Бахшҳо
23 дек 2011 05:22Сиёсат

Тафриқаандозӣ миёни аҳзоби сиёсӣ ба нафъи кист?

Адами ҳизби сиёсии устувори дунявӣ дар Тоҷикистон бойис гардидааст, то Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҷонибдори бештар пайдо намояд.

Аз ҲНИТ шаҳрвандони кишвар на ба хотири ақидаҳои сиёсӣ, балки ба хотири наздик шудан ба ақидаҳои динии худ, ақидаҳои исломӣ ҳамроҳ мешаванд, таъкид намуд Абдулло Раҳнамо, мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС).

Ҳафтаи сипаришуда бо ибтикори Маркази исломшиносии назди раисҷумҳури кишвар конфронсе дар мавзўи таҷрибаи миллии муносибати дину давлат дар Тоҷикистон доир гардид. Иштирокдорони ин конфронс дар мавриди зарурати ҳамкории дину давлат, дурнамои минбаъдаи муносибати дину давлат ва хатарҳои эҳтимолӣ "баҳсҳое" ҳам бо ҳам доштанд.

ҲНИТ ягона ҳизбе, ки дар Тоҷикистон имконияти рушд дорад

Барои манфиатҳои давлатдорӣ ба мо мухолифи дунявӣ зарур аст, на динӣ, мегӯяд Абдулло Раҳнамо. Номбурда, ки дар мавриди "Таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар танзими фаъолияти аҳзоби сиёсии динӣ дар шароити дунявӣ" сӯҳбат мекард, паҳлӯҳои ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Мусоид набудани фазои сиёсӣ барои рушди аҳзоби дунявӣ майдонро барои ҳизби мухолифи характери динӣ дошта боз намуда, рушд наёфтани ҳизбҳои дигар тамоми фазоро дар ихтиёри ҳизби динӣ қарор додааст. "Ин аз назари дурнамои кишвар ташвишбарангез аст. Ба ин масъала мо набояд аз нуктаи назари рақобати ҳизбӣ нигарем. Зеро дар сурати таҳавуллоти ҷиддитар ин масъала метавонад масъалаи ақидатии давлат ва кишварро пеш гузорад. Мо ҳамагӣ шоҳиди таҳавуллоти Тунис ва Миср будем. Дар давраи ҳукумати Бен Алӣ дар кишвар тамоми аҳзоби демокративу сотсиалистӣ заъиф буданд. Вақте ҳукумат рафт, он ҳизбҳо ҳам аз бозӣ берун шуда, ҳизби наҳзати исломӣ аз фурсат ба манфиати хеш истифода бурд", илова намуд Абдулло Раҳнамо.

Мутахассиси пешбари МТС мушкили дигари рушд наёфтани аҳзоби сиёсии дунявиро дар шиорбозиҳои онҳо арзёбӣ намуд. Ба бовари номбурда ҳизбҳои дунявӣ барои муаррифӣ кардани аҳдофи худ, барои эҳёи миллӣ бештар аз шиорҳои миллӣ истифода мекунанд, ки барои ақалиятҳои миллӣ чандон ҷолиб нест. Бино бар таҳлили технологияи сиёсӣ ақалиятҳои миллӣ вақте дар ин аҳзоб ҷой намеёбанд рӯ ба ҳизби динӣ меоранд.

Албатта аз нигоҳи аввал барои ҷомеае, ки 90 дарсади онро мусалмонон ташкил медиҳанд, зарурияте барои таъсис ва фаъолияти ҳизби динӣ нест. Аммо чӣ бояд кард, вақте гурӯҳе аз шаҳрвандон бар дунявӣ будани худ таъкиди бештар карда, ба худ ҳувияти дунявӣ медиҳанд, суол мекунад Абдулло Раҳнамо. Ба бовари номбурда ҳизбҳои динӣ ҳам бар муқобили ҳувияти дунявӣ таъсис ёфтаанд. Таҷриба ҳам нишон медиҳад, ки дунявӣ ном гузоштани аҳзоби дигар барои мушахас гардидани нерӯи дунявии як гурӯҳ мусоидат намуда, дар ин сурат ҳизби динӣ барои онҳо ҳамчун мухолиф қабул мешавад.

Ҳизбҳои динӣ дастгоҳи махсуси таблиғот доранд

Ба таҳқиқи мутахассиси пешбари МТС ҳизбҳои дунявӣ ба хотири рушд, муаррифӣ намудани аҳдофи худ бештар аз расонаҳои хабарӣ истифода мекунанд. Вале ҳизби динӣ ҳатто дар сурати дастрас набудани расонаҳо аз роҳхои дигар рушд хоҳад кард.

