Бахшҳо
29 дек 2011 08:07Иқтисодӣ

Як соли иқтисоди Тоҷикистон

Таваррум

Бар асоси маълумоти расмӣ тайи 12 моҳи ахир мизони таваррум дар Тоҷикистон 10, 1% -ро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки миллӣ ҳангоми ба нақшагирии буҷети соли 2011 сатҳи таваррумро аз 7 то 9 фоиз пешбинӣ карда буд. Вале бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, ки сатҳи таваррум аз будаш кам нишон дода мешавад. Зеро дар баъзе соҳаҳо нарх то 50 дар сад боло рафтааст ва ин маънои онро дорад, ки сатҳи таваррум баландтар аст. Бо далели ноустуворӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва идомаи бӯҳрони молиявӣ дар Тоҷикистон шиддати афзоиши сатҳи таваррум ба назар расидааст. Ба андешаи таҳлилгарон болоравии арзиши маҳсулоти ғизоиву нафтӣ боиси ба шиддат афзоиш ёфтани сатҳи таваррум гаштааст.

Қарзи хориҷӣ

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар як нишасти матбуотӣ эълон кард, ки қарзи берунаи кишвар дар нимсолаи ҳисоботӣ ба 2 миллиарду 75 миллион доллар расидааст, аммо ин ҷои нигаронӣ надорад. Албатта дар чунин маврид мақомоти давлатӣ қарздор будани кишварҳое мисли Амрикову Ҷопонро мисол меоранд, ҳарчанд иқтисоди онҳо ва имиҷу ҷойгоҳашон дар сатҳи байналмилалӣ бо Тоҷикистон қиёснопазир аст. Коршиносони мустақил мегӯянд, ки барои Тоҷикистон аз 25 фоиз зиёд шудани қарзи хориҷӣ хатар дорад. Қарзи хориҷии Тоҷикистон агар ба 2 миллиарду 75 миллион доллар расида бошад, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли гузашта ба 4 миллиарду 600 миллион доллар баробар буд. Вазири молия гуфт, ки ин қарз 33 дар сади ММД-ро ташкил медиҳад, вале воқеият доштани он зери суол аст. Зеро агар қарзи хориҷиро аз маблағи ММД тарҳ кунем, тақрибан ба 50 дар сади ММД баробар аст. Он қарзе, ки Вазорати молия мегӯяд (2 млрд. 75 млн) танҳо қарзҳои давлатианд. Вале боз қарзҳои ғайридавлатӣ ҳастанд. Соли гузашта Сандуқи байналмиллалии пул ҳисоб карда буд, ки қарзҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон 56 дар сади ММД-и кишварро ташкил медиҳанд. Дар ин сурат афзоиши қарзҳо барои Тоҷикистон нигаронии зиёд дорад. Вақте дар бораи қарзи хориҷӣ сӯҳбат мешавад, масъулини ҳукумати Тоҷикистон мисол меоранд, ки қарзи Амрико ба чандҳо триллион баробар аст ва ҳудуди 200 фоизи ММД-ашро ташкил медиҳад ва Япония низ ҳамин тавр аст. Дуруст аст, ки муқоиса мекунанд, вале ин ду кишвари қиёсшаванда тавлидот доранд ва ба он миқдоре, ки қарз гирифтаанд, метавонанд маҳсулот тавлид карда, ба бозори ҷаҳонӣ бароранду фурӯшанд. Ба андешаи таҳлилгарон ин қарзҳо ба иқтисоди Тоҷикистон хатари ҷиддӣ доранд.

