Бахшҳо
28 дек 2011 09:33Гузориш

Парлумон лизингро «сабук» кард

Лизинг ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ аз маҳсулоти ватанӣ, афзунгардонии маҳсулоти содиротӣ ва ба танзим даровардани нархҳои бозори дохилӣ ва зиёдшавии ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад…

Имрӯз дар Душанбе  ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар сурат пазируфт. Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии МН ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ин нишаст, ки таҳти раёсати райиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Сўҳроб Шарипов», «Дар бораи раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб намудани Убайдулло Давлатов» ва «Дар бораи ба ҳайати Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Убайдулло Давлатов» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ба лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» тағйирот ворид карда шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» -ро муҳокима ва қабул карданд.

Зимнан, муовини вазири молия Ҷамшед Норинов, раиси кумитаи МН   Сафаралӣ Раҷабов, вакилон Сафаралӣ Гулов ва Шарофиддин Сироҷов зимни баромад ва суханрониҳои худ роҷеъ ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи моҳият ва аҳамияти лоиҳаҳои пешниҳодшуда баён доштанд.Баромадкунандагон дар баробари моҳияти асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур, ҳамчунин роҷеъ ба мафҳуми лизинг маълумот доданд.

Лизинг

Зикр гардид, ки лизинг ҳамчун механизми таъминоти азнавкунии воситаҳои асоси корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохторҳои саноатӣ истифода бояд шавад. Он (лизинг) ба зиёдшавии истеҳсолоти дохилӣ, аз ҷумла барои коркарди маҳсулот дар дохили ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ аз маҳсулоти ватанӣ, афзунгардонии маҳсулоти содиротӣ ва ба танзим даровардани нархҳои бозори дохилӣ ва зиёдшавии ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад.

Ҳифзи растаниҳо

Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов бошанд, дар суханрониҳои худ мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» - ро бо назардошти дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки расмиёти он қабули як қатор қонунҳо ва ворид кардани таѓйиру иловаҳоро ба қонунгузории амалкунанда ҷиҳати мутобиқ сохтани қонунгузории ҷумҳурӣ ба талаботи ин ташкилот таҳия шудааст.

Дар бораи милиса

Мақсад аз ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» - ро муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ва вакили Маҷлиси намояндагон Саодат Амиршоева ҷорӣ намудани механизми ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самаранок истифода намудани иқтидори кадрии онҳо, инчунин пешгирӣ аз зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ, бархўрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ, мутобиқ намудани он ба моддаи 26 прим 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» арзёбӣ карданд.

Стандартонӣ ва иҷозатномадиҳӣ

Ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», ки аз тарафи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Бахтиёр Шукуров ва намояндаи мардумӣ Эшбурӣ Эсанқулов шарҳу тавзеҳ дода шуд, мутобиқгардонии муқаррароти талаботҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ҷиҳати ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони байналмилалӣ маънидод гардид.

Зикр шуд, ки лоиҳаи қонунимазкур тибқи банди 29 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2011 «Дар бораи тадбирҳо оид ба тақвият бахшидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» таҳия шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Нозимов, ки аз рўи масъалаи охири ҷаласа, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» суханронӣ кард, таъкид дошт, ки ин лоиҳа бо мақсади мукаммал намудани Қонуни амалкунанда ва бо назардошти аҳамияти хоса доштани воридоту содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ пешниҳод гардидааст ва минбаъд барои ин намудани фаъолият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ додани рухсатномаро пешбинӣ менамояд.

Зикр шуд, ки ворид намудани иловаи пешбинигардида, инчунин мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро аз байн мебарад.

Мавзуна Абдуллоева

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)