳосил намешавад. Соҳибназарон мегӯянд, аксари мансабдорони давлатӣ бо истифода аз ин ду модда мехоҳанд даҳони журналистонро бубанданд. Ахиран, Русия барои аз кодекси ҷиноӣ берун андохтани моддаҳои тӯҳмат ва таҳқир иқдом намуд ва таҳлилгарони тоҷик низ умед бастаанд, ки Тоҷикистон ҳам дар ин самт роҳи шарики стратегияшро тай хоҳад кард.

Таъсиси фонди ҳифзи ВАО бо пули аҳолӣ

Дар мизи гирди "Мушкилоти ҳамкории камтаъсири намояндагони ВАО ва мудофиёни ҳуқуқи башар", ки созмони "Медиа Алянси Тоҷикистон" созмон дод, имкон надошт, ки аз мавзӯи №1-и якуним соли ахир афзоиши даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи ВАО ёд нашавад. Зимнан, Марат Мамадшоев, муҳаррири газетаи "Азия Плюс" мегӯяд, бояд хазинаи махсусе созмон дода шавад, ки дар замони қазияҳои додгоҳӣ ба ВАО кӯмак расонад. "Ҳар кассе, ки ба қазияҳои судӣ рӯ ба рӯ шудааст, медонад, ки ҳимоячии касбие лозим аст ва пӯшида нест, ки барои адвокат ҳаққи хизмат бояд пардохт. Боз даҳҳо корҳои дигаранд, ки маблағро талаб мекунанд. Аз ин рӯ мо ба "маблағҳои озод" ниёз дорем. Ман ошкор мегӯям, ки нашрияҳои мо чунин маблағҳоро надоранд. Созмонҳои байналмилалӣ пул доранд, аммо тавре медонед, дарёфт кардани он душвориҳои зиёд дорад, зеро раванди зиёдеро бояд тай намуд. Тавре мегӯянд, "наҷоти ғарқшаванда дар дасти худи ӯст". Фикр мекунам ин маблағро мо метавонем аз аҳолӣ ҷамъ биёрем. Мо чунин як идея доштем, вақте қазияи судии нашрияҳои "Озодагон", "Фараж", "Азия Плюс" ва "Милат" ҷараён дошт ва ҳафтаномаи "Пайкон" баҳси додгоҳиро бо Тоҷикистандарт бохта буд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо даъвогарон аз нашрияҳо маблағҳои ҳангуфте ҳамчун ҷуброн талаб карда буданд. Он замон намедонам касе пешниҳод кард, ки биёед ба аҳолӣ муроҷиат мекунем, то дар хазинаи махсусе маблағ ҷамъ намояд. Фикр мекунам ин идеяи хуб ҳаст. Бовар дорам аҳолӣ барои ҳимояи ВАО пул ҷамъ мекунад. Онҳо ба мо бовар доранд".

Аммо ба гуфтаи Марат бояд ин хазина суратҳисоби махсус дошта бошад ва комиссияи вижае маблағҳоро пайваста назорат барад, то мақсаднок истифода шаванд. Муҳаррири "Азия Плюс" мегӯяд, бо ин роҳ аз як тараф ҳамрайъии журналистон таъмин мешавад ва аз сӯи дигар то андозае мизони боварии аҳолӣ ба ВАО таҳким меёбад.

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Журналист" дар мавриди ин пешниҳоди Марат Мамадшоев гуфт:

-Пешниҳод баҷо аст, вале боз ҳам айби мо журналистон аст, ки дар пешниҳод кардан ва танқид намудан "ҳунар"-и хуб дорем, аммо дар масъалаи амалӣ кардани пешниҳодҳо хело танбал ҳастем. Агар ба ёд биёред, як сол нашудааст, ки дар чунин як нишасте айнан чунин як пешниҳоде буд. Он вақт дар мавриди таъсиси хазинаи ҳамрайъии журналистон гуфта будем. Қариб як сол мешавад, вале ягон кори амалӣ барои татбиқи он карда нашудааст. Ман метарсам, ки пешниҳоди Марат ҳам ба ҳамин ҳол мемонад, яъне аз собитқадам набудани худи мо журналистон".

Аммо ба иддаои Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) пешниҳоди таъсиси Хазинаи ҳамрайъии журналистон фаромӯш нашудааст ва корҳо барои амалӣ кардани он ҷараён доранд.

Воқеан, ба қавли таҳлилгарон дар қиёс ба 4-5 соли қабл ахиран як навъ ҳамрайъии журналистон дар кишвар эҳсос мешавад. Барои исботи ин гуфтаҳо онҳо ба қазияи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" ва Урунбой Усмонов, хабарнигори "ББС" ишора мекунанд, ки сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи журналистӣ дар пай дошт ва билохира бо раҳоии онҳо анҷом ёфт.

