Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:08

Васфу «дастовард»-и 20-сола

5 январ 2012, 10:31

Дар ин бист сол раису раисчаҳо ҳазорҳо гектар замини обии миллатро ғайрирасмӣ ба савдогарону мансабдорон фурӯхтанд.

Тоҷирони мавҷгирҳои моҳвораӣ, ки дар кишвари мо тиҷорати мувваффақ доранд, бояд худро мадюни шабакаҳои телевезионии Тоҷикистон шуморанд. Зеро ҳар қадар мавҷгирҳои эшон бештар ба фурӯш равад, ин далеле рӯшан аз заъфи телевизионҳои Тоҷикистон аст. То замоне ки телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳои якрангу якнавохти пур аз тавсифу таърифи беҳуда ва аз назари касбӣ сустро пешкаши тамошогарон намоянд, тиҷорати мавҷгирҳои моҳвораӣ дар авҷ хоҳад буд.
Телевизионро ба оина ташбеҳ намудаанд, аммо телевизионҳои Тоҷикистон оинасон амал намекунанд. Оина дар баробари инъикоси ҳусн қубҳро низ акс менамояд. Оинаи телевизионҳои мо ҳеч норасоиву камбудиро нишон намедиҳад.
Мо аз телевизионҳои Тоҷикистон танҳо васфи сиёсатҳои хирадмандона ва дастовардҳои бемислу беназирро мешунавем. Ин тавсифҳо дар соли 2011 аз ҳадди ифрот ҳам убур намуд. Ба хусус дар охири сол чун анъана телевизионҳои мо танҳо аз дастовардҳои беназири сол батакрор гуфтанду гуфтанд. Дар ҳоле, ки журналистикаи муосир яктарафа нишон додани мавзуъро қабул надорад ва барномаҳои якҷонибаро ғайриҳирфаӣ мешуморад.
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон соли гузаштаро соли дастовардҳои бенизир хонда, аз 10 ҳазор гектар замин ҷудо намудан аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва лалмӣ ба оилаҳои ниёзмандро аз ҷумлаи дастовардҳои соли мазкур мехонд. Мутаваҷҷеҳ шудед? Замини мардумро ба худи мардум додан дастовард будааст. Оё дар дигар давлатҳо ба аҳолӣ замин намедиҳанд? Оё ҳукуматҳои дигар кишварҳо мардумашонро ба ҳоли худ дар кӯча мегузоранд? Охир ҳамин мардуми ниёзманд бист сол аст дар талаби порчаи замин дари ҳокимонро ба қавле "охурча" кардаанд. Дар ин бист сол ниёзманди бистсола чилсола шуд, агар пас аз бист соли оворагӣ соҳиби порчаи замине он ҳам лалмӣ шудааст, магар дастовард аст? Дар ин бист сол раису раисчаҳо ҳазорҳо гектар замини обии миллатро ғайрирасмӣ ба савдогарону мансабдорон фурӯхтанд. Беш аз ин, ҳанӯз ҳам наметавон иддао кард, ки ҳамаи ниёзмандон соҳиби замин шуда бошанд. Ҳанӯз садҳо оилаҳо пушти дари раисон дар интизори замин ранҷи интизорӣ мекашанд.
Агар ба соҳибони аслии ҳамин замин барои сохтани манзил ҷудо намудани як порча замин дастовард бошад, садҳо гектар хоки ин Ватани азизро беминату ройгон ба
кишвари Чин бахшиданро чӣ гуна шарҳ диҳем?
Воқеан ин ҳодиса дар ҳамин соли "пур аз дастоварди 2011" ба вуқӯъ расид.
Ҳарчанд ин сол дар ҳақиқат нисбат ба солҳои дигари мустақилии Тоҷикистон дастовардҳое доштем, мисли бунёди Китобхонаи миллӣ, аммо бохтҳои бузургеро пушти сар намудем, ки бархеаш мисли доғе дар қалби миллат ба таври абадӣ хоҳад монд. Минҷумла қазияи бахшидани замин ба Чин ба ҳеч навъ тавҷеҳ намешавад.
Агар телевизионҳои Тоҷикистон минбаъд низ аз усули таърифу дастовардҷӯӣ кор бигаранд, амалашон танҳо ба суди тоҷирони мавҷгирҳои моҳвораӣ хоҳад буд. Дигар ҳеч.

Азизи НАҚИБЗОД



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!