Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:03

Қавлу амали Муҳаммадрабӣ

30 декабр 2011, 05:52

Муҳамадрабӣ мегӯяд, тасмим бояд ҷиддӣ бошад, агар эҷодкор завқу илҳом дошта бошад, албатта ба ҳадаф мерасад.

Як сол қабл, дар ҳамин шабу рӯз дар хонаи «Синамогарон»-и Тоҷикистон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, коргардони ҷавон ба узвияти Иттиҳодияи Синамогарони Тоҷикистон пазируфта шуда буд.Он вақт Муҳаммадрабӣ қавл додааст, ки саъй хоҳад кард, ки дар кӯтоҳтарин муддат филми ҷадидашро рӯи саҳна меорад ва пешкаши тамошочиёну коршиносони соҳа мегардонад.Бо гузашти на бештар аз як сол ӯ ба ваъдааш вафо кард. Синамочиён, ҳамкасбон ва таҳиягарон мегӯянд, Муҳаммадрабӣ ба қавлаш устувор истод: «Исмоилов ҷавон асту чашми кордон, пешаашро дӯст медорад. Кинои тоҷик ба ин қабил ҷавонони ҳирфаӣ эҳтиёҷ дорад».

Ахиран, дар толори «Хонаи Синамо» муаррифии филми нави коргардон Муҳаммадарабии Исмоил бо номи «Эҳзон» баргузор шуд, ки он аз ҷониби мухлисону масъулини кино хуш истиқбол шуд…

Смичи хушбоду ҳаво ва «Эҳзон»

Муҳаммадрабӣ мегӯяд, наворбардории филми мазкур дар деҳаи Смичи кӯҳистони Айнӣ сурат гирифта, мавзеъи хушбоду ҳаво ва шароити мусоиди кор муҳайё буд. Шабакаи телевизионии «Сафина» ва роҳбари ин корхона Лутфуллоҳи Давлат дар наворгирии филм саҳм гузоштаанд, ки Муҳамадрабӣ аз эшон сипосгузор аст: «Ҳоло ман ба ҳайси коргардон дар ТВС кору фаъолият дорам, аснои пешниҳоди сенария ва тарҳи филм оғои Давлат ба хушунудӣ аз ин истиқбол кард ва кӯмаки ҳамаҷониба расонд».

Аз тамошои манзараҳои асар дарк карда мешуд, ки ҳадаф аз рӯи навор овардани филми ҷадид инъикоси ҳаёти як инсони кӯҳистонӣ ва зиндагӣ дар русто аст. Мушкилоти зиндагӣ, доғи рӯз ва вазъи феълии ҳамватанононамон, ки дар кӯҳистон ба сар мебаранд, сужаи асосии филмро дарбар мегирад. Субҳон Ҷалилов, журналист ва ровии радио муаллифи сенария аст. Ба гуфташ, эҷоди ин филмнома пас аз мутолиаи як ҳикояи воқеӣ ба ёдаш омадааст.Коргардон ҳам ба андешаи муаллифи филмнома мувофиқ аст: «Ҳеч як эҷодкор наметавонад дар танҳогӣ асар офарад, хоса ки кори филмсозӣ. Ин амал кори дастаҷамъӣ аст. Яке сенария менависад, дигаре онро таҳрир мекунад, хат мезанад, чизе илова мекунад, коргардон боз аз сари нав ҷузъиёти нав ворид мекунад ва ё чизи дигар илова менамояд». Муҳамадрабии Исмоил мегӯяд, аз ҳама асосӣ ин аст, ки тасмим бояд ҷиддӣ бошад, агар эҷодкор завқу илҳом дошта бошад ба ҳар коре, ки ният кард ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, кӯшиш мекунад, ки ба ҳадафи худ бирасад.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шодӣ Солеҳ, барои нақш офаридан дар филми мазкур даъвати коргардонро хуш пазируфтааст. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки ман иқдоми ҷавононро ҳамеша дастгирӣ мекунам ва андаке ҳам бошад, агар дар ҳамкорӣ бо инҳо ҳиссае гузошта бошам, худро хурсанд ҳис мекнам.

Сири ашки Назира

Назира Музафарова бошад, аз хурдсолӣ орзу мекардааст, ки ба мисли актрисаҳои ҳиндӣ дар ягон филми ватанӣ нақши асосиро бозӣ кунад. Назира, дар филми «Эҳзон» нақши Зулхуморро бозида, он дар ҳаёташ нақши нахустини синамоист. Бону Назира мегӯяд, маҳз бо кӯмак ва дастгирии коргардон ба орзуям расидаму ҳоло худамро дар осмони ҳафтум эҳсос мекунам. Дарвоқеъ, тамошочиён ва наздикону пайвандонаш пас аз тамошои филм ба ҳунари ӯ қоил шуда, аҳсан мегуфтанд.

Маро низ кунҷкобии касбӣ канор гузошта натавонист, зеро дар чанд лаҳзаи ҳассоси филм Назира беист гиря мекарду ашк мерехт. Боварам намеомад, ки ӯ гиряи «ҳақиқӣ» карда бошад. Посухи бону маро мӯътақид кард, ки барои санъату ҳунар азхудгузаштагӣ мебояд. Назира гуфт: «Аз ҳама лаҳзаи фаромӯшнашавандаи филм ҳамон буд, ки вақте нағздидаи ман дар замони адои хизмати ҳарбӣ вафот мекунад ман бояд гиря кунам, вале дар ин лаҳза ашк рехтан бароям хеле мушкил буд…». Ӯ изҳор дошт, ки дар ин лаҳза ашк рехтан аз он сабаб барои ман мушкил буд, ки то имрӯз касеро нағз надидаам: «Аз ҳамин хотир, барои ман мушкил буд ба образи як нағздида даромадан, вале бояд ин нақшро иҷро мекардам, аз дарди дурию ҷудоии ошиқ, ки хабар надорам ҳиссиётамро кушода натавонистам ва тасаввур кардам, ки дугонаи аз ҳама наздикам мурдааст. Ашк гулӯгирам карду домани гиряро сар додам».

Дунё ба умед

Маврид ба ёдоварист, нахустин филми Муҳаммадрабӣ бо номи "Иштибоҳ" ҳанӯз дар соли 2008 бо сарпарастии Зинатуллоҳи Исмоил, директории шабакаи мустақили телевизионии «СМТ» руй кор омада, шӯру шавқеро миёни ҳаводорони кино ба вуҷуд  овард. Қабл аз он ҳам Муҳаммадрабии Исмоил аснои ба наворгирии филми бисёрсериягии «Беназир» ба ҳайси коргардони дуввуми он фаъолият дошт.

Акнун пайроҳаи эҷодии коргардони ҷавон фарохтар шуда, роҳ ба сӯи қуллаи мурод ва эҷоди асарҳои тоза боз мешавад. Дар ин ҷодаи мушкил, вале зарурӣ барои замону диёр, пурифтихор барои коргардон мо ҳам ба ӯ мисли дигарон тавфиқу комгорӣ таманно дорем.

Ибодуллоҳи Тоир



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!