Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:59

Моҳонаи Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар аст?

13 январ 2012, 04:41

Бархе аз расонаҳои дунё ба ҳисоб кардани даромади президентҳо пардохтаанду бо чӣ роҳ пул ёфтани онҳоро ба риштаи таҳлил кашидаанд. Ахиран сомонаи "Moyazarplata.az" мавзӯи "даромади кадом президент аз чӣ ҳисоб аст"-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар ин сомона даромади президентҳои давлатҳои зиёд, аз ҷумла даромади сарони давлатҳои абарқудрате назири президенти Амрико Барак Обама ва президенти Русия Дмитрий Медведев таҳлил карда шудааст. Дар баробари даромади сарони кишварҳои абарқудрат даромади президентҳои кишварҳои нодор ва дар ҳоли рушд низ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.

Писари Илҳом Алиев дар Дубай чанд қаср дорад?

Аз рӯи таҳқиқот бармеояд, ки маълумоти расмӣ дар бораи молу амвол ва сарчашмаҳои даромади президентҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ тақрибан дастрас нест. Аз ин рӯ ба иттилооти ғайрирасмӣ ва ба рақамҳои то охир тасдиқнашуда такя карда шудааст. Аз ҷумла, дар бораи даромади президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳам маълумоти расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ оварда шудааст. Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон соли 1961 таваллуд шудааст, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад. Маоши ҳар моҳааш 15 000 манати озарӣ, ки баробар ба 18 750 доллари амрикоист. Бо пешниҳоди худи ӯ соли 2005 маошашро аз 18000 то ба 15 000 манат паст мекунанд. Дар бораи дигар даромадҳо ва амволи ӯ дар интернет маълумот нест, танҳо аз рӯи иттилои ахире, ки рӯзномаи "The Washington Post" соли 2010 навиштааст: "Авоили соли 2009 писарчаи 11-сола аз Озарбойҷон якбора соҳиби 9 қасри боҳашамат дар Дубай шудааст. Номи ин наврас, ки соҳиби қасрҳои гаронарзиш аст ва қимати онҳо ба 44 млн. доллари ИМА мерасад, Ҳайдар Алиев будааст, ки писари президенти феълии Озарбойҷон низ ҳамин номро дорад". Ҳамзамон ба навиштаи ин нашрия дар Аморати муттаҳидаи араб амволи ғайриманқул ба номи Лайлӣ Алиева ва Орзу Алиева ба қайд гирифта шудааст, ки президенти Озарбойҷон бо ҳамин номҳо ду духтар дорад ва синну солашон мувофиқат мекунад. Се шаҳрванди Озарбойҷон бо чунин ному насабе, ки фарзандони Илҳом Алиев доранд, дар Дубай соҳиби кӯшкҳои боҳашамат ба маблағи 75 млн. доллари ИМА ҳастанд.

Медведев чанд пул дорад?

Аммо дар ҳамин ҳол дар миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ президентҳои Русия ва Украина дар бораи даромаду амволи расмиашон ошкоро маълумот медиҳанд. Соли 2010 Дмитрий Медведев, президенти Русия дар бораи даромади худ ба журналистон маълумот додаст, ки мутобиқи он президент ва занаш 1 фарзанд доранд ва соҳиби хонаи масоҳаташ 367, 8 метри квадратӣ мебошанд. Дар бонкҳои Русия 14 суратҳисоб бо маблағи умумии 4 961 528,98 рубл доранд. Дар масоҳати 4700 метри квадратӣ замини наздиҳавлигиро иҷора гирифтааст, соҳиби мошини сабукрави Газ 20 "Победа" аст, ки соли истеҳсолаш 1948 аст. Завҷаи президент Светлана Медведева дар бонкҳои русия 3 суратҳисоб доштааст. Даромади Д.Медведев дар сол 107,973, дар моҳ 8,998, дар ҳафта 2,159 ва ҳар рӯз 432 доллари ИМА-ро ташкил медодааст.
Президенти Украина, Виктор Янукович 375 680 гривна маош мегифтааст ва даромади ӯ соли 2010 дар як сол 115 757 доллар, дар як моҳ 9 646 ва дар як рӯз 463 доллари ИМА-ро ташкил додаст. Соҳиби замини наздиҳавлигӣ, хона ва ду гараж аст, аммо мошини шахсӣ надорад. Дар ҳаҷми 2 772 гривна аксия ва дар бонк 1 063 892 гривна пасандоз доштааст.

Ба Александр Лукашенко кӣ пул медиҳад?