Хазинаи ҳамрайъии журналистон мебоист аз ҳисоби маблағҳои нашрияҳо таъсис мешуд. Мубтакирони ин пешниҳод мегуфтанд, ҳар нашрия ӯҳдадор мешавад, ки як фисади муайяни маблағро дар давоми се моҳ ё як сол ба ин хазина бирезад, то дар ҳолатҳои изтирорӣ, вақте хабарнигоре ё нашрияе ба мушкили додгоҳиву дигар проблеммаҳо рӯ ба рӯ мешавад, ба ӯ кӯмаки модӣ расонда тавонанд.

Нуриддин Қаршибоев бовар дорад, ки хазинаи дастгирии журналистон, ки муҳаррири "Азия Плюс" пешниҳод кард, муваффақ мегардад. Умрилло Меликов, ҳуқуқшиноси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон гуфт, таъсиси хазина барои журналистон, ки ҳуқуқшиносонро ҷамъ оварад то дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо кӯмак расонанд, хуб аст, аммо агар ҳар нашрия бо қадри тавони худ як ҳуқуқшиносро ба таври пайваста ба кор гирад, таъсири дучанд мерасонад. "Дар ин сурат он ҳуқуқшинос корро асилтар иҷро мекунад нисбат ба оне ки корро ба фоидаи нашрия мекунад, аммо пулро аз ҷои дигар мегирад. Дар ин ҳолат баъзан корро аз сидқи дил иҷро намекунанд. Рӯ ба рӯ масъулият доштан даҳ маротиба натиҷааш беҳтар аст аз он ки бо шумо кор мекунад, аммо пулашро аз ҷои дигар мегирад. Аллакай худаш масъулият канда мешавад".

Аммо таъсиси хазина аз мавзӯи ягонаи мизи гирд набуд. Дар ин ҳамоиш мушкилиҳои дигари журналистикаи тоҷик ҳам баррасӣ ва муҳокима гардид.

"Журналистон бояд аз имконияти қонунияшон бештар истифода кунанд"

Сарпечии бархе мақомот ҳангоми ироаи маълумот ба журналистон ҳам наметавонист берун аз баҳсҳо қарор бигирад. Коршиносоне буданд, ки ба ин мушкил худи рӯзноманигоронро гунаҳкор донистанд.

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Журналист" мегӯяд, айби худи журналистон аст, ки ба суд ҳамчун даъвогар муроҷиат намекунанд. Номбурда аз ягона ҳолати муроҷиати Зафар Абдуллоев, собиқ раҳбари хабаргузории "Авесто" ба додгоҳ аз болои ширкати "Тоҷикэйр" барои дастрас накардани иттилоъ ёдоварӣ кард. ӯ гуфт ҳарчанд ин даъво қонеъ гардонда нашуд, аммо дар ҳолати зиёд шудани чунин даъвоҳо натиҷаи мусбатеро метавон мунтазир шуд. "Мо журналистон бояд аз чунин имкониятҳои қонунии худ бештар истифода барем".

Иноят Иноятов, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО ҳам гуфт, имрӯзҳо дар бештари маврид рӯзноманигорон ва ВАО ба сифати ҷавобгар баромад мекунанд, ҳолатҳои баръакс, ки ВАО ё журналист даъвогар бошад, қариб ки ба назар намерасад.

Як мушкили дигар ки иштирокдорони ҳамоиш сари он сӯҳбат карданд, аз сӯи мансабдорони давлатӣ талаб намудани ҷубронҳои ҳангуфт дар қазияҳои додгоҳӣ бо нашрияҳо буд. Адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев дар ин бора гуфт: "Дар қонунгузорӣ омадааст, ки аз маблағи ҷуброни талабнамуда даъвогар бояд 0,5 дарсад пардозад, агар маблағи талабнамуда аз як миллион зиёд бошад. Вақте судяҳои суди олӣ алайҳи ман ва се нашрия "Озодагон", "Азия Плюс" ва "Фараж", ки изҳороти маро чоп карданд, ба додгоҳ шикоят бурда тақозои 5,5 миллион сомониро карданд, ҳамагӣ 4 сомонӣ пардохтаанд. Собиқ раҳбари раёсати ҷиноятҳои муташаккил вақте алайҳи хабарнигори газетаи "Азия Плюс ва худи ин ҳафтанома даъво бурд, ҳамагӣ 2 сомонӣ пардохт. Аммо вақте ман шикояти даъвоӣ бурдам барои ҳифзи шараф ва номус, бидуни даъвои ҷуброни маънавӣ, суд аз ман 5 ҳазор сомонӣ талаб кард, дар ҳоле ки ман ҷуброни маънавӣ талаб накардам ва танҳо мехостам, ки онҳо узр пурсанд. Куҷост адолат ва қуҷост қонун"?

