Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

Афзоиши донишгоҳҳои хориҷӣ: манфиат ё хатар?

13 январ 2012, 05:02

Бояд фикри миллиро ҳифз намуд.

Ин нукта бе баҳс аст, ки роҳ андохтани фаъолияти донишгоҳҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба низоми омӯзиш ва парвариш кишвар ва омода намудани кадрҳо манфиати зиёде дорад. Аммо оё фақат манфиат дорад? Оё зараре надоранд? Дар ин навишта мо ҳам мехоҳем ба ин суолҳо ҷавоб дошта бошем.

Сол то сол боз шудани намояндагӣ ё филиали донишгоҳҳои хориҷӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои муштараки кишварҳои дигар дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Феълан дар Тоҷикистон донишгоҳҳои муштараки Тоҷикистону Русия-Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи муосири Тоҷикистону Русия ва намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов расман фаъолият мекунанд. Маврид ба тазаккур аст, ки дар соли таҳсили 2011-2012 намояндагии донишгоҳи дигар: донишгоҳи пӯлоду оҳан ва донишгоҳи энергетикии Русия дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ карданд.
Ҳамчунин ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо маблағгузори Бунёди Оғохон дар шаҳри Хоруғ, ки сохтмонаш идома дорад солҳои наздик дар назар дошта шудааст. Гузашта аз ин зимни як мусоҳиба бо ИмрӯзNews сафири Ҷумҳурии исломии Ирон Алиасғари Шеърдӯст гуфта буд, ки Ирон дар соли 2011 ба оғози сохтмони биноҳои ду донишгоҳ: донишгоҳи техникию технологӣ ва донишгоҳи умури сайёҳӣ расман шурӯъ мекунад. Ин иқдоми бозкушоии донишгоҳҳои Ирон дар Тоҷикистон дар дидори ахири Алии Лориҷонӣ роҳбари порлумони Ирон бо Президенти Тоҷикистон ва раиси порлумони Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.
Ифтитоҳ ва бозкушоии донишгоҳҳои хориҷӣ ва ё намояндагиҳои онҳоро дар кишвар коршиносони соҳа аслан ба манфиати бахши таълим ва маориф медонанд. Зеро онҳо дар фазои донишгоҳии мамлакат рақобатро ба вуҷуд оварда, барои рушди маориф ва сифати таълими донишгоҳҳои ватанӣ низ мусоидат мекунанд. Аммо аз ҷониби дигар таъсири манфӣ ва бевоситаи онҳо низ мушоҳида мешавад. Ин чӣ гуна таъсир буда метавонад?
Намояндагиҳои донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ва ё донишгоҳҳои муштарак ба омӯзгорон ҳақмузди бештар медиҳанд ва фазои мусоидтари кориро муҳайё мекунанд. Аз ин рӯ кадрҳои беҳтарину арзандатарини донишгоҳҳои ватанӣ бо фароҳам шудани шароити мусоиди кору зиндагӣ барояшон ба ин гуна донишгоҳҳо майл мекунанд. Ин амал як зарбаи ҷиддӣ ба низом ва таълими донишгоҳии кишвар мешавад. Чеҳраҳои саршиноси илму таълими донишгоҳҳои Тоҷикистон баъди ифтитоҳи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки маоши беҳтар медиҳад ба ин донишгоҳ майл карданд. Дар собиқ ҷойи кори худ ба сифати устоди ҳамкор ё ба тариқи дарсдиҳандаи соатбайъ боқӣ монданд. Чунин манзара дар донишгоҳҳои дигари таъсисшуда низ мушоҳида шудааст.
