Бахшҳо

Барандагони озмуни «Ҷаҳони бидуни маводи мухаддир» муайян шуданд

Озмун  бахшида ба «Ҷаҳон бидуни маводи мухаддир» дар Душанбе ҷамъбаст гардид.


Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи мусоидат бо ҷомеаи ситоди Агентии назорат аз болои маводи нашъадор Бобоҷон Шафеъ иттилоъ  дод, баъди сухании муқаддимотии муовини ин ниҳод Бунафша Одинаева ва раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов диплом ва мукофоти пулӣ ба ғолибони ҳар бахш супурда шуд
Ҳамин тавр, дар бахши телевизион шахсони зерин  барандаи озмун гардиданд.     Фотима Ғоибова барои филми “Умеди охирин”  ҷойи аввал, гурӯҳи эҷодии телевизиони “Сафина” барои филми кӯтоҳметражи “Фоҷеа” сазовори ҷои дуюм ва журналисти мустақили телевизиони шаҳри Қӯрғонтеппа Алишер Одинаев (наворбардор Абдурозиқ Маҳмадшоев ва муҳаррир Умар Камолов) барои барномаи телевизионии “Доғи зиндагӣ” мансуб дониста шуд.
Дар бахши “Беҳтарин барноми радиоӣ” ҷои аввал ба Идигул Раҷабова (радиои Тоҷикистон) барои силсилабарномаи “Нашъамандӣ ин фоҷеаи ҷомеа” дода шуда,
ҷои дуюм ба Валентина Кондрашова (хабарнигори радиои “Азия-плюс”) барои гӯшаи “Рӯйдодҳо” лоиқ дониста шуд.  Ваҳҳоб Фазлиддинов (хабарнигори радиои “Ватан”) барои барномаи “Нашъамандӣ - вабои аср” сазовори ҷои сеюм гардид.
Дар бахши “Беҳтарин мақола” бошад, ҷои аввал ба журналисти мустақил Абдулвосити Фазлиддин (Нуралиев) барои силсиламақолаҳои «Селоби харобиовар», «Нашъамандӣ ба беномусӣ мебарад», «Худро ҳалок насозед» ва «Мазаммати маводи мухаддир дар шеъри  Худораҳм» сазовор дониста шуд. Эмомалӣ Сайидамиров (мудири шӯъбаи маҷаллаи  «Бонувони Тоҷикистон») барои силсилаи мақолаҳои  «Дасти берун аз гӯр», «Маводи «қотил» ва тамоюли таҷовузкорӣ» мақоми дуввумро соҳиб гашт.  Ҳотами Ҳомид (хабарнигори ҳафтаномаи  «Чархи гардун») барои силсилаи мақолаҳои «Ҳамсарамро бо героин иваз намудам», «Марги сафед рӯзгорро тира мекунад», «Нашъа якеро кушту дигаронро ба ғам гирифтор намуд» ва «Марг ба «марги сафед», ки…» муносиб дониста шуд.  
Маврид ба ёдоварист,  озмуни мазкур  аввали моҳи майи соли равон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ва Иттиҳоди журналистон Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи КАДАП, ки Иттиҳодияи Аврупо онро маблағгузорӣ мекунад, эълон шуда буд.
Гуфта мешавад, дар ин озмун бештар аз 60 рӯзноманигор ва намояндагони ВАО-и минтақавӣ иштирок намуданд ва беҳтарин нигоштаҳои худро, ки аз тариқи радио ва телевизион пахш шудаанд ва ё дар матбуот интишор ёфтаанд, пешниҳод карданд.   Маводи бештар аз ҷониби ВАО чопӣ ворид шуда буд ва сифати онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон қайд карда шуд. {jathumbnail off}

Мӯҳр
Солеҳ
Бале, А. Нуралиевро банда мешиносам. Воқеан, журналисти арзандаю шоиста аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)