Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:37

Гӯед ба апрел, ки тезтар биёяд

13 январ 2012, 05:13

Ба ҷадвали маҳдудаи барқ метавонад бо боришоти сахту сардиҳову яхбандиҳо тағйирот ворид гардад.

Оғоз

Ахиран, дар яке аз барномаҳои ТВТ як тӯда саршиносону масъулони ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ қотеъона иброз доштанд, ки реҷаи мавҷудаи барқ ба эҳтимоли қавӣ то моҳи апрел боқӣ хоҳад монд. Ба ҷадвали маҳдудаи барқ метавонад бо боришоти сахту сардиҳову яхбандиҳо тағйирот ворид гардад. Мазмун, соатҳои бахшу тақсими ҷараёни барқ имкон дорад, камтар карда шаванд. Аз боду ҳаво яқин вобастагии амиқ дорад реҷаи тақсими барқ. Роҳбарон умед ба моҳи апрел мебанданд. Мардум чӣ?!

1. Як соат барқ куҷо шуд?

Аслан масъулияти раҳбариву сарварӣ дар дилхоҳ ҷомеа басо баланду олӣ, вале дар айни замон хеле сахту сангин ҳам ҳаст. Дар ин росто, худсафедкунии сарварони ину он ниҳоду мақоми Тоҷикистон дар қиболи нуқсу камбудиҳо, ки ҳамасола якхела сурат мегиранд, боиси нигаронӣ ва болотар аз ин, нотавонию заифии онҳост, на чизи дигар. Перомуни норасоии барқ ва ҷорӣ будани реҷаи дилгиркунандаи ширкати "Барқи тоҷик" дар навоҳию минтақаҳои кишвар тӯли 15 соли ахир бас гуфтаанду навиштаанд.
Ин мушкил мавзӯи ҳаррӯза, ҳармоҳа ва ҳамасолаи матбуот ҳам буда. Вале чаро тағйирот дар ин самт ҳеҷ дида намешавад? Чаро пешравие дар ин соҳа ба чашм намерасад? Ва чаро масъулону сардамдорони "Барқи тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ҳамасола ҷорӣ гардидани реҷаи муайянро дар бахшу тақсими барқ бо баҳонаҳои фаровон, ки ба ҳамагон маълум аст, собит сохтан мехоҳанд? Бадтар аз ин чаро онҳо наҳаросида, дурӯғ мегӯянд? Охир, наметавон "офтобро бо домон пӯшонд!".
Ҳатто худи шахси вазир, ҷаноби Гул Шералӣ гӯё ба дастоварди бузурге ноил гардида бошанд, мегӯяд, ки "мо додани барқро ба аҳолӣ нисбат ба дигар солҳо хеле зиёдтар намудем". Наход?! Магар дар охирҳои қарни ХХI як ё ду соат афзун намудани барқро ба аҳолӣ дар байни мамолики рушду пешрафтаи ҷаҳон комёбии беназир шуморидан хандаовар ва зиёда аз ин, мӯҷиби ҳайрат намедонед?!
Ва аз ин гуфтаи вазир мантиқан чунин натиҷа бояд баргирифт, ки мардуми азиятдидаву ҷон ба лаб расида бад-ин хотир, яъне соате зиёд гардидани барқ ба... ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ шукргузор бошанд? Ин чӣ масхарабозиву ҳамоқат аст? Таҳқири райият ва помол гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандии он нест магар? Бад-ин изҳороти бемасъулиятона, аз қавли кампири Оламбибӣ сардамдорони "Барқи тоҷик" магар "каллаи шер овардаанд?" Дигар вақту ҳангомаҳои варсоқихонӣ ва ҳарзагӯйӣ кайҳо гузаштааст. Ба мардум барқро ба пуррагӣ бояд дод. Ин ҳаққи ҳалоли онҳост!
Ва аммо... "болои сӯхта намакоб" чаро? Хеле вақт шуда, ки (ҳатто қабл аз Соли нав!) дар ноҳияи Рӯдакӣ, хоса минтақаи Роҳатӣ реҷаи барқ тағйир хӯрдааст. Аз 10 соат ба 9 соат расондаанд додани барқро. Чаро? Ба чӣ ваҷҳ? Ба кадом хотир? Кӣ ба масъулони ноҳиявии "Барқи тоҷик" чунин ҳуқуқро додааст? Аслан дар бахшу тақсими барқ як анархия мавҷуд буд, ҳаст ва мондааст. Бубинед: шомгоҳон соати 17.30 дақиқа барқ дода мешавад ва соати 21.30 дақиқа қатъ мегардад. Қаблан соати 17.00 барқ дода мешу два соати 22.00 қатъ мегардид.
Пурсида мешавад: чаро ним соат аз шомгоҳ ва ним соат аз шабонгоҳӣ "барҳам зада мешавад" барқи "нестандарҷаҳон?". Чаро ба торҳои аъсоби мардум нохун мезананд, ҷанобон аз "Барқи тоҷик?". Ё эшон аз таъбири "бо думи шер бозӣ накардан" иттилои комил надоранд? Ё иттилову огаҳӣ доранду худро ба карӣ мезананд? То кай?!

