Бахшҳо
23 янв 2012 10:18Гузориш

Убайдуллоев бархе аз роҳбаронро иваз мекунад

Онҳое, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд  бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.

Имрӯз, 23-уми январ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки васеи фаъолони пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳрию райисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тибқи иттилои Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт, Убайдуллоев қабл аз ҳама масъалаи пешгирии бо роҳҳои сохтакорӣ дарёфт намудани шаҳодатномаи маълумоти миёнаи умумӣ ба ашхоси таҳсилнакарда ва берун аз мактаб бо амалҳои номатлуб даст задани хонандагонро таъкид намуда, муовини райиси шаҳри Душанбе С. Раҳимова ва сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Г. Бобоеваро супориш дод, ки дар баробари ба сифати таълим таваҷҷўҳ зоҳир кардан, нисбати одобу тарбияи мактабиён дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарон ва мақомоти дахлдор чораҳои оммавиро тақвият  бахшанд.
Ҳамзамон, таваҷҷўҳи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шўъбаҳои кор бо занон, оила ва фарҳанг, бахши кор бо ноболиғон  ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе барои пурзўр намудани фаъолият дар ин самт нигаронида шуда, дастур дода шуд, ки баҳри рафъи нуқсонҳои ҷойдошта ва ташкили ҳамкориҳои муштарак кори Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ пурзўр карда шавад.

Тасмими шаҳрдор

Райиси шаҳр ҳамчунин дастур дод, ки дар мўҳлати ду ҳафта мудирони шўбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд  бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.Дар назди фаъолони пойтахт дар ҷаласа  сардори РКД-и шаҳри Душанбе А. Бузмаков оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар шаҳр ва тадбирҳои роҳандозигардида баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки РКД-и шаҳри Душанбе ҳолати риояи регламенти шаҳри Душанберо, ки баҳри субот ва оромии сокинон то соати 23-00 (ба истиснои муассисаҳои ҳаётан муҳим) муқаррар гаштааст, аз ҷониби тамоми субъектҳои хизматрасон новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад ва аз тарафи комиссияи ҷамъиятӣ нисбати ҷараёни ин амалкард пайваста мониторинг бурда шавад.
Дар ҷаласа инчунин масоили ғановати бозори истеъмолӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот ва андешидани тадбирҳо алайҳи фаъолияти монополистии субъектҳои хизматрасон дар шахр, роҳандозии иҷрои нақшаҳои андоз ва аз байн бурдани бақияпулиҳо дар соли ҷорӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ дар бахши саноат, таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ, хизматрасониҳои нақлиёти мусофиркаш ва дигар масъалаҳое, ки аз барномаҳои шаҳрдорӣ дар соли 2012 бармеоянд мавриди баррасӣ ва дастурҳои райиси шаҳри Душанбе қарор гирифтанд.
Зимнан қарор шуд, ки баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат ва категорияҳои ниёзмандони шаҳр дар доираи қарорҳои қабулнамудаи шаҳрдорӣ чораҳои мушаххас амалӣ карда шавад ва нисбати ба андозаи 200 сомонӣ муқаррар намудани иловапулии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба нафақаи моҳонаи  иштирокчиёни ҶБВ –и, ки феълан 150 сомонӣ дарёфт менамоянд, масъулин унвонии райиси шаҳр пешниҳод ирсол доранд.
Баҳри тарбияи кадрҳои ҷавон аз рўи ихтисоси меъмор-рангшинос ва меъмори ландшафт, ки феълан барои рушди меъмории шаҳри Душанбе ба ин гуна мутахассисон ниёзмандии бештар эҳсос мешавад, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур гашт, ки аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр  бо эълони озмун интихоби 8 нафар ҷавонон барои таҳсил дар донишкадаҳои меъмории Федератсияи Русия, Украина ва кишварҳои Аврупо ба роҳ монда шавад. Дар ин росто муқаррар гардид, ки  шаҳрдорӣ омодааст роҳкирои донишҷўёни ояндаро тўли таҳсил  соле як маротиба пардохт намояд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)