Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

Сесолаҳои беохир

6 январ 2012, 05:13

Якуним шабонарӯзи барқи "шикамсерӣ", ки аҳолии кишвар бо шарофати қарори ҳукумати кишвар дар рӯзҳои соли нав гирифтанд, ба назар мерасад, ки "ҷуброн" мешавад.

 


Ҳанӯз чанд рӯз қабл аз фарорасии соли нав дар бархе навоҳӣ аз реҷаи муқарраршуда ду соатӣ "минус" шуд. Субҳи 2-юми январ бошад, ҳанӯз соати 8:00 аз барқ ному нишон набуд…

Хушхабари лағв шудани лимитро тай ду рӯз "Барқи тоҷик" ба аҳолӣ расонд. Ин ниҳодро ҳукумати Тоҷикистон муваззаф кард, ки 31-уми декабр ва 1-уми январ, ки мардум аз соли нави мелодӣ ҷашн мегиранд, реҷабандии барқро бекор намояд. Аммо тавре маълум гардид, "тӯҳфа"-и солинавии ҳукумати кишварро на ҳамаи истиқоматкунандаҳои ҷумҳурӣ дарёфт кардаанд. Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигори тоҷик, ки он шабу рӯз дар рустои Чортути пойтахт қарор доштааст ба "Озодагон" гуфт, ки онҷо умуман барқ набуд": "Барқи Тоҷик" ба ваъдааш вафо накард. Ман рӯзи 31-уми декабр, ба меҳмонии дӯстам рафтам, он ҷо давоми рӯз аз барқ ному нишоне набуд",-гуфт Ҷумъаев. Номбурда ба рақамҳои телефонии боварии "Барқи тоҷик", ки дар эълонҳои ширкат дар мавриди тайи ду рӯз бекор шудани лимит навишта буданд, занг задаст. "Хостам сабаби дар ин маҳалла ва гирду атрофи Душанбе набудани барқро пурсон шавам, мутаасифона, гушиҳои рақамҳои "боварӣ"-ро касе набардошт".
Ин дар ҳолест, ки дар хабарномаи "Барқи тоҷик" гуфта мешуд, давоми ду рӯзи таҷлили соли нав дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои ширкат аз ҳисоби роҳбарият ва мутахассисон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил дода шуда, телефонҳои боварӣ - 37-883-55-22; 37-883-55-11 ба таври шабонарӯзӣ фаъол хоҳанд буд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба расонаҳо гуфт, сатҳи оби обанбори Норак ба 898 метр баробар аст ва ин имкони барқрасониро муҳайё мекунад.
Сокинони кишвар дар ду рӯзи ваъдагӣ барқ гирифтанд ва шаби якуми январ вақте ақрабаки соат ҳанӯз марзи 23:00-ро убур накарда буд, он хомӯш гардид.
Баъди эълони хабари қатъи лимити барқ ҳолдонҳо мегуфтанд, ки агар "Барқи тоҷик" метавонад мардуми саросари кишварро ду рӯз пурра бо барқ таъмин кунад, пас чаро ин корро пайваста намекунад? Онҳо бо ишора ба суханҳои худи мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" мегуфтанд, ки "барқ мол нест, ки дар анбор нигоҳ дошта ва дар мавриди зарурӣ ба фурӯш бароварда шавад".
Бархе аз сокинон мегӯянд, ду рӯзе, ки барқ гирифтанд, ҳатман масъулин онро "ҷуброн" хоҳанд кард. Ба гуфтаи онҳо дар гузашта низ бисёр шоҳид будаанд, ки баъди аз меъёр зиёд гирифтани барқ ҳатман соатҳои тӯлонии бебарқиро пушти сар мекарданд. Ҳамин рӯзҳо низ баъди ду рӯзи бе меъёр барқ гирифтан, ба назар мерасад, ки дар реҷабандӣ "тағйирот" ворид шудааст, яъне соатҳои бебарқӣ дар қиёс ба даҳ рӯзи пеш зиёдтар шудаанд…
Лимит ҷои дардноктарини ҳар сокини Тоҷикистон аст. Ҳатто Душанбегиҳо ҳам аз "шаҳд"-и реҷабандии барқ бенасиб набуданд. Истиқоматкунандаҳои пойтахти Тоҷикистон на як шабу ду шаби сарди зимистонро дар хонаҳои бетонӣ ба рӯз бурдаанд. Бо далели қатъ шудани барқ ба ҳалокат расидани кӯдакони навзод дар таваллудхонаҳо аз даҳшатбортарин хотираҳои бебарқии шаҳри Душанбе дар солҳои қаблӣ мебошад.