2. Аз ангишти 450 сомонӣ  то 1800 сомонӣ

Маҳдудаи барқ-ку солҳост, ки дар ҷараён аст, ҳадди аққал аз дигар ҷониб ба ранҷбари тоҷик сабукиҳо бояд дод! Бояд, бояд!!! Аммо... Дар ин кишвар ба ту мегӯянд: чун замон замони иқтисоди бозорист, ҳисобатро ёб! Оё масъулони ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ намедонанд, ки баҳои як мошин ҳезум ва ё як тонна ангишт ба куҷо рафта расидааст?!
Медонанд, некӯ медонанд! Медонанд, ки як тонна ангишти кони "Сайёд" ё мавзеи Зиддӣ, ки тобистон одатан 200-250 сомонӣ нарх доштанд, ҳамакнун дар ин моҳҳои сарду замҳарири зимистон ба 450 сомонӣ дакка хӯрдаанд. Ангишти "қирғиз" (мардум чунин номаш мебаранд) ҳолиё ба 1800 сомонӣ баробар гаштааст. Як мошинаш не, танҳо як тоннааш. Як мошинаки болопӯшида ё чӣ хеле мегӯянд, "Газели" боркаши ҳезум на кам аз 1500-1700 сомонӣ баҳо дорад.
Инон гумон мекунанд, ки мардум ба роҳат аз ин ангишту ҳезуми гаронқиммат мехаранду хонаҳои хешро гарм мекунанд. Ба кадом пул? Кадом маош? Ё боз ҳам аз гуфтаи бобои Ибод "корвони боигарии мову Шумо аз Самарқанду Бухоро дар роҳ омада истодааст?". Бигирем, ки ангишту ҳезумро нарх гарон бувад, рӯ ба гази табиӣ биёварем-чӣ? Литри газ 7 сомонию 50 дирам арзиш дорад. Арзон? Наход?!
Аз таппаки бобоӣ, аз қавли ҳамон кампири Оламбибӣ донае боқӣ намонда. "Бачам, - мегӯяд ӯ, зимистон аз октябр омад. Дар чор моҳ на таппак монду на ҳезум. Набераам охирин дарахти чормағзро зада афтонд. Аз дарзаҳои он месӯзем. Бигӯ, чӣ кор кунем, куҷо равем?". Ростӣ, ман дарахти чормағз ҳам надорам...

3. Симчӯбу ноқилҳои ҳамсоли шӯравӣ - ивазнашавандаанд?!

Моҳияти масъалаи дигарро, ки ба ширкати "Барқи тоҷик" ва ҳукуматҳои маҳаллӣ иртиботи амиқ дорад, ҳеҷ нафаҳмидаму дарк накардам. Чаро солиёни тӯлонӣ симчӯбҳову ноқилҳои аз даврони Шӯравӣ мондаро иваз намекунанд? Аз барои Худо, боре ба деҳу рустоҳои кишвар сафар кунед, аз наздик хоҳед дид, ки умри басо симчӯбҳову ноқилҳо аз 70 сол болоянду кам не. Симчӯбҳо пӯсидаву аз ҳам рехта, дар аксар ҷойҳо каҷ шудаву хам зада, баданашон чун танаи тирхӯрдаву зарбдидаи ҷонварони бузургҷусса реш-реш гардида, моил ба уфтодан аст. Бовар намекунед? Ба деҳу рустоҳои наздишаҳрӣ, хоса ба минтақаи Гулистону Роҳатӣ қадам ранҷа фармоед. Ин манзараро равшану амиқ хоҳед дид!
Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки ба ҳар кВт соат барқ 9 дирамӣ пардохт кардани аҳолӣ чӣ маъние дорад? Ин пул ба куҷо меравад? Чаро сардамдорону масъулон наметавонанд симчӯбҳову ноқилҳои 70-соларо, ки ба ҳаёти мардуми деҳот хавфу хатари ҷиддӣ низ доранд, иваз намоянд? Чаро ва то кай мардум бо зуҳури ҳолатҳои садамавӣ таъмири трансформатору иваз намудани симчӯбу ноқилҳоро бо маблағи ҷамъовардаи худ ба сомон мерасонанд? Чаро? То кай? Тӯли 20 соли истиқлолият ҳаллу баррасии кулли нуқсу камбудиҳои соҳаҳои мавҷударо дар рӯзгори мардум ба дӯши худи вай ҳавола мекунем?!
Нашармида аз минбарҳои баланд ҷор мезанем, ки "Ҳукумат ин мову Шумоем. Халқ худ ҳукумат аст, бояд дар тағйир додан маишати хеш саъю талош биварзад". Пас, ин Ҳукумат, ҷумла Вазорату вузаро, амалдорону соҳибмақомон аз баҳри чиву кӣ бар дӯши ин миллат бор гардидаанд? Рисолати воқеиву ростини онон чист? Ку, посухи саҳеҳу дақиқ биҷӯед...

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!