Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

«МегаФон» ба муштариаш манзили зист тӯҳфа кард

16 январ 2012, 06:38

Вақте бароям занг зада гуфтанд, ки ман муштарии 1.000000 ширкати «Мегафон» шудаам, боварам наомад. Фикр кардам, касе шӯхи мекунад…

12-уми январи соли равон ба шабакаи «МегФон» муштарии 1.000000 –умин пайваст шуд.Тибқи иттилои хадамоти матубуотии «МегаФон», ин нафари хушбахт Зулфия Мирзоқандова, сокини  40 солаи ноҳияи Бохтар, ҷамоати Истиқлол, деҳаи Тоҷикбаталён  мебошад.
Маросими супоридани ҷойиза дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар маркази хизматрасонии ширкати «МегаФон», ки Мирзоқандова аз ҳамон ҷо симкорташро харидааст, бо иштироки Файзиддин Бекмуродов, муовини райиси шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд. Дипломи миллионер ва сертификат барои харидории хонаро ба Зулфи Мирзоқандова Маҷид Сайтасанов роҳбари раёсати минтақавии ҶСП «ТТмобайл» дар вилояти Хатлон тақдим кард. Бону Зулфия барои гирифтани ҷойиза ҳамроҳи писар ва духтараш омада буд ва аз бурди хона ба шавҳараш ба Русия занг зада хабар дод, ки ӯ низ ба ин иттилоъ бовар надошт: «Субҳи 12 декабр ба маркази хизматрасонии «МегаФон» рафта, як симкорт харидам, рӯзи дигар ба ман занг зада гуфтанд, ки муштарии миллионуми ширкат шудаам ва имрӯз бошад, бароям сертификати хонаро тақдим карданд».

Таасуроти Зулфия

Зулфия-бону мегӯяд: «Вақте бароям занг зада гуфтанд, ки ман муштарии 1.000000 ширкати «Мегафон» шудаам, боварам наомад. Фикр кардам, касе шӯхи мекунад. Чунин тӯҳфаи тақдир бароям ғайричашмдошт буд. Ман ҳаргиз ба лотерея ва бозиҳои бурднок бовар надоштам ва ҳатто тасаввур ҳам намекардам, ки бо пайвастшавӣ ба «МегаФон» соҳиби хона мешавам»
Ғайри чашмдошт Зулфия Мирзоқандава муштарии хушбахт – муштарии миллионӣ шуд, ки пайвастшавиашро дар шркати «МегаФон» низ бесаброна интизор буданд.
Дар ҳамин ҳол, назарсанҷие, ки ба наздикӣ миёни ширкатҳои мобилӣ баргузор шуд, нишон медиҳад, ки суръати пайвастшавӣ ба ширкати «Мегафон» нисбат ба дигар ширкатҳои мобилӣ баландтар мебошад.  
«Сазовори боварии муштариён будан ин вазифаи мост. Мутахассисони мо ҳамвора барои беш аз пеш беҳтар кардани сатҳи алоқа ва хидматрасониҳои ширкат фаъолият доранд»,- мегӯяд Алексей Семёнов райиси ширкати «МегаФон Тоҷикистон»
Имрӯз алоқаи босифат ва боэътимоди «МегаФон»-ро барои мардуми Тоҷикистон беш аз 900 стансияҳои 2G ва 3G воқеъ дар тамоми қаламрави кишвар таъмин мекунанд, ки 250-тои ин стансияҳо дар соли 2011 сохта шудааст.

Мавзуна Абдуллоева



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!