Реҷабандии барқ қариб ҳамсоли истиқлолияти Тоҷикистон аст. Беш аз 15 сол аст, ки бо расидани фасли сармо дар қаламрави кишвар лимит ҷорӣ мешавад. Имсол, аниқтараш соле ки гузашт, ҳукумати кишвар 12-уми октябри соли 2011 маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ кард. Он вақт гуфта мешуд, сокинон дар шабонарӯз то 10 соат бо барқ таъмин хоҳанд буд, аммо шикояти мардум далели он аст, ки лимит риоя намешавад. Дар сӯҳбат бо "Озодагон" сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар гуфтанд, ки хело кам иттифоқ афтода, ки 10 соат барқ гирифта бошанд. Ба қавли онҳо, курсинишинони шабакаҳои барқи ноҳияҳо ҳар замон ки дилашон хоҳад, барқро рушан ва ё хомуш мекунанд.
"Бо ин иллат дастгоҳхои барқии гаронарзиш аз қабили телевизор аз кор мемонанд",-мегӯянд онҳо.
Зимнан, мутахассисон ҳам таъкид мекунанд, ки зиёд хомуш ва фаъол кардани нерӯи барқ ба кори трансформаторҳо зарар мерасонад.
Лимити даҳсоатаи барқ дар ҳоле риоя намешавад, ки соли гузашта нахустин агрегати нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" мавриди истифода қарор гирифт ва тибқи хабарҳои расмӣ беш аз 25 нерӯгоҳи хурд дар саросари кишвар ба кор оғоз кардаанд.
Дар даҳсолаи охир сокинони кишвар танҳо аз зимистоне, ки гузашт хотираҳои хуше доранд, ҳарчанд давоми он боз рангҳои сиёҳеро рӯи рӯзгори онҳо кашид.
Ба хонадони мардуми ба бербарқиҳои тӯлонӣ дар сардиҳо одаткарда зимистони соли 2010-11 ҳудуди 10 соатӣ барқ равшанӣ кард. Ин дар ҳоле буд, ки дар гузашта лампаҳо барои 2,3 ва баъзан 4 соат рушан мегардид. Вақте дар аввалин рӯзҳои баҳорӣ эълон шуд, ки лимити барқ тамоман аз миён бардошта мешавад, мардум мисле, ки кузаи зар ёфта бошанд, хурсандӣ мекарданд. Аммо ин хурсандӣ чандон тул накашид. Мардум дигарбора дар ғори бебарқӣ дармонданд. Он замон дар якбора ҷорӣ шудани лимити шадиди барқ масъулин обро гунаҳкор карданд. "Сатҳи об дар рудхонаи Вахш ба ҳадди нигаронкунанда коҳиш ёфтааст",-бо сароҳат хабар доданд онҳо. Аммо ин далел барои сокинон ва бархе коршиносон шубҳабарангез намуд ва онҳо суол мекарданд, ки "чӣ гуна имкон дорад, ки давоми ҳамагӣ чанд рӯз сатҳи об то дараҷаи ташвишовар коҳиш ёбад?"
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз се ҳадафи стратегии Тоҷикистон унвон мешавад. Аммо соли ҷорӣ ҳам, ки ҳарчанд аввалин рӯзи онро то нимашабӣ бидуни реҷаи барқ сипарӣ кардем (мегӯянд соли навро чӣ гуна, ки пешвоз бигирӣ 12 моҳ ҳамон хел сипарӣ мешавад) ва соли равон соли наҳанг аст (таври маълум наҳанг обро мепарастад ва мушкили бебарқиҳои Тоҷикистон ба камбуди об нисбат дода мешавад), моро ба он намерасонад, зеро агар ба суханҳои раҳбарони кишвар бовар кунем, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ се соли дигар бояд мунтазир буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамин гуна ваъдаро панҷ сол қабл низ дода буданд.
Ба қавли раҳбарон танҳо бунёди НБО "Роғун" мардуми тоҷикро аз мушкили алими бебарқӣ мераҳонад, вале таври маълум ӯзбакистон ба сохтмони ин нерӯгоҳ шадидан мухолиф аст ва коршиносони бонки ҷаҳонӣ ҳам, ки ташхиси фаннии онро бар ӯҳда доранд, мӯҳлати ташхисро барои шаш моҳи дигар қафо партофтанд.


Абдулазизи ВОСЕЪ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!