"Ҳизбҳои дунявии мо аз мавҷудияти ақалияти миллӣ дар кишвар фаромуш кардаанд. Дар сурати бетаваҷҷӯҳии онҳо аксарияти намояндагони дигар миллатҳо рӯ овардаанд ба ҲНИТ. Барои мисол дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд. Ман шоҳиди он будам, ки чӣ гуна зимни баргузории як ҳамоиши ҲНИТ гурӯҳе дар як канор бо ҳам "гӯшакӣ" мекарданд. Аз як нафар сабаби ин ҳама сӯҳбатҳои "роз"-ро пурсон шудам. Ба ман гуфтанд, ки онҳо мардуми ӯзбакзабонанд, аъзои ҳизби наҳзат ва тавассути тарҷума бо ҲНИТ ошно мешаванд", зикр намуд Абдулло Раҳнамо.

Номбурда мегӯяд, ки дар ин авохир аҳзоби сиёсии дунявӣ бештар ба ақидаҳои миллӣ рӯ оварда, тамоми шиорзаниҳо ҳам як маъно дорад: "Тамаддуни Сомониён, давлати ориёинажод ва ғайра". Бояд гуфт, ақалиятҳои миллиро бо ин гуна шиорзаниҳо наметавон ба худ ҷалб намуд. Вақте аҳзоби сиёсӣ ба чунин таблиғот даст мезананд, интихоби ақалиятҳои миллӣ ҳизби динӣ мешавад.

Абдулло Раҳнамо бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон давлатмардон хоставу нохоста барои фаъолияти ҲНИТ шароити хуб фароҳам меоранд. Ба сифати далел номбурда аз маҳдуд гардидани намозгузорӣ дар масҷид барои шаҳрвандони зери синни 18 сола мисол овард. Номбурда муътақид аст, ки дар ин амали масъулин тағйири баланси қудративу сиёсӣ эҳсос мешавад. Бо ин амали худ ҳукумат дар рушди фазои динӣ мушкилотеро бар зарари худ ба вуҷуд овард. Албатта ғайримустақим.

ҲНИТ хатар надорад, аммо шиорҳои онҳо…

Абдулло Раҳнамо дар идома гуфт, ки албатта мавҷудият ва фаъолияти ҲНИТ барои Тоҷикистон зарар надорад. Ба ҳар сурат хатар дар ақидаҳои исломӣ вуҷуд надорад. Исломӣ будан ин худитар будан, мардумӣ будан аст. Мушкил дар сатҳи поёни плотенсиали фикрӣ аст. Дар сурати сари қудрат омадани ҲНИТ наметавонем бигӯем, ки ислом бо тамоми шуури худ меояд. Сари қудрат танҳо шуури ҳамин гурӯҳи одамон меоянд. Агар он дар сатҳи хубе бошаду зиндагии аз ин беҳтари мардумро кафолат бидиҳад, пас ҳама ба он овоз медиҳанд. Аммо гап сари баъзе аз доираҳое меравад, ки метавонанд ба ҲНИТ таъсир бирасонанд.

"Ин ҷо бояд аз ҳамон анҷумани ҲНИТ ёд кард. Албатта давоми 15 соли фаъолияти ҲНИТ мо хатареро эҳсос накардем. Аммо меҳмонони ин ҳизб талош карданд ба аъзои ҲНИТ бигӯянд, ки онҳо дар қиболи шайтон қарор доранд. Вазифаи аслии онҳо ҳам гӯиё ин сарнагунии шайтон аст. Ин падида начандон хуб аст. Вақте як ҷониб худро ҳизби Худову ҷониби дигарро ҳизби шайтон муаррифӣ мекунад, он мушкилоти мавҷударо бартараф накарда, бӯҳрони сиёсӣ амиқтар мешавад. Дар ин баробар аз таҷрибаи ҳизби динӣ дар Тоҷикистон бармеояд, ки агар ҳизби динӣ танҳо ба масъалаи қудрат ва сиёсат машғул шавад, гоҳо худаш боис ба ташаннуҷи муносибати дину давлат мегардад. Ва сиёсӣ шудани фазо натиҷаҳои дигар медиҳад. Яъне ба хотири маҳдуд кардани рақиб давлат маҳдудиятҳое дар дин ҷорӣ хоҳад кард".

Ба хулосаи Абдулло Раҳнамо мавҷудияти ҲНИТ ҳамчун канали расмӣ эҳтиёҷ ба фаъолияти ғайрирасмии диниро кам хоҳад кард. Ҳамчунин фаъолият дар доираи қонун ва таҷриба дар фаъолияти расмӣ нерӯҳои исломиро суфта ва мудерн карда, ширкат дар раванди сиёсӣ ҳисси масъулиятро барои ҲНИТ эҷод хоҳад кард, гуфт Абдулло Раҳнамо.