Ҳоло Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба як профессор бештар аз 3 ҳазор сомонӣ ҳақмузд медиҳад, ки дар бузургтарин донишгоҳи кишвар-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор аз 2,5 ҳазор сомонӣ бештар ҳаҷми ҳуқуқи кор надорад. Дар донишгоҳу донишкадаҳои дигар бошад маоши проффесор аз ин камтар мебошад.
Акнун, ки теъдоди донишгоҳҳои муштарак ва намояндагиҳои донишгоҳҳои хориҷӣ солҳои охир зиёд мешавад, эҳтимоли бузурги наздик ба воқеият аст, ки шумораи устодони босаводу арзанда дар донишгоҳҳои ватанӣ камтар мешавад.
Ин амал албатта таъсири манфии шадиде ба фазои таълими донишгоҳии миллӣ ва сифати таълиму кадрҳои омодамекардаи ин донишгоҳҳо ва инчунин ба нуфуз ва имиҷи донишгоҳҳои Тоҷикистон мерасонад. Ҳарчанд то кунун аз чунин воқеият роҳбарони донишгоҳҳои кишвар ҳадс назадаанд, вале фактҳои имрӯзӣ ва дурнамои ин амалкард собит менамояд, ки натоҷи хубе ба дунбол надоранд.
Ҳарчанд тибқи омори Вазорати маорифи кишвар то кунун аз нарасидани устодони макотиби олӣ шикоят нашудааст, вале аз будани омӯзгорони воқеан лаёқатманд ва босавод шикоятҳо дар чанд соли ахир зиёд аст. Балки шумораи устодони бесаводу камдониш дар макотиби олӣ солҳои ахир афзудааст.
Бар асари тарки омӯзгорони асил ё қатъи пураи фаъолият дар донишгоҳҳои ватанӣ рушди низоми донишгоҳӣ зери суол қарор мегирад. Зеро аслан донишгоҳ бо кадрҳои воқеан арзандаю донишманд эътибор пайдо мекунад. Вақте ба иллати номусоидии шароити корӣ ва камии ҳақмузд кадрҳои арзандаву баландтахассус тарки фаъолият ё тағйири ҷойи кор мекунанд, табиист, ки ҷойи онҳо холӣ намемонад. Ин ҷойро ҳатман нафаре соҳиб мешавад, ки арзанда нест. Ҳамин аст, ки сифати таълим дар донишгоҳҳои ватанӣ хеле паст буда, шаҳрвандони кишвар бо доштани камтарин имконот ҳатман таҳсил дар хориҷро интихоб мекунанд.
Аз ҷониби дигар намояндагиҳои донишгоҳҳои хориҷӣ ва ё донишгоҳҳои муштарак, ки бо маблағи ҷониби дигар ҳатман фаъолият мекунанд ба рушди фикри миллӣ ва кадри миллӣ таъсири бевосита мегузоранд. Фазои онҳо аз нигоҳи миллӣ ба барномарезиҳои миллатсозиву давлатсозии мо камтар мутобиқат мекунад. Инчунин ҷалб шудани беҳтарин кадрҳои донишгоҳҳои кишвар ба чунин макотиби олии таълимӣ барои фаъолиятҳои ғаразомези ин гуна кишварҳо дар оянда замина омода мекунад.
Аз ин рӯ албатта бозкушоии бештари намояндагиҳои донишгоҳои хориҷӣ ва таъсиси донишгоҳу донишкадаҳои муштарак ба манфиати Тоҷикистон ҳаст, аммо ба шарте ки ваҷҳа (имиҷ) ва нуфузуи донишгоҳҳои кишвар низ ҳифз карда шавад.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, проффесор Нуриддин Сайидов зимни як сӯҳбат ба муаллифи ин навишта зикр кард, ки воқеан имрӯз бузургтарин мушкили ДМТ сифати таълим мебошад, ки моро қаноатманд намекунад.
Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои ҳифзи фикри миллӣ, нуфуз ва рушди донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар қиболи донишгоҳҳои хориҷӣ зарурати шадид ба миён омадааст, ки фазо ва шароити кор дар донишгоҳҳои ватанӣ бознигарӣ ва мусоидтар карда шавад. Зеро дар сурати бетағйир боқӣ мондани вазъ кадрҳову устодони варзида ба ҷойҳои беҳтари кор майл мекунанд ва дар мактабҳои таҳсилоти олӣ аслан нафароне мемонад, ки имкони дар дигар ҷой кор карданро аз лиҳози дониш ва маҳорат надоранд. Ин гуна боқӣ мондани вазъ аз нигоҳи коршиносон барои дурнамои илму таълими ватанӣ таъсири бад мегузорад. Аз ҷониби дигар нафарони камсавод ба фасод ва ришвахории донишгоҳҳо, ки солҳои ахир он боиси фасоди ахлоқиву номусии қишри фарҳангии ҷомеа гаштааст, даст мезананду мусоидати бештар мекунанд.
Очил Зоҳидов, проффесори риштаи фалсафа бар ин назар аст, ки донишгоҳҳое, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд бояд пурқувват карда шаванд. ӯ зикр намуд, ки "аз ҳамма пештар бояд донишгоҳҳои худамонро тақвият диҳем. Дар ҳоле, ки худамон як донишгоҳи олии техникӣ дорем, намунаи дуюми он чӣ лозим аст? Дар донишгоҳҳои худамон, ки ҳамин ихтисосҳо ҳаст ба онҳо бояд таваҷҷӯҳ кард".
Ҳамакнун таъсиси донишгоҳои кишварҳои хориҷӣ ва ё донишгоҳҳои муштарак аз ҷониби соҳибназарон на танҳо як омили рушди низом ва сифати таълими донишгоҳӣ эътироф мешавад, балки бар асоси воқеиятҳои Тоҷикистон ҳамчунин хатари ҷиддие ба дурнамои низоми донишгоҳҳои миллӣ ва дар ин замина ба фикру назари миллӣ унвон мешаванд. Аммо оё барои ҳифозат ва рушди донишгоҳҳои ватанӣ дар қиболи онҳо коре карда мешавад ё не суолест, ки ташреҳоти зиёдро талаб мекунад.
Воқеан, солҳои ахир мушоҳида мешавад, ки донишгоҳу донишкадаҳои кишвар талошҳои зиёде барои боло бурдани зарфияти илму таълим мекунанд. Аммо вуҷуди ришват ва фасодкорӣ дар донишгоҳҳои кишвар, адами ҳузури теъдоди бештари устодони донишманд, шароити номусоидтари таълим ва камтар роҳандозӣ шудани усулҳо ва технологияҳои муосири таълим, ҳамоно нуфузи макотиби олии ватаниро дар қиболи макотиби олии хориҷӣ, ҳатто дар дохили кишвар, коста намудааст. Аз ин рӯ, зарурати тақвияти донишгоҳҳои ватанӣ ва корбурди шеваҳои муосири таълиму тадрис ва ҳамзамон барномарезиҳои кулливу бунёдӣ ҷиҳати нигоҳдошти фикру назари миллӣ дар шароити тезутунди сиёсиву фарҳангӣ шадидан эҳсос мешавад. Ба ин манзур, бояд дар бозкушоӣ ва роҳ андохтани донишгоҳҳои хориҷӣ дар кишвар пеш аз ҳама зарурати дохилӣ ба эътибор гирифта шавад. Масалан оғози фаъолияти филиали донишгоҳи оҳану пӯлоди Русия хеле мантиқист, аммо фаъол кардани ихтисосҳое, ки дар донишгоҳҳои ватанӣ низ ҳастанд, дар намояндагиҳои донишгоҳҳои хориҷӣ чӣ мантиқ дошта метавонад. Дар ин замина мо ҳам аз нигоҳи фикрӣ зарар мебинем ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ. Сармояе, ки бояд ба донишгоҳҳои дохил ҷалб шавад аз роҳи ин муассисоти таҳсилоти олии хориҷӣ ба берун содир мешавад. Дар мо ҳамаи коршиносону фарҳангиён аз вуҷуди литсейҳои туркӣ бонги хатар мезананд, аммо оё будани донишгоҳҳои хориҷӣ камтар аз ин литсейҳо хатар дорад? Фикр мекунам вуҷуди масъала ба баҳсҳову таҳлилҳои бештар ва бознигарӣ дар сиёсати маориф дорад.

Иршод СУЛАЙМОНӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!