Бекорӣ

Дар ҳоле созмонҳои байналмиллалӣ оид ба шуғл шумораи шаҳрвандони воқеан бекори Тоҷикистонро аз 500 ҳазор зиёд унвон мекунанд, ки тибқи иттилои расмӣ дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ то охири моҳи июни соли 2011-ум 54,4 ҳазор нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 28,6 ҳазор нафар занон (52,6 фоиз) ва 35,7 ҳазор нафар (65,7 фоиз) ашхоси синни аз 15 то 29 сола мебошанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2011-ум 2 152,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 2 098,1 ҳазор нафар (97,5 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 54,4 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010 шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол 19,7 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Аммо аз рӯи маълумотҳои дигар ҳудуди 70 дар сади аҳолӣ дар деҳот умр ба сар мебаранд ва наздик ба нисфи онҳоро занон ташкил медиҳанд, ки тақрибан 40 дар сади эшон бекоранд. Зеро корхонае, ки ба онҳо кор диҳанд дар деҳот мавҷуд нестанд. Бо назардошти шумораи зиёди бекороне, ки дар гузашта нафарони қобили корӣ ба ҳисоб мерафтанд ва имрӯз аз сабаби набудани ҷойи кор хонашин ё бекоранд, дар Тоҷикистон ҳудуди 1, 5 миллион нафар одамон ҷойҳои кории худро дар деҳот ва шаҳру навоҳӣ аз даст додаанд. Ин дар ҳолест, ки дар оянда ин теъдод ба нафақаи бознишастагӣ ниёз хоҳанд дошт. Бар замми ин дар дохили Тоҷикистон ёфтани кори хуб мушкил аст ва тибқи омори расмӣ беш аз 1 миллион ва аз рӯи ҳисобҳои ғайрирасмӣ ҳудуди 2 миллион мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират зиндагии худро пеш мебаранд. Намояндагони СБМ шумораи расмии бекорон дар ҷаҳонро ҳудуди 200 млн. нафар арзёбӣ мекунанд. Бо дар назардошти ин рақамҳо таҳлилгарони СБМ ба ҳукуматҳои мамолики рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маслиҳат медиҳанд, ки муътадилсозии шуғли аҳолиро самти афзалиятноки сиёсати макроиқтисодии худ қарор диҳанд. Дар акси ҳол ба гуфтаи онҳо сатҳи бекорӣ ба ҳадди бӯҳронӣ хоҳад расид.

ММД

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ҳудуди 7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми номиналии он ба 11, 1 миллиард сомонӣ расидааст. Ҳаҷми солонаи ММД дар соли 2010 ба 25 миллиард сомонӣ баробар шуда буд. Гуфта мешавад, ки пас аз истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандӣ бӯҳрони шадиде иқтисодиёти Тоҷикистон фаро гирифт, ки боиси аз рушд бозмондани он гашт. Мувофиқи омори расмӣ соли 1996 ба ҳар нафар аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона танҳо ба маблағи 138 доллари амрикоӣ маҳсулот истеҳсол шуда буд. Ин нишондиҳанда соли 1991 ба 462 ва соли 2000 -ум ба 159 доллар расидааст. Гуфта мешавад, ки афзоиши солонаи ММД дар Амрико 2 фоизро ташкил медиҳад. Аммо ин иншондиҳанда бо шароити Тоҷикистон қиёсшаванда нест. Дар Амрико ё кишварҳои аврупоӣ ММД 2-3 фоиз афзоиш ёбад ҳам, ҳамон дараҷа сатҳи зиндагии мардум хуб мешавад. Ба гуфтаи коршиносон агар ҳаҷми солонаи ММД-ро бар сари аҳолии кишвар тақсим кунем, ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бар сари аҳолӣ муайян мегардад. Тибқи омори расмӣ ҳаҷми солонаи ММД дар соли 2010 ба 25 миллиард сомонӣ баробар буд ва агар тибқи ҳисоби коршиносон ин рақамро бар сари 8 миллион аҳолии Тоҷикистон тақсим кунем, ҷавоб чунин хоҳад буд, ки дар як сол барои як нафар дар ҳаҷми 3 ҳазору 125 сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Яъне яксола маҳсулоти бар сари аҳолии Тоҷикистон истеҳсолшударо вазирон дар як моҳ метавонанд харанд.

