Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Тоҷикистон ва озодии виҷдон

20 январ 2012, 10:48

Аз соли 1950 инҷониб, якшанбеи саввуми моҳи январ ҳамчун рӯзи ҷаҳонии дин (World Religion Day) таҷлил мешавад.


Муносибати дин ва давлатдорӣ дар ҳар кишвари дунё бо дарназардошти фарҳангу маданияти ҳамон миллат ба роҳ монда шудааст. Барои мисол амрикоиҳо 16-уми январро ҳамчун рӯзи озодии виҷдон таҷлил мекунанд. Ҷашни мазкур дар сатҳи давлатӣ бо ширкати идораҳои хусусӣ ва давлатии Амрико таҷлил мешавад. Аввалин маротиба дар мавриди озодии виҷдон асамблеяи генералии иёлоти Вирҷинӣ, соли 1786 санадеро қабул намуд. Санади мазкур аз ҷониби Томас Ҷеферсон пешниҳод шудааст.

Тибқи мушоҳида дар Тоҷикистон рӯзи байналмилалии дин таҷлил намешавад. Бояд гуфт масъалаи дин ва диндорӣ дар кишвари мо ба як масъалаи ҳассос ва баҳсталаб табдил ёфтааст. Агарчӣ Сарқонуни  Тоҷикистон вазъи озодии виҷдонро муаяйн кардааст. Аммо ҳукумату парлумони кишвар барои ба "танзим даровардани" вазъи диндорон ва мушахастар намудани "ҳуқуқ"-и онҳо қарору қонуни дигар ва хилоф ба сарқонунро қабул мекунанд. Бино бар гуфтаи коршиносон озодии виҷдон дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот маҳдуд мешавад. Ба сифати далел онҳо аз қабули қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ" мисол меоранд.
Илова бар ин ҳаводиси солҳои охири Тоҷикистон, ки ба амнияти кишвар хатар дошт, дар сатҳи ҳукумат бештар тобиши сиёсӣ-динӣ мегиранд.
Чунин ба назар мерасад, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагонии мусалмонон ҳанӯз мавқеъи мушахас нагирифтаанд. Агар соли 2009-ро ҳукумати Тоҷикистон соли имоми Аъзам эълон кардаву дар мавриди бунёди масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ тасмим гирифт, вале соли 2010 соли маҳдудтар кардани ҳуқуқи мусалмонҳо ба шумор меравад. Манъи сатрбандӣ барои духтарони толибилм, ҷилавгирӣ аз ҳузури омӯзгорони ришбаланд дар макотиб, манъи намози ҷумъа барои занон, бозхонди ҷавонон аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ ва то синни 18 ба масҷид нарафтани ҷавонон аз ҷумлаи корҳоест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои "ба танзим даровардани дин" анҷом дод.
Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон мегӯяд, ки феълан наметавон гуфт, ки бархӯрди ҳукумат бо диндорон беҳтар шудааст ва ё бадтар. Танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки ҷомеаи мо дар ҷустуҷӯи роҳи ба эътидол овардани дину давлат ҳаст. Мутаасифона, то имрӯз мо муаяйн накардаем, ки муносибати дин ва давлат бояд чӣ гуна бошад. Корҳое бо даъвои таъмини "амнияту субот" анҷом меёбанд. Вале марз миёни манфиати ҷомеа, ҳуқуқи шаҳрвандон мушахас нашудааст.
"Дар кишвари мо муносибати дин ва давлат вобаста ба мавқеъгирии шахсии инсон аст. Агар масъуле бо дин муносибати хуб дорад ва дар чеҳраи дин хатареро намебинад, пас ба бунёди масоҷиду баргузории конфронсҳо машғул шуда, ҳарфҳои зиёде низ мегӯяд. Вале ҳамин нафари масъул агар муносибаташ бо дин тағйир хурд, сиёсати давлатӣ низ тағйир мехурад.", мегӯяд раҳбари ҲНИТ.
Аз ин хотир бояд сиёсатеро роҳандозӣ кард, ки муносибати дин ва давлат бо дарназардошти манфиати давлату миллат ва қонун бошад. На бо хоста ва дидгоҳи тағйирёбандаи он масъул. Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки маҳз ҳамин номуайяниҳо дар сиёсати динӣ бойис шудааст, ки ҷомеа намедонад бо дин ва диндорӣ чӣ гуна рафтор намояд.
Дар ҳамин маврид ҷомеашиноси тоҷик, Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ки Сарқонун барои ширкат дар ҳар маросими динӣ ба шаҳрвандон ҳақ додааст. Аммо мутаасифона ин ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷониби ҳокимияти иҷроия риоя намешвад.  Мушкили дигари мушахас набудани бархӯрди ҷомеа ва масъулин ба масоили диниро номбурда дар ғалат дарк кардани ибораҳои ҷомеаи мусалмонӣ, давлатӣ демократӣ ва ҳукумат арзёбӣ мекунад.