Қ. Бекмуҳаммад: Ҳизбҳо "динӣ"-ву "дунявӣ" намешаванд

Зимнан Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик аз ҷудо кардани ҳизбҳо ба гурӯҳҳои "динӣ" ва "дунявӣ" изҳори норизоӣ намуд. Ба бовари номбурда, танҳо дар сурати ба умури ин дунё дахолат накардани ҳизби динӣ мо метавонем онҳоро ба гурӯҳҳои диниву дунявӣ ҷудо намоем. "Аммо вақте ҳизби исломӣ ба тамоми масоили ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг машғул аст, мо наметавонем ҳизбҳоро гурӯҳбандӣ намоем. Агарчӣ ғайримантиқист, аммо танҳо дар сурати шартӣ ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро ба аҳзоби диниву дунявӣ метавон ҷудо кар. Вале ин ки чаро дар Тоҷикистон ба ҲНИТ дар қиёс ба дигар аҳзоб таваҷҷӯҳ бештар аст, бояд гуфт, ки танҳо бахше аз ин масъала бармегардад ба он, ки ҳизбҳои "дунявӣ" фаъолияти чандон чашмгир надоштанд. Ҳамзамон набояд фаромуш сохт, ки аҳзоби ба истилоҳ "дунявӣ" барои ҷалби таваҷҷӯҳи мардум чӣ чизҳо арз мекунанд". Бояд таъкид намуд, ки ҲНИТ на ҳамеша дар чунин ҷойгоҳ қарор дошт. Дар замони бозсозии Горбочёв нақши аҳзоби сиёсии демократӣ ва миллӣ бисёр барҷаста буд. Он замон ҲНИТ он мақом ва тарафдороне, ки дигар аҳзоб доштанд, надошт. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки он арзишҳо ва он меҳварҳои фикрӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоие, ки аҳзоби "дунявӣ" муаррифӣ карданд, дар иҷро ва пиёда кардани он худашон сахтӣ кашиданд ва ё ба мушкилот мувоҷеҳ шуданд. Қосими Бекмуҳаммад дар идома мегӯяд, ки мушкил на дар арзишҳои демократӣ, балки дар он аст, ки ҳизбҳои "дунявӣ" онро бояд бо дар назардошти кишвар, миллати худ истифода мекарданд. Бартарии ҲНИТ дар он аст, ки арзишҳои дунявӣ ва диниро канори ҳам гузоштааст.

Дар робита ба эроди Абдулло Раҳнамо оид ба эҳтимоли таъсиргузории нерӯҳои беруна ва ё суханронии онҳо дар анҷумани ҲНИТ таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ки даъват аз ҳамандешони хориҷӣ ин як таҷрибаи ҷаҳонист. Дар анҷумани аҳзоби ҳоким низ меҳмонон аз дигар кишварҳо ширкат меварзанд. ҲНИТ низ ҳамчун як гурӯҳи исломии як кишвар наметавонад иртиботе бо сохторҳои марбутаи кишварҳои дигари исломӣ надошта бошад.

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд зарфияте кадрие, ки ҲНИТ дорад аз потенсиали дигар аҳзоб чандон мутафовит нест. Зеро аъзои ҲНИТ қишри муаяйн буда, ҷонибдорони он аз қишри дигаранд. Гурӯҳи дуввум аз ҷиҳати таҳсил ва тахассус афроди бисёр пешгом ҳастанд.

Аз сӯи дигар бо таваҷӯҳ ба ҷойгоҳи иҷтимоии ҲНИТ ва вокунишҳои мақомоти мухталиф ба амалкарду изҳороти раиси ин ҳизб, ки гоҳо дар шакли хеле нописанд ва бидуни риояти ҳама гуна меъёри ахлоқ сурат мегирад, намешавад гуфт, ки фақат шиорзаниҳои ин ё он ҳизб боиси таҳкими ҷойгоҳаш дар ҷомеа мебошад. Беш аз ин заъфи аҳзоби ба ном дунявӣ низ на танҳо дар ҳамин номи онҳо, балки бештар дар идеологияву арзишҳои онҳо низ ҳаст ва гузашта аз ин ҳама тамоюли аксари мардум ба ҳизбу ҳизбхоҳӣ ба сифати як фарҳанги сиёсӣ шакл нагирифтааст. Шояд мушкилро дар ин ҷо ҷустан ва талош барои шакл додану таҳкими фарҳанги сиёсӣ бештар ба манфиати кор бошад, аз он ки дар симои ин ё он ҳизб ё шахсият хатару душманӣ биҷӯем.

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)