Бахшҳо
13 янв 2012 04:26Сиёсат

Чин аз минтақа танҳо манфиат меҷӯяд

Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз доираи ҳамкориҳои "санадӣ" бояд берун равад.

 

Дар сурати дигар ин созмон ба мисли Итиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба як ниҳоди "омаду рафти" руасои кишварҳои аъзо табдил хоҳад ёфт. Дар ин бора Сӯҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон зимни баргузории конфронс бахшида ба 20 солагии ҳамкории Тоҷикистону Хитой таъкид намуд. Ба бовари номбурда Чин яке аз кишварҳои калидии созмон буда, барои беҳтар гардидани сифати кор ва сатҳи баррасии масоил метавонад саҳим бошад.

Ба назари номбурда СҲШ дар ин авохир ба монанди ИДМ танҳо ба "корҳои нолозим" даст мезанад. Ҳеч кадом як пружаи муҳими созмон то имрӯз амалӣ нашудааст. Кишварҳои аъзои ин созмонро лозим аст, то тамаркуз бештар дар мавриди амалӣ кардани асноди қабулшуда кунанд. Ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои аъзо низ бояд дар дохили ин созмон мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Сиёсати ҷаҳонӣ зуд зуд иваз мешавад. Ҳоло муаяйн нашудааст, ки баъди соли 2014 тақдири созмон чӣ мешавад. Гурӯҳи коршиносон, таҳлилгарон ва мақомоти қонунгузории давлатҳои минтақаӣ бояд ҳамкории зич дошта бошанд, мегӯяд Сӯҳроб Шарипов. Иллати аслии муассир набудани фаъолияти СҲШ-ро вакили парлумони Тоҷикистон дар механизми амалишавии қарорҳои ин ниҳод арзёбӣ мекунад. Ба эҳтимоли зиёд СҲШ-ро тақдири Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ва ё АвруОсиё интизор аст. Ин созмонҳои минтақаӣ низ дар аввал фаъолияти хуб доштанд. Аммо пас аз воридшавии Ӯзбакистон аз забони коршиносон "ғайб" шуданд. Ӯзбакистон бо шартҳои шароити барои худ мувофиқ фаъолият мекард ва мекунад.
Зиддият миёни кишварҳои аъзои созмонро вакили парлумони Тоҷикистон мушкили дигари ин ниҳод арзёбӣ намуд: "Манзури ман натанҳо зиддияти Тоҷикистону Ӯзбакистон аст. Имрӯзҳо миёни кишварҳои нозир низ нофаҳмиҳои зиёде вуҷуд дорад. Қабл аз ҳама мо бояд мутаҳидии ин созмонро дар ҷаҳорчӯбаи аъзои имрӯза муаяйн намоем. Миёни давлатҳо манфиатҳои мухолиф ва омили душманӣ ба назар мерасад, ки ин ба фаъолияти созмон таъсири манфӣ мерасонад", мегӯяд Сӯҳроб Шарипов.
Муносибати Тоҷикистону Русия ва ё Душанбеву Тошканд барои қабули қарор дар доираи ин созмон бетаъсир буда наметавонад. Яке аз сабаби амали нагардидани пружаҳои бузурги иқтисодии ин созмон ба ҳамин масъала бастагӣ дорад.
Зидият бисёр аст. Хитой ва Русия мақсадҳои гуногуни худро доранд. Русия талош дорад, то ин созмон бештар ниҳоди сиёсӣ-ҳарбӣ бошад. Аммо Чин талош дорад, то таъсири ҳарбӣ камтар шуда, СҲШ ба ниҳоди сиёсӣ-иқтисодӣ табдил ёбад. Барх?рди манфиати ду кишвари калидӣ барои давлатҳои аъзои созмон мушкилӣ эҷод мекунанд, мегӯяд Сӯҳроб Шарипов.
Дар СҲШ бояд фазоеро фароҳам овард, ки кишварҳои аъзо тавонанд муносибат ва ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намоянд. Дар шароити феълӣ муносибат ва ҳамкории Тоҷикистону збакистон то андозае сард гардидааст. Аммо СҲШ барои мусоидати ин ду кишвар кореро анҷом намедиҳад.
Дар ҳамин маврид Абдунабӣ Сатторзода, масъули маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, ки СҲШ анҷоми чунин корҳоро ба худ муносиаб намебинад. Яъне, дахолат кардан ба чунин масоили нозук, муносибати кишварҳои минтақа ба сиёсати Чин дар минтақа мувофиқат намекунад. Чин ҳеч гоҳ намехоҳад, ки кадом як низоъе ба вуҷуд ояд. Ба сифати далел масъули маркази тадқиқоти стратегӣ аз амалӣ нагардидани нерӯгоҳи обии "Зарафшон" мисол меорад. Барои бунёди ин нерӯгоҳ тамоми корҳо анҷом ёфта буд. Аммо вақте Ӯзбакистон норозигии худро баён кард, чиноиҳо худро пас кашиданд.
"Ин маънои тарси Чинро надорад. Дар муносибати худ бо дигар кишварҳо сардӣ намехоҳад. Чин ҳадафи ниҳоӣ дорад. Мехоҳад ҷойи бештаре дошта бошад. Манфиатҳои худро бароварда созад. Сиёсат ва дипломатияи Чин бисёр боэҳтиёт ва бомулоҳиза аст. Ин гуна сиёсат ҳақ аст. Албатта барои ҳамон кишваре, ки ҳадафҳои хеле бузург ва муҳимтаре дорад", мегӯяд Абдунабӣ Сатторзода.
Маҳз ба ҳамин хотир Чин талош дорад, то муносибаташ бо кишвари дигари минтақа бад набошад. Ба хусус дар ҳолате, ки Ӯзбакистон яке аз кишварҳои муҳими минтақа ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир Чин дар масоили ҳали муносибати Тоҷикистону Ӯзбакистон аз нуфузи худ дар доираи кадом як созмон истифода намебарад.
Зимнан Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, ки дар мавриди ҳалли баъзе мушкилот миёни кишварҳои аъзои СҲШ котиботи ин созмон кореро анҷом дода наметавонад. Зеро онҳо дар асоси қарорҳои руасои кишварҳо фаъолият доранд. "Онҳо озод нестанд. Аммо набояд бетараф бошанд. Чунки зиддиятҳо метавонанд монеъи рушди иқтисодӣ бошанд. Аз ин хотир СҲШ-ро зарур аст, то механизми ҷиддие барои амалӣ гардидани қарори созмон ҳатто дар сурати мувофиқат накардани мавқеъи давлатҳои узвро пайдо намояд", зикр намуд Сӯҳроб Шарипов.
Ба бовари номбурда дар сурати пайдо нагардидани чунин механизм СҲШ ба монанди СПАД, АвруОсиё Итиҳоди гумрукӣ ва ё "Фазои ягона АвруОсиё" танҳо як ниҳоди "моеъ" буда, асоси устувор барои фаъолият низ нахоҳад дошт.

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)