"Ҷомеаи мусалмонӣ унвон шудани Тоҷикистон маънои давлати исломиро надорад. Дар ин авохир ҷомеаи Тоҷикистон боз ҳам бештар побанди хурофот шудааст. Ҳамон тавре, ки агар давлат дунявиву демократист ва ҳукумат вазифадор аст, то ҳақу ҳуқуқи шаҳрвандонро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ амал ва татбиқ намояд. Ҳамзамон ҷомеа ва ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба масоили динӣ таҳамулпазир нест", илова намуд ҷомеашиноси тоҷик. Ба бовари номбурда адами таҳамулпазирӣ дар ҷомеа бойиси печидатар гардидани масоили динӣ шудааст. Дар сурати таҳамули оину маросими адёни дигар, нофаҳмиҳо ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон низ коҳиш хоҳад ёфт. Қироншоҳ Шарифзода ба сифати далел аз вазъи озодии виҷдон дар ҷумҳурии Қазоқистон мисол оварда, мегӯяд ки дар ин кишвар мусалмонҳо ба мисли Тоҷикистон аксариятро ташкил намедиҳанд. Аммо дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте мӯътақидони дини мубини Ислом дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар адён гирдиҳам омада, масъаларо дар якҷоягӣ ва бо дарназардошти қавонин ҳал мекунанд. Агар аз як ҷониб ин барои муошират ва муносибат миёни адёни мухталиф мусоидат намояд.
Аз ҷониби дигар роҳи беҳтари нақз нагардидани қонунҳои давлатӣ мебошад.  Ҷомеашиноси тоҷик дар ҳоле аз бархӯрд ва муносибати якранги ҷомеа ва давлати Қазоқистон ба адёни мухталиф мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ин падида мушоҳида намешавад.
Маврид ба зикр аст чанде пеш мақомоти додгоҳии Тоҷикистон фаъолияти "Ҷамоати таблиғ"-ро манъ карданд. Қазияи зиндонӣ шудани пайравони ин ҷамоат сару садои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буд. Суоли матраҳ ин аст, ки агар воқеан даъват ба як дин як амали номатлуб бошад. Пас чаро то имрӯз ин масъала ҳалли худро наёфта, даъват ба адёни дигар дар хиёбонҳои Душанбе мушоҳида мешавад.
Дар зимн Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки ҳукумати кишвар барои халалдор нашудани амнияти ҷомеа фаъолияти равия ва динҳои ғайримаъмулиро маҳдуд мекунад.
"Вале дини мубини ислом, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмулӣ нест, набояд дучори чунин маҳдудиятҳо гардад. Дар ҳоле ки таблиғоти дини мубини ислом дар кӯчаву бозорҳо манъ шудаст мебинем ки намояндагони дигар адён ҳанӯз ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таблиғоти динии худро бо ҳар шакли васила идома дода истодаанд", гуфт намояндаи ҲНИТ дар парлумон.
Бо вуҷуди ин ҳама метавон гуфт, ки ҳуқуқи мусалмонҳо танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Бино бар иттилои хабаргузориҳо вазъияти мусалмонҳо дар тамоми кишварҳои дунё маҳдуд ва ё хатчадор аст. Бо анҷом ёфтани корҳои террорӣ ва номатлуб мафҳумҳои "Ислом" ва "мусалмон" дарҳол ба сархати хабарӣ табдил меёбанд. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки муносибат бо дини ислом ва мусалмонҳо зери таъсири далелу омилҳои маъруф ба вуҷуд омадааст. Ва то андозае муслимин низ барои хатчадор шудани номи ислом гунаҳкоранд. Зеро як қисм аз руи эҳсосот ва қисми дигар аз рӯи ноогоҳӣ даст ба корҳои номатлуб мезаданд.
Аммо аҷобат дар он аст, ки бо дарназардошти маҳдудияти мавқеи мусалмонҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъияти онҳо дар кишварҳои ғайримусалмонӣ беҳтар аст. Мушкили мусалмонҳо чандзинаӣ аст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ, кишварҳои мусалмонӣ ва фардӣ аст. Мутаассифона ҳар фарде, ки наздиктар ба дин аст, зоҳир ва шиори динро риоя мекунад, ба мушкилоти бештар мувоҷеҳ мешавад, мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ.
Қатли ваҳшиёнаи Парвиз Давлатбеков, ки дар шаби соли нав рух дод бо иштибохи як хабарнигор ҳамчун куштор дар заминаи бадбинии мазҳабӣ нишон дода шуд, ки сархати тамоми расонаҳои ҷаҳон гашт. Ҳол он ки тибқи маълумоти расонаҳо худи шаби соли нав дар Русия якчанд бобои барфи кушта шуд. Танҳо куштори бобои барфии тоҷикӣ,  мутаасифона, мавриди ҳангомаи расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт. Ҷойи таасуф он аст, ки боз ҳам чеҳраи ислом хатчадор шуд, илова намуд раҳбари ҲНИТ.

Ҳумайрои Бахтиёр



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!