Робитаи хуби мансабдорон ва журналистонро дар Кӯлоб кӣ барҳам зад?

Ва мавзӯи дигар нигаронии коршиносони ҷануби кишвар аз ҳолати бӯҳронӣ дар вилояти Хатлон буд.

Орзӯ Ҳомидов, муассис ва сардабири нашрияи "Пажвок" дар вилояти Хатлон гуфт, бо ҳар роҳу васила рӯи хабарнигорони минтақа фишор меоваранд. Кӯшиш мекунанд ба фаъолияти онҳо монеъ шаванд. Ба бовари Орзӯ агар вазъ ба ҳамин тариқ идома кунад дар панҷ соли оянда эҳтимол минтақаи ҷануб ба бӯҳрони кадрҳои соҳаи журналистика рӯ ба рӯ шавад. "Дурнамои ВАО дар минтақа аз лиҳози он ки аҳолии зиёд дорад, аз лиҳози он ки манбаҳои хабарсози зиёд дорад, умедворкунанда ҳаст, аммо аз лиҳози шартҳое ки барои ташаккули ВАО заруранд, минтақа то андозае бӯҳронӣ аст".

Сайраҳмон Назриев, яке аз дигар хабарнигорон дар минтақаи ҷануби кишвар гуфт, имрӯз ба кадом сохторе дар минтақа муроҷиат накунед, мегӯянд, бидуни иҷозаи раҳбарият, яъне мақомоти марказӣ ба саволҳои журналист посух намедиҳанд. Ин дар ҳоле, ки як сол пештар хабарнигорон чунин як мушкилро надоштанд. Ҳамкории журналистон ва мақомоти давлатӣ хуб буд. Ҳатто тариқи телефонӣ маълумоти заруриро аз прократура, раёсати корҳои дохилӣ, раёсати мубориза бо коррупсия ва дигар ниҳодҳо дарёфт мекардем. Аммо ҳоло кор ранги дигар гирифтааст мегӯяд вай: "Бештар кормандони мақомоти интизомӣ ва қудратӣ ба шарте бо журналист сӯҳбат мекунанд, ки агар он сӯҳбат дар нашрияҳои давлатӣ чоп шавад, на дар ҳафтаномаҳои мустақил. Онҳо нашрияҳои мустақилро ҳамчун газетаҳои оппозитсионӣ мешиносанд".

Иноят Иноятов, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО мегӯяд, қонунгузории кишвар барои саркашӣ аз маълумот ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст. "Хуб мебуд, ки рӯзноманигорони минтақаҳои кишвар дар сурати монеи фаъолияти касбии журналист шудан ва сари вақт надодани ахбор ба мақомоти дахлдор зиёдтар муроҷиат намоянд".

Ва дар охир…

Иштирокчиёни мизи гирд бо таҳияи чанд тавсияе кори ҳамоишро ба поён бурданд.

1. Таҳкими ҳамкории ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои журналистон, ВАО ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот;

2. Созмон додани иттиҳоди адвокатҳои соҳаи ВАО ва ба ин иттиҳод ҷалб намудани ҳуқуқшиносони ҷавону болаёқат;

3. Амалӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, сардабирон ва муассисони ВАО дар мавзӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо дар чорчубаи қонунгузории Тоҷикистон;

4. Ирсол намудани пешниҳоду дархостҳои иштирокдорони мизи гирд ба мақомоти дахлдор аз ҷумла пешниҳодҳое, ки ба лоиҳаи қонун дар бораи ВАО марбут аст;

5. Таҳияи стратегияи ҳимояи ВАО ва журналистон, аз ҷумла таъсиси хазинаи фавқулолодаи дастгирии ҳуқуқии ВАО;

Аксари коршиносон бар ин назар буданд, ки бо таваҷҷуҳ ба афзудани нақши расона ва рӯзноманигор дар ҷомеа, ба назар мерасад ҳамоишҳое аз ин гуна ва таҳкими ваҳдат байни рӯзноманигорон дар ростои аҳдоф ва арзишҳои олӣ метавонад дурнамои хубе барои ин бахш ва дар маҷмӯъ кишвар дошта бошад.

Абдулазизи ВОСЕЪ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)