Даромади президенти Белоруссия Александр Лукашенко дар сол 33 873, дар моҳ 2 823 ва дар як рӯз 135 долларро ташкил медиҳад. Завҷаи президент соли 2010 ҳудуди 6 ҳазор доллар даромад дошт. Занаш соҳиби хонаи шахсӣ аст ва ҳамзамон 56 фоизи саҳмияи корхонаи "Равғанбарорӣ"-и Шкловаро дар ихтиёр дорад. Аммо худи президент амволи шахсӣ, пасандоз ва коғазҳои қиматнок надорад. Истироҳати Александра Лукашенко соли 2009 дар фароғатгоҳи "Копаоник" дар ҷомеа сару садоҳоро ба вуҷуд овард. Ба иттилои расонаҳо президент бо худ ба истироҳат 40 нафар, аз ҷумла ошпазҳо ва дояро низ овардааст. Кӣ ин хароҷоти истироҳати президентро пардохт кард, ба ВАО хабар дода нашудааст. Ҳангоми сафари расмии Лукашенко ба Литва журналисте соати дасти ӯро аккосӣ кардааст, ки маркаи Patek Philippe Calatrava 5120j буда, ҳудуди 17 ҳазор доллар арзиш доштааст, ки ин нисфи маблағи даромади солонаи ӯро ташкил медиҳад.

Президентҳои Осиёи Марказӣ ва тиҷоратҳои оилавӣ

Дар бораи даромади расмии президентҳои Осиёи Марказӣ, чанд хона, чанд мошин, чӣ қадар пул, чӣ қадар пасандоз дар бонкҳо ва амсоли ин тақрибан маълумоте нест. Танҳо бо такя ба маълумотҳои ғайрирасмӣ ва суханони мардум баъзе маълумотҳо дода шудааст. Вазъияти Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Озарбойҷон шабоҳат дорад. Даромадҳо асосан ба номи оила, фарзанду хешу табор ва наздикони президентҳо бастагӣ дорад. Дар Қазоқистон духтару домодҳои президент Назарбоев соҳиби ширкатҳои калон ва саҳмияҳоянд. Дар Ӯзбакистон контроли корхонаҳои бузург дар дасти духтарони Ислом Каримов дониста мешавад. Ахиран дар Қирғизистон президенти собиқ Қурбонбек Боқиевро бо ҷалб кардани наздиконаш ба тиҷорату сиёсат аз ҳукумат ронданд.
Дар бораи маоши президенти Тоҷикистон расман маълумоте пахш намешавад ва дар интернет ҳам иттилое ёфт нашуд. Танҳо дар интернет маълумот оид ба оилаи президент маълумот дарёфтан мумкин аст. Гуфта мешавад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон соҳиби 9 фарзанд, ду писар ва 7 духтар буда, дар байни президентҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ аз ҳама серфарзандтарин ба ҳисоб меравад. Духтараш Озода Раҳмонова муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аст ва шавҳари ӯ Ҷамолиддин Нуралиев ҷонишини аввали вазири молия аст. Писараш Рустами Эмомалӣ масъули яке аз раёсатҳои хадамоти гумрук аст. Тибқи иттилои Викиликс тиҷорат дар сатҳи болоӣ монополия аст.

Доротарин лидер…

Аз ҳама маоши баланд дар байни лидерони кишварҳо аз они нахуствазири Сингапур Ли Сян Лун мебошад, ки даромади солонааш ба 2,5 млн. доллар мерасад.
Даромади президенти ИМА Барак Обама 400 ҳазор доллар ё 292 ҳазор евро аст, ки аз даромади солонаи президенти Русия Дмитрий Медведев 4 маротиба зиёд аст. Даромади иловагии Обама соли 2009 аз ҳисоби фурӯши ду китобаш буд, ки худи президент навиштааст. Даромади солонаи сарвазири Русия Владимир Путин 161 136 доллар аст. Бо чунин моҳона маоши Медведев ва Путин дар байни лидерони Аврупо аз ҳама моҳонаи хоксорона ба ҳисоб меравад. Зеро президенти Фаронса Николя Саркозӣ солона 240 ҳазор евро, канслери Олмон Ангела Меркел 228 ҳазор евро ва нахуствазири Ирландия Брайан Коуен 257 ҳазор евро даромад доранд.

Президенте, ки пасттарин моҳона дорад…

Дар ин миён маоши пасттарин моҳонаи президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дониста мешавад. Ҳомид Карзай ҳудуди 500 доллар дар моҳ маош мегирад, ягон даромади иловагӣ надорад, хона, мошин ва замини шахсӣ надорад. Ба қавли худи Карзай ӯ дар бонк 10 ҳазор доллар ва якчанд санги қимматбаҳо дорад. Моҳонаи президенти Эрон нисфи моҳонаи Ҳомид Карзайро ташкил медиҳад. ӯ дар як моҳ 250 доллар маош мегирад ва даромади солонааш 3 ҳазор долларро ташкил медиҳад



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!