Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:12

Муноқишаи Қафқоз дар маркази таваҷҷӯҳи Кохи Сафед

25 июн 2011, 04:53

Президенти ИМА Барак Ҳусейн Обама ба масоили авзои Қафқоз таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.


Бино ба навиштаи хабаргузории «kavkaz.ru»  сарвари Кохи Сафед дар остонаи музокироти раҳбарони Арманистону Озарбойҷон доир ба Кӯҳистони Қаробоғ хостори пешрафт дар ин музокирот шудааст. Барак Обама дар ин бора бо Серж Саркиссиён ва Илҳом Алиев телефонӣ гуфтӯгу кардааст. Обама аз ҳарду раҳбар хостааст, санади усулҳои бунёдии роҳи ҳалли муноқишаи мазкурро имзо кунанд. Моҳи гузашта Амрикову Русия ва Фаронса аз Озарбойҷону Арманистон даъват карданд, барои ҳалли мусолиматомези муноқишаи Қаробоғ бидуни таъхир чораҳои муассире андешанд. Озарбойҷону Арманистон барои вилояти умдатан арманишиниши Кӯҳистони Қаробоғ бо ҳам ҷангида ва соли 1994 созиши оташбас имзо карданд. Ҳамакнун, бо гузашти 17-сол ҳам миёни ин ду кишвар муносиботи сарди дипломатӣ ҳукмрон аст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!