Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:36

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон имконпазир аст?

29 декабр 2011, 09:26

Ҳар сол ду-се моҳ интизорем, ки дар бахши кадрии ҳукумати мо тағйироти ҷиддӣ сурат мегирад, лекин доим баъд аз ҷойивазкунии маъмулӣ рӯҳафтода мешавем.


Ҳар сол дар оғози соли нав дар Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба вуқуъ меояд, ки аксаран мавриди интиқоди коршиносон қарор мегирад. Интиқодгарон ин равандро "ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна" маънидод мекунанд. Бо назардошти воқеоти сиёсии ҷаҳон бахусус кишварҳои арабӣ бархе таҳлилгарон имкони ба миён омадани тағйироти ҷиддии кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистонро имконпазир мешуморанд. Аз ҳамин рӯ "Озодагон" пурсиши ин ҳафтаро чунин матраҳ намуд:

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС

Тағйиротҳои хубро интизорам. Кадрҳое, ки аз як вазифа сабӯкдӯш ва ба вазифаи дигар таъин мегарданд, нафароне ҳастанд, ки таҷрибаи зиёд доранд. Албатта онҳо консервативӣ ҳастанд, тағйиротҳои зиёдро қабул надоранд, лекин кафолати устувории низом ба шумор мераванд. Ин кадрҳо таҷрибаи дуру дарози роҳбарӣ доштанд ва то ин замон дар сари вазифаанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо ивазнашавандаанд ва бо фаро расидани вақту замон ва омода гаштани кадрҳои наву ҷавон ҳатман он мансабдороне, ки синну солашон ба ҷое расидааст ё ягон камбудие содир кардаанд мераванд ва ҷои онҳоро кадрҳои ҷавон ишғол мекунанд. Кадри нав вақте яку якбора вазифаеро ба ӯҳда мегирад, то омӯхтану аз худ кардани нозукиҳои кор мӯҳлати зиёд сипарӣ мегардад. То бартараф кардани камбудиҳо вақти зиёд мегузарад ва дар натиҷа самараи кори ӯ ночиз ба назар мерасад. Мардум фикр мекунанд, ки роҳбари ин ё он сохтор иваз шуд ва кори хуб ҳам шуд, аммо аз иваз шудани кадр чӣ натиҷа ҳосил мешавад, номаълум аст.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос

Бо фаро расидани соли нав тамоми мардуми кишвар интизорӣ мекашанд, ки дар ҳукумат ягон навигарӣ ё тағйироте ба амал меояд. Аслан тағйироти чашмрасе соли 2006 сурат гирифта буд ва дар 6 соли ахир дар ҳукумати ҷумҳурӣ ягон тағйироти ҷиддӣ ба амал наомадааст ва танҳо бо иваз намудани як-ду курсиҳо қаноат карда шудааст. Фикр мекунам, ки имсол Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи ҷомеа мавриди интиқоди шадид қарор гирифт ва дар хулосаҳои институтҳои байналмиллалии молиявӣ ва ҳуқуқи башар бештар сарзаниш ба назар мерасид. Вале новобаста аз ҳамаи ин фикр мекунам, ки тағйироти ҷиддие ба амал намеояд ва агар тағйироте шавад ҳам танҳо курсиивазкунӣ хоҳад буд. Як вазир ба вазоратхонаи дигар ва як раис аз кумитае ба кумитаи дигар меравад. Лекин он интизориҳое, ки имрӯз мардум доранд ва аз ҳукумати ҷумҳурӣ талаб мекунанд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо идеяҳои наву тоза ворид гарданд, ҳанӯз бароварда нашудааст. Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва мамолики араб нишон дод, ки бештар дар самти сиёсӣ бинобар ноодилона роҳандозӣ кардани сиёсати кадрӣ падидаҳои манфӣ ба миён меоянд. Вале гумон мекунам, ки дар ҳукумати ҷумҳурӣ чунин як тағйироти ҷиддие, ки ба манфиати давлату ҳукумат ва баҳри баланд бардоштани иқтисодиёт, таъмини адолати иҷтимоӣ, барқарор намудани ҳуқуқи мардум бошад, ба вуқӯъ намепайвандад. Фикр мекунам, наомадани кадрҳои наву болаёқат ва иваз шудани курсиҳои ҳукумат ба он хотир аст, ки аксари кадрҳои ҳукумати ҷумҳурӣ аз як минтақа ҳастанд, наздикони раиси ҷумҳуранд. Роҳандозии сиёсати кадрӣ то андозае догма аст. Дар Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба як курсичаи назарногир низ ҳатман бояд аъзои Ҳизби халқӣ-демократӣ бошӣ ё аз минтақае бошӣ, ки бо вазиру кабиру мансабдорон наздикӣ дошта бошӣ.

Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати "Бахт"

Дар ҳукумат танҳо ивазшавии курсиҳо ба назар мерасад ва аз ин ивазшавиҳо ягон беҳбудӣ намешавад. Агар ҳукуматдорон нангу номуси миллӣ дошта бошанд, беҳтар мебуд бо якҷоягии кормандонашон ба истеъфо мерафтанд ва хеле як кори савобро анҷом медоданд. Аммо ин суханҳо беҳуда аст. Пеш аз ҳама ба касе муроҷиат бояд кард, ки ба қадри сухан равад. Ба ҳукуматдорони мо сухан таъсир надорад. Бисёр вақтҳо аз минбарҳои баланд дар бораи нангу номусу виҷдону одамигарӣ суханҳои зиёд гуфта мешавад, аммо ба назари ман он чизро худи мансбдорон надоранд. Ба фикри ман ҳозир дар Тоҷикистон қариб, ки барои халқи оддӣ кор намондааст. Кор фақат дар мақомотҳои қудратӣ ҳасту халос. Асосан даромади Тоҷикистон аз муҳоҷиратҳои меҳнатӣ мебошад ва мебоист вазирону раисони ҳукуматҳову роҳбарияти давлат дар як моҳ 20 рӯзашро дар Русия гузаронида, аз паи ҳаллу фасли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мешуданд. Дар Тоҷикистон онҳо фақат аз паи маишати худ овораанд, парвои халқи оддиро надоранд. Ҳукуматдорон бояд, ки кайҳо ба истеъфо мерафтанд, на ин ки ҷойивазкунӣ карда менишастанд. Барои мисол, чаро дар вақташ раиси собиқи Бонки миллӣ, Алимардонов, ки миллионҳо доллар дар замони ӯ ба самтҳои номаълум истифода шуда буд, ба ҷои ба ҷавобгарӣ кашидан баръакс ҷонишини сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид? Инчунин Шарифхон Самиев ҳам, ки бар сари "Барқи тоҷик" "обу лой" рехта буд, ба ҷои он, ки ҷавобгар шавад, баръакс гирифта раиси ГЭС-и Норак, баъд раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин карданд.

Усмони Солеҳмудири шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ҲХДТ

Табиист, ки дар баъзе сохторҳо зарурати тағйири кадрҳо мавҷуд аст, лекин ин дар натиҷаи таҳлилу баррасиҳо муайян мегардад. Аниқ гуфта наметавонам, ки дар куҷо ва кӣ аз вазифа сабӯкдӯш мегардад ва кӣ ба сари вазифа меояд. Вале дар асоси муқррароти қонун "Дар бораи хизмати давлатӣ" баъзе тағйиротҳо дар ҳукумат аз эҳтимол дур нест. Фикр мекунам, ки дар ҳар соҳа кадре пешбарӣ ва таъин мегардад, ки он соҳаро хуб медонад, таҷрибаи зиёд дорад ва қобилияти пешбурди корро дорад. Ҳамин хел шахсиятҳо бояд соҳиби кору вазифа гарданд. Ҳар сол хадамоти кадрии президент дар ин самт кор мебаранд ва кадрҳои навро пешбарӣ мекунанд. Соли оянда ҳам фикр мекунам, ки бъзе кадрҳои нав соҳиби кор шаванд ва истеъдоду малакаи худро нишон дода тавонанд.

