Бахшҳо
12 янв 2012 07:16Гузориш

Ҷовид Муқим: Шабакаҳои ТВ-и давлатӣ пойбанди тиҷоратанд

Масъалаи муҳоҷират ва мушкилоти онҳо дар шабакаи мо ҳамагӣ ду маротиба баррасӣ шудаасту бас.

Баррасӣ ва пешниҳоди якҷонибаи матлабу маводҳои телевизионӣ аз масъалаи асосии матраҳшаванда дар нишасти матбуотии навбатии ТВ «Сафина» маҳсуб меёфт. Лутфулло Давлатов, сарвари шабакаи мазкур мавҷудияти чунин норасоиро дар муассисаи зертобеаш тасдиқ намуда, иброз дошт, ки ин андеша дар ҳақиқат дуруст аст: «Худи роҳбари давлат ҳам дар як маҷлис гуфтанд, ки гуё дар Тоҷикистон ҳамаи корҳо хуб аст, аммо дар асл ин тавр нест, яъне бояд барномаҳои таҳлилӣ дар шабакаҳои ТВ-и давлатӣ бештар шавад, дар ин ҷо журналистони касбӣ лозим аст ва барои ҳалли ин дар оянда кӯшиш мекунем».    
Ҳарчанд масъулини телевизиони «Сафина» мегӯяд, инъикоси мавзӯҳои рӯзмарра пайваста дар мадди назари онҳост, вале бархе аз соҳибназарон иброз медоранд, ки «Сафина» аз пайгирӣ ва инъикоси мавзӯҳои муҳими ҷомеа, ки ба рушди иқтисод ва пешрафти кишвар рабт доранд, худдорӣ мекунад. Оқои Давлатов дар посух ба саволи хабарнигори хабаргузории  «Озодагон», ки «Сафина» давоми як соли гузашта дар бораи ҳаёти муҳоҷирон чӣ барномае пахш кардааст, иброз намуд, ки бо пешниҳоди роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират дар соли гузашта ҳамаги ду барнома дар масъалаи муҳоҷират пахш шудаасту бас. Ӯ гуфт, дар оянда дар ин мавзӯъ барнома омода хоҳем кард.

ТВ-ҳои тиҷоратӣ

Телевизиони «Сафина» барномаҳое чун: «Муошират», «Ошёни меҳр», «Сафинаи Сайҳун», «Дастовез», «Аз шаҳри ёрон», «Раво», «Сиришт», «Ободӣ» дорад, ки давоми ҳар ҳафта пахш мешаванд, вале бо сабабҳои ба тамошочиён норӯшан дар мавриди мушкилоти муҳоҷирин ва вазъи феълии онҳо, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон асосан  аз ҳисоби маблағи вориднамудаи онҳост, дар як  сол ҳамагӣ ду барнома ва ин ҳам бошад бо пешниҳоди роҳбарияти як ниҳоди давлатӣ рӯйи навор омадааст.
Ҷовид Муқим, коршиноси тоҷик дар ин маврид мегӯяд, чунин шабакаҳои давлатӣ пойбанди тиҷорат шудаанд ва бинобар ин мавзӯҳои рӯзмара ва муҳимро инъикос намекунанд: « Он барномаҳое, ки аз шаҳраку ноҳияҳо таҳия мекунанд, дар он барномаҳо проблема қариб, ки ба назар намерасад. Чунки телевизион ҳам тиҷорат шудааст ва ҳар касе пул медиҳад, фармоиш медиҳад».
Фирдавс Арабов, ҳам ки тамошочии ТВ «Сафина» аст, барномаҳои ин шабакаро нисбатан хуб арзёбӣ намуд ва илова кард, ки пахши реклама дар ин шабака хеле зиёд шудааст, ки ин барои мо тамошогарон на он қадар хуш меояд.

Нақшаҳои «Сафина» ва бардошти ман

Зимнан, масъулини телевизиони «Сафина» изҳор медоранд, ки дар соли равон кӯшиш мекунанд, то мушкилоту норасоиҳои ҷойдоштаро ҳал намоянд. Шабакаи мазкур тасмим гирифтааст, ҷиҳати татбиқи воқеии сиёсати фарҳангии кишвар давоми соли 2012-ум чунин корҳоро ба иҷро расонад:
- Ба истифода додани студияи барномаҳои иттилооти ва сиёсӣ, дубора эҳё намудани барномаи иттилоотӣ бо забони англисӣ, ташкили студияи дуюми маркази пахши барномаҳо, вусъат додани тарҷума ва дубляжи филмҳои бадеӣ, мустанад ва илми-омӯзишӣ ба забони тоҷикӣ, ташкили бунгоҳи хабарии муассиса дар хориҷи кишвар, таҳия ва ба наворгирии ду филми бадеӣ-телевизионӣ ва филмҳои мустанад бахшида ба 15-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба иди байналмилалии Наврӯз.
Ман, ки ба ҳайси як тамошочии оддӣ ва рӯзноманигор бо чанд тан аз соҳибназарону коршиносони соҳа сӯҳбат доштем, ба ин натиҷа расидам, ки шабакаҳои давлатӣ он вақт муваффақ хоҳанд шуд, агар ба меъёрҳои журналистикаи муосир такя карда мавод омода кунанд ва аз баҳри инъикоси якҷонибаву таърифҳои болохонадор гузаранд…
Ё нодуруст?

Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)