Иқтисоди пинҳонӣ

Ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистон ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Аз рӯи иттилои расмӣ 25-30 дар садро ташкил медиҳад, вале бархе аз коршиносон онро то 50 дар сад меҳисобанд. Ба бовари коршиносон мавҷуд будани иқтисодиёти ниҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки системаи ба ҳисобгирии миллӣ факту рақамҳои нодурустро пешниҳод менамояд. Мисол, коркунон даромади ночиз доранд, теъдоди бекорон зиёд аст ва дар баробари ин мизони шадиди қашшоқӣ камтар аст. Ба андешаи коршиносон иқтисоди "сиёҳ" паёмади нохуб дорад. Яке аз зарарҳояш аз он иборат аст, ки ба буҷети ҷумҳурӣ аз ин ҳисоб андоз пардохт намегардад. Иқтисодшинос Фирӯз Саидов яке аз омилҳои асосии пайдоиши иқтисоди "сиёҳ"-ро гаронӣ ва теъдоди зиёди андозҳо медонад. Вай пешниҳод мекунад, ки барои шаффоф кардани фаъолияти иқтисодӣ ва коҳиши иқтисоди "сиёҳ" кам намудани андоз зарур аст. Ҳамчунин иқтисоди пинҳонӣ ба зиёдшавии коррупсия дар иқтисод мусоидат мекардааст.

Тоҷикистон ҳанӯз кишвари воридкунанда

Ҳаҷми савдои хориҷаи Тоҷикистон давоми 11 моҳи ахири соли равон 4034,4 миллион доллари ИМА ро ташкил додааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,3% ва ё 625,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра содироти мол ба 1153,8 миллион доллар расидаааст, ки дар муқоиса ба 11 моҳи соли 2010-ум 8,8% зиёд шудааст. Масъулини агентии омор мегӯянд, ки дар баробари содирот нишондодҳои воридотӣ низ дар ҳоли афзоиш аст. Воридоти мол 2880,6 миллион долларро ташкил дода, ин нишондод нисбати соли гузашта 22,6% боло рафтааст. Иқтисодшинос Муҳаммадмӯъмин Тағоев мегӯяд, ки қудратмандии ҳар кишвар дар он аст, ки то куҷо истеҳсолкунанда аст. Ҳар қадар содирот афзун шавад, ин ба вазъи некӯаҳволии мардум ва дар кулл пешрафти иқтисоди кишвар таъсири мусбати худро мерасонад.

Камбизоатӣ

Ҳукумати Тоҷикистон коҳиши фақрро комёбии аслии хеш мешуморад. Ибтидои солҳои 2000-ум тибқи иттилои расмӣ 83 дарсади мардуми кишвар фақир маҳсуб мешуданд. Соли 2002 Тоҷикистон бо кӯмаки Сандуқи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Барномаи рушди СММ ва дигар созмонҳои молӣ аввалин стратегияи мубориза бо фақрро рӯи даст гирифт ва ҳадафаш беҳтар кардани зиндагии мардум буд. Соли 2009 ҳукумат эълон дошт, ки фақр дар кишвар ба 46 дарсад поён омад, аммо дар чаҳорчӯбаи стратегияи рушд то соли 2015 коҳиши фақр то 32 дарсад дар назар дошта шудааст. Вале коршиносони мустақил мегӯянд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 60 фоиз болотар аст. Профессор ва иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки ба тахмини ӯ беш аз 60 дарсади мардуми Тоҷикистон зери хати фақр ба сар мебаранд. Вай чунин мешуморад, ки вақте одамон имкони сари чанбари мошинҳои худ нишастанро надоранд, нархи боркашонӣ дар дохили кишвар боло рафтааст, қимати маҳсулоти аввалия бамаротиб болост, сатҳи таваррум баланд шудааст, фақр коҳиш намеёбад.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)