Саид Иброҳими Назар, сардори шӯъбаи таблиғоти ҲНИТ

Таҷрибаи соли гузашта нишон дод, ки чӣ дар масоили сиёсӣ ва чӣ дар масоили иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистон ба тағйироти кадрӣ ниёз дорад. Ҳамчуноне, ки раиси ҷумҳур ҳам ду сол қабл гуфта буд, ки мо ба кадр эҳтиёҷ дорем, ба хусус кадрҳои ҷавону муташаббис ва лаёқатманд. Дигар он тарафаш салоҳияти раиси ҷумҳур аст, ки тағйирот мешавад ё не. Диди банда ин аст, ки дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоту тағйироти кадрӣ муҳим ва зарур аст. Иваз кардани ҷои вазире бо раисе ё баръакси ин ҳолат мамнӯъ нест. Қоидаи кор ҳамин аст, ки вақте як кадр дар як ҷо салоҳият ва кордонӣ нишон дод ӯро ҳатман ба соҳае мебаранд, ки то андозае заъф дорад ва бо ташаббуси кадри лаёқатманд ба пешрафт ноил гардидан имкон дорад. Вале ин ки як кадр дар як ҷо кор карда натавонист ва онро дубора ба ҷои дигар вазифа медиҳанд, оқибати на чандон хуб дорад ва метавонад ба фалач шудани соҳа анҷом ёбад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшинос

 

Ҳар сол ду-се моҳ интизорем, ки дар бахши кадрии ҳукумати мо тағйироти ҷиддӣ сурат мегирад, лекин доим баъд аз ҷойивазкунии маъмулӣ рӯҳафтода мешавем. Лекин имсол сохторҳои ҳукуматӣ дар маҷмӯъ фаҳмиданд, ки бо ҷойивазкунӣ масъала ҳал намешавад ва бояд кадрҳо сифатан нав шаванд. Асосан дар блоки иқтисодӣ ворид шудани симоҳои нав зарур аст. Зеро симоҳои нав ба иқтисоди рӯ ба таназзули мо дубора ҳаёт бахшанд. Дар ҳайати ҳукуматӣ ворид шудани симоҳои нав руҳияи нав медиҳад ва ин рӯҳия ба ҷомеа ҳам руҳу тавон мебахшад. Умедворем, ки соли оянда тағйироти ҷиддӣ сурат мегирад. Агар чунин нашавад, песимизме, ки ҷомеаро фаро гирифтааст боз ҳам фаротар реша медавонад. Фикр мекунам дар ҳукумат нафароне ҳастанд, ки вазъияти психологӣ ва эмотсионалии мардумро хуб мефааҳманд ва кӯшиш мекунанд то ҳукумати мо аз ҷаҳони муосир қафо намонад.

Ҷаҳонгир Бобоев, журналист

Ниёз ба тағийрот дар Тоҷикистон, дар ҳамаи бахшҳо ба як амри зарурӣ ва ҳатто изтирорӣ табдил шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки баъд аз қазияҳои пурсарусадои имсол ва дар пайи таъсири "баҳори арабӣ" раҳбарияти Тоҷикистон низ зарурати ин амрро эҳсос мекунанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё мақомот худ ба ин амр омода аст ё хайр? Зеро аз руйи мантиқ агар раиси ҷумҳур ҷонибдори тағйироти ҷиддӣ бошад, пас бояд тими худро ба пуррагӣ иваз кунад. Таҷрибаи даҳ соли ахир собит сохт, ки ин тим зарфияти роҳандозии чунин тағйиротро надорад. Аммо оё ин тим мегузорад, ки раиси ҷумҳур ба чунин иқдоми ҷиддӣ рӯй оварад? Фикр мекунам, ки ин тим мухолифати шадиде нишон медиҳад ва ба раиси ҷумҳур гузоришҳоеро ироа мекунанд, ки беҳбуди авзоъ дар ҳар бахш ва зарур набудани тағйироти куллиро нишон медиҳад. Яке аз вижагиҳои сиёсӣ ин аст, ки на танҳо тим ба раис вобаста аст, балки баръакс хам мешавад. Ба ин далел, тағйироти ҷиддиеро дар суфуфи тими раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли оянда умедвор нестам. Яъне, пешрафтҳои чашмрасеро низ умедвор шудан набояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!