Бахшҳо
13 янв 2012 06:48Гузориш

Чорроҳаи Кӯлоб ва мушкилоти БДА

Соли гузашта дар роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб 25 садама рух додааст, ки дар натиҷаи он 3 нафар ба ҳалокат расида, 33 нафари дигар ҷароҳат  бардоштаанд.

Алъон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 3 адад чароғакҳои роҳ, ё ба истилоҳ светофор  мавҷуд аст, ки танзими ҳаракатро таъмин менамоянд. Аммо чӣ мегӯед, ки ҳамин чароғакҳо кайҳо рисолати аслиашонро аз даст додаанд. Аниқтараш, светофорҳои бечора дигар намедонанд дар чорроҳаҳо ба чӣ хотир  овезону гарданкаҷу шикаставу каҷала сари як по истодаанд. Маврид ба ёдоварист, солҳои пеш дар ҳар як чорроҳаи шаҳр чароғакҳои фурӯзону роҳкушо фаъол буданд, ки бевосита барои ронандагон хизмати босазоеро анҷом медоданд. Воқеан, он замон шумораи нақлиёт ҳам кам буду кормандони ГАИ (БДА-и ҳозира) ба маротиб зиёд буданд. Вале замони ахир, ки шумораи нақлиёт садҳо маротиба афзоиш ёфтаву ҳазорон ададро ташкил медиҳад, бо сабабҳои номаълум масъулини БДА-и шаҳр чароғакҳоро аз қисмати зиёди чорроҳаҳо ба пуррагӣ канда гирифтаанд, ки ҳар лаҳза барои ронандагон хатар эҷод мешавад.   
Тавре дар боло гуфтем, дар ҳамаи шаҳр танҳо дар 3 чорроҳа чароғаки танзими ҳаракат мондаасту бас. Он ҳам бошад, дар назди ҳукумати шаҳр, наздики бозори марказӣ ва пеши мағозаи «Баҳор». Аммо дар ин чорроҳаҳо низ чароғакҳо усулан фаъол нестанд, аниқтараш камфаъоланд. Сардори БДА-и шаҳр Саймумин Ҳасанов бошад, дар мавриди корношоям будани чароғакҳо танҳо баҳона пеш меораду бас. Ба андешаи ӯ, ҳамин чароғакҳо ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта насб шудаву ҳар лаҳза таъмирталаб будаанд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки кӣ бояд онҳоро таъмиру фаъол намояд? Дар ҳоле, ки ҳамарӯза дар ин мавзеъҳо хатари ба ҳам хӯрдани нақлиёт таҳдид мекунад, сардори БДА бепарво мегӯяд, ки «светофорҳо кӯҳнаву фарсудаанду таъмирталаб». Номбурда илова кард, ки дар назди БДА-и минтақавӣ муассисаи таъмир ва ба истифодабарии чароғакҳои ҳаракати нақлиёт мавҷуд аст. Мо якчанд маротиба ба сардори ин муассиса дар мавриди таъмири чароғакҳо муроҷиат кардаем, вале баъди чанд рӯз боз аз кор мебароянд. Зарур аст ки ин таҷҳизоти кӯҳнаву фарсударо бо чароғакҳои нави замонавӣ иваз намуд, вале дар Вазорат ба ин аҳамият намедиҳанд».  
Ин дар ҳолест, ки ба қавли ҷаноби Ҳасанов, маблағҳои зиёди ба тариқи ҷарима аз ронандагони қоидавайронкун ситонида мешуда  ба хазинаи раёсати БДА-и марказӣ меравад. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои аз БДА-и шаҳри Кӯлоб расида, соли 2011-ум кормандони ин шӯъбача аз ҳисоби ҷаримабандӣ барои ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракати нақлиётро вайрон кардаанд, ба хазина 247.844-сомонӣ даромад ворид намудаанд.

Суоле дар интизори посух

Вале саволи боз ҳам норӯшани дигар он аст, ки дар сурати аз кор баромадани чароғакҳои  ба истилоҳ аз дақёнусмонда, барои чӣ ягон нозири роҳ ва ё корманди дигари БДА чун дигар шаҳрҳои мутарраққӣ  барои ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт миёни чорроҳа истодаву танзими ҳаракатро ба роҳ намемонад? Подполковник Ҳасанов гуфт, ки дар ҳамаи шӯъбаи минтақавии БДА ягон нозире нест, ки аз ӯҳдаи инчунин кор, танзимгарии (регулировшикӣ) баромада тавонад. «Дигар ин, ки ҳамаи кормандони шӯъбача бо супориши ҳукумати маҳаллӣ танҳо назди бозори марказӣ бояд қарор гирифтаву ин ҷо танзими ҳаракатро ба роҳ монанд. Зеро ҷойи хавфноктарин ҳамин назди бозор аст. Ба болои ин, боз кормандони хадамоти пайрадорӣ (ППС) низ бо нозирони БДА дар ҳамин ҷо тартибот ҷорӣ мекунанд».
Ба андешаи сардори шӯъбаи БДА, дар чорроҳаҳо «регулировшик» мондан зарур нест, чунки агар чароғак ҳам кор накунад, аломатҳои роҳ ҳастанд, ки аз рӯи он ронандагон ҳаракаташонро идома медиҳанд. Дар онҳо ба ҳам хӯрдани нақлиёт хеле кам рух медиҳад  ва дар шӯъбаи бозрасии давлатӣ низ кам ба қайд гирифта мешаванд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари мавриди садама дар ин чорроҳаҳо, ронандагон бе мусоидати нозирони роҳ ва ба қайдгирӣ, «бо ҳамдигар ба мувофиқа меоянд».  
Кӯлоб яке аз шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, ҳамарӯза ҳазорон нақлиёт ворид мешавад ва садҳо адади дигар берун мегарданд. Аммо нозирони роҳ ҳамагӣ 5-6 нафаранд, ки ҳаргиз ба ҳаракати бехатарӣ дар роҳҳои ҳудуди шахру ноҳия ва тартиботи он дар шаҳр  расида наметавонанд. Гузашта аз ин, ба иқрори сардори БДА он ҳам нозироне будаанд, ки ҳатто дар чорроҳа барои ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт, малеҳтар карда гӯем, «ҳунарашон» намерасад. Шояд дар ин бора, иваз намудани чароғакҳои ҳаракати роҳ, интихоби кадр, мутахассисон ва зиёд намудани сафи нозирони роҳ дар БДА-и шаҳри Кӯлоб ва дар ин бастагӣ, пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ чора меандешида бошанд?

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)